December 2019

23 December 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд

20 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор карданд.

Читать далее

20 December 2019

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи энергетикҳо

Ҳамасола 22-юми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони ин соҳаро табрику таҳният менамоям.

Солҳои охир рушду нумӯи соҳаи энергетика дар вилоят афзалият пайдо намуда, зиёд шудани тавлидоти нерӯи барқ боис шудааст, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, рӯ ба тараққӣ ниҳад.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

Шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи сафари корӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.

Читать далее

ХИЗМАТИ «ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ» ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

Соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ба рушди он эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри беҳтар намудани вазъи хизматрасонии аввалияи тиббии «Ёрии таъҷилӣ» моҳи июли соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода Зеристгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» - и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки ба аҳолии соҳили рости шаҳр хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Шукри соҳибистиқлолӣ, ки дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд ва таи чанд соли охир хизматрасонии ёрии аввалияи тиббӣ ба сокинон ройгон мебошад. Вазъи имрӯзаи расонидани ёрии таъҷилии аввалияи тиббӣ ба сокинони маркази вилоятро пайгирӣ намуда, бо Мирзонабӣ Мирзоҳошимов - сартабиби Стансияи “Ёрии таъҷилӣ” - и шаҳри Хуҷанд ва чанде аз сокинон ҳамсуҳбат гардидем.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов: - Шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоламон ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамзамон дар ин раванд иқдомҳои пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум ҷонибдорӣ менамоем. Зеро бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд соли равон бинои Зерстансияи «Ёрии таъҷилӣ», воқеъ дар хиёбони Раҳим Ҷалил азнавсозӣ гардида, бо шароити хубу замонавӣ ба истифода дода шуд. Имрӯз дар стансияи мазкур дар 11 бригада 161 корманд дар ду нуқтаи соҳили чапу рост фаъолият доранд. Аз онҳо 27 нафар духтур, 48 нафар ҳамшираи шафқат ва 38 ронанда буда, дар як шабонарӯз 35 нафар навбатдорӣ менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки собиқадорони мо - Рустам Ғаниев, Муҳаррама Юнусова, Насрулло Тоҷибоев, Мирзоаҳмад Неъматов, Рустам Қаҳҳоров, Ҷамшед Рауфов, Баҳром Зоидов баҳри расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба мардум саҳми хешро гузошта истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки соли равон ҳашт нафар мутахассиси ҷавонро низ ба кор таъмин намудем. Айни замон дар Стансияи «Ёрии таъҷилӣ» мутахассисони соҳаи тиб, аз ҷумла табибони дараҷаи олии дилшинос, кӯдакона ва эҳёгар намерасанд. Баҳри ҳалли ин масъала аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ва шуъбаи шаҳрӣ чораҷӯӣ шуда истодааст.

Инчунин, алҳол дар марказ 14 мошини «Ёрии таъҷилӣ» дар хизмати сокинон буда, ду тои он дар ҳолати зарурӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон, ду адад таҷҳизоти кардиограмма (ЭКГ) ва дефибриматор дар ҳолати таъҷилӣ истифода бурда мешавад ва нақша дорем, ки ин намуди таҷҳизотро зиёд намоем.

Аз ҷониби Стансияи «Ёрии таъҷилӣ» - и мо дар соли 2018 - ум ба 42 ҳазору 288 нафар ва давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба 38 ҳазору 22 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ёрии амалии аввалиндараҷа расонида шуд, ки дар ин ҷода 16 корманди мо барои қабули зангҳои даъватии шаҳрвандон саҳми беандоза доранд.

- Солҳои охир аз тарафи шаҳрвандон ягон арзу шикоят барои гирифтани маблағ аз ҷониби кормандамон ба мо нарасидааст. Ҳастанд бемороне, ки бо хоҳиши худ барои хизматрасонии табибон ба қавле «ҳаққи даст» медиҳанд, вале ягон корманд ҳуқуқи талаб намудани маблағро надорад. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо дар Маркази «Ёрии таъҷилӣ» дафтари коррупсионӣ тартиб дода, ҳар як корманд имзои хешро барои расонидани ёрии ройгон ба бемор гузоштааст. Дар урфият мегӯянд, ки панҷ - панҷа баробар нест, мумкин табибон ё ҳамширагоне ёфт шаванд, ки маблағ талаб намудаанд, барои ин камбудиро бартараф кардан, пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда истодаем.

Гуфтан ба маврид аст, ки таъминоти сӯзишвории мошини «Ёрии таъҷилӣ» дар мувозинаи мошинсаройи махсуси Раёсати тандурустии вилоят буда, бо меъёри муайян бе ягон мамониат ҷудо карда мешавад.

Беҳбудии шароити корӣ

Шукри осоиштагӣ ва Истиқлолият, ки имрӯз шароиту фаъолияти хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» шабонарӯз аст ва нисбат ба солҳои пешин хеле хуб мебошад. Захираи дорувориҳо кофист. Ҳамаи табибон барои ёрии аввалӣ расонидан ба беморон омодаанд ва ҳолати онҳоро аз назар гузаронида, вобаста ба бемориашон доруворӣ ва сӯзандору гузаронида, дар ҳолати зарурӣ ба беморхона мерасонанд.

Зикр бояд кард, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд бинои Стансияи «Ёрии таъҷилӣ» - и соҳили чап таъмиру азнавсозӣ шуда, он дар беморхонаи шаҳрии №2 - и шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад. Имрӯз нисбат ба солҳои пешин шароити кормандон беҳтар буда, утоқҳои алоҳида ба онҳо анборхона барои нигоҳдории доруворӣ ва истгоҳи мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, ҳуҷра барои расонидани ёрии аввалин ба беморон бо ҳама намуди дорувориҳо, инчунин сумкаи ёрии таъҷилӣ бо тамоми дорувориҳо барои ҳар як табиб пешбинӣ гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки рақами телефони ҳар беморхонаи шаҳру ноҳияҳо ва Маркази «Ёрии таъҷилӣ» алоҳида буда, бо аломат ё рақам фарқ дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки кормандони марказ барои сокинони ягон ноҳия ё дар ҳолати зарурӣ рақами телефони беморхонаҳоро тариқи пайваст пешниҳод менамоянд. Қабули зангҳои телефонӣ ба дархости шаҳрвандон барои даъвати «Ёрии таъҷилӣ» тариқи занги телефони хонагӣ ва мобилӣ (соҳили рост) рақамҳои 103, 92 772 – 33 - 05, 5 – 26 - 22, 5 – 31 – 53 ва (соҳили чап) 103, 4 – 10 - 60 ва 92 772 – 33 – 06 буда, кормандон шабу рӯз дар хизмати мардуманд.

 Мардум миннатдоранд!

М.Алиев, сокини шаҳри Хуҷанд: - Шабонгоҳ тақрибан соати 21:00 фишори хунам баланд гардид, ба «Ёрии таъҷилӣ» занг задам. Танзимгар ҷои истиқоматиамро қайд намуда, иброз дошт, ки кормандон ҳозир мешаванд. Дар ҳақиқат, дар муддати 10 дақиқа кормандони тиб ҳозир шуданд ва маълум намуданд, ки аз сабаби асабониятам фишорам баланд гардидааст. То дами ҳолатам беҳтар шудан, мунтазам набзамро санҷида, бо муътадил шудани фишори хун тавсия намуданд, ки пагоҳ ҳатман ба духтур муроҷиат намоям. Ҳамзамон, ба ёрии нафари дигари муроҷиаткунанда шитобиданд. Миннатдории хешро ба табибон ва кормандони марказ мерасонам, ки сари вақт ҳозир шуда, бароямон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Оилаи Шарифовҳо, сокини маҳаллаи 12 - уми шаҳри Хуҷанд: - Ману завҷаам аз фишорбаландии хуну бемории дил азият мекашем. Қариб, ки ҳафтае чанд маротиба ба «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат менамоем ва хушбахтона, ба тезӣ онҳо ҳозир мешаванд. Солҳои пешин барои хизматрасонии тиббӣ онҳо маблағ талаб мекарданд, лекин имрӯз ройгон буда, ба ману завҷаам муносиб доруворӣ мегузаронанд.

М.Самадова, сокини маҳаллаи 18 – уми шаҳри Хуҷанд: - Санаи 11 - уми августи соли равон, ки мусулмонони дунё Рӯзи саиди иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд, бо сабабҳои номаълум ҳарорати бадани фарзанди наврасам ногаҳон баланд шуд. Тақрибан соати 21:00 шабона буд, аз хавфи он, ки ҳолаташ бадтар нашавад, фавран ба «Ёрии таъҷилӣ» занг задам. Бо зудӣ, яъне 10 дақиқа нагузашта, ду нафар корманди тиб омада, таби кӯдакамро санҷида, дарҳол сӯзандору гузаронида, мунтазам ҳарорати баданашро санҷиданд. Бо гузашти 2 - 3 дақиқа ҳолати кӯдак беҳтар гардид. Бо изҳори миннатдорӣ ва розигии худ барои хизматашон маблағ дароз намудам, вале онҳо «ин вазифаи мо аст» - гӯён маблағро нагирифтанд.

Воқеан ҳам имрӯз хизматрасонии кормандони Cтансияи «Ёрии таъҷилӣ» - и шаҳри Хуҷанд хеле беҳтар шудааст ва мо - шаҳрвандон аз фаъолияти шабонарӯзии онҳо миннатдорем.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

СУРУДИ МИЛЛӢ: ЧЕҲРАИ ВАТАН ДАР ОИНАИ ДИЛ

Мардуми соҳибзавқу соҳибмаърифати тоҷик аз азал навҷӯянду садоқатманди ташаббусҳо, иқдомҳо ва ғайратманд. Аз рафти ҳаёт, зиндагӣ, паҳлуҳои рӯзгор маънӣ мебардоранд, барои гулсифатии орзуву кӯшишҳояшон қадамҳои устувор мегузоранду дар аҳду вафои хеш бар манфиати ҷомеа қатъиянду ҳадафманд.

Дар ин раванд ва дар ин кору пайкор ба ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа, дар умум мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбубамон суханони фараҳовару саодатбори Пешвои муаззами миллат, Президенти муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар вуҷуди хеш пайдо гардидани ташаббус, иқдом ва парвардани меҳру муҳаббати ватандорӣ нерӯ мебахшанд, ки ин аст: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёриву маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъйу талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Бинед, хонандаи дилогоҳи азиз, ин ҳидоят, ин маҳбубият, ин рисолат барои ҳар як аъзои ҷомеаи имрӯзаи мо, чӣ хурду бузургсоли кишвари соҳибихтиёру озоди мо шарафмандӣ, уҳдадорӣ, вазифадорӣ ва раҳнамоӣ овард, меоварад, чун нури хуршеди оламтоб дар дидаву дилҳост. Ҳар сухану ҳар гуфтори Пешвои азизамон барои аҳли маърифат чун оина равшан мешавад ба маънӣ, ба илҳом, ба иқдом ва ба равшангариву суханварӣ.

Ин навиштаҳоро дар ҳошияи ташаббус, иқдом ва эҳсоси рисолатмандии аҳли маориф ва устодону омӯзгорони соҳибфазилати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун дебоча маънидод намудан равост. Маърифату ташаббуси маорифчиёни Бадахшон мисли кӯҳҳои сарбаланди Помир волову устуворанд, ки имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд доман паҳн кардааст, ҷонибдориву ҳамовозӣ пайдо намудааст ва содиқона пайрав будан чун субҳ пурсафост. Ташаббуси худшиносӣ: дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ – мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистонҳо, боғчаҳои бачагон пеш аз оғози машғулият хондани Суруди миллӣ бо овози умум ва зинда. Хониши умумии матни ин муқаддасоти миллӣ нишон аз дониш, қобилият ва эҳсоси ҳувият, садоқат ва меҳанпарастист.

Имрӯзҳо дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тарбиявии томактабии вилоятамон пеш аз машғулият дар пагоҳӣ, қабл аз саршавии дарсҳои фаннӣ толибилмону тарбиятгирандагон якҷоя – умум Суруди миллиро бо оҳанги овозӣ мехонанд, ифтихормандӣ аз он менамоянд, ки онҳо ворисон, номбардор, ояндасози ин Ватан, посдори хоку оби ин давлати соҳибистиқлолу озоду пешрафтаанд. Наврасон бо асолати миллӣ камол меёбанд, дар ҳаёт устувор мегарданд, соҳибдонишу соҳибкасб мешаванд, кӯшишу ғайрат, қобилияту малакаи худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми Тоҷикистони соҳибваҳдату муттаҳид ва ҳар каси некмарому некрой ба тадбирҳои ободониву шукуфоӣ ҳамрадиф месозанд. Диёри арҷманди худ, ки ба бахту иқболи ҳар фарди некдилу заҳматқарин азизу муқаддасу муаззам мебошад, саодаташ, нерӯи фараҳбахшашро дилпуронаву муътақидона ҳифз намудану гиромӣ доштан ҳамсафу ҳамқисмат муаррифӣ менамоянд:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

То пару бол кушодани ташаббуси маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамон дар лаҳзаҳои кушодашавии машваратҳои бонуфузи қаламрави кишварамон, чорабиниҳои сиёсӣ – ҷамъиятӣ, маърифатӣ – фарҳангӣ, мусобиқоти варзишӣ, иҷлосияву анҷуманҳо, умуман, дар маросимҳои хосса ҳамовозӣ бо ансамбли давлатӣ, хорсароён - гурӯҳи махсус, танинандоз мешуд, иштирокдорони ҳамоиш ҳамҷӯр мегардиданд,- мегӯяд Ҷӯра Юсуфӣ – шоири шинохтаи тоҷик, хабарнигори махсуси маҷаллаи «Бонувон» дар вилояти Суғд, - иқдоми наҷибу ватандӯстонаи аҳли маорифи Кӯҳистони Бадахшон ин равандро рангу ҷилои афсунбор бахшид. Акнун мактабиёну тарбиятгирандагон даст болои дил гузошта, азёд бо оҳанги хоси худаш дар мағз – мағзи қалбашон маъво мегузоранд. Ва муҳимаш, баъди ба камол расидан ҳам сатрҳои ин муқаддасоти миллии тоҷикон дар ёду хотирҳояшон қавитар боқӣ мемонад. Муқаддасоти миллӣ тарбияи миллиро ҳаме ҷавҳари истиқбол афзун мебахшад. Дар ин сатҳ ҳар мисраи Суруди миллӣ аз сабоҳат равшангари ҳувият, рисолат ва асолат аст.

Диёрамон, маъвоямон, ҷаҳони ҷовидонаамон Тоҷикистони маҳбуб аст, - изҳор дошт дар суҳбате Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари филиали мактаби санъати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ҳофизи шинохтаи тоҷик, ҳамзамон омӯзгори мусиқии гимназияи «Нур» Абдукарим Аминзода, - Ташаббуси маорифчиёни Кӯҳистони Бадахшонро муҳассилину таълимгирандагони мактабу муассисаҳои тарбиявии ноҳияамон хуш истиқбол гирифтаанд ва бо хондани Суруди миллӣ чунонки мегӯянд, аз гули саодати наврасону ҷавонон чамани кишварамон сабз аст, хазон намерасад ба навбаҳори Ватану миллат:

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту,

канори ту.

Вақте мактабиён дар ҳамовозӣ бо ҳам Суруди миллиро зинда, бо овози ҳамҷӯру ҳамнавову ҳамоҳанги хеш мехонанд, шоҳиди он гаштем, ки фазои ба қавле гулбуну фараҳафзои саҳну толору синфхонаҳои мактаб, майдончаву гурӯҳҳои шуғли кӯдакистону боғчаҳои бачагон ба гуфтаи мутафаккире ҳамсадо мешуд – «Баски натвонам зи эҳсоси тану ҷон қадам задан пешу пас».

- Набераам аз мактаб хурсанд ба хона баргашт, - нақли худро оғоз кард омӯзгори тахассусии дараҷаи олӣ Абдулҳафиз Домуллозода – собиқадори соҳаи мактабу маорифи шаҳри Исфара. – Чӣ шуд, пурсидам аз ӯ. Гуфт, ки Суруди миллиро ҳамроҳи шарикдарсонаш даст болои дил гузошта, хондааст ва чунин лаҳзаҳои гуворову муассирро ба навор гирифтаанд. Баробари ӯ ман ҳам хурсанду ифтихорманд шудам, ки набераам Суруди миллиро азёд бо овози худаш хондааст. Чаро тафохур накунам? Ӯ ҳар мисраи ин муқаддасотро бо забони модарӣ – давлатиамон зинда хондааст, зеро Ватани азизи мо - Тоҷикистон аз умеди рафтагони мо нишона аст, ҳувият аст, шарафу ифтихордорист, ватандорист.

Ту модарӣ, ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо.

Мактабиён дар дил меҳру муҳаббат мепарваранд, садоқату рафоқат афзун менамоянд, аз саодати диёри арҷмандамон камол меёбанд, дар ҷисму ҷонашон мароми ватанпарвариву ватандорӣ мепарваранд. Мо ҳама шукгузорона, эҳтиромона, самимона сухан мегӯем, ки «Бар замини Тоҷикистони маҳбубамон нури раҳмон мерасад!».

Оромиву осудагӣ ба чашми дил дидаему бо нияти неку азми комил раҳ ба сӯи хуршеди мурод дорем. Ва Суруди миллиамонро тараннуми пурбақоиву пойдориву тамаддунаслии Ватани азизи худ медонем то абад.

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,

ҳабиби мост.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вуҷуди Ватани азизамон ҳамчу ҷон бувад. Дар фазои гулфишони диёри арҷманди мо нури офтобест.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Ёде аз устоди маҳбуб

Дар адабиёти тоҷик эҷодиёти устоди зиндаёд Раҳим Ҷалил дар тарбияи насли наврас, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши калон мебозад.

Ҳикояву новелла, ёддошту қисса ва романҳои устод аз ҷумла «Одамони ҷовид», «Шӯроб», «Маъвои дил», драмаи «Дили шоир» ва «Субҳи саҳро» дар ташаккули маънавӣ ва тарбияи инсон аҳамияти калон доранд.

Устод дар бораи пайдоиш, инкишоф ва ташаккули синфи коргари тоҷик дар романи «Шӯроб» ва махсусан тасвири персонаҷҳо дар симои Пётр, Даря, Арслонвалӣ, Холи Ворухӣ ва дигарон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва махсусан дар симои Холи Ворухӣ як чеҳраи деҳро то ба синфи коргари тоҷик нишон додааст.

Борҳо дар вохӯриву ҷамъомадҳо нақлҳои адабиётшиносон Атахон Сайфуллоев, Юсуфҷон Салимов, Раҳимҷон Тошматов, Аҳмадҷон Усмонов, олими забоншинос Темурхон Мақсудов, устод Валӣ Самадро дар бораи зарофатҳои Раҳим Ҷалил шунидаам.

Соли 1979 буд. Мо - шунавандагони курси такмили ихтисоси омӯзгорони забону адабиёти вилоят дар 70 - солагии устод Раҳим Ҷалил дар Театри ба номи Хоҷа Камол ширкат доштем.

Нависандаи маъруф Фотеҳ Ниёзӣ ба нависанда умри дароз, хушбахтӣ ва камолоти эҷодӣ орзу намуда, ба котиби якуми комитети вилоятии партия, шодравон Рифъат Ҳоҷиев муроҷиат намуданд: «Муҳтарам Рифъат Ҳоҷиев. Ману Ҷалолхон Икромӣ ҳам 70 - сола мешавем.

Агар имконият бошад, ба ману Ҷалолхон ва Раҳим - ако аз Хуҷанд квартира медодед». Мавҷи хандаву кафкӯбӣ ҳама ҷойро фаро гирифт...

Хулоса, устод Раҳим Ҷалил дар тарбияи адибон ҳиссаи нек доштанд.

Мирзоҳикмат МАҲКАМОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
шаҳри Исфара

Читать далее

19 December 2019

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ёдгорзода Наргис Юнусӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд,

Насриддинзода Муродбек Бӯрибой аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд

Читать далее

Раиси вилоят аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и ноҳияи Спитамен боздид намуд

18 декабри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” боздид намуд.

Гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ бо ташаббуси роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар масоҳати як гектар бунёд гардида, дар он то 30 ҳазор дона кӯчати помидор шинонида шудааст. Ба иттилои масъулин аз ин гармхона дар як сол ду маротиба ҳосил гирифта мешавад ва айни замон марҳилаи аввали ҳосилгирӣ аст. Аз як гектар гармхона дар марҳилаи аввал то 120 тонна маҳсулот рӯёнида шуда, помидорҳои хушсифат ба бозор бароварда мешавад. То имрӯз бошад алакай 25 тонна помидор истеҳсол гардидааст.

Читать далее