09 November 2019

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расми

  

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернети сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифроти ва террористи аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандози ва дасисабозиву ҳангомасози мебошанд.


Сомонаҳои ифротиву террористи кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касби ва тахассусии иѓвоангези маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёси фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдиди фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифроти ва террористи таҳти унвони «Эмомали Раҳмон пинҳони ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳони набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифроти баҳри ҳангомасозиву дасисабози ва тафриќаандози сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу барраси намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳони ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расми анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўѓу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлати дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндаги намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсави Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёси намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ѓайривоќеи истифода баранд ва ѓаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоҳ аст ва шахси дурўѓгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќи мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлони мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расми бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расми Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.  

Саид Салим

Читать далее

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расми

  

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернети сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифроти ва террористи аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандози ва дасисабозиву ҳангомасози мебошанд.


Сомонаҳои ифротиву террористи кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касби ва тахассусии иѓвоангези маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёси фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдиди фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифроти ва террористи таҳти унвони «Эмомали Раҳмон пинҳони ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳони набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифроти баҳри ҳангомасозиву дасисабози ва тафриќаандози сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу барраси намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳони ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расми анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўѓу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлати дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндаги намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсави Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёси намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ѓайривоќеи истифода баранд ва ѓаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоҳ аст ва шахси дурўѓгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќи мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлони мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расми бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расми Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.  

Саид Салим

Читать далее

Хориҷипарастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ

 

 

Агар шахс мақолаи навбатии пур аз ғарази Ислоҳ нет «Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов»-и Ислоҳ нет-ро хонда бощад, бори дигар мутмаъин мегардад, ки то чӣ андоза ин лонаи чосӯсӣ аз хориҷиҳо химоят мекунад ва пойбанди онҳост. Ба навиштани чунин маводҳо онҳо соҳиби чанд пагон буданашонро ҳам нишон додаанд.


Мавзуи сафари Чаноби олӣ, Президенти кишварамонро баҳона намуда аз «Радиои озодӣ» пуштибонӣ доранд. Гуё, ки Президенти Радиои озодӣ язнаашон бошад ва ҳамзамон дар ин мавзуъ хоҷагони хориҷиашонро ҳам ифшо намудаанд, ки онҳо вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико ва Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мебошанд.

Боиси зикр аст, ки вақто, ки мӯҳлати аккредитатсияихабарнигори “Озодӣ” ба итмом мерасид, пеш аз ҳама наҳзатиҳо ба ташвиш афтода аз тамоми минбарҳо баромад намуда, аз озодии сухан ва ҳуқуку озодиҳои хабарнигорон ҷоғ мезаданд ва акнун, ки он хабарнигорон иҷозати идомаи фаъолиятро гирифта бошанд ҳам, наҳзатиҳо фолбиниҳои худро идома дода истодаанд.   

Ислоҳ нет ба мисли он шағолак аз филми тасвирии «Маугли»-ро ба ёд меоварад, ки палангро ҳамроҳӣ намуда, доимо ибораи «мо ба шимол меравем, мо ба шимол меравем»-ро такрор менамояд.  Ислоҳ нет бошад Тоҷикистонро аз вакилон ва конгресменҳои амрикоӣ тарсонида истодааст. Гуё Президенти кишварамонро, ки рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар дорад, мушкилиҳои зиёде интизор аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ наҳзатиҳо ба ин андоза бегонапарастанд? Барои чӣ онҳо дар ҳар маврид моро аз Амрикову Аврупо метарсонанд. Магар онҳо тоҷик нестанд ва Тоҷикистон Ватани онҳо нест. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки барои наҳзатиҳо азизтар аврупоиҳо ва амрикоиҳост.

 Пеш аз ҷаласаи САҲА низ наҳзатиҳо доира мезаданд, ки акнун намояндагони Точикистон бо мо рубарӯ мешаванд ва бо мо як ба як мешинанду ба саволҳои мо ва САҲА ҷавоб мегӯянд ва ғайраву ҳоказо. Аммо дар натиҷаи ин ҷаласа наҳзатиҳо аз иштирокашон пушаймон шуданд. Кабиру сағири онҳо ба ғайр аз чор ҷумлаи тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон дигар гапе надоштанд. Шармандавор ҷаласаро тарк намуданд. Намояндагони Тоҷикистон бошад бо як сарбаланди ба Ватан баргаштанд.

         Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки наҳзат айни замон як шиор дорад, ки он ҳам бадном сохтани давлату миллати тоҷик мебошад. Дигар ба ягон кор қодир нест ва ҳатто дар байни худ созиш надоранд, чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар онҳо аз ин шиорашон даст кашанд, аз куҷо дар Аврупо зиндагӣ карда метавонанд.

 

Абдукарим Рашидов

 

Читать далее

Хобу хаёли М.Садриддин

 

 

Тибқи хабари васоити ахбори умум имрӯз сафари  Президенти Тоҷикистон ба Аврупо оғоз ёфту наҳзатиҳои гурезаю террорист мисли мурғаки посухта ба аз тарс ба таҳлука  афтоданд.


Тарс аз он доранд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Наҳзатиҳо сахт аз он метарсанд, ки эҳтимолан баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Зеро вақтҳои охир, хусусан баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани ТТЭ ҲНИ огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.

Дар шароити ҳозира, ки наҳзатиҳо ниҳоят заифу нотавонанд, албатта ба ғайр аз дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат амали дигаре аз дасташон намеояд.    Танҳо бо таҳия ва паҳн кардани мақолаю хабарҳои туҳматомезу таҳқиромез бар зидди Тоҷикистон хоинона мубориза мебаранд. Рӯзҳои охир мавзӯи асосии мақолоти наҳзати дар расонаҳои хабарии ифротиашон маҳз сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо аст. Яке аз чунин мақолаҳои бадхоҳонаи наҳзатӣ зери унвони “Сафари таърихии таърихсӯзи миллат аз Аврупо оғоз ёфт” аст, ки муаллифаш ифротитарини ифротиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.

Ин палидаки наҳзатӣ дар оғози навиштааш масъалаи ба муддати тӯлонӣ фаъолият доштани Раҳбари кишварамонро дар миён меорад ва аз арзёбиҳои кадом як созмони хориҷие дар хусуси мавқеи номуносиб доштани Тоҷикистон дар руйхати онҳо ҳарф мезанад. Аммо ба гуши кари М.Садриддин бори дигар мерасонем, ки Президенти Тоҷикистонро мардуми кишвар интихоб кардааст ва ин ҳуқуқро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Барои мардуми тоҷик муҳим нест, ки кадом созмони шубҳаноке Тоҷикистонро дар кадом мавқеъ ҷой додааст. Муҳим он аст, ки мардуми кишвар  Сарвари худро дуруст интихоб кардааст. Сарвареро, ки барои Тоҷикистон сулҳу оромӣ овардааст, миллатро сарҷамъ кардааст ва Ватанро обод мекунад. Тоҷикистонро бо роҳи демократия пеш мебарад.

Мағзи пучи М.Садриддин дарк намекунад, ки ин воқеиятро, яъне Президенти як кишвари озоду демократӣ будани  Пешвои миллати тоҷикро аврупоиҳо дарк кардаанд. Онҳо хуб медонанд, ки Сарвари давлати мо танҳо дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистон ҳастанд. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дигар М. Садриддин ё дигар наҳзатиҳо чи мегуянд, ягон арзише надорад, зеро гуфтаи онҳо ҳарфи террористон аст. Аврупоиҳо бошанд, аз терроризм безоранд. Онҳо бо Ҳукумати қонунӣ ва прогрессивӣ кор мекунанд.

Вобаста ба мақолаи “Вашингтон-пост”  ҳам наҳзатиҳо ва хусусан М.Садриддин беҳуда ҳаёҳу мебардоранд. Он ҳамагӣ як мақолаест, ки муаллифаш албатта аз ҳисоби ноогоҳию нодонӣ онро навиштааст. Агар аз вазъияти воқеии Тоҷикистон огоҳ мебуд, ҳаргиз онро таълиф намекард. Ба ҳар ҳол он чизеро тағйир намедиҳад.  Ҳамин гуна мақолаҳоро “Вашингтон-пост” нисбат ба раҳбарони кишварҳои дигар ва ҳатто худи президенти ИМА ҳам нашр мекунад. Бо нашри ин мақола ягон зараре ба Тоҷикистон нарасидааст, зеро он хато аст. Бо нашри ин мақола террористони наҳзатӣ ҳам ягон манфиате нагирифтаанд.

М.Садриддин илова бар террористу ифротӣ буданаш одати бисёр бади дуруғнависӣ дорад. Масалан, дар ҳамин мақола ҳам дуруғ менависад, ки гӯё дар конфронсу ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳрҳои Женева ва Варшава ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор гирифта бошад. Аммо ҳама шоҳидем, ки дар он ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванди вазъияти воқеиро баён карда, террористу ифротӣ будани наҳзатиҳоро фош карданд. Баръакс наҳзатиҳо дар он ҷаласа ба вазъияти бад гирифтор шуданд ва тирашон хок хурд. Натиҷаи он ҷаласаҳо буд, ки аврупоиҳо аз мақсадҳои аслии террористони наҳзатӣ ва ҷинояткор буданашон дурусттар огоҳ шуданд ва акнун рафторашон нисбат ба ин табоҳкорон дигар мешавад.

Он нафаронеро, ки М.Садриддин зиндониёни сиёсӣ ном мебарад, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайидов,  Муҳаммадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров дар асл ҷинояткоронанд ва барои ҳамин дар зиндон қарор доранд. Ҷойи ҷинояткор зиндон аст. Масалан, имрӯз агар М.Садриддин ё Кабирию дигар ҳаммаслакони онҳо ҳам дастгир шаванд, ҳатман равонаи зиндон хоҳанд шуд. Зеро ҷинояту хиёнат содир кардаанд ва аз ин раҳи душманӣ барнамегарданд. 

Ин ифротии бешарм кӯшидааст, ки Сарвари давлатро бо раҳбарони собиқи баъзе кишварҳои дигар муқоиса кунад ва бо ин роҳ сиёҳкории худро нисбат ба Тоҷикистон анҷом диҳад.  Аммо ин амали аблаҳонаи палидаки наҳзатӣ ҳам гуноҳи нобахшиданист. Зеро Раҳбари Тоҷикистонро бо он хизматҳое ки барои халқу Ватан кардаанд, бо раҳбарони кишварҳои барои М.Садриддин “ошно” муқоиса кардан танҳо як аблаҳист.

  М.Садриддин чизҳоеро менависад, ки мисли хобу хаёл аст. Масалан даъвои вай дар бораи Гуфтушуниди Сарвари давлат бо Кабирӣ. Аблаҳтарин инсон ҳам чунин андеша надорад. Кадом Раҳбари давлат бо террорист ва ҷинояткору хиёнаткор гуфтугу мекунад? Террористу ҷинояткорони мисли Кабирӣ ва ғайра бояд дар маҳбас бошанду халос. Раҳбари давлат бо мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд, ки меҳнаткашанду дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида Ватанро обод мекунанд. 

Баръакси навиштаҳои бемантиқи ин палидаки наҳзатӣ тамоми интихоботҳои замони истиқлолият шаффоф ва озодона буданд. Ҳайтаҳои нозир аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамин давлатҳои аврупоӣ ҳам интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардаанд ва натиҷаҳои онҳоро эътироф намудаанд. Яъне туҳматзанию интихоботҳои дар кишварамон доиршударо мавриди шубҳа қарор доданҳои М.Садриддин аз як ҳарзагуие бештар нест.

 

Туҳматҳои дигари палидаки наҳзатӣ дар хусуси мавзӯи иқтисоди кишвар низ ягон асосе надоранд. Ҳама шоҳиданд, ки иқтисоду саноати Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Корхонаю иншоотҳои саноатӣ бунёд меёбанд, роҳҳою нақбҳо сохта мешаванд...

Дуруғи навбатии М.Садриддин вобаста ба он аст, ки гуё ТТЭ ҲНИ-ро кишварҳои хориҷӣ террористӣ эътироф накарда бошанд. Дар асл ин гуна нест. Тамоми кишварҳои аъзои ШОС ва ОДКБ, ки сокинонашон қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ эътироф кардаанд ва онро ба рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ ворид кардаанд.

Ба М.Садриддини аблаҳ мефаҳмонем, ки Сарвари давлат ҳаргиз ба меҳмонии шумо нарафтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва раҳбарияти Конфедератсияи Швейтсария ба Аврупо сафар кардаанд. Мутмаинем, ки мулоқотҳою чорабиниҳо зимни ин сафар дар сатҳи олӣ мегузаранд ва натиҷаашон ба фоидаи мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Аврупо хоҳад буд.

Ба М. Садриддин гуфтанием, ки беҳуда зур назанед ва оид ба ин сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо дуруғу туҳмат нанависед. Зеро касе ба ҳарфи шумо гуш намедиҳад. Ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун террористони ҷинояткор медонанд ва маҳкум мекунанд. Навиштаҳоятон мисли хобу хаёл зуд фаромуш мегарданд.

 

Парвиз Собиров

Читать далее

Матлаби навбатӣ ва идомаи даъвифурӯшӣ

 

        М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо  лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст.


Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби  М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем. Ростӣ, ҳазорон маротиба  худро муваззаф  сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳем ва нодида бигирем, намешавад. Агар сукут ва хомӯширо ихтиёр кунем, ин тоифа ҳазорон тамғаи дигар, мисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳар кӣ алайҳи мутолиботи ин тудаи бадхоҳ чизе интиқодӣ бинависад, ҳатман тамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни  наҳзатӣ танҳо шумо ҳаққи интиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳам бигзоред, то дар нисбати матолиби интиқодиатон чизе нақдгуна интишор бидиҳанд.     Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.

          Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак” будан ва “дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯ мисли ҳарвақта аз неруи ба истилоҳ, оппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавли мардумӣ: “ба осмони ҳафтум мебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодоти шадидуллаҳни худро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйи сафаҳоти пойгоҳи хабариаш мерезад, ки рӯйи диктотури исломи сиёсӣ тамаркуз ва хомафаросоӣ мекунад. Неру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфу алфози қабеҳе, ки аз забони М. Садриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳо дар ин аст, ки ин неруи оппозитсонӣ, ки бар асоси исломизм ё исломи сиёсӣ маъракагирии сиёсию идеологӣ ҷур кардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳои салтанатхоҳию диктотуриашро дар либоси демукросӣ ва либеролизм пинҳон сохтааст ва мунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳ созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша аз ин навъ чолишҳо суд ҷуста ва меҷӯянд. Дар ин миён ПМТ ва созмонҳои ба он марбуту наздик, ки имрӯз сарбаландона худро “оппозитсия ва неруи бузурги миллӣ” унвон дода, аз ҳисоби сармояҳои баъзе доираҳои минтақавӣ ва ғарбӣ дар Аврупо фаъолияти сиёсӣ ва минбардорӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҷузъи пружаҳои вежаи сиёсӣ буда, аҳдофу эҳтиёҷоти геополитикии созмонҳои манфиатдори аврупоиро бароварда месозанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як гурӯҳи мухолиф бо даъвигариҳои барзиёд ва ба- чолишкашиҳои мудавоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва амсоли инҳо аз худ дарак медиҳад ва мунтаҳо, нақша-барномаҳои махсуси ҳориҷиро иҷро мекунад. Дар умум, ин навъ даъвию чолишҳо боиси ноҷурию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар мегарданд.

        Масъала ё ба истилоҳ, қазияи Радиои Озодӣ ин қадар М. Садриддинро нигарон сохтааст, ки онро мушкилӣ худ дониста, бар алайҳи ҳукумат метозад. Албатта, ки М. Садриддинро вазъи озодии мамлакат ҳеҷ нигарон намесозад ва Радиои Озодиро танҳо ба он хотир пуштибонӣ мекунад, ки нисбат ба фаъолиятҳои ПМТ ва тими мухолифин матолиби интиқодӣ интишор намедиҳад. Ва воқеият ҳам ҳамин аст, ки Озодӣ ба ин масоил (интиқоди тими наҳзатӣ) худро даргир  намесозад ва то имрӯз ҳеҷ матолибе интишор надодааст, ки характери интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд. Бинобар ин, масъалаи муҷаввиз надодани чанд корманди радио барои М. Садриддин “доғ” шудааст.

       Бигзарем, баъзе масъулин ва матлабнависони бахши тоҷикии дафтари “Озодӣ” ҳам аз ҷурму гуноҳ мубаррою муназзаҳ нестанд ва онҳоро “мусичаи бегуноҳ” ҷилва додани М. Садриддин ҳатман сирре дорад. Дигар ин ки то ҷое бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҷрои худ бурун рафта, ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ ба парокандани иғвою дасисаҳои навбатӣ иштиғол меварзад. Бар илова, Озодӣ ба пуштибонии М. Садриддин ва афроде мисли ӯ ниёз надорад ва мушкилоти он дар доираи қонунгузорӣ имрӯз не, фардо ҳаллу фасл мегардад. Мусалламан, дар тамоми дунё бархӯрдҳои давлатӣ бо расонаҳо ба назар мерасанд ва талаботи низоми давлатдории дунявӣ ҳамин аст. Аммо аз як масъалаи кучак қазияи бузург сохтан танҳо ба формати фаъолиятҳои гурӯҳҳое иртибот мегирад, ки ҳатман ният ва ҳадафи муғризонаеро дунбол мекунанд.  

 

                Фаридун Ориёӣ

  

 

Читать далее

Дипломатияи комёби тоҷик

                        

 

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.


 

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвардаи даврони Истиқлолият  аст. Аз тамоми давраҳои буҳрони давлат гузашта, дипломатияи тоҷик ифодагари манфиатҳои миллӣ ва  посухгӯи замон гаштааст. Сафари ахири Пешвои миллат ба кишварҳои калидӣ ва тасмимгирандаи сатҳи ҷаҳонии Аврупо аз он далолат мекунад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо фатҳ кардани уфуқҳои ҳудуди кишварҳои наздик ва аъзои ИДМ, дипломатияи самти аврупоиро ба арши аъло фаро мегирад. Пазируфтани ин амр барои бегонагон муҳол аст, ки 30 сол пеш Тоҷикистон  ҳамагӣ 7 дипломат дошт, ки онҳо бо корҳои дуюмдараҷаи ташрифотӣ машғул буданд ва асосан дар қабули гусели меҳмонони хориҷӣ, ки тавассути шаҳри Душанбе ба Москва мерафтанд, саҳмгир буданд. Рушду нумӯи дипломатияи тоҷик танҳо дар замони Истиклолият он ҳам бо заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати роҳбарӣ ва кории Вазорат ба вуқӯъ пайваст. Асосгузори дипломатияи навини тоҷик –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки санги таҳдоби Вазорати корҳои хориҷиро гузошт ва 29-уми сентябрро Рӯзи дипломатия эълон намуд. Ба асли мавзӯъ агар баргардем, аз пешрафти бесобиқаи дипломатияи тоҷик ҳама хушнуданд, ба истиснои аъзои раҳбарии ҳизби мамнӯи наҳзат, ки дар хориҷи кишвар бо такя ба ҷаҳлу таассуби фарогири  асримиёнагӣ, таблиғотро бар зидди дипломатияи фаъол ва устувори ҶТ ба роҳ мондааст. Наҳзатиҳои ҳеҷкораи ҳамадон намедонанд, ки сохторҳои дипломатӣ ва масоили сиёсати улвии хориҷӣ  ба ҳамаи миллат марбутанд ва барои ҳифзи тамомияти арзӣ, якпорчагии ҳудудӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони дар хориҷа буда равона шудаанд. Ҳамин наҳзатиҳо чун кундзеҳн ва чалласавод мебошанд, намефаҳманд, ки муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ  дар хизмати онҳоянд ва ҳамкорӣ бо онҳо барои сиёсиюни оворагард як амри зарурист.

Дар Европа мактабҳои зиёди дипломатӣ ва лоиҳаҳои гуногуни геополитикӣ зуҳур кардаанд ва марҳилаи пайдоиш, инкишоф ва суқутро паймудаанд.  Дар раъси яке аз ин мактабҳо - Николо Макиавелли, сиёсатмадори асри 15 ва 16-уми Европа меистад, ки дар китоби машҳураш «Давлатмард» роҳҳои сиёсати амалиро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Мавқеи ӯ дар шиори «Барои расидан ба ҳадаф ҳамаи воситаҳо хубанд» сару садоҳоро на танҳо дар афкори оммаи аврупоӣ, балки ҷаҳонӣ ҳам ба вуҷуд овард ва то ҳол ҳамчун нишонаи бадтарини татбиқи сиёсат ва давлатсозӣ шинохта мешавад. Тарафдори ин сиёсат ҳоло наҳзат аст.

Аврупо бояд тавозунро дар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба бо ниҳодҳои расмӣ ва созмонҳои мухолифини Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ва пуштибонии моливу маънавӣ аз ташкилотҳои ифротӣ, ки ба ҳар баҳона дар Европа қарор доранд, ҷузъи фаъолияти ҳозираи дипломатии Аврупо -ро ташкил мекунад. Ин дипломатия бар суннати қадимии аврупоӣ такя накарда,  бо минбар додан ба ташкилотҳои ифротӣ маҳдуд мешавад, ки дар ин робита, сифат ва кайфияти робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчун ягона ифодагари қонунӣ ва табии халқ латма мезанад. Дар дурнамои наздик, ин омил ба  болоравии  сатҳи ифротият ва таассуб дар ҷомеаи ғарбӣ ва дар марҳилаи ниҳоӣ барои шаклгирии афкори оммаи зиддимиллӣ, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳолат назорат ва хунсо кардани таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада, ки ношӣ  аз эътиқоди ҷангии наҳзатианд дар оянда,  номумкин хохад шуд. 

Аврупоиҳо бо тавсияи чанд нафар маъмур ва коршиноси худ, ки аз Точикистон хабар надоранд ва ё ки сатҳӣ ба масъалаҳои дипломатӣ бархӯрд мекунанд, ба ниҳодҳои ҳукуматӣ муносибати дугона ва ё дар баъзе мавридҳо хасмона дорад. Кор то ҷое расидааст, ки ниҳодҳои расмии давлатиро монда, мавқеи онҳоро дар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба инобат нагирифта, бе андозаи муайян мафтуни  аъзоёни фирории ҲНИ дар Европа шудаанд. Касе ба мавқеи ниҳодҳои дипломатии тоҷик гӯш намедиҳад, ки аъзоёни наҳзат бо ангезаву сабабҳои иқтисодӣ, яъне молу бозорёбӣ ба Европа ҳиҷрат кардаанд ва ҳамчун субъекти баҳсу мунозираи сиёсӣ аслан дар афкори оммаи дохилиҷумҳурӣ шинохта ва пазируфта намешаванд. Ҳизбе ки пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, ғояи динӣ ва мақоми волои Худоро ба инҳисори ҳизбӣ гирифта, мусулмон будан ва набуданро бо доштани билети партиявӣ марбут донистааст, наметавонад, баёнгари манфиати умуихалқӣ дошта бошад.  Ин созмонест ки дар асоси тахайюли бофтаву сохтаи як хонавода таъсис ёфта, он ҳам аз нуқтаи назари эътиқодӣ заиф ва парешон фаъолияти зиддимиллиро пеш бурда истодааст. Муомила бо рӯҳонияти таассубзада ва ақибгаро хавфу хатари ҷиддиро барои давлатсозӣ эҷод мекунад. Афроди  наҳзатӣ бинобар пойбандӣ ба ҷаҳлу таассуб ва якҷониба андешидан, дар таркиби давлат ба ҳайси сутуни 5-ум ҳамеша хизмат кардаанд. Андешаҳои нодурусти баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ воқеиятро баён намекунанд, зеро ҳамаи омилҳои рушдро дар муносибати кишварҳо ба назар нагирифтаанд. Дидгоҳи якҷониба ва яксӯбинонаи дипломатияи Аврупо нисбат ба созмонҳои эътирофшудаи ифротӣ-даҳшатафкан таҷдиди назар мехоҳад.

 

Рашид Султонзода, таҳлилгари масоили дипломатия. 

Читать далее

Давлатҳои Аврупо ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон

 

Аз рӯи хабарҳои дастрасшуда сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар назар аст, ки бо таклифи сарварони чанд давлати Аврупоӣ сурат гирифта, як қатор созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба имзо мерасад ва боиси ифтихори мардуми кишвар мебошад.


 

Бояд қайд намуд, ки Кабирию Иқболифлоси ватанфурӯшу хиёнаткор бо дигар наҳзатиҳои террорист дар сомонаҳои ифротии “ислоҳ.нет”, “паём.нет”, “озодандешон” мунтазам матлабҳоеро ба нашр мерасониданд, ки сарвари Тоҷикистонро ба Аврупо даъват намекунанд, акун сафар оғоз ёфт, наҳзатиҳои террорист мисли “маймуни кунсухта” аз тарс ба таҳлука  афтодаанд.  Акнун муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир хоҳад ёфт ва “хоҷагони хориҷӣ” бо ду дасти адаб онҳоро ба Тоҷикистон месупоранд, то ки барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди халқ ҷавоб гуянд. Чунки дар соли равон дар ҷараёни ҷаласаи САҲА дар Варшава симои аслии ифротӣ-террористии наҳазатиҳои хунхор аз ҷониби ҳайати расмии Ҳукумати кишвар дар назди аврупоиҳо пурра ошкор карда шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ин Кабирию, Иқболифлосу дигар наҳзатиҳо заифу нотавонанд, мисли шағол танҳо ҷоғ мезананду халос, аз дасти ин разилон ба ғайр аз иғвогарию дасисабозӣ дигар коре намеояд. Боз ин сагони дайду мардумро насиҳат мекунанд роҳ нишон медиҳанд, худро тоҷик мегиранд. Марг ба  чунин наҳзатиҳои беномус, аблаҳ бетамиз, ифлос. Мардуми кишвар ба Кабирию Иқболифлос ва дигар наҳзатиҳои чоплусу ватанфурӯш нафрат доранд,  онҳо душмани миллати тоҷик ҳастанд. Ҳарчанд онҳо худро «моњи беайб» нишон диҳанд ҳамон қадар нафрати мардум нисбаташон зиёдтар гашта истодааст.  

           Сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо, ин шинохти кишварҳои аврупоӣ аз давлати тоҷикон, дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ҳамчун шарики боэътимод мебошад. Акнун дигар дасисабозию иғвогариҳои душманони миллат-наҳзатиҳои хунхорро ба муқобили меҳану миллати тоҷик қабул надоранд. Умедворем, ки сафари сарвари давлат ба Аврупо натиҷаҳои босамар барои мардуми тоҷик медиҳад.  Бо умеди ғалаба ба бадхоҳони миллат, Тоҷикистон ба пеш!!!

                                                                                Сармасти Валӣ

Читать далее

Бегонапарастони наҳзатиӣ дар Фаронаса

 

         Рӯзи гузашта Паём нет хабар додаааст, ки як гурӯҳ аз роҳбарон ва тарафдорони мухолифини тоҷик дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар назди дафтари МЕДЕФ – Анҷумани соҳибкорони Фаронса, алайҳи сафари президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҷаммӯи эътирозӣ доир кардаанд. Қайд мегардад, ки ин нафарон дар даст шиору овезаҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо сухангӯи намуданд.


 

Акнун мебинем, ки ин роҳбарон ва тарафдорони бо ном мухолифини тоҷҷик аслан киҳо ҳастанд: Бобоҷон Қаюмзод, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ, Шоҳнаим Каримӣ, Илҳомҷон Ёқубзода. Шояд инҳо барои наҳзатиҳо роҳбар, қадрдон ва ё соҳиби иззату обру бошанд, аммо шахсан барои ман ин як тоифаи хоинони миллати тоҷиканд ва халлос. Инҳо афроде ҳастанд, ки ватану миллат надоранд. Аз сар то по дар вуҷудашон дурӯғ ва дар қалбашон торикиву хиёнат аст.

Баъдан инҳо бо раисашон Кабирӣ ҳамон пасмондаҳои наҳзатӣ, яъне мусор ҳастанд. Бовар дорам агар собиқ наҳзатиҳо аз хок сар мебароварданду аҳволи ин “ҳамақидаҳояшон”, меросхӯрҳояшонро медиданд аз шарм боз сар зери хок мекарданд. Зеро дар инҳо ягон заррае аз дин ва имон боқӣ намондааст. Наҳзатиҳои собиқ ҳадди ақал аз Худо метарсиданд. Онҳо пас аз муноқишаҳои дохилӣ хатоҳояшонро фаҳмиданд, аҳамияти ватандорӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву осоиштагиро сидқанд дарк намуданд, сулҳ карданд. Онҳо ҳеҷ вақт Аврупову Амрикоро надида буданд ва фикр ҳам намекарданд. Аммо насли навини наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва он чор буздили ватанфурӯше, ки нисбаташон дар боло ишора намудем, акнун ҷойи гарми худро ёфтанд. Шояд мегуянд, ки “Худо дод, ё насиб ҳамин будааст”.

         Худ қазоват кунед, ки Паём нет мегӯяд, “таҷаммӯи эътирозии мухолифин”. Ин чунин аст, ки 4-5 нафар буздили хоин бо мақсади намоишҳои эътирозӣ омаданд, аммо дар даст плакатҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфтанд. Пас ин чӣ гуна таҷаммуъи эътирозӣ буд?  Магар ҳамин гуна корро дар ҷойи зисташон мекарданд намешуд, ки ин қадар сарсону саргардон шуда ба Порис омадаанд. Яъне онҳо дар як ҷои бехавф дар рӯбаруи камера сухан мегуфтанд ва сабти онро аз тариқи сомонаҳояшон чун ҳарвақта намоиш медоданд. Бале намешуд, зеро онҳо супориши хоҷагонашонро иҷро кардаанд ва барои ин амалашон шояд мукофотҳо онҳоро интизор буд. Ва дар сурати дигар агар дар даст шиорҳо ҳам медоштанд ва шумораи онҳо бештар ҳам мешуд ва бигузор, ки мардуми он кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд ҳам мекарданд, пас чӣ? Магар ин шармандагӣ нест? Ин панҷ нафар дар асл, кистанд ва барои Тоҷикистон, ватану миллат ба ғайр аз ҷангандозӣ дигар чӣ кори хайреро анҷом додаанд. Бисёр ҳам олӣ мешуд, ки мақомоти низомии Фаронса дасту пойҳои ин хоинонро баста ба Тоҷикистон месупурданд ва онҳо дар назди қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб мегуфтанд.

Тоҷикистон ба пеш!

Нест бод хоинони миллати тоҷик!   

 

Сафар Абдулло, донишҷӯ.

 

Читать далее

Амалҳои аблаҳона дар Аврупо

 

 

Сафари Президенти Тоҷикистон дар Аврупо шуруъ идома дорад.


Мувофиқи хабари васоити ахбори умум Сарвари давлат ба Швейтсария ва Фаронса ташриф меорад. Дидору мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо раҳбарияти ин кишварҳо, ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни сохторҳои Тоҷикистону он кишварҳо, инчунин форуми муштараки соҳибкорони тоҷику аврупоӣ зимни ин сафар дар назар дошта шудааст. Албатта ягон чизи ғайриодие дар анҷом ёфтани ин сафар ба назар намерасад ва тамоми ин кӯшишҳои Сарвари давлат барои пешрафти Тоҷикистон ва беҳбудии аҳолӣ равона карда шудаанд. Фақат ҳамин аст, ки як тудаи душмани миллат ва бадхоҳи Тоҷикистон, ки асосан аз нафарони ТТЭ ҲНИ ва созмони ифротии Гуруҳи 24 иборатанд, дар ин рӯзҳо аз тарс ба таҳлука  афтодаанд. Метарсанд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Эҳтимол баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист ва аъзоёни Гуруҳи 24, ки ҳамагӣ ифротианд, тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Бе ин ҳам, баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани раҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи 24 огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.

Аз ҳамин сабаб наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо, ки дар Гуруҳи 24 ҷамъ омадаанд, имрӯз ба дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат тавассути мақолаҳо машғуланд. Мақолаҳое ки касе онҳоро намехонад ва бовар ҳам надорад, зеро дуруғанд ва ягон асосе надоранд. Ғайр аз ин ин тудаи табоҳкор ба амали дигаре даст задаанд, ки дар баъзе шаҳрҳои Аврупо, аз ҷумла дар Берн ба хиёбон баромада бо бардоштани чанд навиштаҷоте аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд. Аммо ин амал ҳам фоидаашон намекунад, зеро дар Аврупо чунин амалҳо як кори муқаррарӣ аст. Қариб ҳар рӯз ягон эътирозе ё намоиши дигареро дар кӯчаву хиёбонҳои аврупоӣ ммебинед. Намояндагони бисёр халқҳое ҳастанд, ки дар Аврупо даст ба чунин намоишу пикетҳо мезананд ва хеле сершумор ҳам ҳастанд, масалан курдҳо, фаластиниҳо ва ғайра. Аммо касе ба ин гуна амалҳо эътибори ҷиддӣ намедиҳад. Аврупо масъалаҳои аз ин муҳимтар дорад. Нафарони наҳзати ва Гуруҳи 24, ки имрӯз дар хиёбонҳо Аврупо баромадаанд ва зидди Ватани худ амал карданианд шумораи ихеле кам доранд ва амали онҳо ҳам хандаовару ҳам нафратовар аст. Онҳоро журналисти варзида Додоҷони Атоулло бисёр хуб шинохта ва баҳо додааст. Тавре ки вай дар навиштааш таъкид мекунад, ин нафарон, ки худро мухолифин меҳисобанд, ниҳоят ҳақиру ғарибу нотавонанд. Воҳимаашон аз худашон бамаротиб калонтар аст. Гоҳ аз номи мардуми тоҷик сухан мегуянду гоҳ чунон воҳима мекунанд, ки гуё раҳаброни кишварҳои аврупоӣ ба гапи онҳо кор мекарда бошанд. Лекин мардуми тоҷик аз руи ин худбохтагони аблаҳ безор аст. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бошанд, ба эҳтимоли зиёд аз мавҷудияти ин тудаи табоҳкор, яъне наҳзатиҳо ва Гуруҳи 24 ҳатто хабар ҳам надоранд. Агар дуруст хабар медоштанд ва аниқтар медонистанд, ки инҳо террористу ҷинояткоранд, дар як рӯз ҳамаашонро баста гов барин ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

 

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ Тоҷикистони демократию озодро мешиносанд ва бо Раҳбари давлат, ки сулҳу суботро барқарор кардаасту бо ташаббусҳои наҷиб дар арсаи байналхалқӣ шинохта шудааст, кор мекунанд. Ягон хел доду вовайло ва пикету намоишҳои ҳақиронаи наҳзатиҳою Гуруҳи 24, ки ҳамагӣ ҷинояткору хоинанд, ба раванди ҳамкориҳо ва ҷараёни сафари Сарвари давлат дар Аврупо халал расонда наметавонанд.

 

Парвиз Собиров

Читать далее

На лжи далеко не уедешь

Именно так можно расценить провокационную заметку информсайтаАССА под названием «Комитет национальной безопасности Таджикистана уличили во лжи».


Ибо авторы этой дешёвой публикации с большим усердием игнорируют официальную информацию Пресс-центра пограничных войск ГКНБ РТ, где четко сообщается: «В ночь на 06 ноября 2019 года в 03: 23 минуты вооруженная группа, состоящая из 20 неизвестных лиц в масках, с применением огнестрельного оружия напала на пограничную заставу №4 «Ишкобод» войсковой части пограничного отряда «Султанабад».

В ходе нападения они захватили 5 единиц огнестрельного оружия (АКМ). В результате операции силовых структур 15 членов вооружённой преступной группы, находящиеся в окружении, были нейтрализованы, 5 из них задержаны. В вооружённой перестрелке погибли 1 солдат Пограничных войск и 1 работник Министерства внутренних дел РТ».

Далее Пресс-центр пограничных войск ГКНБ РТ дополнительно сообщает: «В ходе следственных действий и допросов задержанных установлено, что вооруженная террористическая группа, совершившая 6 ноября 2019 года вооружённое нападение  на пограничную заставу №4 «Ишкобод» войсковой части пограничного отряда «Султонобод», 3 ноября 2019 года, используя тёмное время суток, незаконно пересекла государственную границу в улусволиКалаи Зол Исламской Республики Афганистан согласно специальному заданию (все являются членами так называемой террористической группировки  «Исламское государство») и перешла на территорию Кубодиёнского района. Она избрала для себя наиболее удобной позицией пограничную заставу «Ишкобод»  и вступила в вооружённую перестрелку.

В настоящее время оперативно-следственная группа продолжает расследование».

Как говорится, все факты на лицо. Но несмотря на это, АССА выступая в роли т.н. «знатока афганской проблематики», со ссылкой на представителя силовых структур Афганистана отмечает, что «афганско-таджикский участок границы, который называется таджикской стороной, плотно охраняется с обеих сторон, и проникнуть через эту местность и остаться незамеченным было практически невозможно».

 Данное утверждение, как пишет АССА, может стать основанием для вынесения вердикта: «Таким образом, официальная версия Государственного комитета национальной безопасности Таджикистана полностью развалилась».

А где, доводы, факты, доказательства?

Вместе с тем, следует заметить, что за последние годы более 100 стран мира стали объектами разрушительных действий террористов,   в результате террористических атак погибли сотни тысяч мирных жителей, миллионы людей покинули свои жилища.

Только на территории  Афганистана в прошлом году вследствие боевых действий и террористических актов пострадали свыше 10 тысяч мирных граждан, около  4 тысяч  погибли. Из этого числа 32 процента погибших составили дети, а 53 процента раненных - женщины и дети.

В результате поражения ИГИЛ в ирако-сирийской зоне, наблюдается переброска боевиков из числа граждан не только центрально-азиатских государств, но и других стран в Афганистан. Среди них есть не только таджики, но и казахи, узбеки, кыргызы, уйгуры, чеченцы, татары, русские…

Если в предыдующие годы в составе более 20 действующих террористических группировок в Афганистане действовали граждане всего 15 государств, то в настоящее время представители свыше 100 стран мира воюют в составе террористов. 

Ранее представители российских спецслужб неоднократно заявляли, что наблюдается устойчивая тенденция перемещения боевиков ИГ из центральных и восточных провинций Афганистана на сопредельные с Таджикистаном северные афганские территории.

С учётом сложного рельефа местности, имеющихся трудностях в физической и оперативной охране госграницы, проникновение небольших террористических групп из Афганистана в Таджикистан и другие страны ЦА вполне реалистично.

Тем более, что Исламское государство взяло на себя ответственность за нападение на таджикский пограничный пост на границе с Узбекистаном.

Это разве не факт!

 

 

Ахмет Гулиев, эксперт

Читать далее