December 2019

30 December 2019

Ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Санаи 27 - уми декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуда, дар он аъзои Шӯро, соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои молиявӣ - қарздиҳӣ вазъи соҳа ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд

29 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи соли нави мелодӣ тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстонро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо тарбиятгирандагон онҳоро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр дошт, ки бо ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳ қарор доранд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Нисбат ба тарбиятгирандагон меҳрубон бошед

29 – уми декабри соли равон  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  аз мактаб – интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернати мазкурро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020  табрик гуфт.

Раиси вилоят дар ҷараёни боздид аз рафти таълиму тарбияи хонандагон аз наздик шинос шуда, хонандагонро барои омӯзиши илму техника, ки талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад, даъват намуд.

Читать далее

Ҷаласаи Шӯрои рушди саноат дар назди Раиси вилояти Суғд

Санаи 27 - уми декабри соли 2019 бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сохторҳои дахлдор ва намояндагони васоити ахбори омма дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи якуми Шӯрои рушди саноат дар назди Раиси вилояти Суғд доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш зикр намуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат мусоидат ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону сармоягузорон, ҷалби бештари сармояҳои мустақил, ба соҳаи саноат ворид намудани техникаю технологияҳои муосир, истифодаи самараноку оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар қаламрави вилояти Суғд мавҷуданд ва бадин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят Шӯрои рушди саноат дар назди Раиси вилояти Суғд таъсис дода шудааст.

Читать далее

28 December 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Бо андӯҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд

27 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар мактаб-интернат шароити муосир барои омӯзиш ва зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

27 December 2019

Иқтисодиёт - омили муҳими рушди иҷтимоиёт

Гузориш аз Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 27 - уми декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гашт, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум бо сухани муқаддимавии Раиси вилоят ва садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, дар он 7 масъаларо вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Читать далее

ИНШООТИ ЗАМОНАВӢ - ҲАДЯ БА МАРДУМ

Наздик сӣ сол мешавад, ки мардуми кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ зиндагӣ доранду рӯз аз рӯз вазъи зиндагии сокинон беҳтару хубтар ва сатҳи камбизоатӣ низ паст гардидааст. Файзи Истиқлолияти давлатии кишвар буд, ки шаҳру навоҳии вилоят ободу зебо гардида, биноҳои таъиноташ гуногун бо тарҳи замонавӣ қомат афрохта истодаанд.

Сокинони ноҳияи Деваштич низ чун дигар мардуми кишвар имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ доранд. Солҳои қаблӣ, вақте ба ноҳияи Деваштич ворид мегардидем, нахуст роҳҳои нообод табъи касро хира месохт. Ронандаи нақлиёти мусофирбар ҳам гӯиё аз ин роҳҳои вайрона барояш роҳи ҳамвортареро ҷуста, аз пастиву баландиву чуқуракҳои он мошинро бо мушкилӣ меронд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар баробари роҳҳои дигар шаҳру ноҳияҳо роҳи ноҳияи Деваштич ҳам ҳамвор гардида, масофае, ки қаблан дар давоми ду - се соат тай мекардем, алъон тавре ронандаи нақлиёти сабукрав қайд кард, таъмири пурраи 17 километр роҳи асосии Хуҷанд – Деваштич имкон фароҳам овард, дар давоми на кам аз як соат ба мавзеи таъингардида расем.

Аз руҳияи мардуми Деваштич метавон гуфт, онон ба ҷашни бузурги таърихӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Кӯчаҳо ободу чароғон, дар қади роҳи Ҷамоати деҳоти Яхтан қомат афрохтани биноҳои кӯдакистону муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва Маркази саломатӣ, бунёди боғоти мева далолат бар он аст, ки мардум ҷашни таърихиро бо туҳфаҳои арзанда интизоранд. Воқеан, тавре Пешвои муаззами миллат ёдовар шуданд, мардуми ноҳияи Деваштич меҳнатқарин буда, аксари иншоот тариқи ҳашар бунёд мегарданд, ки дар чунин амали дастаҷамъона мо низ шоҳид будем. Нахуст мо аз кӯдакистони Ҷамоати деҳоти Яхтан, ки онро Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дӯстӣ» номгузорӣ кардаанд, дидан намудем. Саҳни кӯдакистон хеле ҷолиб буд: айвончаҳо, нуқтаҳои бозии кӯдакона муҷаҳҳаз бо ашёҳои зарурии варзишӣ, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ табъи касро болида мегардонд.

Дохили бино бо гулҳои рангоранги табиӣ оро дода шуда, дастгоҳи мутамарказонидаи гармидиҳӣ утоқҳоро гарм карда буд. Дар ду ошёна синфхонаҳо барои даҳ гурӯҳ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқи роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷой дода шудааст.

Дар рӯ ба рӯи кӯдакистон муассисаи таълимӣ бо шаҳомат қомат афрохтааст, ки он низ ба ифтихори солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пурра азнавсозӣ гардидааст. Муассисаи таълимии дуошёна ҳанӯз соли 1983 барои 624 нафар бунёд гардида, 29 синфхона, 9 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Гарчанде сӯзишворӣ - ангишт ва ҳезум ба таври зарурӣ захира шудааст, аммо ба сабаби ба пуррагӣ анҷом наёфтани таъмири гармидиҳӣ синфхонаҳо дар ин мавсими сармо сард буданд. Мо ҷониби марказ равонаем. Аз рӯи нақли роҳбалад, ҳанӯз соли 2016 бо мақсади идомаи корнамоиҳову фидокориҳо аз ҷониби ҷавонони насли имрӯз ба ноҳия номи яке аз қаҳрамонони халқи тоҷик - Деваштич гузошта шудааст. Ва тавре ёдовар шудем, мардуми меҳнатқарини ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки номи абармарди халқи тоҷик - Деваштичро сазовор бошанд.

Алҳол дар ноҳия ба ифтихори ҷашни таърихӣ омодагӣ вусъат мегирад. Тибқи нақша - чорабинӣ бунёду азнавсозии 309 иншоот дар назар дошта, то ҳол беш аз сад иншооти таъиноташ гуногун дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия мавриди истифода қарор дода шудаанд. Масалан, дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ Маҷмааи модару кӯдак, биноҳои нозироти андозу адлия, боғи истироҳатию фароғатӣ, Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди он муҷассамаи Деваштич, чароғонкунии кӯчаҳо ва мумфаршкунӣ, таъмири роҳравҳою нуқтаҳои хизматрасонӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда, варзишгоҳ дар деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, бо қувваи аҳолӣ ва соҳибкорон таъмири ҷории 12,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Росровут ва дигар ободониҳо ба ифтихори ҷашни таърихӣ амалӣ гардидаанд.

 Умуман, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 102 иншоот, аз ҷумла панҷ маркази саломатӣ, 11 нуқтаи хатнакунӣ, дорухона, толорҳои варзишӣ, панҷ адад пул, коргоҳи либосдӯзӣ, ду муассисаи таълимӣ, кошонаи ҳусн ба истифода додаанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ - САРВАТИ БЕБАҲО!

Сол аз сол бобати рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису табобат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Табибони Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намоянд. Бино ба гуфти сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Маҳмадмурод Сафаров, соли ҷорӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ якчанд таҷҳизоти наву замонавӣ харидорӣ шуданд. Табибони ин беморхона иброз медоранд, ки бо ворид ва ба кор андохтани таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон раванди татбиқи барномаҳои соҳа хеле беҳтар мегардад.

М.Сафаров зикр намуд, ки дар муассисаҳои табобатии шаҳр ҳамагӣ 2528 нафар, аз он 412 нафар табиб ва 1399 нафар корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар соли ҷорӣ як бинои нав бо таҷҳизоти муосири рентгении рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, якчанд шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳрӣ аз таъмир бароварда шуданд.

 Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дар давоми сол ба муассисаҳои тиббӣ як қатор таҷҳизоти зарурӣ ворид гардидааст. Соли равон чанде аз хонаҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент таъмир, инчунин ташхисгоҳ, ошхона ва дорухонаи Маркази саломатии шаҳрӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни замон сохтмони Маркази саломатии деҳоти Дашти Қозӣ ва Навобод, Хонаи саломатии деҳоти Заврон, хонаҳои саломатии “Нури зиндагӣ” дар Ҷамоати деҳоти Саразм, “Турки Роҷ” дар Ҷамоати деҳоти Амондара, “Зимтӯд” дар Ҷамоати деҳоти Вору, “Хумгарон” - и Ҷамоати деҳоти Косатарош идома доранд. Тибқи нақша, маркази ҷарроҳии амбулатории маркази саломатии шаҳрӣ, марказҳои саломатии деҳаҳои Артуч, Панҷруд, Кулолӣ, Некнот, Порвен, Вору, Мазор, Сӯҷина, Чорбоғ, Суғдиён, Филмандар, Шинг ва Амондара бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ва имкониятҳои дохилӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.

Алҳол сохтмони бинои нави таваллудхонаи шаҳрӣ барои 60 кат идома дошта, воҳиди кории зиёд ба назар гирифта шудааст. Девори асосии қисмати ҷанубии беморхонаи марказӣ дар масофаи 40 метр азнавсозӣ шуд. Дар қисми берунаи бинои асосии беморхона, ки дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урологӣ ва ҷарроҳии асаб ҷойгиранд, аз нав таъмир гаштанд.

Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ барои сохтмони бинои сеқабатаи беморхона барои 100 кат санги асос гузошта шуд. Масъулини соҳа умед доранд, ки пас аз ба истифода додани иншооти сохташудаистода сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида, норасогии кадрҳо низ бартараф хоҳанд гашт.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПЕШРАФТИ ИЛМ ВА ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

“Рушди илм ва амалияи он дар марҳалаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ” мавзӯи асосии конференсияи ҷумҳуриявӣ буд, ки дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва олимон аз ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба мавзӯи “Тоҷикистон дар роҳи рақамигардонии иқтисодиёти ватанӣ” маърӯза намуда, қайд кард, ки дар мадди аввали иқтисодиёти рақамӣ истифодаи техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот, ҳамчунин боло бурдани маҳсулнокии меҳнат меистад.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои истифодаи иқтисодиёти рақамӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт, хизматрасонӣ ва дигар самтҳо пешравии ҷиддие ба назар мерасад. Хайрулло Сабуров, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба масъалаҳои азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, истифодабарии технологияи рақамӣ ибрози андеша намуд.

Зикр кард, ки иқтисоди рақамӣ як ҷузъи муҳими дастовардҳои назаррас дар соҳаи илмҳои муосир ба шумор меравад ва асоси вусъат бахшидани нерӯи инсонӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат аст, маънидод мешавад.

Ҳамзамон, дар конференсия дар мавзӯи “Доир ба консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфилло Саидмуродов, доир ба “Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ӯзбекистон: даҳ технологияи нав”, - доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саидаҳрор Fуломов ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдураҳмон Қодиров оид ба “Рақамигардонӣ дар бозори асъор” фикру андешаҳои худро баён намуда, роҷеъ ба пешравии иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар ва самтҳои афзалиятноки он ибрози назар карданд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее