December 2019

24 December 2019

Шудгори саривақтии замин – омили фаровонҳосилӣ

Саривақт ва хушсифат гузаронидани шудгори заминҳо таҳкурсии мустаҳками рӯёнидани ҳосили баланди зироати киштшаванда мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани шудгори босифат хок дуруст майда шуда, пору ва алафҳои бегона хуб зери хок мегардад. Тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад. Бино ба гуфти мутахассисон, шудгори саривақтӣ аз рӯи хулосаҳои илмӣ ва таҷриба дар нимаи дуюми моҳи ноябр бояд гузаронида шавад, дар ҳолати дермонӣ ва мусоид омадани обу ҳаво моҳи декабр низ заминро шудгор кардан мумкин аст.

Дар заминҳои санглох қабати хок тунук аст, чуқурии шудгор бояд 28 – 30 сантиметрро ташкил диҳад. Дар ҳолати чуқур шудгоркунӣ қабати ҳосилбахши хок ба зер рафта, сангҳои сатҳи поёнии хок ба рӯ мебарояд ва боиси камҳосилӣ мегардад. Ҳангоми обёрикунии замини киштзор миқдори зиёди об ба зери хок меравад, решаи растанӣ номукаммал гашта, обу моддаҳои ғизоиро кам меҷабад ва ҳосилнокии зироати киштшаванда паст мегардад.

Хоҷагидорон ва мутахассисон бояд ҳамин муҳлатҳоро риоя намоянд. Вобаста ба таркиби хок ва кишти зироатҳо чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил кунад. Вақте муҳлати шудгор ва ҳамин чуқуриро таъмин мегардонанд, аз заминҳо ҳосили дилхоҳро рӯёниданашон мумкин аст. Ҷараёни корҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади анҷоми ин тадбири агротехникӣ шаҳодати он аст, ки хоҷагидорон манфиати ин омилро хуб дарк намудаанд. Барои замина гузоштан ба ҳосили баланди зироатҳои хоҷагии қишлоқ дар вилоят шудгори 207 ҳазору 164 гектар замин пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Сарраёсати кишоварзии вилоят, то санаи 17 - уми декабри соли равон дар майдони зиёда аз 80 ҳазору 318 гектар шудгор гузаронидаанд, ки ин нишондод 39 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар хоҷагиҳои шаҳру навоҳӣ 471 трактори шудгоркунанда омодаи кор буда, онҳо ҳар рӯз 2 ҳазору 200 гектар заминро шудгор намуда истодаанд. Инро мутахассисони соҳа аз мусоид омадани ҳаво ва ташкили дурусти кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ медонанд. Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят тасмим гирифтанд, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, ба ҷараёни шудгори замин вусъат бахшанд. Инчунин, бинобар маълумоти пешниҳодшуда тибқи нақшаи дурнамо, бояд 151 ҳазору 500 тонна поруи маҳаллӣ захира шавад.

То санаи дар боло зикргардида беш аз 67 ҳазору 727 тонна поруи маҳаллӣ захира шудааст, ки ин 45 фоизи дурнамо аст. Дар ин самт кишоварзони ноҳияҳои Деваштич 100 фоиз, Айнӣ 81 фоиз, Конибодом 51 фоиз, Истаравшан 61 фоиз, Ашт 73 фоиз, Панҷакент 77 фоиз ва Мастчоҳ 96 фоиз дар вилоят пешсафанд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Спитамен шудгори тирамоҳӣ дар 9 ҳазору 600 гектар пешбинӣ гардида, ҳар рӯз то 400 гектар шудгори замин гузаронида мешавад.

Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳия зикр дошт, шудгори замин яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар соли оянда ва замина барои ҳосилхез гардонидани қабати хоки замин мебошад. Агар мо дар моҳи декабр шудгори заминро ба анҷом расонем, замин пурқувват шуда, аз нури офтоб баҳраманд гардида, хусусиятҳои биологии он зиёд ва барои баланд шудани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, то санаи 20 - уми декабри соли ҷорӣ шудгори тирамоҳиро пурра ба анҷом расонанд. Шудгори ин давра ҳамзамон алафҳои бегонаи замини киштро нобуд, пӯсиши онҳоро таъмин мекунад.

Хоҷагидорон ба заминҳо поруи маҳаллӣ медароранд, ки таъмини замин бо ғизои табиист. Хоҷагидорон азм доранд, ки ин тадбири муҳими агротехникиро дар муҳлати зарурӣ ба анҷом расонанд, зеро шудгори саривақтӣ замина ба боздеҳи ҳосилнокии хуб дар соли оянда мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов ва мактаби мусиқаи ҷаҳон

Аҳли санъату ҳунар дар ҷомеаи гуногуни таърихӣ, новобаста аз сохтори иҷтимоӣ, ҳамчун афроди инсондӯст, маҳбубу писандида шинохта шуда, нуфузи маънавӣ бар ҳамзабонону ҳамфарҳангони худро доштаанд. Онҳо дар заминаи истеъдоди фитрӣ ва касбӣ таҷрибаи беназир ба эҷоди олитарин намунаҳои санъату ҳунар, ки ифодагари армонҳои умумибашарӣ ба шумор мераванд, ноил гардида, бо ин восита ба дили халқу қавмҳои олам роҳ ёфтаанд. Хушбахтона, мо дар бораи яке аз чунин сарояндагони номвар изҳори назар менамоем, ки номи ӯ дар сархати феҳраствораи шахсиятҳои шинохтаи олам қарор гирифта, овозаи овозаш ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст.

Устод Ҷӯрабек Муродов аз зумраи санъаткорони барҷастаест, ки бо санъати нотакрори сарояндагӣ барои халқу Ватан хизмат карда, фарҳанги миллии моро боз ҳам ғановат бахшидааст. Зикри китобҳое чун "Олимақом” (Тошканд, 1995), "Ҷӯрабек Муродов" (Хуҷанд, 2002) таълифи рӯзноманигор Мавлуда Шарифова, “Ҳунари иҷроии мондагори аср" (Душанбе, 2012) дар таҳияи профессор Аскаралӣ Раҷабов, ‘'Нури тоҷик”, (Хуҷанд, 2016) ба қалами Махкамбой Каримов, “Сурудҳои Ҷӯрабек" (Хуҷанд, 2012) тартибдиҳанда ва банотагиранда Ҳамидқул Ҷумъаев (ёдаш ба хайр!) худ кофист, ки гуфтаи болоро тасдиқ намояд. Аз миёни китобҳои номбаршуда охирин асар, ки дар он 170 суруди эҷодкардаи устод ба нота гирифта шудааст, беҳтарин асари муаррифгари ҳунари сарояндагӣ ва оҳангсозии ӯ мебошад. Зеро бо истифода аз ин асар дар ҳар гӯшаи олам мутахассисони соҳаи санъат оҳанги сурудҳои тоҷикиро навохта ва лаззат бурда метавонанд.

Ба нота гирифтани сурудҳои устод маънои дар фазои санъати ҷаҳонӣ ҳамагонӣ кардани оҳангҳои тоҷикиро дорад. Ҳамчунин, маънои онро дорад, ки ба шарофати устод Ҷӯрабек Муродов ин оҳангҳо баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо ба ояндагон низ ҳамчун армуғон аз номи имрӯзиён, хусусан аз номи миллати тоҷик хоҳад расид. Намунае аз чунин ифтихорот “Валси Ҷӯрабек” бар ғазали Ҷалолуддин Балхии Румӣ мебошад, ки он тариқи оркестрҳои бузурги симфонии Россия, Белоруссия, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистону Озарбойҷон иҷро шудаву дар барномаҳои таълимӣ тибқи арзишҳои байналмилалии фарҳанги мусиқӣ дар консеваторияҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои мусиқии ҷаҳон мавриди таълим қарор гирифтааст. Ба ин монанд, хизматҳои шоистаи устод зиёданд ва мо ин ҷо танҳо дар мавриди саҳми ӯ ҳамчун санъаткор дар рушди дӯстиву рафоқати халқҳои олам барои ба даст овардани сулҳи кулл дар тамоми ҷаҳон ва ҳифзи ин арзиши умумибашарӣ истода мегузарем.

 Ин сарояндаи бемисл ҳамеша кӯшиш кардааст, ки ба забони халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳон таронае сарояд ва бо ин роҳ ба дили халқҳои бародари русу украин, белорус, озару арман, туркману қирғизу қазоқу ӯзбек, қавмҳои эрониву афғонӣ ва арабӣ ворид шавад. Ӯ вақте ба ҳар гӯшае аз сайёраи Замин сафарҳои эҷодӣ дошт, ҳатман мекӯшид, ки ба забони мардуми он минтақа лоақал чанд сатр суруд бихонад, то битавонад ҳамдил будани худро ба онҳо нишон бидиҳад. Дар фаъолияти эҷодии ин овозхони беназир саҳифаҳое, ки далели пайвандгари отифаву эҳсосоти ширини қалбҳои миллатҳои гуногун будани ӯро собит созанд, бисёр аст. Соли 1987 вақте ӯ дар толори фарҳангии шаҳри Ягумбаи Япония ба саҳна баромад, дар сафи пеш рӯйи гилем маҷрӯҳону осебдидагони фоҷиаи Хиросимаю Нагасакиро, ки ҳамчун тамошобин дароз кашида мехобиданд, дида, таҳти таъсири ин манзара суруди “Дили модар” - ро сароида, бо забони оҳангу овози ҷонбахшу рӯҳнавоз дили он ҷабрдидагони бомбаи ҳастаиро бардошта тавонист. Ба эҳтироми ҳар як қавму миллат намуна аз сурудҳои онҳоро дар муддати кӯтоҳ аз худ карда, онро ба дараҷаи баланди касбӣ сурудан далели эҳсоси баланди инсонгароиву инсондӯстӣ доштани Ҷӯрабек Муродов аст. Бояд ёдовар шуд, ки аксар сафарҳои ин сароянда дар даврони шӯравӣ дар доираи чорабиниҳои Ҷамъияти дӯстии халқҳо ва баргузории даҳаҳои фарҳангии собиқ ИҶШС дар мамлакатҳои ҷаҳон сурат гирифтааст. Устоди санъати сарояндагӣ ва оҳангсози тоҷик Ҷӯрабек Муродов ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла ба Эрону Покистон, Ҳиндустону Афғонистон, Туркия, Амрико, Канада, Сурия, Лубнон, Ироқ, Австрия, Исроил, Белгия, Булғористон, Япония, Германия, Франсия, Англия, Полша, Хитой, Корея ва давлатҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ доштааст. Ӯ ҳар ҷо бо худ баробари суруду оҳанги миллӣ забон ва фарҳанги ғании тоҷиконро бурда, дар шиносонидан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳамватанонамон Юнусҷон Шарифов, Олимхон Қорихонов, Муҳиддин Фатҳиддинов, Ҳасанбой Мақсудов, Абдуқаюм Юсуфов (ёдашон ба хайр!), Бурҳонҷон Раҳимов, Абдумаҷид Зокиров, Абубаҳриддин Баҳриддинов, Абдуғаффор Маллаев ва дигарон, ки аз тарафи собиқ давлати СССР барои иҷрои вазифаҳои гуногун дар мамлакатҳои олам кору фаъолият доштаанд, шоҳиди истиқболи гарми қавмҳои арабизабон, туркзабону форсизабон аз сурудҳои Ҷӯрабек Муродов будаанд ва ҳар ҷо сухан дар ин бора равад, бо ифтихор он рӯзҳоро ёд мекунанд.

Бар замми ин ҳама сифатҳои мумтози сарояндагияш заҳмати шабонарӯзии тозакориву бозофаринӣ барои устод имкон дод, ки бо афроди барӯманди сиёсиву фарҳангӣ, монанди Индира Гандӣ, Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев, Ислом Каримов, Шавкат Мирзиёев, Нурсултон Назарбоев, Ҳайдар Алиев, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, профессор Аҳмади Донӣ, Раҷ Капур, Валентина Терешкова, Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадризо Шаҷариён, Саттор, Андӣ Мададиён, Пӯлод Булбул-огли, Муслим Магамаев, Тамара Синявская, Зайнаб Хонлорова, Роза Рембаева, Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, София Ротару, Александра Пахмутова, Юрий Антонов, Александр Серов, Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кунад ва бо онҳо иртиботи ногусастанӣ дошта бошад.

Дар экспонати нодире ҳаст, ки робитаҳои дӯстии ин ҳунармандро бо сиёсатмадори муваффақ, арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ, котиби аввали Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев гувоҳӣ медиҳад. Ин нигора ба мӯқалами сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ ва рассоми номии Ӯзбекистон Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев тааллуқ доштанашро фаҳмида, ба ҳайрат афтодам, зеро ин рассоми мониқаламро ҳамчун сиёсатмадору роҳбари ҳизбии як ҷумҳурии бародар, дар доираи ИҶШС медонистам. Экспонати нодир расми хонаи миллии водии Фарғона мебошад. Дар поёни нигора чунин ҳарфҳо навишта шудааст: “Тӯҳфа ба Ҷӯрабек Муродов аз Котиби якуми Партияи Коммунистии Ӯзбекистон И.Б.Усмонхӯҷаев имзои шахсии муаллиф.” Ин асари пурарзиши санъати тасвириро рассоми сиёсатмадор дар вазъияте ба Ҷӯрабек Муродов тақдим кард, ки ӯ дар ҳолати бемории вазнин, бистарӣ буд. Дар Осорхона навори видеоӣ ҳаст, ки аз дидорбинии Ҷӯрабек Муродову Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев ҳикоят мекунад. Дар як сафари эҷодӣ дар шаҳри Тошканд Ҷӯрабек Муродов бо писараш Парвизбек аз сарояндаи маҳбуби Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев бохабар мешавад, ки Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев дар шаҳри Фарғона дар бистари беморӣ аст. Аз шунидани ин хабар Ҷӯрабек Муродов аз Шералӣ Ҷӯраев хоҳиш мекунад, ки ба аёдати ин шахсияти шинохта равад. Шералӣ Ҷӯраев дӯсташ Ғафурҷонро ҳамчун роҳбалад ба онҳо ҳамроҳ мекунад ва онҳо ба воситаи шаҳри Оҳангарон, ағбаи “Камчин” ва нақби “Қурама”, мавзеъҳои Чодаку Пунгон, шаҳрҳои Қӯқанду Марғелон ба шаҳри Фарғона, ба ҳавлии Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев мераванд. Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев аз дидани Ҷӯрабек Муродов шод шуда, оҳиста - оҳиста, бо овози паст, дона - дона мегӯяд, ки: “Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки дар поёни умрам дӯст ва бародарам Ҷӯрабек Муродовро мебинам”. Ин суханҳоро гуфта, оби чашмаш равон мегардад ва ба Ҷӯрабек Муродов, Парвизбек ва роҳбалади онҳо изҳори миннатдорӣ мекунад. Ҷӯрабек Муродов зимни суҳбат аз мулоқотҳои самимию бародаронаи ҳардуяшон дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Душанбеву Маскав ва берун аз кишвар, нисбати дӯстиву ҳамкориҳои халқи тоҷику ӯзбек, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар мешавад. Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев ҳам мегӯяд, ки: “Солҳои роҳбарӣ дар яке аз ҷумҳурии калонтарини Осиёи Миёна буданам, бо Шумо дӯстии наздик доштам, вале Шумо боре ҳам барои манфиати шахсиатон ягон чиз аз ман хоҳиш накардед. Ман ба Шумо хонаи истиқоматӣ дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухоро пешниҳод карда будам, вале Шумо розӣ нашуда, рад кардед. Дар ёд доред, пешниҳодатон нисбати ба унвони Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон сарфароз гардонидани Шералӣ Ҷӯраевро? Суҳбати Шумо боис шуд, ки ба Шералӣ унвон додем ва хато ҳам накардем...”. Ин суҳбати охирини Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев бо Ҷӯрабек Муродов буд. Баъди чанде хабар расид, ки Иномхӯҷа Усмонхӯҷаев аз олам даргузашт.

Хушбахтона, ин дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек, ки муддате сарду рангбохта буд, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳолати аввала баргашт ва робитаи санъаткорон низ густариш ёфт. Ду давлат намояндагони сиёсӣ, фарҳангии ҳамдигарро бо унвону нишонҳои давлатӣ қадрдонӣ намуда, риштаи дӯстиро дар ҳама самт барқарор карданд.

Соли сипаришуда дар шаҳри Тошканд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо устодони санъат, арбобони намоёни фарҳанг, роҳбарони иттифоқҳои эҷодӣ, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Зимни суханронӣ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санъати олӣ ва нотакрор, маҳорати баланди овозхонӣ ва навозандагию оҳангсозии Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродовро ҳамчун намунаи ибрати устодони санъати Ӯзбекистон дониста, таъкиди зерини устодро ёдовар шуданд: “Ҳунармандони ӯзбек дар як вақт ҳунарманди дӯстдоштаи халқи тоҷик ҳам мебошанд ва мақоми роҳбарии Ӯзбекистон ба қадру қимати онҳо бояд расанд...”

Соли гузашта ҳамчунин дар вилояти Хоразми кишвари ҳамсоя Ҳамоиши байналмилалии ёдбуди Артисти халқии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов баргузор гардид. Дар қатори меҳмонони олиқадр Ҷӯрабек Муродов низ иштирок кард. Дар доираи Ҳамоиш якчанд чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ баргузор гардид ва хурсандиву ифтихормандии мо тоҷикон дар он буд, ки мулоқоти ҳунармандони номии Осиёи Марказӣ дар зери дарахти бузурге сурат гирифт, ки ин дарахтро соли 1987 дар яке аз сафарҳои ҳунарӣ ба вилояти Хоразм Ҷӯрабек Муродов шинонида, онро “Дарахти дӯстӣ” ном гузоштааст.

Устод Ҷӯрабек Муродов ин сифати инсонии худро ба санъаткорони насли даврони Истиқлолият ҳам меомӯзонад. Суруди “Тоҷик форс - дарӣ”, ки ӯ бо фарзандаш Ҷонибек Муродов ва Садриддин Наҷмиддин сурудаасту истиқболи хубе дар байни қавмҳои форсизабон пайдо кардааст, намунае аз дарсҳои ибратомӯзи устоди ҳунар дар самти эҷоди дӯстиву рафоқати байнимиллатҳо мебошад.

 Санъаткор хизматгори халқ аст. Ман ҳамеша ҷонибдори дӯстии халқҳоям, сулҳ ва одамдӯстӣ шиори ман аст, - мегӯяд устод Ҷӯрабек Муродов.

Оре, вақте чунин инсонҳо ба саҳнаи ҳунар ё минбари сухан мебароянд, бо як таронаи ҷаззоб ва бо як ҷумлаи ниҳоят кӯтоҳи пуртаъсир тамошобину шунавандаашонро ба олами тафаккур мебаранд.

Оре, ба шарофати ҳамин гуна инсонҳо дар ҳудуди ин ё он давлати олам “Осорхонаи давлатии Ҷӯрабек Муродов" барин марказҳои маънавӣ ва маърифатӣ таъсис меёбанд, ки дар он экспонатҳо, туҳфаҳо, лавҳаҳо, мукофотҳои давлатӣ, китобҳо ва тамоми дастовардҳои намояндаи барҷастаи санъати миллате гирдоварӣ ва муаррифӣ мешаванд.

Барои ин ҳунарманди бемисл, барои ин инсони шариф, ки кайҳо ҳамчун ҳунарманди ҷовидонаамон бо заҳмату машаққат ва хидмати холисонаи беш аз шастсола барои миллати тоҷик ва кулли башар як ҷузъи ҳамешагии фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ эътироф гардидааст, ба бахти санъати миллати тоҷик ва тамоми башар чун ҳамеша тандурусту бардам, комёбу муваффақ мондану баҳри мо суруди Модар, Ватан, дӯстиву рафоқат, сулҳу осудагӣ хонданашро аз Офаридгори якто хоҳонам.

Нодирҷон СОЛИҶОНОВ,
намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва
 равобити фарҳангии Тоҷикистон бо
кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд

Читать далее

Оини мазҳабии саразмиёни бостон

Соли 2004 ба мо - бостоншиносон муяссар гардид, ки аз қабати мадании дуюми ҳафриёти ХI ёдгории Саразм (3200-2900 сол то милод) чоҳи мудавваршаклеро пайдо намоем. Чоҳ 1,15 х 1,15 метр масоҳат дошта, дар дохили он устухонҳои ҳайвони калони шохдор мавҷуд буданд. Ҳангоми таҳқиқи чоҳ беш аз 10 қисми ҷудогонаи устухонҳои ҳайвони калони шохдор дар маҷмӯъ бо қайроқсангҳо ва лахчаву хокистар ба даст омаданд. Ҳини паҷӯҳиш асосан ҷузъҳои устухонҳои сари гов, шохҳо ва қисми сутунмӯҳра пайдо шуданд, ки ҳаҷмашон аз говҳои муқаррарии имрӯза бузурганд. Бо мақсади муайян кардани ба кадом намуди ҳайвон мансубият доштани устухонҳо мо ба доктори Институти зоология ва паразитологияи АУ Тоҷикистон Шарафҷон Шарипов муроҷиат намудем. Дар натиҷа аниқ карда шуд, ки устухон ба гови Тур тааллуқ доштааст.

То имрӯз бостоншиносон нақши Турро танҳо дар рӯи сангнигораҳои Қазоқистону Муғулистон, Сибиру Урал ва Олтой, ки ба аҳдҳои неолит, энеолит ва биринҷ (ҳазораҳои II-I қабл аз мелод) мансубанд, пайдо кардаанд. Дарёфти ҷасади Тур аз Саразм дар ҳолати дафнгардонидашуда аз таърихи ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ бори аввал мушоҳида мегардад.

Устухонҳои ҷузъии ҷасади Тур, ки аз Саразм пайдо шудааст, нисбат ба ёдгориҳои дар боло зикргардида қариб се ҳазор сол қадимтар буда, онро бо маросими ба худ хос (афрӯхтани оташ) дафн кардаанд.

Бамаврид аст қайд намоем, ки ҳанӯз соли 1986 ҳангоми тадқиқоти маъбади бузургдошти оташ аз ҳафриёти чоруми Саразм мӯҳри сангини шакли силиндрдоштае пайдо шуда буд, ки дар гирди он нақши гови азимҷусса (Тур) ҳаккокӣ шудааст (расми 1). Мӯҳри сангин аз ибодатхонае, ки ба андозаи 36 метри мураббаъ масоҳат дошта ва девори самти ғарбии он бо ранги аҳмарӣ ородода пайдо гардидааст. Дар байни фарши толор оташкадаи мудавваре ҷойгир аст, ки дар вақташ аз умқи марказии он фарри яздӣ - (оташи муқаддас) тимсоли хуршед, ки нишони оини меҳрпарастӣ аст, забона мезад.

Дар қиёс бо ёдгориҳои зикршуда дар Саразм чи дар хонаҳои истиқоматӣ ва чи дар ибодатхонаҳои бузургу барҳаво ва биноҳои ҷамъиятӣ бештар оташкадаҳои мудаввару чаҳоркунҷа пайдо шудаанд, ки барои ибодат ба оташ - фарри яздӣ сохта шудаанд.

Девори атрофи оташкадаҳо дар баъзе биноҳо то 48 маротиба ба қадри 0,5 миллиметр хеле нозукона пардоз дода шудааст. Гумон меравад, ки пеш аз ба ҷо овардани ин ё он маросими мазҳабӣ оташкадаҳо тармим карда мешуданд.

Имрӯз дар натиҷаи қиёс бо бозёфтҳои бостонии ҳамдавру ҳамҷавори саразмиён маълум мегардад, ки дар атрофи мӯҳри сангӣ тасвири гови Тур ҳаккокӣ карда шудааст. Инчунин, тасвири гови Тур аз сангнигораҳои сойи Сабағи Масчоҳи Кӯҳӣ пайдо шудааст, ки ба ҳазораҳои III-и қабл аз мелод мансуб аст. Пас маълум мегардад, ки сокинони саргаҳи Зарафшон низ ҳанӯз дар ҳазораҳои IV- III қабл аз мелод гови Турро парастиш менамудаанд.

Аз ёдгории Чатал - Хуюк - и Туркия (мансуб ба ҳазорсолаи VI) муҷассамаҳои гилини сари барзаговҳои азимҷусса низ пайдо шудаанд. Ҳатто ҳанӯз дар аҳдҳои санг дар ғорҳои Фаронса низ тасвирҳои рӯисангии барзаговҳо пайдо шуда буданд.

Дар устураҳо Тур (барзагов)-ро муқаддас шуморида, дар «Авасто» дуоҳои ҷудогона бахши Говаш (Говмард) ҳамчун худои oлами ҳайвонот ситоиш шудааст. Аз Фарвардиняштҳо бармеояд, ки қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ дар панҷ музофоти Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардаанд. Ин гуфтаҳоро ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ низ бо бозёфтҳои моддии хеш тасдиқ менамояд. Ёдгориҳои зиёди кишоварзони муқимнишин дар воҳаҳои Эрон, Афғонистон, Балуҷистон, Бохтар, Суғд, Марғион ва Фарғона, ки пасу пеш ҳамдавру ҳамзамони шаҳри Саразм буданд, ҳаёт ба cap мебурданд.

Аз ин хотир, бозёфти ҷасади барзагови муқаддас бо номи Тур ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм аҳамияти калони таърихӣ - фарҳангӣ дошта, исботи он аст, ки Саразми бостон дар айёми хеш аз марказҳои асосии пайдоиш ва рушдёбии оину мазҳабҳои аҳди Пешдодиён дар раванди зуҳурёбиву рушди оини Меҳрпарастӣ ва минбаъд Зардушт будааст.

Абдурауф РАЗЗОҚОВ,
 номзади илмҳои таърих, бостоншинос

Читать далее

23 December 2019

«СУFДСИНАМО» ДАР МАСКАВ ФИЛМИ НАВИ «МУРАББӢ» - РО БА НАВОР ГИРИФТ

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо, ба номи Комил Ёрматов дар доираи Лоиҳаи байналмилалии филми ҳунарии «Наставник» (Мураббӣ) аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2019 ба наворгирии филм дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз намуда дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва шаҳри Маскави Федератсияи Россия идома дод.

Айни замон наворбардории филм дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек идома дорад. Филм дар шаҳри Далласи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом меёбад.

Филми ҳунарии «Наставник» (Мураббӣ) шарҳиҳолӣ буда, аз рӯзгори шахсияти шинохта, мураббии соҳибкорон, бизнес - тренери байналхалқӣ, нависанда ва тоҷир, асосгузор ва президенти ширкати байналмилалии рушди инсон «САМО», доктори илмҳои психологӣ Саидмурод Давлатов қисса мекунад.

Мазмуни филми мазкур ҳамин гуна аст, ки як ҷавони муқаррарии тоҷик аз як деҳаи дурдасттарин алайҳи ҳама мушкилоти зиндагӣ мубориза бурда, комёб ва шуҳратёр мегардад. Пайроҳаи пурпечутоби ҳаётро тай намуда, тадриҷан ба зинаҳои камолот мерасад. Инчунин, саҳнаҳои дигар, аз ҷумла айёми талхи кӯдакӣ ва бепадарӣ дар ҳалқаи оилаи серфарзанд аз лаҳзаҳои зиндагии қаҳрамони филми мазкур ба шумор мераванд, ки ҳар бинандаро ба андеша кардан водор месозад. Ҳамчунин, меҳнати пурмашаққати муҳоҷират дар кишвари дигар, мушкилоти муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва муносибати сарди милисаҳои порагир аз саргузашти Саидмурод Давлатов қисса мекунанд. Дар баробари ин, нахустин комёбии молиявӣ ва муфлисшавии ногаҳонӣ паҳлӯҳои дигари фаъолияти ин соҳибкори муваффақро филми мазкур дар бар мегирад.

Тибқи гуфтаи коргардони филм Муҳиддини Музаффар, тавассути ин филм образи мусбати муҳоҷирбачаи тоҷик офарида мешавад, ки ба шарофати дониш ва маҳорати кордонӣ қуллаҳои баландро фатҳ менамояд. Ин филм тасаввуроти мардуми кишварҳои дигарро нисбат ба миллати тоҷик тағйир медиҳад, ки ин мардум танҳо аробакаш нест ва барои фаъолият дар зинаҳои баланд қодир аст.

Мазмуни филм ҳар нафарро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.

Қаҳрамони филм ба мушкилот ва печутобҳои зиндагӣ сабр намуда, комёб мегардад ва айни замон барои нафарони ташнаи комронӣ намунаи ибрат мебошад.

Ҳамин тавр, саҳнаи аввали филми «Наставник» (Мураббӣ) чунин оғоз мегардад, ки нақлиёти боркаши маҳсулоти кишоварзӣ дар ағбаи водии Зарафшон ба ҷарӣ меафтад ва дар нақлиёти дигари боркаш дар роҳи пурпечутоби кӯҳистон зане таваллуд мекунад.

Ин лаҳзаҳо дар филми ҷадиди ҳунарии коргардон - таҳиягари Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов Муҳиддини Музаффар «Наставник» (Мураббӣ) инъикос ёфтааст. Тибқи сенарияи филм, дар рафти наворбардорӣ деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба тобистони соли 1978 бармегардад. Пас аз 28 соли пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ рассомони филм кӯшиш намуданд, ки фазои ҳамон давраро дар деҳаи мазкур барқарор созанд.

Бино ба гуфтаи продюсери марказии продюсерии “Футура магнум” Илҳнур Гафатуллин, саҳнаҳои пуртазоди филм ва дигар шудани саҳнаҳои он ҷолиб буда, таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб месозанд.

Дар филм ситораҳои театр ва синамои тоҷику рус, қазоқу қирғиз иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла ҳунармандони шинохтаи кишвар Лутфулло Давлатов, Тағоймурод Розиқов, Фирӯза Раҳмонова, Мавлона Наҷмиддинова, Парвиз Пӯлодӣ ва бори аввал дар саҳнаҳои филм Кароматулло Қурбонов ва Юнус Ҳоҷиев дар наворбардории он иштирок намуданд.

Ҷобиршои Хубоншо, ҳунарпешаи Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ аввалин бор дар синамо нақши Азизмурод - бародари Саидмурод Давлатовро мебозад.

Дар шаҳри Маскав ситораҳои театру синамои Россия Александр Песков, Михаил Горевой, Людмила Фирсова, Анзор Камаридинов, Александр Елизарэ, Михаил Коновалов, Сергей Уст, Вячеслав Лясников, Дмитрий Мелҳников, Алҳбина Фирсова нақш офариданд.

Мелис Беркулов, Марат Маматов, Талай Дҷумалиев продюссерҳо аз Қирғизистон Назерке Кибаева, Айдана Шпекбаева аз Қазоқистон ба филмсозӣ кӯмак менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки ба филми мазкур шаш продюссер ҷалб шуданд. Аз Тоҷикистон Муҳиддини Музаффар, Федератсияи Русия Илнур Гафатуллин, Игор Зотов, Антон Меншиков, Қирғизистон Мелис Берқулов ва Қазоқистон Назерке Кибаева.

- Саҳнаҳои зиёди филм берун аз Тоҷикистон наворгирӣ мешаванд. Нахустин сафари киностудияи “Суғдсинамо” ба хориҷи кишвар аз ҳунармандон маҳорат ва заҳмати зиёдро тақозо мекунад, - мегӯяд Абдусафо Қосимов, директори филм ва дар ин самт нерӯи ҷавонӣ ҳайати тимро мададгор аст.

Темури Султон, коргардони дигари филм мегӯяд, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Наставник» (Мураббӣ) баҳори соли 2020 ба нақша гирифта шудааст ва то ин марҳала корҳои омодагӣ сурат мегиранд.

Зайниддин Каримов оҳангсози филм бар он назар аст, ки садобардорӣ, садогузорӣ ва оҳанг бастан ба филми мазкур кори саҳл нест. Дар муҳити деҳа ва шаҳр баробари тасвир садоҳо тағйир меёбанд. Вобаста ба ҳолати рӯҳии қаҳрамон оҳанги филм дигар мешавад. Дараҷаи пасту баландии овози қаҳрамонҳои филм, гузашта аз ин филм бояд суруд ва оҳанги хосаи худро дошта бошад, ки баробари зам - зама намудани он бидуни тасвир ҳам филм шинохта шавад.

Воқеан ҳам марҳалаҳои офаридани филм якчанд зинаро фаро мегирад ва тайёр кардани мутахассиси синамо заҳмати зиёдро тақозо мекунад, ки инро коргардони таҳиягар Муҳиддини Музаффар ба дӯши худ гирифтааст. Яъне, ҳамаи узви дастаи филмофарон ба як лоиҳа маҳдуд нашуда, минбаъд ҳамчун кормандони ҳирфаии киностудияи “Суғдсинамо” дар филмҳои дигар иштирок мекунанд.

Аммо ин ҷо як мушкилоти дигар аст, ки ба таъминоти молӣ мувоҷеҳ аст. Маоши ками актёрӣ ва корманди синамо ҷавононро водор менамояд, ки тағйири касб ва ё ҷои кор намоянд. Мутаассифона, давоми анқариб панҷ соли фаъолияти муассисаи давлатии “Суғдсинамо” чунин ҳолат ба назар мерасад ва талошҳои директори киностудия Муҳиддини Музаффар барои муттаҳид намудани даста ва дар ин замина як киностудияи мукаммал сохтан мебошад.

Набудани шабакаи ягонаи кинотеатрҳо мушкилоти дигари филмофарон аст. Аслан, филми хуб дар толори синамо ба сифати олии тасвиру садо намоиш дода мешавад, ки тамошобин худ танҳо ва ё бо ҳамроҳаш рафта, як ҷаҳон лаззати маънавӣ гирад. Ончуноне ки барои тановули ғизои хуб ба тарабхона меравед, тамошои кино дар толори синамо ҳам шабеҳи ид аст. Мулоқот бо ҳунармандон ва созандагони филм пеш аз намоиши филм ин беҳтарин ҳадя ба тамошобин аст.

Худи Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” дар бинои театри шаҳри Конибодом расман ба қайд гирифта шудааст, аммо дар шаҳри Хуҷанд ҳатто барои иҷора дафтари корӣ надорад. Ба ақидаи директори киностудия Муҳиддини Музаффар, лоиҳаи бунёди як шаҳраки синамо дар Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин бинои хуштарҳ маркази вилояти Суғдро ба як маркази фарҳангӣ табдил дода метавонад. Дар ин замина оянда баргузории кинофестивалҳои байналмилалӣ ва рушди синамои сайёҳӣ имконпазир мегардад. Тиҷорати синамо ба роҳ монда мешавад ва синамои миллӣ муаррифгари миллат дар арсаи ҷаҳон мегардад, ки таҳияи филми “Наставник” дар ин ҷода қадами нахустин аст.

Таъсиси бахши филмҳои мустанад аз мақсадҳои дигари муассисаи давлатии “Суғдсинамо” мебошад. “Духтари Сайҳун” ва “Умар-ако” ном филмҳои ин муассиса дар фестивалҳои синамо соҳиби ҷоиза гардиданд.

Инчунин, ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов филми ҳуҷҷатии “Кӯчаи умед”-ро ба навор гирифтаанд, ки аз рӯзгори мунаққиди кино, доктор, файласуф ва Директори синамобазми байналмилалии “Дидор” Саъдулло Раҳимов қисса мекунад.

Дар остонаи 5 - солагии “Суғдсинамо”

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов 1 - уми марти соли 2015 фаъолияташро расман оғоз кардааст ва соли оянда 1 - уми март 5 - сола мешавад. Барои пурра намудани фазои синамои Тоҷикистон бо офаридани филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ саҳмгузор аст.

Аввалин филме, ки муассисаи мазкур ба навор гирифтааст, филми кӯтоҳметраҷаи «Коса» мебошад. Он дар бораи муносибатҳои оилавии се насл - падар, писар ва набера нақл мекунад ва аз қиссаҳои мардумӣ гирифта шудааст. Дар филми мазкур ҳунармандон Ислом Саломов, Сайёда Турсунова, Бунёд Комилов ва ҳунарманди хурдсолу умедбахш Насим Раҳматуллоев нақш офаридаанд.

Дувумин филми Муассисаи давлатии “Суғд-синамо” «12 соли интизорӣ» мебошад. Дар филми мазкур низ ҳунармандони ҳирфаӣ Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Таҳмина Раҷабова, Муҳаммадҷон Шодиев, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Насриддин Асадуллоев, Хуршед Мустафоев, Дилбар Сулаймонова ва дигарон бо маҳорати баланд нақшофарӣ намудаанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз намоиш филми “12 соли интизорӣ” аз ҷониби шаҳрвандони кишвар хеле хуб пазируфта шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки баробари офаридани филмҳои ҳунарӣ гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” худро дар офаридани филми мустанад низ санҷиданд. Ҳамин тавр, гурӯҳи эҷодии муассисаи мазкур аз рӯзгор ва осори шоираи ширинкалом Фарзона филми мустанади «Духтари Сайҳун»-ро ба навор бардоштанд.

Инчунин, Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” филми мустанади «Умар - ако» - ро ба навор гирифт, ки офарандаи он коргардони ҷавон Далери Имомалӣ ва ҳайати эҷодии муассисаи мазкур мебошанд.

Филми “Умар-ако” дар бораи арзиши инсонӣ ва муборизаи ботинии ҳунарпешаи собиқадори театри шаҳри Конибодом Умаралӣ Сатторов қисса мекунад. Қаҳрамони марказии филм ҳунармандест, ки санъати театр ва мусиқӣ барояш муқаддас аст.

Филми «Тангно» низ яке аз филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба ҳисоб меравад, ки аз рӯйи романи «Тангнои гетӣ» - и Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Сорбон бо ҳаммуаллифии филмнома Бахтиёр Каримов ба навор гирифта шуда, соли 2017 нахустнамоиши он баргузор гардид. Филми мазкур дар шаҳри Маскав ва Панҷакент наворбардорӣ шуда, он аз рӯзгори талхи писарбачае бо номи Армон қисса мекунад. Дар филми «Тангно» ҳунармандон: Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарипов, Бунёд Комилов, Истад Мамадҷонова, Умарҷон Сатторов, Сурайё Ҳакимова, Муҳаммадшариф Раҳматуллоев, Ғайрат Ҳамроқулов ва Суҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ намудаанд.

Соли 2017 Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” боз як филми ҳуҷҷатиро бо унвони «Соҳибватан» ба навор гирифт, ки аз муваффақияти 7 ҷавони кишвар қисса мекунад. Бояд гуфт, ки ин филм бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳия шуда, барои баланд бардоштани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми назаррас мегузорад.

Давоми соли 2018 ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” филми ҳунарии “Сайёра ранг иваз мекунад” - ро рӯи пардаи синамо баровард, ки то имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ намоиши он идома дорад. Дар филми мазкур мавзӯи арзишҳои аслии инсонӣ ва қимати ҷони инсон аз ҳамаи молу дороӣ баҳс мешаванд. Дар ин филм низ нақшҳои марказиро ҳунармандони саршиноси синамои кишвар бозидаанд.

Дар рафти таҳияи филмҳои бадеӣ гурӯҳи эҷодии муассисаи мазкур аз ҷараёни филмофариҳо таҳти унвони “Филм аз филм” то ин вақт 4 филми мустанад таҳия намудаанд. Айни замон роҳбарияти Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ният доранд, ки дар муассисаи мазкур шуъбаи филмҳои мустанадро таъсис бидиҳанд.

Зайниддин ОРИФӢ,

сарвари хабаргузории “Суғдсинамо”,

узви Итифоқи ҷурналистон,

Хуҷанд - Айнӣ - Хуҷанд - Маскав - Бишкек – Хуҷанд

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати чанде аз собиқадорони меҳнат рафт ва ба онҳо маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони арсаи меҳнат ва ашхоси камбизоат Абдуллоҷон Иброҳимов ва Қурбонҷон Иброҳимова, Тӯхтабой Бобохӯҷаев ва Одилҷон Дадобоев бохабар гардида, дар суҳбат бо эшон иброз дошт, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманду соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва ҷавонон маҳз дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Читать далее

Оғози мавсими ниҳолшинонӣ. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзана 200 бех ниҳоли ардач шинонида шуд

22 декабр дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ сокинонро ба бунёдкориву хуррамгардонии маҳалли зист ҳидоят намуда, таъкид кард, ки бояд ҳар як шахс дар ободии кӯчаву маҳалла ва ҷои зисти худ саҳмгузор бошад. Зикр карда шуд, ки бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари кишвар сохтмону азнавсозии ҳазорҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дошта, кӯчаву маҳалла, деҳоту шаҳракҳо ободу зебо гардида истодааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд

21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.

Читать далее

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2019»

21 декабр дар Қасри маданияти Арбоб бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2019» баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони муваффақи вилоят, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузоштанд

21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муссисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее