December 2019

26 December 2019

ФИРЕФТАИ САБУКАНДЕШОН НАШАВЕМ!

Бӯҳтонҳои навбатии дар ҳаққи кишвари худ навиштаи Сайидюнуси Истаравшаниро хонда, эҳсоси ғазабу нафрат дар вуҷудам боло гирифт. Зеро нависандаи мақола бояд, пеш аз ҳама, дарк мекард, ки аз кадом миллату кадом давлат асту зодаи куҷост? Аз кадом давлати хориҷа истода, дар ҳаққи Ватану миллати худ тӯҳмату буҳтон задан магар теша бар решаи худ задан нест? Магар Сайидюнуси Истаравшанӣ аз дастовардҳои солҳои Истиқлолияти кишвар бехабар аст?

Дар баробари дар Тоҷикистон бо ибодати озод машғул шудани шаҳрвандони кишвар ҳамасола идҳои Рамазон ва Қурбон ботантана ҷашн гирифта шуда, рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар баробари ин ҳамасола садҳо нафар мардуми вилоят яке аз рукнҳои Ислом - зиёрати Каъбаи муқаддасро ба ҷо меоваранд.

Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд шуда истодани калонтарин масҷид исботи гуфтаҳои болоист. Бояд қайд намуд, ки маблағгузори ин иншооти бузург Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, шаҳодати он аст, ки дар мамлакат эътиқод ва ибодати озодонаи мардум пурра таъмин мебошад.

Агар донишҷӯ ва насли имрӯз дар муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит», ки маркази асосии таълими динии кишвар ба шумор меравад, таҳсил намекарданд, гуфтаҳои муаллифи тӯҳматгар дуруст мебуд. Имрӯз ҳазорҳо нафар ҳам дар шуъбаи ғоибона ва ҳам дар шуъбаи рӯзонаи ин муассисаи таълимӣ ба донишандӯзӣ машғул буда, аз устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ сабақ мегиранд.

Бо ин навиштаҳо гуфтанием, ки мардум бояд фирефтаи суханони муаллифи сабукандеша нашаванд, зеро ӯ мехоҳад, бо истифода аз имконоти барояш дастрас ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошад.

Имрӯз мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот меҳнат доранд. Андешаҳои нодурусти Сайидюнус баринҳоро маҳкум мекунанд. Зеро дар тафаккури мардум андешаи «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ҷойгузин шудааст.

Мукаррама Раҷабова,
омӯзгори МТМУ №16 – и
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Оштинопазирӣ бо ифротгароӣ масъулият аст!

Дар замони муосир дар қатори пешрафти илму техника зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм паҳн гардида, ба амнияти ҷомеа хатарҳои нав ба нав эҷод мекунанд. Ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта сол то сол авҷ гирифта, истодааст.

Бо дарназардошти ин таҳдидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин проблемаҳои доғи рӯз бетарафӣ намекунад. Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона равона гардидаанд.

Боиси қайд аст, ки аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шуд, ки дар он мафҳуми экстремизм, амали экстремистӣ, мақсад, самтҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм, принсипҳои он, ташкилоти экстремистӣ ва субъектҳои мубориза бар зидди экстремизмро маънидод карда буд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти равияву ташкилоти экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, шомил гардидани бархе шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ҳамчун падидаҳои нигаронкунанда ва халалдоркунандаи амнияти миллии кишвар маҳсуб меёбанд. Мақсади ягонаи ин равияу ташкилоти экстремистӣ ноором кардани вазъи кишвар буда, саркардагон ва аъзои он ҷавонону наврасонро дар аввал ба гумроҳӣ андохта, мафкураи ҳанӯз ташаккулноёфтаи онҳоро мутеи иродаи худ мегардонанд.

Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон зиёданд, ки ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтодан ва аз ҳама асосӣ - надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Таблиғотчиёни гурӯҳҳои ифротӣ аз вазъияти иҷтимоӣ ва ақидаи динии шаҳрвандон моҳирона истифода бурда, аз тариқи технологияи муосир, телефонҳои мобилию воситаҳои интернетӣ онҳоро ба сӯи ҳадафҳои нопоки худ бо ҳар роҳу василаи ба худ хос мекашанд.

Яке аз омилҳои асосии ба доми созмонҳои тундгаро афтодани ҷавонон ин ғояҳои инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафиро нафаҳмидан ва ба ғояҳои ба мардуми мо бегонаи равияҳои динӣ шавқ пайдо кардани онҳо мебошад. Дар ҷустуҷӯи донишҳои динӣ ҷавонон ба шахсони шубҳаноки пинҳонкор, Интернет ва дигар манбаъҳои иттилоот рӯй оварда, дар он ҷо ба доми унсурҳои ифротгаро меафтанд. Аз ин лиҳоз, ба хотири он, ки ҷавонон тавонанд, Исломи аслро аз тундгароии исломӣ фарқ намоянд, баланд бардоштани нақши низоми маориф дар таълими асосҳои дин зарур мебошад.

Вобаста ба хавфу хатар ва оқибатҳои нохуши терроризм ва экстремизм мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир моро водор месозанд, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳу суботи кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем.

Дар асоси гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки муборизаи қотеъона ва оштинопазир бурдан ба терроризму экстремизм, ногузирии ҷазо барои фаъолияти экстремистӣ, инчунин ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбат ба экстремизм вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Б.ҚУРБОНЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои
ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Читать далее

Хештаншиносу меҳанпарвар бошем!

Тайи солҳои охир ҳаракати иртиҷоӣ, ифротгаро ва динию мазҳаби бо  амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Ин вабои аср буда, ба кишвари мо низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан  дар сатҳи ҷаҳон доман паҳн карда ва ин гурӯҳҳо ҷавононро ба сафи худ шомил карданӣ мешаванд, терроризм   ва ифротгароӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст ва сокинони кишвар медонанд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар рушди  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ягон  саҳме надошт ва надорад. Вале бо сӯиистифода аз эътиқоди мардум то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ талош дорад.

Фаъолияти тундравонаи гурӯҳи ифротӣ ҳеҷ вақт ба манфиати мардум набуда,  балки барои манфиатҳои ғаразноки худашон мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳадафи ин ҳизб тафриқандозӣ дар ҷомеа  буду ҳаст. Мақсади рохбарияти ин   ҳизб бо дурӯғу найрангҳо ва фиребу дурӯягӣ мардумро гумроҳ кардан мебошад. Аммо мардуми кишвари мо ҳушёриву заковати фитрӣ фарҳангу маърифати бои худро ба ҳадафҳои нопоки ин хоинон муқобил гузошта, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ин нохалафон фазои сулҳу суботи кишварро ноором кунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. ҳадафи пешгирифтаи давлат ба пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Дар шароити имрӯзаи  вусъати  ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нақш  ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати миллии аз ҷумлаи  вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. 

Ҳамин тариқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, устувор гардондани музаффариятҳои  соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Таҳкими  истиқлолияти  давлатӣ бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, баланд бардоштани маърифати мардум маҳорати касбӣ ва саҳмгузории ҳар шаҳрванди кишвар баҳри ободонии  кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд.

Имрӯз мо, мардуми ин сарзамини кӯҳанро зарур аст, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва шароити мусоиду рӯзгори хуш бар, андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз падидаҳои номатлуб раҳоӣ бахшем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури худ ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷо диҳем ва ҳамеша  дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати кишвари азизамон саъю талош намоем. 

 Устодони кафедраи умумидонишгоҳии
фалсафаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

25 December 2019

ҶАВОНОН - ПОСДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ.

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи  байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.


Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии  давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.

Агар ба гузаштаи миллати тоҷик диққат намоем аз рўи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурѓановат буда, баъзе аз ананаҳояшон то ба замони мо омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона ва лашкаркашии қавмҳои гуногун аз байн рафтанд. Мисол агар танҳо як хатро гирем дар гузаштаи миллати тоҷик чандин намуди хатҳо вуҷуд доштаанд, аммо бо мурури замон аҳамияти худро гум карда, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди он ҳама тохтутозҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад, лек аҷдодони мо ҷонашонро фидо сохтанду рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ доштанд ва ба мо меърос гузоштанд.

Мо ҷавонон пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрўз миллати тоҷик баъд аз ҳазорон сол боз аз нав соҳиби давлат ва фарҳанги  волои худ гаштааст ва ин боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми тоҷик бояд бошад, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое ки миллати тоҷик аз сар гузаронид ба даст овардани фарҳанги миллӣ ва истиқлолӣ миллӣ кори саҳл нест. Аз ин рў вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои пос нигоҳ доштан ва инкишоф додани он саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба андешаи коршиносон барои пос доштан ва рушди фарҳанги ҷавонон нақши аввалиндараҷа доранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд. Аз ин рў ҳар як ҷавони имрӯзи ватанро мебояд, ки таърих ва фарҳанги гузаштаи худро омўзаду аз он ба хубӣ бархўрдор гарданд, то ки ба қадри он ҳама арзишҳои фарҳангие, ки то ба мо омада расидааст бирасанд.

Албатта доираи фаҳмиши фарҳанг хело васеъ буда, он фарогири зиндагии ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин рў дар замони муосир тамоми мардуми сайёра ба масъалаи омўзиши он диққати махсус зоҳир менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва бе инкишофи фарҳанг давлат аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафта ва сатҳи зиндагии мардум низ наметавонад рушд кунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Сарвари давлат нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Қабули қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ» Эълон намудани иди Наврўз» ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рўзи фалак», «Иди меҳргон», «Рўзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.

Инчунин дар ин самт бунёди иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ  Осорхонаи миллӣ, ки дар он ёдгориҳои беназир ва қадимаи ин миллати куҳанбунёд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Воқеан ин як иқдоми неки ҳукумати мамалакат ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад, ки мо бо ин васила метавонем маданияти гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Иқдоми дигари ҳукумати кишвар таъсиси Китобхонаи миллӣ аст, ки он бори дигар собитгари адабиёти бою рангин, нависандагон, шоирони бузургу тавонои тоҷикон мебошад. Дар ин самт бунёди марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ва раванди сохтмони Театри миллӣ дар кишвар ки бо ибтикори худи Пешвои миллат ба он оѓоз бахшида шуд гувоҳи он аст, ки ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инкишофу пойдории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд: - «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».

Ҷавонон, ки посдоранда ва инкишофдиҳандаи фарҳанги миллӣ мебошанд, дар баробари он ҳама иқдомҳои некхоҳонае, ки Сарвари давлат нисбати ҷавонон доранд мутаасифона, имрӯзҳо чун ба мушоҳида мерасад ҷавононе  ҳастанд, ки на танҳо арзишҳои фарҳангиро поймол мекунанд. Балки ба рукнҳои асосии фарҳанг диққат надода, нисбати забон ва хат беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар вақти суханронӣ  калимаҳои қабеҳ ва бегонаро ба ин забони ноб омехта месозанд. Ичунин ба омузиши Забони давлати кам таваҷҷуҳ доранд ва аз таърихи гузаштаи худ хуб огоҳ нестанд, ки ин ба фарҳанги волои худ давлате чун Тоҷикистон рў ба инкишоф бе таъсир буда наметавонад. Албатта дар ин баробар кам нестанд ҷавонони худшиносу ватандўст, ки нисбати арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва аз онҳо ба хуби бархурдоранд, аммо дар ин даврае ки ҷаҳонигарои дар ҳоли рушд қарор дорад ва таъсири омилҳои бегона хеле зиёд аст.  Фарҳанги миллии давлатхои хўрд дар ҳоли хатар қарор доранд моро мебояд нисбати арзишҳои миллии худ махсусан ҷавонон диққати аввалиндараҷа дошта бошем, зеро аз андак ноустувории мо метавонанд ба хуби истифода намоянд. Ба андешаи ҷомеашиносон дар ин раванд давлатҳои абарқудрат мехоҳанд фарҳанги худро болои давлатҳои хурд ва аз нигоҳи иқтисоди кафомонда бештар талқин кунанд ва онҳоро аз фарҳанги аслиашон дур созанд. Аз ин рӯ махсусан ҷавонон бояд дар ин самт зиррак бошанд ва нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта бошанд то тавонанд онро пос доранд.

Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ

рўзноманигор

 

Читать далее

СУРУДИ САОДАТ, САДОҚАТ ВА САРФАРОЗӢ

Вақте аз оғоз ба олами маънавие, ки дар таркиби ҳар воҷаву сатру банди Суруди миллӣ қарор гирифта, хоҳ аз роҳи сурудан ва хоҳ аз роҳи шунидан ворид мешавем, вуҷуди моро эҳсоси саршор аз муҳаббат ва иродат ба ин сарзамини муқаддасу азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, фаро мегирад.

Ҳамин шурӯи зебои Суруди миллист, ки моро ҳидоят ба сарфарозӣ ва шинохти ин саодате, ки аз тоҷику тоҷикистонӣ ва шаҳрванди ҳамин диёри арҷманд будан мекунад, то нахуст ҳамагон даст пеши бар гирифта дуо кунем, ки ба бахти мо сари азизи ту баланд бошад, Тоҷикистони азиз, саодату давлатат бегазанд. Суруди миллии мост, ки бароямон сабақи таърихи гузаштаи пурифтихорро меомӯзад, то бо эҳсоси баланди ватандорӣ бидонем ва ин ҳақиқатро бишносем, ки ба ин фурсате, ки номаш ҳолост, аз дурии замонаҳо расидаем, то ба зери Парчами Тоҷикистон боз ҳам саф кашида, даст рӯи сина аз замири қалб нидо дардиҳем, бо садоқат, эҳсоси саодат ва шарафи бузург:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Танини оҳанги ҷаззоби Суруди миллӣ ва сурудану шунидани матни он боз ҳам ба мо дарси хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ медиҳад, то ба дарки ин ҳақиқати таърихӣ бирасем, ки воқеан Тоҷикистони азизи мо нишонае аз умедҳои гузаштагони мост, ки ҳазорсолаҳо дар орзуи расидан ба мақоми соҳибдавлатӣ ва истиқлоли миллӣ буданд. Ин саодат, ин бахту иқбол пас аз ҳузури мунаввари Сомониён имрӯз насиби мо гардидааст ва бояд ҳар лаҳзаву ҳар соат барои ин шарафи бузург шукргузорӣ намоем ва дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони озоди худ талош варзем, зеро ин давлати соҳибистиқлоли мост, ки барои наслҳои оянда ҳам ҷаҳоне ҷовидона буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Мо рисолати онро дорем, ки бояд ин саодати ҷовидонагии Тоҷикистони азизамонро ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Суруди миллист, ки моро итминон ва бовар мебахшад ба бехазонии навбаҳори Тоҷикистони азиз, ки аз дирӯз ба имрӯз ва аз имрӯз ба фардо ва то фардоҳои дигар шукӯҳу азаматаш дар пешорӯи таърих ва анҷумани кишварҳои олам афзун мегардад. Эътиқоди моро ба саодати парвариш ва камол ёфтан дар домани ин Ватани азиз, ки худ мазрааи вафодорӣ ва садоқат аст, боз ҳам меафзояд, то ба зери Парчами азизаш боз ҳам саф ороем ва даст ба рӯи сина бигзорему дуо кунем: Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Суруди миллии мост, ки мақому эътибори Ватани азизи мо - Тоҷикистонро дар як воҷаи саропо самимият, азамату наҷобат тафсир мекунад, яъне моро ҳидоят мекунад, ки аз қаъри қалбҳои хеш бо эҳсоси баланди ватандорӣ садо баланд кунем, ки Тоҷикистони азизи мо, ту модари ягонаи мо ҳастӣ, ки бақову ҷовидонагият саодат ва бақои хонадони тамоми мардуми Тоҷикистон ва маромат мароми ҷисму ҷони мост.

Ҳузури равшану мунаввари Тоҷикистони азиз дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст, ки моро саодате бузург ато мекунад ва вуҷуди мубораки ин тахтгоҳи ориёву Оли Сомон бо номи Тоҷикистон боис шудааст, ки ҷаҳон моро шиносад, дӯст дорад ва ҳабибу анису рафиқи мо гардад. Дарки ҳамин саодат ва кашфи ин рози иқболи баланди соҳибдавлатӣ, ки умеди миллионҳо рафтагони мо буд, боз ҳам моро худ ҳидоят мекунад, то аз ҷой бархезем ва ба зери Парчами Тоҷикистони азиз саф кашида, даст ба рӯи қалбҳои саршор аз муҳаббати Ватан, ин хоку оби муқаддас гузорему боз ҳам бо ҳамовозиву ҳамдилӣ садо баланд кунем: Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Ба ҳақиқат зеботарину шевотарини сурудҳои миллӣ - Суруди миллии Тоҷикистони азизи мост, ки аз ҳар воҷаву таркибу банди он садои сарфарозӣ, садоқат, саодати бузург, ифтихори ватандорӣ баланд шуда, ҷонҳоро навозишу эҳсоси дӯст доштани ин сарзамини муқаддасро ба маротиб афзун мекунад.

Пас, биёед, аз иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири дӯст доштани ин сарзамини муқаддасу азиз, ки номаш Тоҷикистон аст ва қудрат бахшидани ҳисси ватандӯстии насли наврас истиқбол кунем, то ҳар субҳи толибилмони мо - созандагони фардои Ватани азиз бо танини ҳамин садои муҳаббат, суруди садоқат ба Ватан ва саодат аз ин оини ватандорӣ, ифтихори шаҳрванди кишвари азизи Тоҷикистон будан оғоз шавад, то ҳар лаҳзаву ҳар саодату ҳар рӯз ин ишқи Ватан, ин иқболи баланд, ин шарафи беназир дар ниҳоди ояндарӯзи мо бузург шавад. Чӣ ҳиссиёти тафсирнопазир моро фаро хоҳад гирифт, вақте тамоми Тоҷикистони моро ҳар субҳ садои Суруди миллӣ, суруди ватандорӣ, суруде, ки саодат, садоқат, ихлосу иродат, муҳаббат меофарад, фаро мегирад.

Бигузор, ин садо, ин суруд, ки башорати саодати абадӣ, нишоне аз умеди рафтагони мост ва паёми ҷовидонагии Тоҷикистони азизи моро ба мо ва наслҳои фардо мерасонад, то бекаронаҳо танинандоз бошад ва ҳар субҳ кабӯтари дуои наслҳои имрӯзи мо дар осмонҳо парафшон:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ,
муовини директори Институти илмӣ - тадқиқотии
илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ЗАБОН - БАШОРАТИ МИЛЛАТ, САРНАВИШТИ ҲАЁТБАХШ

Худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, асолати миллӣ дар чӣ ва дар кадом шинохт маънӣ дошта, аз ҳар фарди ҷомеаи имрӯзаи мо дар кору рафтору муошират ва фаъолияташ кадом рисолатро мехоҳад?

Худшиносиву худогоҳии миллӣ, агар ташбеҳ воҷиб бошад, «Кори гиреҳкушо нашавад дар замона банд» - ро башорати маънавист. Имрӯз яке аз масоили муҳим ва умдатарин, алалхусус, дар ҷаҳони муосир ин ҳифзи арзишҳо, асолат ва ҳувияти фарҳангӣ, таърихӣ ва миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии глобалӣ мебошад, ки пойдорӣ, мавҷудият, бақои маънавӣ ва шинохти тамаддун аз он вобаставу алоқаманд аст. Худшиносии миллӣ манзалати инсонист, сарнавишт ва муаррифӣ карда тавонистан ба аҳли башар маъно мепазирад.

Худогоҳӣ пос доштани таъриху фарҳанг, расму оину маросим, забон ва ҳунару касабаҳои миллӣ аст, ки ин ҳама сарчашмаи халқият буда, асолати миллӣ ва арзишҳои маънавиро, ба гуфтаи ҳакиме «бояд, ки хешро ба сухан ошно кунӣ». Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми соҳибиродаву соҳибтамаддуни тоҷик рукнҳои муҳими ватандориву соҳибватаниро арҷ гузошт. Хушбахтиву ифтихордории мардуми соҳибфарҳангу соҳибиқболи мост, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди худшиносиву худогоҳии миллати садоқатманди тоҷик суханҳои нурбору саршори ифтихордорӣ гуфтаанд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем».

Яке аз рукнҳои муҳими бунёдӣ ва садоқатбори худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ - модариамон мебошад. Забони тоҷикӣ ифшогари таъриху фарҳанги аҷдодиамон будаву муаррифгари миллати худшиноси тоҷик асолат, ҳалқапайвандии гузаштаву имрӯзу минбаъдаи тақдир аст. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаб, фарҳангу таърихи тоҷикон эҷод намуда, асарҳои гаронарзиши ҷовидонӣ офарида, дар ташаккули фарҳанги умумибашарӣ нақшу рисолату мавқеи хешро устувор гузоштаанд. Бузургони асолатманду хирадманди миллати тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил ва боз садҳо мутафаккирони илму ирфонро ном бурдан мумкин аст, ки пайваста аз пайи мақому манзалат, мартабаву нуфузи забони тоҷикӣ буданд.

 Ба лавҳи хотир меорем: - Рӯзи чоруми октябри соли дуҳазору нуздаҳ дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Таъкид намуданд: «Забони модарии мо забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».

 Худшиносӣ, худогоҳии миллат баҳри бузургдошти забони тоҷикӣ таҳким мебахшад ва аз соҳибзабонон тақозо менамояд, ки мақому манзалати забони ноби тоҷикиро бештару беҳтар, шоиставу ифтихормандона ташаккул диҳанд, болиғу муҷалло гардонанд. Шукӯҳмандии забону адабу сухани рамзошнои маънӣ - маърифати навишту муоширатро огаҳ бошанду бидонанд. Дар андешаи ҳамин навиштаҳо будам, ки ба як нафари дар дасташ «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, китобча - баргузидаи рубоиёти Умари Хайёмро дошт, суҳбатам иттифоқ афтод. Гуфт, ки Абдушукур Раҳматуллоев ном дораду аз деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент мешавад. Давоми гуфтугузор фаҳмидам, ки ӯ аслан касби тракторчигӣ дошта, то ба нафақа баромадан дар собиқ совхози «Навобод» кор кардааст. Китобхону китобдӯст ва шахси маънифаҳм будааст. Бо ифодаи шайх Саъдӣ, «Якеро, ки одат бувад ростӣ» - рост мегӯяду ҳақ мегӯяд.

– Зиқ, ки мондам, китоб мехонам, - гуфт ӯ. Пурсидам, ки ба чӣ ҳоҷат ба идораи рӯзнома омадед? Абдушукур Раҳматуллоев изҳор намуд: «Чаро забони тоҷикӣ, модариамон, ки забони давлатӣ мақом гирифтааст, асолату эҳтироми онро нодида мегирем?». Ӯ якчанд калимаҳои нав гӯён навиштаи худро дар коғазе ба ман дароз кард. Хондам: таҷдид, интиқол, асъор, ташриф - агар хоҳед, бароятон садҳо чунин калимаҳои навро нишон медиҳам, - гуфт ва илова намуд: Дар пойгоҳи нақлиётии «Роҳи Абрешим» ошхонае ҳаст бо номи «Ошхонаи гуворо» ё коғази ташноб «Мусаффо» ва равғани «Мусаффо» чӣ маъное, коғаз бо равған чӣ муносибати мусаффоӣ доранд, шарҳ дода метавонед? Мантиқу мазмун ҳаст оё? Ин қадар сардаргумиҳои забонӣ барои чӣ? Аз суханони Абдушукур Раҳматуллоев чунин хулоса ва маънӣ бардоштам: аз сӯзи дил нависем ҳарфе мазмуни мавзун, чун доғи лола набошад, мазмуни калима. Яъне ҳангоми навиштан ба воҷа, истилоҳ, таркиб ва ибораи тоҷикӣ эътибори хосса ва эҳтироми дилсӯзона оварем.

- Дарки саршор дар вуҷудамону дар тафаккурамон устувор бимонад, ки агар соҳиби забон биҳоҳаду бидонад, забони ӯ метавонад, дар ҳама ҳолу дар ҳама вазъ асолат ва софу беолоишии хешро нигоҳ медорад, - мегӯяд Аҳрорҷон Убайдуллоев - устоди кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - Меъёрҳои забонамонро нигоҳ дорем, воҷаву ибораҳои пурмаъно, содаву оммафаҳмро дар бисёр маврид бо тақозои услубу маъно ва бардошти ҷумла ба асоси кор гирифтанамон муҳим аст. Калимаҳо ҳусну назокати забон ва ҷумлаҳои навиштаи мо бояд бошанд,- сухани худро идома медиҳад омӯзгори соҳибтахассус.

Забони зиндаи тоҷикӣ ҳамон забонест, ки бо он «Шоҳнома» - ю «Маснавӣ» - ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки чун рӯди кӯҳӣ оби ҷонбахш дошта, ширинтар ва зиндатаранд. Мебояд, ки ин забони шевою тавоно дар васоити ахбори умум устувору саршор бимонад. Медонем, ки 22 - юми июли соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду нӯҳ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд ва 5 - уми октябри соли дуҳазору нӯҳум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Давоми ин солҳо доир ба татбиқи амалии ин қонуни замони соҳибистиқлолӣ як қатор тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ ва корбарӣ гардиданд. Вале дар ин самт боз якчандбора корбарӣ кард, то забони модариамон - забони давлатиамон чун чашмасорони кӯҳсор софу шаффоф унсур дошта бошад.

Дар ҳамоиши бонуфузи Рӯзи забон Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, бахусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио ва телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимию томактабӣ ва ҳамчунин падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон муҳиму зарурист. Афсӯсбор ин аст, ки имрӯз баъзе гиреҳбандӣ, сардаргумиҳои забонӣ ҳам дар фазои садову симо ва ҳам дар майдони матбуот, инчунин навиштаҳои интернетӣ воҷаву калимаҳои дар асл тоҷикӣ дар маъниҳои ба қавле «дарҳам - барҳам» истифода бурда мешаванд. Журналисти варзидаи забондон Бузургмеҳри Баҳодур пешниҳод кардааст: - Чаро ба ҷои «муташанниҷ» воҷаи «ноором», «мутараққӣ» - «пешрафта», «сомеон» - «шунаванда», «тими мунтахаб» - «дастаи яккачин», «мактуб» - «нома», «оила» - «хонавода», «муҳокима» - «баррасӣ», «нашру паҳни китоб» - «интишори ин китоб», «паҳн кардани ин китоб», «замини паҳно» «замини паҳновар, фарох», «иҷроиш» - «иҷро», «таҳқиқ» - «пажӯҳиш», «муҳаққиқ» - «пажӯҳанда» - ро истифода набарем?

Дар ин самт шоир ва муҳаққиқи тавоно Рустами Ваҳҳоб пешниҳод менамояд, ки: ба ҷои ғалатҳои «дидан кардан» - «дидан ё боздид кардан», «маврид ба зикр» - «мавриди зикр», «бемаҳдуд» - «номаҳдуд, бемаҳдудият», «иловатан» - «илова, барилова», «фарматсевтӣ» - «доруӣ, дармонӣ», «илмҳои гуманитарӣ» - «илмҳои инсонӣ», «тамбашавӣ» - «роҳбанд, роҳбандон», «пиёда кардан» - «ба роҳмондан», «иқдом гирифтан» - «иқдом кардан», «мусофиркашонӣ» - «мусофирбарӣ», «фаъолият бурдан» - «фаъолият кардан», «бақайдгирӣ» - «қайд, сабт», «тамға» - «навъ, нишон», «сех» - «коргоҳ» ва ғайраҳо дуруст навишта, дурустандешӣ намоем.

Дар баъзе маврид мешунавем ва ё мехонем: «бо шумо суҳбате карда бошем, тақвият дода бошем, рафта бошем, дида бошем, қарор дода бошем, дидан карда бошем, пурсон карда бошем» ва ғайраҳо. Канӣ, мантиқу куҷост маънӣ? Дар навишту ҷумласозии тоҷикӣ ба қоидаҳо ва меъёрҳои забони адабӣ эътибори ҷиддӣ додан шарт буда, нигориши матбуот бар асли забони зиндаи тоҷикӣ асос бигирад. Ба ёд меоварем ва бояд такрор ба такрор зеҳннишин намоем, ки ҳанӯз соли дуҳазору дувоздаҳум Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки дар аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад». Суханони ҳидоятиву раҳнамоии Пешвои муаззами миллатамон ба мо бовару эътимод мебахшанд, соҳибзабон ҳастему ифтихордор, аз ин лиҳоз омӯзишу эҳтироми забони тоҷикиро уҳдабароёна, дилсӯзона, бо ҳисси масъулият таҳким бахшем, рисолати худро дар назди ҷомеа ба ҷо оварем.

Дуруст нависем, дуруст сухан гӯем, ғалат навиштану ғалат гуфтан ба ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳоту таъбиру таркибҳои забони зебову дилчаспи тоҷикиамон осори афсӯсборе нагузорад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҚУВВАИ ТАҚДИРСОЗ ВА ҲУВИЯТИ СОҲИБДАВЛАТӢ

Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳанӯз аз рӯзи қабули расмиаш ба сарвати бузурги маънавии халқ табдил ёфтааст. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ тааллуқ дорад, тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ тараннум мекунанд.

Пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хондани Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардуми меҳнаткаши тоҷик хуб пазируфта шуд. Зеро ҳар фарди дилогоҳу худшиноси кишвар медонад, ки Суруди миллӣ ба қалби кас қуввату мадор мебахшад, баробари фаро расидани субҳи содиқи Ватан ҳар як соҳибватанро табрик менамояд. Муштариёни бешумори рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» низ фикру андеша ва нигоштаҳои худро дар ин бобат ба унвони идора ирсол кардаанд.

Аз мактубҳои бешумори воридотӣ маълум мегардад, ки ҳар як соҳибватан барои эҳтирому пос доштани муқаддасоту рамзҳои давлатии кишвар бетараф набуда, хоҳони тараннуми ҳамешагии ин суруди ҷонафзо ҳастанд. Мутаассифона, идора имкон надорад, ки ҳар яки он навиштаҳоро дар саҳифаҳои рӯзнома ҷо диҳад. Ин ҷо бо овардани ҳарфҳои дили аҳли зиё умед бар он мебандем, ки нуктаҳои асосии мактубҳои воридшуда тасхиргари қалбҳои хонандагон мегардад. Ҷ.Рӯзимуродов - устоди кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров иброз доштааст, ки ҳар рӯзи мо бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад, ки ин ба ҳар як шаҳрванди баору номуси Ватан боиси ифтихори бузург ва фараҳмандӣ аст.

Агарчи дар олам ҳазорҳо суруд сароида мешаванд, аммо мардумро танҳо ягона суруд муттаҳид месозад ва он Суруди миллии кишвар аст. Ҳамчунин, дар мақола муқаррароти бандҳои гуногуни низомномаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, муаллиф дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сароидани Суруди миллиро мувофиқи мақсад донистааст. Ш.Кӯчибоев - мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо овардани далел аз сарчашмаҳои муътамад овардааст, ки Суруди миллӣ нисбат ба Нишон ва Парчам барвақттар пайдо шуда, қадимтарин гимнҳо дар давлатҳои Мисру Байнаннаҳрайн ва Сурия дар шакли сурудҳои динӣ ба вуҷуд омада буданд ва бори аввал дар шакли хониши оҳангдор дар Юнони қадим ҷорӣ гардидааст. «Аввалин Суруди миллӣ дар Аврупо ин гимни миллии Британия буд. Баъдан гимни миллии миллатҳои давлатҳои дигар ба миён омада, дар давраҳои гуногун аз тарафи мақомоти олии ин ё он кишвар сониян расман ба тавсиб расидаанд» оварда шудааст дар мактуб.

Доир ба пайдоиши гимн ва Суруди миллӣ бисёр олимон мақолаву дастурҳои хешро ба тасвиб расонидаанд. Яке аз онҳо Иброҳим Пирназарзода буда, дар ин бора китоб навиштааст. Дар оғози фасли «Таърихномаи Суруди миллӣ»-и китоби хеш «Суруди миллӣ» возеҳу равшан менависад: «Агар Нишон ва Парчами давлатӣ тавассути унсуру аломатҳояшон рамз ва инъикоскунандаи таъриху фарҳанги миллат бошанд, пас Суруди миллӣ нидои қалбҳо ва баёнгари бевоситаи таъриху фарҳанги асил ва орзуву омоли миллати тоҷик аз замони пайдоиш то ба имрӯз ва ояндаи дурахшони он аст. Ба ҳамин хотир гуфтан ҷоиз аст, ки агар Нишон ва Парчами давлатӣ дар рӯи дастони мо ҷойгиранд, пас Суруди миллӣ дар қалбу зеҳн ва ниҳодамон ҷойгузин мегардад». - Аз ин рӯ, эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ тавре муносибат бояд намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Рамзҳои давлатӣ ифодагари дӯстии пойдори халқу миллатҳои кишвар мебошанд, - менависад Кӯчибоев. Т. Каримов - корманди шуъбаи робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, пешниҳоди маорифчиёни ВМБК - ро иқдоми хуб дар ҷодаи дарки худшиносии миллӣ қаламдод кардааст.

Ӯ менависад, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуву ормони миллати куҳанбунёди тоҷикро фаро мегирад. Ниёзмуҳаммади Иброҳимзода - узви иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм, матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи худро «Суруди муттаҳидсози миллат» номгузорӣ карда, овардааст, ки ҳар субҳу шом шунидани Суруди миллӣ тариқи садо ва симои кишвар ба қалбҳо сурур ва ба дидаҳо нур мефизояд.

Ин аст, ки зиёда аз 200 давлати дунё соҳиби Суруди миллии худ буда, ҳангоми савгандёдкунии Президент, ҷаласаи сатҳи давлатӣ, гуселу пешвозгирии сарварони давлатҳо ботантана садо медиҳад. Суруду шеърҳои машҳури шоирони номии мо Садриддин Айнӣ: «Марши ҳуррият», Абулқосим Лоҳутӣ: «Мо коргарзодагонем» дар ҳавои Суруди миллӣ навишта шудаанд. Ба мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ то санаи 1-уми январи соли 1944 ҳар шому саҳар суруди миллӣ шунавонида шуда, моҳи ноябри соли 1946 Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон гимни давлатиро, ки ба қалами Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, тасдиқ ва онро ба воситаи радиои кишвар дар фазои Тоҷикистони Шӯравӣ танинандоз гардониданд.

Баъдтар бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 - уми ноябри соли 1977 матни нави Гимн аз 1 - уми феврали соли 1978 то соли 1994 амал кард. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод ва зарурияти навиштани матни нави Гимни давлатӣ - Суруди миллӣ ба миён омад. 7 - уми сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи ХIХ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди миллии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, ки то имрӯз дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин навои ҷонбахш танинандоз аст» оварда шудааст дар мақола. Номаҳо зиёданд, фикру андешаҳо аз он ҳам зиёдтар.

Дархости ҳамаи муаллифон як аст: - Имрӯз бояд аз тарбиягирандагони кӯдакистону боғчаҳо то толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону калонсолон, роҳбарони идораву корхона, умуман, тамоми мардум Суруди миллиро аз ёд доданд ва бо оҳанги зинда тараннум намоянд. Зеро аввалин, ширинтарин, маҳбубтарин суруд агар аллаи модар бошад, пас Суруди миллӣ низ дар ин мақому манзалат қарор бояд бигирад ва азизу муқаддас дониста шавад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баргузории​ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

24 декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Шӯро дар ҷаласа лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тартиби баргузорӣ ва инъикоси ҷараёни кори ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 26 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад ва дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд, баррасӣ карда, барои шомил намудан ба рӯзномаи ҷаласаи нуҳуми якҷоя пешниҳод намуданд.

Дар идома, аъзои Шӯро 39 масъала аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва «Дар бораи хазинадорӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода, дар асоси пешниҳодоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода А.С.» ва «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки пагоҳ 25-уми декабр баргузор мегардад, шомил намуданд.

Зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ ба кумитаҳо ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дастур гардид, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлили воқеии санадҳои қонунгузории то давраи соҳибихтиёрии кишвар қабулгардидаро ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба таҳияи имтиёзҳо барои рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳои асоснок ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ ирсол намоянд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба рӯзномаи иҷлосия ворид ва доир ба муҳокимаҳои парламентии баргузоршуда, ҷараёни татбиқи тавсияҳои онҳо ва иҷрои Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Читать далее

24 December 2019

МАРҲАЛАИ НАВ ДАР СОҲАИ САНОАТ

Давоми ёздаҳ моҳи соли 2019 саноати ноҳияи Ашт ба маблағи 196 миллиону 563 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 24 миллиону 919 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин раванд афзоиши истеҳсолот ба 114,5 фоиз таъмин шуд. Зуҳриддин Эшматов, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қайд намуд, ки дар ин давр ҳамаи 10 корхонаву коргоҳи саноатии шаклҳои гуногуни моликият фаъолият намуданд ва аз онҳо 7 корхонаву коргоҳ нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун гардониданд.

Давоми ёздаҳ моҳ дар ноҳия 9123,8 тонна намаки ошӣ, 436,8 тонна равғани растанӣ, 4758 тонна нахи пахта, 6218,1 тонна чигит, 170,3 тонна пахтаи кӯрпабоб, 777,4 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 4469,6 метри мураббаъ дару тиреза, 1717,9 метри мураббаъ дару тирезаи пластикӣ, 1159,8 ҳазор дона хишти сементӣ, 27,3 ҳазор дона либоси мактабӣ, 213 метри мукааб регу сангмайда, 25,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 6,1 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол шудааст, ки бозгӯи фаъолияти коргоҳҳои саноатианд. Ин нишондиҳандаҳо назар ба соли гузашта зиёд мебошанд.

Аз тарафи ҶСК «Намаки Ашт» давоми ёздаҳ моҳи соли 2019 ба кишварҳои хориҷии ҳамсоя ба миқдори 1848,6 тонна намак ба маблағи 54,4 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст, ки нисбати ҳамин даври соли гузашта ба миқдори умумии маҳсулоти содиротшуда 602 тонна намаки ошии «Экстра» ба маблағи 34,8 ҳазор доллар ва 1246,6 тонна намаки техникӣ ба маблағи 19,6 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар ин давр ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 860,6 тонна, ба маблағи 13,4 ҳазор доллар, Қирғизистон 508 тонна, ба маблағи 17 ҳазор доллар ва ба Афғонистон ба миқдори 480 тонна, ба маблағи 24 ҳазор доллар намак содирот шудааст.

- Тибқи нақшаи соли 2019, дар ноҳия ташкил намудани 4 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд гардид, ки дар он 14 адад таҷҳизоти дӯзандагӣ насб шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав дӯхти 8000 адад либос дар як сол буда, 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар маркази ноҳия назди ҶДММ «Аштфрут» коргоҳ бо хатти технологӣ барои бандубасти меваҳои хушк ва донакдор дар зарфҳои гуногунҳаҷм бо таҷҳизоти муосири хориҷӣ, бо иқтидори коркарди 1,5 тонна мева дар як шабонарӯз ба истифода дода шуд, ки 6 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, - илова намуд Зуҳриддин Эшматов.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати ташкили коргоҳи қаннодӣ соҳибмулк барои ворид намудани таҷҳизоти муосир ба Федератсияи Россия сафар кардааст. Барои ташкили корхонаи истеҳсоли хишти пухта масъалаи таъмини замин ва бинои истеҳсолӣ дар арафаи ҳалшавӣ мебошад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЗИМИСТОН БОШАД ҲАМ, ҲУҶРАҲОИ ТАБОБАТӢ ГАРМ АСТ!

Дар мавсими зимистони имсола муассисоти соҳаи тандурустӣ чӣ ҳол доранд? Масъалаи назорати сифати маводи сӯзишворӣ то кадом андоза қобили қабул ва ба талабот ҷавобгӯст? Баҳри маълумоти бештар гирифтан дар ин бобат аз чанде муасиссоти тиббӣ дидан намуда, ба масъулини соҳаи тандурустӣ муроҷиат намудем.

Зимни азназаргузаронии Беморхонаи ноҳиявии №6, Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълум гардид, ки ҳуҷраҳои табобатӣ ва хонаи беморон гарму барҳаво мебошанд. Аснои суҳбат табобатгирандагон изҳор доштанд, ки шароити будубош нисбат ба солҳои пешин басо беҳтар гардидаву муносибату сатҳи хизматрасонии масъулин хуб мебошад. Сардухтури беморхонаи мазкур Хуршеда Саматова изҳор дошт, ки баҳри самарабахш гузаронидани фасли сармо, тибқи нақша даҳ тонна ангишт, беш аз панҷ мукаабметр ҳезум захира гардида, алҳол истифода шуда истодааст.

Ба таври кофӣ маводи сӯзишворӣ ҳам ва генератор дар ҳолати омодабош қарор дошта, бо боварӣ гуфта метавонем, ки мавсими зимистонро дар сатҳи зарурӣ паси сар хоҳем кард. Ҷаъфар Маматов – сармутахассиси Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят бобати раванди зимистонгузаронӣ дар муассисоти тиббӣ маълумот дода изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят таъминот пурра буда, сари вақт ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

- Бо мақсади самаранок истифодабарии маводи сӯхт дар муассисаҳои тандурустии вилоят миқдори боқимондаи ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ муайян гардид, ки ангишт 386,4 тонна, ҳезум 168,4 метр мукааб ва сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ 4072 литрро ташкил дод. Барои самаранок гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар соҳаи тандурустии вилояти Суғд бояд ки 4106,4 тонна ангишт, 1354 метри мукааб ҳезум, 12456 литр сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ захира карда мешуд.

Нақшаи имсола пурра ба иҷро расида ба санаи 1 ноябри соли 2019 дар муассисаҳои тандурустии вилоят 4123 тонна ангишт, 1444 метри мукааб ҳезум, 13254 литр сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ захира карда шудааст, ки он 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давр дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 231 генератори барқӣ, 2511 печи барқӣ, 1726 печи бухорӣ омода карда шуда, 922 метри мураббаъ тиреза шишабандӣ шудааст, - мегӯяд мавсуф. Дар бобати сифати ангишт масъулин изҳор доштанд, ки ин масъала пурра таҳти назорати роҳбарияти Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят қарор дошта, гурӯҳи корӣ оид ба сифатнокии ангишти харидоришуда санад тартиб дода, хулосаи хешро пешниҳод намудааст.

-Боиси қайд аст, ки таи чанд соли охир иншооти тандурустӣ марҳала ба марҳала ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонида гузаронида шуда истодааст. Аз ҷумла, алҳол беш аз 20 муассисаи тиббии шаҳру навоҳии вилоят ба пуррагӣ бо шабакаи гармидиҳии марказонида гарм карда мешаванд. Бино ба гуфти масъулин, чунин тарзи гармидиҳӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ба сарфакории сӯзишворӣ мусоидат намуда, аз ҷониби дигар, тарзи истифодабарии он бисёр қулай ва бехавф аст.

Барои воқиф шудан аз вазъи зимистонгузаронии чанде аз муассисаҳои иҷтимои шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт боздид намудем ва худ огаҳ шудем, ки масъулин дар сатҳи заруриву кофӣ ба зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Минбаъд низ ин матлаб дар дигар шаҳру навоҳии вилоят пайгирӣ хоҳад ёфт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее