December 2019

27 December 2019

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабри соли 2019 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Читать далее

26 December 2019

Тамошои муташаккилонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Паёми Сарвари давлатро дар саросари шаҳру ноҳияҳо тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд. Аз ҷумла, кормандони шуъбаву раёсат, сарраёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ якҷоя пахши мустақим аз ҷараёни ироаи Паёмро тамошо намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

26.12.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Читать далее

Ҳақиқат талх асту ҷовидон

Имрӯз қонуншиканиҳои хоинони кишвар ва қувваҳои берунаи манфиатдор рӯз аз рӯз афзун ошкор шуда истодааст.

Аз ҷумла дар мақолаи таҳлилии сиёсатшинос, директори Институти фалсафа Назар Муъмин «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» қонуншиканиҳои ТТЭ ҲНИ ва робитаи онҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути овардани далелҳои мушаххас ифшо кардааст.

Воқеан, кирдорҳои разилонаву авомфиребонаи ТТЭ ҲНИ дар роҳи хоинӣ, ватанфурушӣ назир надорад. Асосҳои дар мақола овардашуда раднопазир буда, симои аслии наҳзатиёнро барои мардум дубора ошкор сохтааст. Чунон ки дар мақолаи номбурда зикр гардидааст, мудҳиштар он буд, ки  ҳангоми сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «…сарварони ҲНИ ва аҳли авлоди онҳо ҳама дар шаҳри Теҳрон паноҳ ёфтанд. Ягон намояндагони калидии ин ташкилот дар кӯча намонд. Азобу уқубат дар сари онҳое буд, ки гуреза шуданд ва бо аҳлу аёлашон даруни хаймаю чоҳҳои сарди хокию лойолуд дар ҳудуди Афғонистон зиндагӣ мекарданд».

Аз ин ҷо пайдост, ки шиору даъвову талошҳои дар роҳи ободонии Ватан нишон додаву вонамуд кардаи  онҳо дуруғу сатҳӣ, баҳри пиёда сохтани манфиатҳои шахсӣ ва сарпарастони эронии онҳо нигаронида шудаасту бас. Вагарна ҳангоми ба хоку хун оғушта шудани кишвари азизамон ва овораву саргардон, гурезаву бесаробон мондани ҳамватанони ғофил аз асли масири сиёсӣ дар кишвари амн паноҳ бурда, аз дур тамошо намекарданд. Чунин воқеаҳо ҳатто ба виҷдони онҳо ягон осоре нагузошт. Ин аст, ки боз бо қалби сахту чашми танг аз роҳи мансабталошӣ даст намекашанд. Бо вуҷуди ин, ҳақиқат оқибат ошкоро шуд. Беҳуда нест, ки мегӯянд «ҳақиқат талх асту ҷовидон». Амалҳои хоинонаи душманони миллат пӯшида намемонад. Сокинони якрӯю меҳандӯсти Ватан ҳомиёни ҳақиқату адолат мешаванд ва ба наслҳои минбаъда намунаи ибрат мегарданд.

Устодони кафедари умумидонишгоҳии
Сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ҲАДАФҲОИ БЕБУНЁДИ КАСИФОНИ НОХАЛАФ

Имрӯз дунёро вабое - зуҳуроти номатлуб бо номи ифротгароӣ ва терроризм фаро гирифтааст. Бархе аз шаҳрвандони камсавод, ки қадри тинҷиву оромӣ, ҳаёти осоиштаро дарк карда наметавонанд, ба чунин гуруҳҳо шомил мешаванд.

Бешак, барои чунин афрод инсон, арзишҳои миллӣ қадре надоранд, Ватану миллат умуман вуҷуд надоранд, ба ғайр аз ғаразҳои фармондеҳонашон дигар муқаддасотеро писанд намекунанд. Аксарияти онҳо касифони нохалафи ҲНИ мебошанд.

Воқеаҳои солҳои охири Тоҷикистон бори дигар симои аслии баъзе гурӯҳҳо ва шахсиятҳоро нишон дод, ки чӣ мехоҳанду ҳадафи ниҳоияшон чист. Яке аз ин гуна гурӯҳҳо, ки зери ниқоби Ислом амал мекарду мардумро ба гумроҳӣ мебурд, Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати ислом буд. Ҳизбе, ки давоми даҳсолаи охир мафкураи мардумро заҳрогин намуда, дар ҷомеа тухми нифоқ ва ҳамдигарбадбиниву ҷудоиандозиро мекошт. Муҳиддин Кабирӣ чандин гурӯҳҳои ҷиноятиро созмон додаву аз доираҳои ба ном хайриявии фондҳои хориҷӣ дастгирии молиявӣ медид. Нақшаҳои тарконидани иншооти муҳими кишвар дар нуқтаҳои гуногун, ғасб намудани васоити муҳими иттилоотрасон ва мафкурасоз, ниҳодҳои қудратиро тарҳрезӣ менамуд, ки ҳама аз амалҳои террористӣ ва халалдоркунандаи суботу оромии Тоҷикистон мебошад. Яъне ҲНИ аз аввал гурӯҳи террористӣ ва моҷароҷӯву ифротӣ буд, ки нияти охиринаш ғасби ҳокимият ва ба вартаи ҷангу ҷидолу фитна бори дигар кашидани аҳолии Тоҷикистони азиз аст.

Мардуми сарбаланди кишвар ба ваҳдати миллӣ ба осонӣ нарасидааст ва ҳаргиз роҳ нахоҳад дод, ки Кабирӣ ва ӯ баринҳо бори дигар ин оромӣ ва пешравии тоҷикистониёнро халалдор намоянд. Ҳизбе, ки хиште дар ободии мамлакатамон нагузоштаасту қадаме барои созандагӣ набардошта, танҳо зери ниқоби дӯстиву ислом ҳамчун ақраб кораш неш задан буду ҳаст.

Бинобар ин мардуми сарбаланди кишварро лозим аст, ки нисбати ояндаи халқу миллат бетараф набошанд. Бар зидди ин нохалафон дастаҷамъона муборизаи беамон баранд.

Эй бешарафони наҳзатӣ!!! Аз Худо шарм дореду аз буҳтону фитнакориҳо даст бикашед! Агар шумо, ҳабисон решаву ифтихори миллӣ медоштед, шикоят ба пеши хоҷагони хориҷиатон намебурдеду такя ба мардуми хеш мекардед! Имрӯз мардум симои аслии шуморо барвақт шинохтааст ва ҳеч гоҳ ба доми фитнаву найрангатон нахоҳад афтид.

Асрорҳои пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ!

Ҳақиқатан вақт довари асосии зиндагист! Батадриҷ пардаро аз болои ҳама асрори пӯшида мебардорад. Ҳар касеро дар нусхаи асли худаш нишон медиҳад. Тарафҳои аёну ноаёни зиндагиашро барои атрофиён боз месозад. Муайян мекунад, ки паси суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд.

Замони интихоб шудан ба сифати раиси Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ қисматеро умедвор кард, ки акнун ӯ ҳизбро аз омехтаи ҷаҳлу ришу ҷелак берун мекашад ва бо симову замири зиёӣ, пайрави Исломи муътадилу хоси тоҷикона дар ҷомеа муаррифӣ месозад. Вале ин умедҳо мисли саробе дар дидаҳо ҷило додаву зуд маҳв гаштанд. Маълум шуд, ки барои Кабирӣ ин ҳизб танҳо дастгоҳест барои муҳайё сохтани заминаҳои иҷроиши супоришҳои фармондеҳону маблағгузорони беруна, сарватғундорӣ ва нигаҳдошти моликияти худӣ будааст.

Муҳиддин Кабирӣ аз нисф бештари давраи ваколаташро дар парлумони кишвар сарфи сафарҳо кард. Соле беш аз 250 рӯзашро дар хориҷ аз Ватан мегузаронид. Ҳар куҷо, ки равад, шиква ҳамсафари ӯ буд. Дар умраш аз пешрафту рушди кишвараш забон накушодааст. Бозиҳояш гоҳе бо шарқу гаҳе бо ғарб боиси он гаштанд, ки натавонист, вазифаҳои дар наздаш аз ду ҷониб гузошташударо иҷро намояд.

Шикасти қувваи душман дар муттаҳидии мост! Пас, биёед, дар мутаҳиддӣ зидди ин нохалафон бошем! Зеро хуб медонем, ки бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ҳизби террористӣ - экстремистӣ эълон гардида, давлатҳои шомили Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъона ва дигар созмонҳои бонуфуз ҲНИ - ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф намуда, дар феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ мебошад, шомил гардидааст.

Аз вазъияти дар моҳи ноябр ба вуқӯъ омада бармеояд, ки чанд нафар хоинони миллат чеҳраи воқеии худро нишон доданд, чанд рӯз оромии кишварро халалдор намуданд, гарчанде ки ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ин ҳодиса хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем, то он нафаронеро, ки то имрӯз мехоҳанд, сулҳу суботи кишварро халалдор созанд, маҳкум намоем.

Боиси шукргузорист, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар тамоми қувваи худро сарф менамоем.

 Бетарафӣ - бешарафӣ!

Мақсади зуҳуроти номатлуби экстремизм даъват ба нооромӣ, тафриқаангезӣ мебошад. Сарварону масъулони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ тамоми воситаҳоро ба кор мебаранд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Халалдор шудани ҳаёти осоиштаи мардум онҳоро заррае ба ташвиш намеорад.

Боиси афсӯсу надомат аст, ки ба равияҳои номатлуб, баъзе ҷавонони гумроҳи тоҷик низ шомил шудаанд. Ин сабаби таҷрибаи кофӣ надоштани онҳо, басо заиф будани зиракии сиёсиашон мебошад. Ҳамчунин, ҷавононе, ки ҳоло неку бадро ба хубӣ фарқ карда наметавонанду дар муҳоҷират қарор доранд, бо тезӣ фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини гурӯҳҳои фасодкор мегарданд.

Дар ин маврид тарғиботи барғалати сомонаҳои интернетӣ низ ба мафкураи ин қабил ҷавонон бетаъсир намемонад.

Аз баромади навбатии Кабирӣ мақсад боз ҳам ноором сохтани вазъи кишвар мебошад. Ӯ фаҳмидан намехоҳад, ки офтобро бо доман пӯшидан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди буҳтону туҳмати гурӯҳи носипос Тоҷикистони барои халқаш азиз зина ба зина пеш меравад. Ободкориҳоеро, ки солҳои охир ба амал омаданд, ҳатто ҳисоб кардан душвор аст. Сатҳи зиндагии одамон, маърифати онҳо хеле боло рафт.

Мардуми шарифи тоҷик аз мақсадҳои нопоки хиёнаткорони Ватану миллат хуб воқиф ҳастанду симои аслии душманони хешро кайҳо хуб шинохтаанд. Душманону хоинони миллат бояд дарк кунанд, ки дигар ташкили ҳар гуна нишастҳо, баромадҳои буҳтонангезу сохтакорона, ки дар пасаш манфиатҳои шахсии гурӯҳ ва ё чанд нафар манфиатҷӯ меистанд, ба роҳу равиши тараққиёте, ки Тоҷикистон интихоб кардааст, монеа эҷод карда наметавонанд.

Фаъолияти осебпазир, баромадҳои иғвоангезро дидаю шунида хомӯш истодан, бетарафӣ зоҳир кардан оқибати нек надорад.

Ҳар яки моро зарур аст, ки наздикон, ҳамкорону ҳамсабақон, ҳамдеҳаю ҳаммаҳалла, хуллас, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳиллаҳо ва найрангҳои беохири гурӯҳҳои террористию ифротгаро ва хоинону миллатфурӯшон огоҳ намоем.

Ватанамонро, миллатамонро дӯст дорем, нисбат ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошем. Ҷавонону наврасонро огоҳ намоем, фаҳмонем. Зеро ҷавони худогоҳу зирак ҳаргиз ба роҳи хато пой намегузорад, ба иғвоҳои фитнаангез дода намешавад. Моро лозим аст, ки ҳар гуна иғвогарӣ, дасисаҳоро маҳкум намуда, Тоҷикистонро ба ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ расонем. Ин неъмати гаронбаҳо – оромиву сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Баҳри шукуфоии кишвари азиз кӯшиш кунем.

Эгамзод Муртазо Машрафӣ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

АЗ ПАЙРАВӢ БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ЭМИН БОШЕМ!

 

 

 

 

Яке аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд.

Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе аз шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.

 Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷират, дур аз назорати волидон қарор доранд ва, ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ гарданд.Ҷавонони имрӯза ба маконҳои ҷангзадаю харобгардида назар афканда, худ бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки террористону экстремистон ба вуқӯъ омадааст. Чунин гурӯҳҳо намехоҳанд, ки мардум дар тинҷию осоиштагӣ умр ба сар баранд.

Мегӯянд, ки террорист на ватан дораду на миллат. Барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Ва имрӯз ҳар як ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон баранд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида истодааст.

Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем.Зеро ин ободию осоиштагӣ ва зебогии кишвари азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Абдулфайзи УМАРШОҲ,
иҷрочии Хадамоти иҷро дар
Суди иқтисодии вилоят

 

 

 

 

Читать далее

МАҚСАДИ НОПОКАШОН АМАЛӢ НАХОҲАД ШУД!

Имрӯз ба воситаи садову симо ва шабакаҳои интернетӣ тӯҳмату буҳтонҳои хоинони Ватан – ифротгароёни ТТЭ ҲНИ – ро дар ҳаққи кишвари худ мушоҳида мекунему ба ҳайрат мемонем.

Ба чунин вазъият аҳли кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Деваштич бетараф набуда, эътирози худро нисбат ба иғвою дасисакорӣ, таҳдиду буҳтонҳои Муҳиддин Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва дигар хиёнаткорони Ватан, ки тариқи расонаҳои иҷтимоӣ кишвари моро мехоҳанд, бадном кунанду ҷавонони моро ба вартаи гумроҳию хиёнат кашанд, иброз медорем.

Ба ин ифротгароёни зархарид, ки ду-се тангаи хоҷагони хориҷиашонро аз муҳаббати Ватан, аз бурдаи нони гарми модар ва аз нашъаи обу хоки муқаддаси диёр боло гузоштаву ба шукуфоии кишвари худ бо чашми нотавонбинона менигаранд, гуфтанием:

- Оё шумо маънии Ватан ва ватандӯстиро медониста бошед? Оё муқаддас будани хоки Ватан, чун модар азиз будани зодгоҳ, меҳру оқибатро нисбат ба волидону пайвандон дар замири нопоки худ ҳис мекунед? Наход модар бо шири покаш дар шараёни шумо нафрату бадхоҳиро нисбат ба Ватан ҷой дода бошад? Ё ин ки зару сарват ва ваъдаҳои хушку холии хоҷагонатон чашми шуморо кӯр кардааст?

Бузургон фармудаанд, ки дӯст доштани Ватан аз имон аст. Шумо, ватанфурӯшон, ки имрӯз худ тарки Ватан кардаеду ғулому лагандбардори хоҷагони хориҷии худ шуда, ба зодгоҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани худ кӯрнамакӣ мекунед, чӣ тавр худро боимону батавфиқ меҳисобед?

Навиштаҳои ифротгароён ва хоинони миллат ин ҳама беасос ва бӯҳтонанд. Шумоён, ки худро хайрхоҳ мехонед, дар асл бадхоҳи ҳамватанони худ ҳастед. Зоҳиру ботини якхела надоред ва мақсади ягонаи шумо ноором кардани сулҳу суботи кишвар аст.

Аммо мо, мардуми диёр, бахусус кормандони соҳаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди худогоҳию ифтихори миллӣ тарбия намуда, намегузорем, ки осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон тира гардад.

Ботур РАСУЛОВ,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем!

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд, дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳадафҳои гуруҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ниҳоят бузург аст.

Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, барои пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизону радио паҳн мешаванд, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомот ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Ба фикри мо, аз надонистани таърихи гузаштаи миллату давлати хеш, худшиносӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ифтихори ватандорӣ, ватанпарастӣ ягон халқи ҷаҳон пеш намеравад. Паст будани сатҳи саводнокии муҳоҷирони меҳнатӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии Ватани худ, бехабару беназорат мондани ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайванданд.

Албатта, ин ҷавонони гумроҳгашта дар охир пушаймон мегарданд. Имрӯз ҷавононро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, илму дониш омӯзанд, барои пешрафти Тоҷикистон саъю талош намоянд. Ҷавонон насли ояндасози кишваранд. Бинобар ин бояд дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд.

 Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Авазбек НАЗАРМАТОВ,
мутахассиси шуъбаи таълими
Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

СИМОИ РИЁКОРИ ТТЭ ҲНИ

Чанде қабл мақолаи директори Институти фалсафа Назар Муъмин нашр шуд, ки бештар муаллиф ба муаммоҳои сарбаста гиреҳкушоӣ намудааст.

Ҳарчанд дар ин масъала дигар манбаъҳо низ таъкид менамуданд, аммо ҳаргиз чунин нашудааст, ки ин масъаларо аъзои Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзат қабул намоянд ва ҳамеша ин масъаларо рад менамуданд.

Тавре ки аз маълумот бармеояд, аксарияти пинҳонкориҳо ва робитаҳои аъзои ТТЭ ҲНИ бо ҷосусони давлатҳои хориҷӣ берун аз кишвар сурат гирифта, ҳамаи давлатҳои манфиатдор дар таъсиси ТТЭ ҲНИ ҳисса гузоштаанд, ки мақсад ҳам аллакай маълум аст. Вале аъзои ин ташкилоти террористӣ ин ҳақиқатро рад намуда, ҳамеша даъво пеш меоварданд, ки барои рушду ободии Ватан ва дифоъ аз дин фаъолият мебаранду халос.

Аммо воқеаҳои солҳои 90 - уми асри гузашта собит сохт, ки аксарияти аъзои ТТЭ ҲНИ махсус дар ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамкорӣ намуда, ҷиноятҳои вазнинро дар қаламрави кишвар содир кардаанд. Аммо умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва ҳама чиз рӯзе ошкор хоҳад шуд ва ҳамин хел ҳам шуд.

Ҷолибият дар он аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз созмони террористӣ - экстремистӣ эълон шудани ҲНИ ҳам сармоягузориро қатъ накарда, пайваста роҳбари ТТЭ ҲНИ - ро маблағгузорӣ кардааст ва аз ҷумла, аз соли 2016 то соли 2018, тибқи иттилои Назар Муъмин, 3 миллион доллар ба Аврупо фиристодааст, ки ин ҳам бошад, фақат барои шароит муҳайё намудан ба аъзои ТТЭ ҲНИ аст. Барои таъсис ва ба роҳ мондани расонаҳои наҳзатӣ ва шабакаву радиои ТТЭ ҲНИ барои тарғиби ғояҳои террористӣ - экстремистии ҶИЭ ба суратҳисоби М.Кабирӣ зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор доллар маблағ гузаронидааст, то ба ҳамин восита ҳам ҷойҳои корӣ фароҳам шаваду ҳам наҳзатиён ба гумроҳсозии мардум тариқи нашри ахбори бардурӯғ машғул шаванд.

Албатта, ҳамаи ин аз чанд ҷиҳат шубҳаовар ва, аз ҷониби дигар, нақзи қонунҳои амалкунандаи ҷаҳони феълӣ мебошад. Зеро ҶИЭ ҳуқуқи мудохила бар умури дохилии кишвари моро надорад, ки ин дар чанд барномаву муқаррароти байналмилалӣ қайд шудааст.

Аз ҷониби дигар бошад, созмонҳои минтақа ва ҷаҳон ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун созмони террористӣ - экстремистӣ эълон намудаанду мешиносанд ва дар ин росто ҳам дар бобати Барномаи СММ оид бо мубориза бар терроризму экстремизм ҶИЭ мухолифат намудааст ва ошкоро гурӯҳҳои террористиро сармоягузорӣ кардааст, ки нақзи қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи
 кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

ТЕРРОРИСТ ВАТАН НАДОРАД

Терроризм шакли ниҳоят хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои гурӯҳҳои террористӣ дар олам нигарон набошад.Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризму экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар марҳалаи ҳозира рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ ҳамаи мо - аҳли ҷомеаи кишварро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишварамон самарабахш амалӣ созем.

Ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Қимматмо АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ №16,
ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее