December 2019

19 December 2019

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони мактабҳои нав дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев

18 декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар нахуст Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев бо сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва 33 шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 640 хонанда бунёд гардида истодааст. Дар бинои нави таълимӣ барои таҳсили хонандагон шароити зарурӣ фароҳам гардида, толори варзишӣ, ошхона, утоқҳои фаннӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. То имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва сохтмончиён тасмим доранд, ки дар муҳлати муайяншуда иншоотро ба истифода супоранд.

Читать далее

«Меҳри дӯстон»

Бо чунин ном китоби нави рӯзноманигори шинохтаи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналхалқии журналистон, Барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи кӯдакону наврасон «Корвони умед» Сайфулло Маҳкамов ба нашр расид.

Муаллифи китоб маҷмӯаи дастҷамъиашро ба истиқболи 75 - солагии мавлуду фаъолияти беш аз 50 - солагиаш ҳамчун армуғон ба дӯстдорону мухлисонаш ҳадя кардааст. Ин китоб дар матбааи ҶДММ «Озар – 2000» - и шаҳри Душанбе бо сифати баланд аз чоп баромадааст.

Сайфулло Маҳкамов дар китоби наваш хотираҳои хешро дар бораи бузургони илму маърифат, ки бо онҳо дӯстиву ҳамкорӣ дошт, инчунин мақолаҳои илмиву адабӣ, очеркҳои дорои хусусияти тарбиявию ахлоқӣ, ки қаҳрамонҳояш шахсони барӯманди Истаравшани бостонӣ буда, баҳри ободии диёр ва Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоштаанд, рӯи саҳфа овардааст. Дар маҷмӯаи мазкур наздик 20 маводи хонданӣ гирд оварда шуда, ҳамзамон расмҳои нодиру таърихӣ аз ҳаёти шахсони барояш азизу гиромӣ – бобою модаркалонаш, волидайн, лаҳзаҳои хотирмони зиндагиаш, шахсиятҳои бузурги ҷумҳурӣ - академикҳо, профессорон, нависандагону адибони шинохта ва дӯстонаш оварда шудааст, ки ин ҳам бозгӯи фаъолияти пурсамари беш аз 50 - солаашро ифода менамояд.

Китоби мазкур бо мақолаи доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов таҳти унвони «Сарояндаи баҳори дӯстӣ» оғоз гардидааст. Дар он аз ҷумла, ин олими тавоно навиштааст, ки: «журналисти шинохтаи ҷумҳурӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи кӯдакону наврасон «Корвони умед» Сайфулло Маҳкамов на танҳо дар доираи адибону журналистон, балки дар байни аксари олимони ҷумҳурӣ, алалхусус олимони истаравшанӣ маълуму машҳур аст ва ҳаводоронаш низ ӯро хуб мешиносанду мавриди эътибору эҳтиром қарор додаанд…».

Яъне, «Меҳри дӯстон» - ҳамчун дастагули тозае аз эҷодиёти Сайфулло Маҳкамов дар арафаи соли нави мелодӣ манзури хонандагони арҷманд гардид.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Зуҳуроти хатарноки ҷаҳон

Ҷаҳони муосир бо вуҷуди пешрафтҳои рӯзафзуни маънавию технологӣ ҳанӯз дар заминаи хатарҳое қарор дорад, ки яке аз ин гуна хатарҳои ҷаҳонӣ экстремизм ва терорризм мебошад. Дар ҷомеаи муосир мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ, ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, ахлоқи ношоиста, тарғиботи носолими мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооту ахбори омма роҳ ёфтани онҳо аз муҳимтарин масъалаҳо ва хатарноктарин ҳодисаҳо мебошад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои мухолифи терроризми байналхалқӣ мебошад. Заминаҳои рушди ин рӯйдоди хатарнок пеш аз ҳама маърифати паст ва манфиатҳои шахсии гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, ки мехоҳанд бо номи Ислом ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Равшан аст, ки дар ҳамаи динҳо эҳтиром гузоштан ба ҳаёт ва шахсияти инсон яке аз рукнҳои ниҳоят муҳим эътироф шуда, қатли инсонҳои бегуноҳ ҳамеша мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. Терроризми байналхалқӣ падидаи ниҳоят ваҳшатноки замони имрӯз мебошад, ки ноамн сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз байн бурдани сулҳу оромии бархе аз давлатҳоро  мақсади асосии худ қарор додааст.

Амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд. Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.

Ҷалб намудани ҷавонон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳадафмандона истифода намудани нерӯи ҷисмонии онҳо ба кори асосии гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик низ ба ин гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, ки оқибатҳои ниҳоят вазнин ва марговар дорад.

Ба назар мерасад, ки омилҳои асосии ба ин гурӯҳҳо шомилшавии бархе аз ҷавонон пеш аз ҳама  ноогоҳии онҳо  аз дину мазҳаб ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Борҳо собит шудааст, ки аксари ҷавонони ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  шомилгардида дониши казоӣ  надошта, аз дину оинҳои суннатӣ низ иттилооти кофӣ ба даст наовардаанд.

Терроризмро аксари олимони соҳаҳои гуногун падидаи ниҳоят хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста, ибрози ақида доранд, ки фарогирии донишҳои замонавӣ ва ошноӣ ба технологияи инноватсионӣ аз ҷониби ҷавонон яке аз омилҳои муҳими заифкунандаи ин падидаи номатлуб мебошад.

Дар самти мубориза бо ин падида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 қабул карда, ба марҳалаи ҷамъбастӣ расонидааст, ки ин таҷриба натиҷаи фаъолияти тавъами ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотҳои давлатиро инъикос менамояд.

Мо дар ҷомеаи озоду демократӣ, ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаҳои экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем.

Ф.ҚУРБОНОВА,
Ф.ХОЛМАТОВА,
сармуаллимони кафедраи молия
ва қарзи МДТ Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

МО – ҶАВОНОН ҚАЛБИ БЕДОРИ ВАТАН!

Терроризм ва экстремизм яке аз амалҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа имрӯз аҳли башар муборизаи беамон бурда истодаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси кишвари мо – Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилонаву сарҷамъона баҳри решакан намудани ин падидаҳои хатарнок чораҳои заруриро ҷустуҷӯ намуда истодаанд. Имрӯз чунин амалҳои нангин, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ба вуқӯъ пайваста истодааст, ҷомеаи шаҳрвандии кишвари моро бетараф гузошта наметавонад. Бахусус ҳастанд ҷавононе, ки бо дониш ва рафтори худ ин амалҳоро шадидан маҳкум менамоянд. Асоси ин гуфтаҳо роҳпаймоиву мулоқоти ҷавонони фаъол, ки рӯзи 16 - уми декабр соли равон таҳти шиору овезаҳои «Нест бод, терроризм», «Экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунем!» доир гардид, ба ҳисоб меравад.

Дар идома чанде аз фикру мулоҳизаҳои ҷавононро доир ба ин муаммои ҷомеа баҳри хонандагони рӯзнома меорем.

Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон:

- Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои навадуми асри гузашта гирифтори амалҳои разилонаи фарзандони нохалаф ва бадхоҳони миллат гардида, дар натиҷа фазои кишварро алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Хушбахтона, фарзанди ҷоннисор, сарсупурда ва ҳомии давлату миллати тоҷик Пешвои миллат зимоми давлатдории навини миллиро ба уҳда гирифта, роҳи рушди устувор ва ояндаи босаодати давлату миллатро ба сӯи ояндаи ободу дурахшон мушаххасу муайян гардониданд.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешида шудаистода, мутаассифона, ҳоло байни мо ҳастанд нафароне, ки пешрафту субот, сулҳу ваҳдат, оромиву тинҷӣ ва осудагиву саодатмандии халқи шарифамонро нодида гирифта, нақшаи нооромии авзои ҷомеа, гумроҳ сохтани мардум ва вайрон кардани мафкураи ҷавононро тарҳрезӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумлаи чунин хиёнатпешагону тангназарон аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом, Паймони миллӣ, Гурӯҳи - 24 ва дигарон маҳсуб меёбанд. Хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар аъмоли зишту хиёнаткоронаеро мехоҳанд амалӣ гардонанд, махсусан айёми баргузории иду ҷашнҳои миллӣ ба нақша мегиранд. Аз ҷумла, амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин Абдуҳалим Назарзода, 4 - уми сентябри соли 2015 дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Себистон дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Аъмоли разилонаву хоинонаи чанде аз нохалафон дар мавриди ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар сурат гирифт, шадидан маҳкум менамоем. Мо - ҷавонони замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубро ҳеҷ як мафкураи бегона, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бадхоҳону душманони миллати тоҷик гумроҳ карда наметавонанд.

Мирзоҷон Мирзобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

- Дар замони муосир, ки пур аз мушкилоту ихтилофҳост, доир ба экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бисёр сухан гуфта истодаанд ва давлатҳои ҷаҳон барои пайдо намудани роҳи ҳалли он ҳамаҷиҳата кӯшиш доранд. Терроризм чун вабои аср ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Чунин гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз ноогоҳии ҷавонони сустиродаву бедониш онҳоро ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегардонанд.

Ҷавонони моро зарур аст, ки дини мубини Ислом, ҳамчунин ҳадафҳои ин гурӯҳҳоро дуруст дарк намоянд ва ҷаҳд кунанд, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳо нагарданд. Ҳамчунин, бархе ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ба фиребу найрангҳои чунин нафарон афтида, бештар ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд.

Онҳо ҷавононро барои шомил гардидан ба чунин гурӯҳҳо бо суханони зебо ва боваркунанда мафкураи содаашонро тағйир дода, ба нафъи худ истифода мебаранд. Бархе аз ҷавонон ба доми ин гурӯҳҳои бадхоҳ тавассути шабакаҳои интернетӣ меафтанд. Онҳо тавассути маводи таблиғотиашон, ки дар сомонаҳои интернетӣ ҷойгир намудаанд, ҳамагуна буҳтонро паҳн ва мардумро ба тафриқаангезӣ бурданӣ мешаванд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар яки мо зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирем, баҳри шукуфоии кишвари азизамон саҳм гузорем.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки пеши роҳи амалҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гирифта шуда, мардуми тоҷик дар фазои тинҷиву амонӣ зиндагӣ кунанд.

Ҳ.ХИЗМАТОВА, устоди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон:

- Мардуми тоҷик имрӯз байни ҳам муттаҳид гашта, барои ҳифзи сулҳу субот ва пойдории Истиқлолияти Тоҷикистони азиз пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бояд ҳар яки мо бетарафӣ зоҳир накарда, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза барем. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем, ба ҳадафҳои дар наздамон гузошта ноил шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулгардидаро амалӣ намоем. Дар ҷаҳони имрӯза хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҳалталаб ба шумор меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон карда, барои пешгирии он ҳамаи омилҳо ва роҳу усулҳои нест кардани онро пайдо намуда истодаанд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Бинобар ин, ҳар яки мо, шаҳрвандони боақлу бофаросати кишвар, ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда бирасем, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем ва баҳри ободонии Ватани азиз саҳмгузор бошем.

Мунира Баҳромзода, хонандаи МТМУ №14 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Солҳои охир мушкилоте, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад. Мо, ҷавонон, тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ огоҳ ҳастем, ки ҷаҳони имрӯза ноором аст. Терроризм ва экстремизм дин, мазҳаб, наҷод ва миллат надорад ва онро ягон давлати дунё қабул карда наметавонад, баръакс, бар зидди ин амалҳои номатлуби вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд.

Имрӯз мо, ҷавонон, бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, пеши роҳи ин амалҳои хатарзоро бигирем. Сарҷамъу муттаҳид шуда, нагузорем, ки ягон нохалафе фазои орому осудаи кишвари биҳиштосои моро ноором гардонад. Мо - ҷавонон, барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ кунем. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин парваридани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Мо, насли ҷавони имрӯза, бояд барои пойдории амнияти Тоҷикистон бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму экстремизм мубориза барем ва саъйу кӯшиш намоем, ки сулҳу суботи тоҷикон то абад пойдор бимонад.

Абдусабур Қаҳҳоров, омӯзгори ҷавон аз шаҳри Исфара:

- Мо, ҷавонон, қалби бедори Ватан,

Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.

Мо иваз кардан намехоҳем ҳеҷ,

Бо гули мулки дигар хори Ватан.

Имрӯз он ҳама амалҳои хоинонаи душманони миллат ва ташкилотҳои террористӣ мо, ҷавононро бетараф гузошта наметавонад. Душманони миллат ба монанди ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат мехоҳанд, он ҳама нақшаҳои кашидаи хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, кишвари биҳиштосои моро ноором гардонанд. Чунин шахсони ватанфурӯш ба қадри миллату давлат ва Истиқлолият намерасанд.

Суханҳои бардурӯғ ва маблағҳои муфту ҳаром чашми онҳоро кӯр ва қалбашонро тира намудааст, ки ин ҳама ободии Ватанро нодида гирифта, амалҳои нопоки хоҷагонашонро бар зидди миллаташон раво мебинанд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчӣ бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо - ҷавононро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз ҳадафҳои нопоки ифротгароён огоҳ бошем, барои рафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Пас, имрӯз мо, ҷавонон, дар як саф қарор гирифта, то ҷон дар бадан дорем, бар зидди ин гуна шахсон мубориза мебарем!

Мақсудҷон Замонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

- Дар ибтидои асри ХХI башарият бо мушкилоте рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм ва экстремизм мебошад. Имрӯз терроризм на ин ки хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналмилалиро ба худ касб кардааст. Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб якдилона мубориза бурдан ва нест кардани он ҷалб намудааст ва баҳри пеши роҳи ин амалҳои номатлубро гирифтан тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Қайд кардан лозим аст, аксарияти шахсоне, ки ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мегарданд, ин бархе аз ҷавонони гумроҳу бедониш ҳастанд. Зеро онҳо аз сабаби паст будани дониши диниву дунявӣ фирефта гашта, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайваст мешаванд.

Имрӯз бояд мо, ҷавонон, Ватану миллатамонро сидқан дӯст дорем, ки ин яке аз амалҳои беҳтарини ҳар инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки анҷом медиҳем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад, чунки маҳз Ватан – Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БО ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Терроризм дар замони мо ба яке аз масъалаҳои мубрамтарин табдил ёфтааст. Назари дуруст ва баҳодиҳӣ ба он бояд дар маркази афкори ҷамъият ва ҳар як фарди он бошад. Дар қомусҳо терроризм ҳамчун амал ва таҳдидҳо алайҳи ҷамъият, гурӯҳҳои аҳолӣ, шахсони алоҳида, идораҳои давлатӣ ба василаи террору зӯроварӣ, тарсонидан бо ягон амали дигар ва дар натиҷа нигоҳ доштани онҳо дар ҳолати тарсу ҳаросу даҳшат шарҳ дода шудааст. Амалҳои террористӣ аз замонҳои қадимтарин вуҷуд доранд, то Ислом, чӣ дар даври Ислом ва дигар динҳову давлатҳо. Вале махсусан имрӯз он ба муаммои ҳалталаби ҳаётан муҳим табдил шудааст. Ҳар рӯз мо хабарҳоеро оид ба террори оммавӣ мешунавем, шоҳиди марги ҳазорон одамони бегуноҳ ҳастем.

Яке аз сабабҳои доман паҳн кардани терроризм ва шакли байналмиллалӣ гирифтани онро бо зиддиятҳои гуногунҷабҳаи байни давлатҳо маънидод мекунанд. То ҳадде, ки террористон давлатҳои худро ташкил карданд – Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ – ИГИЛ), ошӯбу даҳшат дар Афғонистону Сурия, Ироқу Яману Ливия ва дигар мавзеъҳо авҷ гирифт ва ин ҷойҳоро ба харобазорҳо табдил дод. Имрӯз қувваҳои зидди терроризм муттаҳидгаштаи Шарқу Ғарб наметавонанд ин маризии асри ХХI - ро решакан кунанд. 

Таъсири терроризмро дар таърихи кӯтоҳи Тоҷикистон мо баръало ҳис кардаем, ҳодисаҳои хунини солҳои аввали Истиқлолият ба ин шаҳодат медиҳанд. Зархаридону “мутахаcсисони” хориҷӣ хеле саҳмгузори ин ҳодисаҳо буданд. Баъд аз бастани Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ (соли 1997) боз ҳам баъзе амалҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида алайҳи соҳибистиқлолӣ, алайҳи чеҳраҳои намоёни миллат идома ёфтанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои чӣ пешина ва чӣ нав ташкилгаштаи террористӣ дар аксари давлатҳо манъгашта, ба монанди “Ихвон - ул - Муслимин”, “Ал Қоида”, “Толибон”, “ Ҳизб - ут -Таҳрир”, Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ва дигарҳо кӯшишҳои ғаразноки худро нисбати давлати мо давом дода истодаанд. Мутаассифона, баъзе ҳамдиёрони мо, махсусан аз ҷумлаи ҷавонон ба доми тазвири онҳо гирифтор мешаванд, фирефтаи таълимоти бардурӯғи онҳо мегарданд, дар қатори зархаридон дар хориҷа меҷанганд ва дар дохили Тоҷикистон шомили ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ шудаанд.

Дар солҳои Истиқлолият вазъияти сиёсӣ ба эътидол омад, давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гашт, таҷрибаи сулҳи моро дар хориҷа меомӯзанд. Мо бояд ин ганҷи бебаҳоро қадр ва муҳофизат кунем, биандешем, ки он бо кадом баҳое ба даст омадааст. Як бор ба вазъи кишвари ҳамҷавори мусибатзадаи Афғонистон, ки дар он ҷо чил сол боз давлат ва ҷамъият наметавонанд ба созиш оянд, ба алангаи оташи Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Ливия ва баъзе дигар давлатҳо нигарем ва дарси ибрат барои худ гирем. Ҷавонону наврасонро аз таъсири урфу одату ғояҳои барои мардуму мазҳаби мо бегона муҳофизат намоем. Дастаҷамъона, муттаҳидона баҳри пешрафти Ватан саҳм гузорем. Албатта, ҳоло ҳам ҳар гуна камбудиҳо дар ҷамъиятамон мавҷуданд, вале ҳамаи онҳо марҳала ба марҳала ҳалли худро ёфта истодаанд. Барои дарки ин кофӣ аст, ки дараҷаи иқтисодиёту иҷтимоиёти имрӯзаро бо даҳ - бист соли пешин муқоиса кунем. Ба ин кор солдидагон бояд ба ҷавонону наврасон кӯмак намоянд ва чӣ дар байни аҳли оила ва чӣ дар вохӯриҳо дар мактабҳо нақл кунанд.

Баъзе нозукиҳои ҳуқуқии ба терроризм хосро барои дуруст дарк кардани ин амал бояд қайд кард, то онро аз дигар ҷиноятҳои ба назари аввал монанд аз қабили одамкушӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва амсоли инҳо фарқ намоем.

Дар қонунгузории аксари давлатҳо, инчунин дар моддаи 179 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, терроризм ҳамчун ҷинояти махсусан вазнин нисбат ба ҷамъият дониста шудааст. Ба таркиби ин модда амалҳо аз қабили тарконидан, сӯзонидан, дигар кирдорҳои ба ҳаёти одамон хавфовар, расонидани зарару зиёни махсусан калони молӣ, ба амал овардани оқибатҳои барои ҷамъият хатарнок шарҳ дода шудааст.

Дар баробари амалан содир намудани ҷиноятҳои характери террористидошта, таҳдид, ҳатто ба тарзи шифоҳӣ, нисбати содир кардани онҳо низ амали террористӣ дониста шудааст, новобаста аз он, ки ин гуна таҳдид ва амалҳо (аз қабили тайёрӣ дидан бо роҳи харидани яроқ, моддаҳои таркандаву заҳрноку аз ҷиҳати биологӣ хатарнок ва дигар) оқибати нохуш (ҳалокати одамон, заҳролудшавӣ, зарари молиявӣ ва ғайра) надошта бошанд ҳам.

Дар ҳамаи ҳолатҳои зикршуда ҷавобгарӣ ба вуқӯъ меояд, агар чунин ҷиноят қасдан, бо дарки оқибати он аз тарафи ҷинояткор ё гурӯҳи ҷинояткорон бо мақсади зиён расонидан ба амнияти ҷамъият содир шуда бошад.

Ба ин хулоса амалиёти террористии дар моҳи ноябри соли ҷорӣ рухдода, мисол шуда метавонад, ки гурӯҳи зиёда аз синафараи террористон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳамла оварданд, бештарашон нобуд карда шуданд. Хеле ташвишовар будани ин амал дар он аст, ки дар байни террористон занҳо ва наврасон – хонандагони мактабҳо буданд. Ин гурӯҳ пешакӣ дар як манзилгоҳе ҷойгир шуда, тайёрӣ дидааст, вале аҳли маҳалла, масъулони ноҳия ба ин эътиборе надодаанд, гурӯҳ бе мамониат амалиёти худро гузаронид ва талафоти ҷониву молӣ расид. Ин шаҳодати он аст, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёр бошад, масъулиятро нисбати амнияти ҷомеа ҳис кунад, то ин гуна амалҳо сари вақт ошкору пешгирӣ карда шаванд.

Мафкураи ҷавонону наврасон дар давраи ташаккулёбӣ мебошад, аз ин сабаб на ҳама вақт ва на ҳамаи онҳо қобилияти дуруст таҳлил намудан, хулоса баровардан аз ҳар гуна иттилооти аз кӯча, аз интернет, аз мубаллиғон дастрас намудаашонро доро мебошанд ва аз ин ҷиҳат наметавонанд дар зиндагии рӯзмарра ин маълумотҳоро ба роҳбарӣ гиранд. Бинобар ин, мо бояд дар ҳама сатҳ ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса диҳем.

Ба назари ман бисёр чорабиниҳои тарбиявие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз онҳо мегузаранд, ташкилашон аз ҳад зиёд расмӣ, аз рӯи шаблонҳои сол ба сол обшусташуда ва аз қиёфаю рафтору муносибати иштирокчиёнашон гӯё иҷборӣ ҳастанд, аз ид ба ид гузаронида мешаванд. Аз ин сабаб ин чорабиниҳо камтаъсир буда, натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд ва ҷавонону наврасонро ба худ ҷалб намекунанд.

Насриддин НИЗОМОВ,
нафақахӯр, полковники мустаъфии Вазорати
амнияти Тоҷикистон, Корманди фахрии амнияти
давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Панҷакент

Читать далее

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ

Ба ҳамагон мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлол гардидан бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Расидан ба он бидуни ба роҳ мондан ва густариши муносибатҳои боэътимоди дуҷонибаву бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ басо мушкил буд. Чунин вазъият тақозо намуд, ки ба сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса зоҳир карда ва онро яке аз самтҳои муҳими давлат шуморида шавад. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти калони иқтисодӣ гашт, монеаҳои зиёде барои расидан ба ҳадафҳои олӣ эҷод намуд. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, мардуми тоҷик тавонист, вазъиятро дар ҳудуди кишвар ором намояд, роҳи дурусти инкишофро пеш гирад.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо бо давлатҳои дунё муносибатҳои байналхалқӣ, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро васеъ ба роҳ мондем. Маҳз ҳамин гуна ҳадафҳои созандаву нек буд, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд гузарад, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Имрӯз давлати моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ободкору созанда мешиносанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд талошу кӯшиши худро баҳри пешрафту ободонии кишвар дучанд намоем, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии милливу давлатӣ камари ҳиммат бандем ва нагузорем, ки душманони миллат ба орзуву ниятҳои ғаразноки худ бирасанд ва сулҳу суботи кишварро ноором созанд.

Камолиддини Раҷабзод,
устоди Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ДАР ТОҶИКИСТОН ДИН АЗ ДАВЛАТ ҶУДО АСТ!

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози Истиқлолияти давлатӣ динро аз давлат ҷудо гузошта, барои сокинони кишвар тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст. Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

- Ислом мактаби муттаҳидкунанда, омили дӯстии қавму фирқа ва миллатҳои гуногун мебошад, - гуфтааст Абдуллоҳи Муҳаққиқ.

Мутаассифона, имрӯз ҳам қувваҳое ҳастанд, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд, фазои сулҳу суботи кишвари моро халалдор созанд.

Яке аз ин гуна қувваҳо ҳизби мамнуъшудаи назҳати ислом мебошад, ки динро бо сиёсат омезиш дода, ба афкори мардум бо роҳи зӯрӣ мехоҳад ақидаҳои ифротиро бор намояд.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеа пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод.

Маҳз, баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки имконияти охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд.

Одамоне ҳастанд, ки пайрави корҳои нек буда, ҳаёти худро барои сарҷамъӣ ва саодатмандии мардум сипарӣ месозанд.

Ҳамчунин, одамоне низ вуҷуд доранд, ки дар ҳамин умри андаки худ кӯшиш мекунанд, то пайваста аз паи озори мардум ва фитнаангезӣ бошанд, то ба музди андаке, ки аз корҳои палидашон аз хоҷагони худ мегиранд, рӯзи худро гузаронанд.

Чун аксари мардуми Тоҷикистон, ки мусалмонанд, ин қувваи бадӣ кӯшиш мекунад, то аз роҳи ҳиссиёти динӣ таъсири худро ба мардум расонад.

Яъне аввал номи динро барои худ сипар намуда, сипас дар пушти он амалҳои палиди худро анҷом диҳанд.

Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин гуна шахсон бесаводанд ва гаправӣ хоинони давлатанд, мисле, ки “Манқурт” бошанд. Ин манқуртҳои лаъин бо баҳонаи дини Ислом ҷомеаи ободу пешрафтаи Тоҷикистонро хароб карда наметавонанд. Ҳукумати Тоҷикистон озодӣ дод ба ҳар як шаҳрванди худ, аммо баъзе аз мулло ва нимчадомуллоҳҳо гурӯҳ - гурӯҳ дар масҷидҳо ҷамъ омаданд ва ҷавононро гумроҳ сохтанд. Бисёре аз ҷавонон ва, ҳатто, занҳо ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта, дар мамолики бегона бо номи Ислом ҷангиданд, чунки онҳо фирефтаи хоинон гаштанд.

Мақолаи дасисабозонаву ифротгароёнаи Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳам аз ҳамин қабил матлабҳоест, ки ба хотири гумроҳ сохтани мардум бо дурӯғҳои бофта нашр гардидааст.

Аз ин лиҳоз, пеши роҳи чунин шахсон гирифта шавад, то ки ҷомеа бе хавф ва озодона зиндагӣ кунад.

Имрӯз Тоҷикистон як давлати абарқудрат аст, ки амнияти сокинонашро таъмин менамояд.

Акбар МУҲАММАДИЕВ,
устоди Донишкадаи
кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Тамоюли дигари ҷаҳонишавӣ

Дар ҷаҳони имрӯза тамоюли ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбати худ ба усулу арзишҳои асолатӣ ва ҳувиятии мардуми олам, фарҳангҳо ва тамаддунҳои таърихӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бархе аз давлату доираҳои бонуфуз баҳри расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ аз қувваи гурӯҳҳои ифротӣ истифода менамоянд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ бо дасти дигарон сохта шуда, зери ниқоби дини мубини Ислом ҳамчун воситаи таҳрибкорӣ зидди давлатҳои мусулмонӣ истифода бурда мешаванд.

Аксар ҳолатҳо сармоягузорони равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротӣ баҳри гумроҳ намудани ҷавонон мушкилоти иҷтимоӣ, вазъи камбизоатӣ ва маърифати пасти онҳо истифода менамоянд. Гурӯҳҳо ва доираҳои диние, ки нақши мазҳабҳои дини Исломро инкор менамоянд, дар ниҳоят арзишҳои суннатии исломиро нодида гирифта, ихтилофу зиддиятҳои мазҳабиро ба вуҷуд оварда, боиси сар задани кинаву адоват ва низоъ дар байни аҳли ҷомеа мегарданд.

Баъзе аз ҷавонони имрӯза бинобар дониши кофии илмиву динӣ надоштан, аз таъриху фарҳанги милливу динӣ бехабар будан худро зоҳиргарову худписанд ва донандаи аркони динӣ тарошида, бо ин кибру ғурури худ ба гирдоби ҷоҳиливу разолат ғӯта зада, панду насиҳати волидон, хешу ақрабо, муаллимон ва шахсони рӯзгордидаро сарфи назар намуда, нисбат ба ин шахсони муътабар беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Ба мо аз таърих маълум аст, ки арзишҳои миллию таърихӣ барои ҳар халқу миллат гуҳари ноёб ба шумор меравад. Ин арзишҳо дар ҳама давру замон пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мешуданд.

Пас аз паҳн гардидани дини Ислом дар қаламрави Осиёи Миёна барои халқи тоҷик равзанае ба тамаддуни дигаре кушода гардид, ки дар натиҷа фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиш ёфт. Бо амри тақдир сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихии халқи тоҷик тамаддуну фарҳанги исломиро пурмазмуну ғанӣ гардонид.

Дар ин ҷода хизмати фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба монанди; Салмони Форс, Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигарон хеле назаррас мебошад. Тафаккури илмию афкори динии мардуми тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ марҳалаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронида, то ба рӯзҳои мо омада расидааст.

Маърифат ОЧИЛОВА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

МУШКИЛОТИ УМУМИИНСОНИИ АСРИ БИСТУ ЯК

Дар ибтидои асри ХХI башарият бо мушкилоти ҷаҳоние рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм ва экстремизми байлалмилалӣ мебошад.

Ҳукумати кишвари мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб якдилона мубориза бурдан ва барои нест кардани он кӯшиш ба харҷ додан даъват мекунад.

Зеро то замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кишваре худро дар амониву осоиштагӣ эҳсос нахоҳад кард. Ҳамарӯза амалиёти гуногуни террористӣ дар гӯшаву канори олам бо амалисозии ҳадафҳои бадқасдона бо воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн мегарданд. Ин мақсадҳои ғаразноки онҳо бевосита ба фаъолияти созмонҳои динӣ - экстремистӣ алоқамандӣ дорад.

Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмуъ метавонад, ба тамоми ҷаҳон зарар расонад.

Бояд қайд кард, ки сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ин қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Агар созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои ҷаҳон зидди амалҳои зикршуда мубориза баранд, мумкин аст, решаҳои терроризм заиф гашта, таҳдиди хатарҳои террористӣ аз байн раванд.

Инчунин, қайд кардан лозим аст, ки аксарияти шахсоне, ки ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил гардидаанд, асосан ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд ва онҳоро бо роҳҳои гуногун ҷалб намудан ба сафи гурӯҳҳои террористӣ нисбатан осонтар аст. Барои пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ Ҳукумати кишвар ва аҳли ҷомеа чораҳои ҷиддӣ ва мушаххасро амалӣ карда истодаанд. Қабул ва амали қонунҳо дар кишвар, омӯзиши фанни “Таърихи дин” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзиши фанни “Ҳуқуқи мусалмонӣ” ва “Диншиносӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, тарбия кардани мутахассисон доир ба мубориза бо тундравӣ ва ифротгароӣ, аз ҳисоби донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ, тарҳрезии барномаи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлати ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарҷумаи Қуръони Карим бо забони тоҷикӣ, вохӯриҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хонандагон ва донишҷӯён оид ба масъалаҳои вобаста бо терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи онҳоанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанба талош меварзад.

Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо анҷом медиҳем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Маҳз, Ватан – Модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Ҳамин тариқ, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчӣ бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо - ҷавононро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз ҳадафҳои нопоки ифротгароён огоҳ бошем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Мақсудҷон ЗАМОНОВ,
донишҷӯи курси сеюми
факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

ШУКРОНАИ СУЛҲУ СУБОТ КУНЕМ…

Аз он рӯзе, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор шуду таҳкурсии аввалин дар Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз ба пояи Истиқлол гузошта шуд, бисту ҳафт сол мешавад ва имрӯзҳо ҳар як сокини ватандӯсту ватандор ба ҷашни фархундаи 30 – солагии соҳибистиқлолии диёри биҳиштосои худ омодагӣ мебинад.

Ана дар ҳамин рӯзҳое, ки мардум барои ободии зодгоҳи худ, Ватани худ хишт болои хишт мемонанд, зумраи хоинони миллат аз пайи халалдор намудани оромии кишвари мо нақшаҳои нав ба нав мекашанд, барои амалӣ кардани он аз ҳар гуна кирдорҳои нангин намегарданд.

Онҳо мехоҳанд, ки дар Ватани нав ба истиқлол расида ба ҷойи ниҳоли сулҳу оромӣ хори кинаву адоват рӯяд. Аламовараш дар он аст, ки он бадхоҳон бегона нестанд, бо обу нони ҳамин кишвар ба воя расидаанд. Барои чор танга пули ҳароми хоҷагони хориҷӣ сулҳу суботи Ватани худро ноором карданӣ мешаванд.    

Имрӯз пояҳои давлат устувор гаштаанд, мардум ба созандагӣ машғуланд. Ҳамагуна нияту мақсаду реҷаҳои он бадхоҳон дар ҷояш решакан мешаванд. Зеро мардум сулҳхоҳанд, онро ҳифз мекунанд. Намехоҳанд ба пойи давлати соҳибистиқлол хори нохалаф занад…

Лолахон ФАЙЗИЕВА,
мудири бахши Сабти асноди ҳолати
шаҳрвандии ноҳияи Деваштич

Читать далее