09 November 2019

Сафари созандаи Раҳбар ва бадхоҳии душманон

 

 

 

Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд.


Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тайи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру  наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндаги шарафмандонаи сокинони муазами кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.

         Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони бо суръати кишвар тамоми имконоти хешро сафарбар намуда, онро дар ҳоли амаликунонӣ қарор доранд. Мусалам аст, ки дар ҷаҳони имрӯз саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, нишондиҳандаҳои пешрафти саноат дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳад, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ду омили асоси; яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи навин мебошад, ки тавонад корхонаҳои саноатии кишварро дар баробари корхонаҳои дигари ҳамсон ба рақобатпазирӣ тобовар намоянд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои дастнахурдаи кишвар, махсусан дар зимни сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии ба вуқуъ пайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт дар баробари мулоқот бо  лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро муарифӣ намуданд. Зимни муарифӣ раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Албатта ҳар сафар бо бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа сурат мегирад, ки натиҷаҳои онҳо пас аз гузашти вақт барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор хоҳанд овард. Сафари навбати Президенти кишвар, ки ба давлатҳои Аврупоӣ нигаронида шудааст, метавонад дар ояндаи наздик барои кишварамон паёмадҳои некеро дошта бошад, зеро кишварҳои Арупои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба гуруҳи давлатҳои пешқадам ва таъсиргузори сайёра ба ҳисоб рафта, дар тасмимгириҳои муҳими ҷаҳони даст доранд.

         Аммо ин сафар барои наҳзатиҳои террористи хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ин дафъа низ хиёнатгарона ва нотавонбинона буд. Ин гуруҳи беҳувияти худбохта, ки муддати мадидест дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро шиор табдил додаанд ва аслан моҳияти онро аслан дарк намекунанд, хостаанд дар Фаронса  беобурӯиву пурпӯстии хешро “даъвогар”  ва “озодманиш” нишон диҳанд. Вале воқеият  на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт.  Аҷиб ин аст, ки ин террористони ҷиноятпеша, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо беруии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечоранолӣ, мазлум нишон додан гӯё мехостанд, додхоҳии хешро изҳор намоянд, вале чун дар тамоми амалкардҳояшон хусусиятҳои ифротгароиашон бармало ҳаст ва онро наметавонанд идора намоянд, боз ҳам дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолиф ва муғойири тамоми меъёрҳо буд пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд. Худи ҳамин амал бозгӯкунандаи он аст, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим муносибат карда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон  сурат мегирад. Мутмаинем, дар сурати одитарин фурсат барояшон пайдошудан дубора бо ришу ҷелакҳои террористи барои диндор кардани мардумони Аврупо бо шеваҳои хашини инсонбадбини шуруъ хоҳанд кард.  Зеро андешаи ифротию хашини ин гуруҳро бо ҳеҷ чиз пушонида намешавад. Сад накунӣ, ки террорист террорист боқӣ мемонад.  

 

Эҳсони Илҳом

Читать далее

Нотавонбинӣтобакай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!

 

 

  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса муносибатҳои мутақобилаи судманд дошта, ҳамкориҳо байни ду давлат дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудааст.


Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. 28 ноябри соли 2012 дар ш. Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ба душ дошт. Ҳамчунин дар шаҳри Парижи Фаронса Анҷумани форсизабонони ҷаҳон бо номи Рудакӣ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро шаҳрванди ин кишвар профессор Масъуд Миршоҳӣ ба уҳда дорад.  Қобили қайд аст, ки дар заминаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса (4 декабри соли 2002 дар ш. Париж имзо шуд) ҳамчунин дар ш. Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.  

         Сафари дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2019 низ бо мақсади тақвият ва тавсеаи  ҳамкориҳои муштарак ва манфиатбахш нақшабандӣ карда шудааст.

Тибқи бархе аз расонаҳои ҳангоматалаб, пайравони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ менамоянд, иддао доранд, ки ин сафари роҳбарияти давлати мо характери инфиродӣ ва пинҳонӣ дорад. Чуноне, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ маълум гардид (агар сафар махфӣ мебуд, барои мо барин шахсон дарёфти маълумот дар ин ҷода мушкил мебуд) ҳангоми ин сафар роҳбарияти давлатро як қатор сарварони муассисаву ташкилоти ватанӣ, нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин замина ба имзо расонидани якчанд созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилоти фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қабл аз вуқӯи сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ҳафтаҳову моҳҳои зиёде барои мувофиқа намудани он, тартиб додани чорабиниҳои ташрифотӣ, таҳияи раводид ва таъмини амнияти меҳмонони воломақом сарф мегарданд. 

З-ин сабаб даъвои беасоси нотавонбинон, ки пешравии мамлакати моро, қабл аз ҳама ватани мо ва худи онҳоро дидан намехоҳанд, бе асосу бе мантиқ аст. Агар шумо ҳисси милливу ватандӯстӣ доред, чаро дар бораи корномаҳои варзишгарону мактаббачагони Тоҷикистон ки дар арсаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтаанд, намегуеду васф намекунед, шодишарики мо нестед. Танҳо ба паст задани обрӯй ва нуфузи кишвар, халқу миллат ва давлати тоҷикон  машғулед. Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!

 

Собири Камол

 

        

 

Читать далее

Мушти обдори амниятиҳобадаҳони ифротгарон

            

Дар Фаронса воқеаи наҷиб рӯй дод. Кормандони  муҳофизи Пешвои миллат, ки ӯро дар ҳангоми сафар  ҳамроҳӣ мекарданд, ба авбошӣ ва ҷинояткори  аъзои гурӯҳи 24, ки мехостанд, тартиботро халалдор кунанд, мушти обдор заданд.


Гуфта мешавад, ки мушти тоҷикӣ ба пешонии ифротгароҳо бисёр вазнинӣ кардааст, ки чанд нафари онҳоро мошини ёрии таъҷилӣ бо худ бурдааст. Аҳсант ва сипос ба ин гуна афсарони амниятӣ.  Ин ҳалқаҳои ҳеҷкораи ҳеҷмадон то ҳамин лаҳза аз касе ҷавобе ва подоше нагирифта буданд ва табиист, ки вақте мушти хуб обутобёфтаи деҳқонии тоҷикро ба пешониашон эҳсос карданд, фаҳмиданд кор то куҷо ҷиддист. Дарк карданд, ки бо ёвасароӣ ва жожгӯйӣ наметавон тамоми умри худро масраф кард. Донистанд, ки ҳар амали нораво подоше дорад ва ин подош дар ин муддати замонӣ бар пешонии онҳо ҳадаф гирифтааст.  Шармандагии аз ин беш намешавад, ки дар ғарибӣ боз аз дасти тоҷики худ бинобар беақливу бетарбиягӣ мушт хурӣ. Ин мушт – мушти холӣ ва танҳо набуд. Он мушти дастаҷамъии тамоми ватанхоҳон аст, ки беадабиро қабул надоранд. Он каҷравони уфтодахотир фаромӯш кардаанд, ки адаб тоҷи сари мардон аст. Ва меҳмон дар куҷое набошад, атои Худованд аст.Ҳадафи мушт беҳуда гурӯҳи 24 намебошад. Ин гурӯҳак, ки аз 3 нафар беш нест, вақтҳои охир ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, ба ном «ҳаракати ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон ва инкишоф» ва ғайра музахрафотро ба дили худ созмон додааст. Фалсафаи вуҷудии ин гурӯҳ мисли афроди онро ташкилнамуда, аз нишонаҳои ҷунунӣ иборат аст. Иштиёқмандон ангушти ҳайрат мезананд, ки то куҷо ҳар тоҷири аз панҷаи қонун фирорнамуда, барои хуморшикании худ, созмонаке ташкил медиҳад ва худро «муборизи роҳи озодӣ» медонад. Ҳоло он ки ҳамин Сӯҳроб Зафар чун иртиботи хонаводагӣ бо Ғаффори «Седой» дорад, аз мактаби хиёнатпешагӣ ва аз пушт ханҷарзаниро нағз омӯхтааст.

Ин нотавонбинон намедонад, ки садоқат ва шоистагӣ ду усулест, ки ҳар давлате бар ин пояҳо устувор ва собит, дурнамои неки худро таъмин мекунад. Ҳамчун пайомади ин каҷравиҳо, чун якеро меҳмони зиндони Тоҷикистону гардонида, дигаре ҳамчун мизбони ҳамешагии боздоштгоҳҳо буда, фаршҳои маҳбасҳои Туркияро фарсуда кардааст. Ин ҳама хиёнат аз орӣ будан аз  арзишҳои инсонӣ: 1) Шоистагӣ; 2) Садоқат мебошад, ки 24иҳо мубтало ба ин дарди бедаъво кардааст.

Аслан, шоҳидони воқеӣ аз гурӯҳи 24 чунин ҳикоя мекунанд. Мақсади аз ҳам пошидани ин гурӯҳ аз он иборат буд, ки Н.Ризоӣ, Ҳ.Ашуров ва Ш.Гадоев бо фиребу найранг ба сари С.Зафар об рехта, бо роҳҳои номашрӯъ худро ба Европа расониданд. Ба иборати дигар, С.Зафарро ҳамчун шахси номатлуб ва ғайриқобили эътимод дар Туркия партофта рафтанд.

Дигар хосияти гурӯҳи 24 дар таваҳумоти исломӣ ва дунявӣ қарор гирифтани ин ташкилот  аст.  Набуди дарки амиқ аз муборизаи сиёсӣ,масъулони ин гурӯҳро маҷбур месозад, ки аз як дар ба як дар ва аз як кишвар ба кишвари дигар дар гурез бошанд. Зеҳнҳои ларзон ва тарсонашон  дар ҳаракати ноҷо ва бемаврид қарор доранд.  Гурӯхи 24 аслан решаҳои амиқ дар тариқатҳои диние дорад, ки бо сиёсат ва муҳити солим душманӣ меварзанд. Рақсҳои ҷунуномез ва сӯфиёна, ки хоси иделогияи ин гурӯх аст, ин аъзои гурӯҳро мафтун кардааст, ки ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд ва яке худро дар Европа ва дигаре дар Туркия ёбанд. Ин аст ҳолати Г24 ва амсоли ӯ. Дар қишлоқи мо мегӯянд, ки  чун қиёмат қоим шуд,  дунё ба охир расид, к..(қофила) ба кӯдак мерасад».

 

ФирӯзИсломов, таҳлилгар 

                 

Читать далее

Не все СМИ и журналисты одинаково полезны

 

 

В СМИ различного рода организации такие как «Репортеры без границ», нередко обсуждают судьбы журналистов и журналистики  из Таджикистана.


 

Авторы статей озабочены тем, что журналистика вымирает, «находится на грани полного исчезновения», теряет доверие в глазах общественности, переживает профессиональный упадок.  Связывается это с тем, что «свобода слова переживает кризис в связи с усилением правительственного контроля над СМИ и интернетом, через госучреждения, а также нежеланием независимых СМИ рисковать своим положением из-за критических материалов». Даже было опубликовано «молебное письмо» с призывом о помощи к Президенту Франции Э.Макрону во время встречи с Президентом Таджикистана Э.Рахмоном.  В таких публикациях говорится и о том, что журналисты и редакторы покидают страну или меняют профессию, не дождавшись моральной и материальной поддержки от властей. В свою очередь, всегда ли местные журналисты, «обуреваемые чувством глубокого патриотизма» в нелёгкие для родины времена поддерживают народ и его руководство? Что мешает им повести себя так, а не и иначе, сконсолидироваться вокруг национальной идеи? Ведь профессиональный долг обязывает журналистов осознать всю серьёзность происходящего в стране и у её рубежей, признать полную меру собственной ответственности. В этом заключается журналистский и гражданский долг. В этом заинтересовано как общество, так и власть. Представитель СМИ обязан выступать с гражданской позиции за процветание и прогресс Отечества. Для журналиста главным являются интересы нации, к которой он относится или которую представляет. Часто СМИ Таджикистана свойственно ложное профессиональное братство, когда словесные выпады чужаков на государство, на имидж республики, на престиж нации остаются без внимания, без адекватного  и симметричного ответа.

После падения «железного занавеса» и обретения права на беспрепятственное передвижение, многие недовольные, соблазнившись западными ценностями, решили, что  достойны более комфортной жизни, чем на родине. Как мухи на мёд, они массово хлынули на Запад, в США, Европу в поисках счастья на землях обетованных. Ненужные ни родине, ни Западу, искали и ищут поводы, способы и любые возможности перебраться туда на ПМЖ, мечтают о виде на жительство, выигрыше грин карты. В крайнем случае, рассчитывают на политическое убежище. Именно таким, окольным путём пошли некоторые журналисты, которые под личиной «преследуемых и гонимых» по политическим мотивам, решили переселиться в Европу или США. Им не стыдно бежать с родины под благородным предлогом борьбы за убеждения, духовые ценности и близости к «истинной демократии», но в тени остаются их истинные мотивы  – корысть и ценности материальные.  

За последнее время около десятка журналистов и блогеров покинули Таджикистан, попросили убежище в Европе. Границы РТ давно открыты для свободного въезда-выезда желающих. Отъезд на Запад на постоянное место жительство никому не заказан. Сотни тысяч таджиков проживают и работают по всему миру. Но переселение указанных журналистов представлено в СМИ как сенсационное бегство от «политических ограничений и преследования»,  ареста и даже смерти. Хотя они переезжают в другие страны не как простые обыватели, а с целью выжать из ситуации по максиму. Планируют воспользоваться гуманитарной визой, которая даёт право на неплохую материальную помощь и льготы. Например, только в организацию "Репортеры без границ" (RWB) в Париже обратились за помощью пять таджикских журналистов, пожелавших остаться инкогнито. И это стало нездоровой тенденцией, когда журналисты, ведущие на родине весьма благополучную жизнь, под надуманным предлогом давления и преследования, пытаются выгодно продать себя, обосноваться на Западе, получить  вид на жительство, гражданство или политическое убежище. Оттуда они нередко лоббируют интересы и идеологию различных террористическо-экстремистских структур, в том числе ТЭО ПИВ, деятельность которой запрещена в Таджикистане. Пропуском, звёздным билетом, карт-бланшем для такого их поведения служат ежегодные рейтинги зарубежных неправительственных организаций, в том числе  «Всемирный индекс свободы прессы» RWB или рекомендации ООН, где, по недоброй традиции, из года в год говорится о «тревожном снижении уровня свободы слова в ряде стран мира». Таджикистан – в их числе. Уехавшим и отъезжающим не стоит заниматься политическими спекуляциями, а следовало бы иметь мужество озвучить подлинные причины своих эмиграционных настроений. «Не путать свою шерсть с государственной». К большому сожалению, Таджикистан знает немало случаев, когда его бывшие граждане гадят на родине, а жить хотят на чистом, в Европе.

 

                                                                                                                                                                  ДиловарКодиров, социолог, журналист

Читать далее

Саг меҷакад корвон мегузарад.

 

Ҷавоб ба “гурӯҳи 24”, ки  бо 4 нафар миллатро шарманда кардан хост.


 

 

4 нафар аз ноҷавонмардон аз ҳаромтарину фаҳштарин, чоплусу худобехабарон, хоинони миллат, кӯрдил ва беномусон, ғару дузд, оқипадару даюс, дасисабозу маккор ва навкарони ким кадом дастгоҳи тахрибкори хориҷӣ, шайтонҳову авомфиребон, номардону сияҳкорони худхоҳ, мансабталабони фиребгар аз “гурӯҳи 24” ва дастгоҳи ҷосусии Кабирӣ шаъну шарафи миллати тоҷикро паст задан хостанд. Чуноне, ки мегӯянд, як гови р...ин тамоми подаро расво мекунад. Ҳамагӣ чор нафар аз шаҳрвандонамон, мутаасифона шояд тоҷик ҳам бошанд дар даст навиштаҷотҳо худро аз “гурӯҳи 24” муаррифӣ намуда дар пешвози Сарвари давлатамон дар Шветсария гуё тазоҳурот кардаанд. Ин аст қудрати Кабирӣ бо тамоми хоҷагони хориҷиаш. Агар касе онро тамошо карда бошад, мебинад, ки ин буздилон танҳо барои иҷрои вазифаашон ин наворро сабт намудаанд. Дар асл он ягон тазоҳурот ҳам набуд ва ягон таваҷҷӯҳе ба онҳо нашудааст. Ҳатто дар масофаи то 50-70 метр дар гирду гӯшаи онҳо одам ҳам набуд.

Ба назари банда ин амали беақлона бо як мақсад ташкил шудааст, яъне гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Аз он Кабирӣ бо ин 4 нафар чоплусаконаш шояд тангае аз хоҷагонашон ба даст оварданӣ шуданд. Вобаста ба ин амал зарбулмасале ҳаст “саг меҷакад корвон мегузарад”.  Тоҷикистон ба пеш! Тоҷикистон ба пеш! 

Раҳмон Ҳакимов

        

 

 

           

Читать далее

Натиҷаи сафари Президенти Тоҷикистон - манфиати мардум

 

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти  Љумњурии  Тољикистон, муњтарам Эмомалї  Рањмон  ба  кишварњои Аврупо,  воќеъан  њам  як  зарбаи  сахте ба наҳзатиҳои террорист ва ифротиёни Гуруҳи 24 мебошад.


 

Ин тудаи табоҳкори хоини  миллат њазор доду вой бардоранд,  дарњои  созмонњои  гуногуни  њуќуќи  башар ва ѓайраро кӯбанду худро бегуноҳу бечора ҳам нишон диҳанд, дар  кишварњои Аврупо    паноњандагї  љўянд, ҳар қадар дуруғпароканӣ кунанд ва туҳмат зананд ҳам, дигар  фоидае  надораду дар ин мубориза кайњост дучори  маѓлубият  шуданд.

Кишварњои  Аврупо,  созмону  намояндагињои  онњо  Љумњурии  Тољикистонро  њамчун субъекти мустаќили муносибатњои  байналмилалї  шинохтаанд. Ба ин  масъала  бори дигар  дар вохўрии  Президенти  Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон ва вакилони   Порлумони кишвар бо  вакилони Порлумони Аврупо  дар раъси Фулвио  Мартучелло, ки 31 октябр – 1 ноябри соли 2019 дар шањри  Душанбе  доир  гардид, низ  ишора карда  шуд.

Хоинони миллат, аз ҷумла наҳзатиҳо бояд  фаромўш  накунанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил имрӯз тамоми қудратро барои истодагарӣ дар муқобили душманон ва маҳв сохтани онҳо дорад. Мисоли равшан, амалиёти махсуси рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аст, ки зимни он сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кутоҳ тавонистанд як гурӯҳи калони террористии ДИИШ-ро безарар намоянд. Яъне ҳар гуна душманеро, ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад дорад ва амали душманонае анҷом доданӣ мешавад,  чунин подоши амал интизор аст.

М. Кабириву тарафдоронаш хурсанд  буданду љор  мезаданд,  ки  бо  паноњанда шуданашон  гуё Аврупо  пурра  тарафдори онњо  шудаасту   ба  рӯи Тоҷикистон дарвозањои  худро  мебандад. Вале,  ин  дафъа  низ  тирашон  хато  хўрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Президенти  кишвар  аз ҷониби давлатҳои муҳимтарини аврупоӣ барои анҷом додани сафар даъват гардиданд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гифта шуданд. Сарусадоњои  наҳзатию бистучориҳо дигар њамааш  бефоида  аст. Дигар роњпаймої  мекунед  ё  намекунед, дасту по мезанед, фарќ  надорад. Аз тарафи дигар ин гуна амалҳо  барои  Аврупо  як кори муќаррарї  асту кассе эътибор ҳам намедиҳад. Раҳбарияти давлатҳои Аврупо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин тарзи амалро барои худ манфиатнок меҳисобанд, ки албатта дуруст аст.

Ёдовар  бояд  шуд, ки Иттињоди  Аврупо  ахиран  нисбати минтаќаи Осиёи Марказї аз љумла Љумњурии Тољикистон, стратегияи нави  сармоягузорињои  худро  ба  кишварњои  минтаќа  ќабул  кардааст. Аз  ин  лињоз, барои пиёда  кардани он танњо  бо  њукумати расмї  робитаи  корї  доранд,  на  бо  ҷинояткорони фирорї.

Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки сафари  Пешвои миллат дар  Аврупо муваффақона идома дорад ва анҷоми он бобарор  хоњад  буд. Натиҷаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва созишномаҳои ба имзо расида албатта ба манфиати мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои аврупоӣ мебошад.

 

Ёралии Набӣ

 

 

 

Читать далее

Арзёбии холис кофист то моҳияти ин сафарњо ошкор гардад

 

Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалњои байни давлатї ки фарогири самтњои мухталифи њаёти иљтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роњандозї шуда, мавриди омўзиш ќарор гирифта баъдан тавассути сафарњои корї ва вохурињои сарони давлатњо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд.


Дар замони истиќлолият ки Тољикистон ба њайси субъекти мустаќили љомеаи љањонї пазируфта шуд ва равобити муносибатњои дипломатиро ба кишварњои гуногцни љањон ба роњ монд. Дар шароити имрўзаи љањонї њељ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварњои дигари олам дар танњої масоили иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангии хешро анљом дињад. Имрўз љомеаи љањонї дар равобити мутаќобилаи њамешагї байни субъектњои он ќарор дорад. Њатто абарќудраттарин кишварњои љањон дар робитаву муносибат аз лињози иќтисмої, фарњангї ва иљтимої бо кишварњои дигари љањон ќарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатњо дар чорчубаи созишномањо ва меморандиумњои њамкории дуљонибаи бисёрљониба, ки зимни вохурии сарони давлатњо ба тавсиб мерасад, амалї карда мешавад. Љумњурии Тољикистон њам ки имрўз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонњои минтаќавї аз ќабили ИДМ, СЊШ, СПАД, САЊА ба созмонњои љањонї аз ќабили СММ ва зери сохторњои он дар робитаи њамешагї ќарор дорад ва бо онњо созишномањои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онњо то њанўз бањрабардорї менамоянд. Сафарњои Президенти кишвар љињатњои муњими иќтисодию сиёсї ва иљтимоию маънавиро дар бар мегирад. Ањамияти ин сафарњоро метавон ба тарзи зайл дастабандї намуд.

  1. Ин сафарњо дорои ањамияти иќтисодї буда, зимни онњо созишномањои тарафайн љињати ба роњ мондани њамкорињои иќтисодї аз љумла таъсис додани корхонањо ё филиали корхонањо, ворид намудани технологияи навин, сармоягузорї дар бахшњои гуногуни њаёти иќтисодию иљтимої, бозорёбї, тиљорат ва амсоли инро дар бар мегиранд, ки имкон медињанд минбаъд як пешрафти куллие дар ин самт ба вуљуд ояд.
  2. Љињати сиёсї зимни мулоќотњо, гуфтушунидњо ва вохурии сарони давлатњо бори дигар сиёсати хориљии кишвар муайян гардида, мустаќилияти кишвар ва тасмимгирињои сиёсии он љињати робита ва муносибат ба кишварњои дигар муайян мегардад. Њамчунин манфиатњои миллии давлати Тољикистон муайян гардида зимни табодули афкор ва бастани шарномањо онњо њамчун мењвар ќарор гирифта симои сиёсати дохилї ва хориљии Тољикистонро муаяйн месозанд.
  3. Табодули фарњангї сурат гирифта робитањои фарњангии ќавї мегарданд ва бо фарњанг, дастовардњо, таърих, љойгоњ, таъсиргузорї, арзишњои кишварњои мутаќобила, ошної  пайдо менамоянд. Дар ин замина бахши љањонгардиву сайёњї рушд намуда таъриху осори кишварњои гуногун муаррифї мегарданд.  
  4. Ин сафарњо метавонанд кишварро муаррифї намуда таърих, арзишњо, фарњанг, мавќеи љойгиршавї, захирањои табиї, имкониятњои рушд, дурнамои рушд, ќонунгузорї, шакли давлат ва амсоли инро муаррифї намоянд. Дар аксари ин сафарњо мулоќоти роњбари давлат ба тољирони сармоягузорони кишвари мизбон сурат мегирад,ки зимни он имкониятњои кишвар дар самти иќтисодї дар шакли лоињањои ифодагари манфиатњои тарафайн муаррифї мегарданд.Њамин аст,ки тайи 28 соли ахир зимни сафарњои Сарвари давлат Тољикистон муаррифї гардида  имкониятњои он ва таъриху фарњанги моро кишварњои гуногун шинохтанд ва пазируфтанд.
  5. Ањамияти таљрибавиву бозомўзї доранд. Мусаллам аст, ки зимни сафарњои сарвари давлат њайатњои муайян аз бахшњои гуногуни  нињодњои иљтимої аз ќабили нињодњои иќтисодї омўзишу парвариш, илм, тандурустї, амниятї ва дигар соњот љалб мешаванд, ки зимни ин сафарњо вобаста аз самти хеш таљрибаи наверо аз худ мекунанд, ки онро метавонанд, минбаъд дар раванди кори хеш дар нињоде, ки ба он роњбарї мекунанд, истифода намоянд.  Њамчунин дар рафти ин сафарњо мавќеи кишвари мизбон аз рўи шохисњои иќтисодию иљтимої  муайян гардида роњњо ва шевањои рушди он ва то ба дараљаи њозира омада расидани он мавриди омўзиш ќарор мегиранд, ки мо минбаъд таљрибаи онњоро низ вобаста аз вазъиятњо ва тайёр будани кишварамон аз лињози маънавию иќтисодї метавонем онро дар кишварамон татбиќ намоем.
  6. Ањамияти маънавию љањонбинї доранд. Пеш аз њама ин сафарњо ба њар кишвари мавриди назар аз лињози таърих маънавиёт, фарњанг, арзишњо, зинањои рушд, тарзи давлатдорї, сатњи илму фарњанг, дастовардњои навини илмию фанноварї, њайатњои ширкатварзро таъсиргузор буда љањонбинї ва маънавиёти онњоро доир ба кишварњои мавриди назар роњи рушди онњо таљрибаю таърих, бовару эътиќод, дараљаи ташаккули иљтимої, дидгоњњои сиёсию иљтимої, мардумсолорї ва амсоли ин дигар мекунанд.

 

Вобаста ба куллиёти ањамияти сафарњои сарвари давлат ба хориљи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориљи кишвар ба сиёњ кардани давлату миллат машѓуланд ва дар тамоми фаолияти хеш њељ амали хуберо барои пешрафти кишвар анљом надодаанд, аз рўи ѓаразу кина ин сафарњоро як амалњои беарзиш унвон мекунанд. Инњо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиќлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварњои минтаќаву љањон доштем равобиту муносибатњои иќтисодиву иљтимоиямон ба кишварњои минтаќаву љањон дар чи поя буд ва имрўз дар чи поя ќарор дорад ва то чи андоза  ин сафарњо аз лињози иќтисодиву сиёсї ва иљтимоиву фарњангї ба љомеаи Тољикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоњад шуд. Танњо зарур аст ѓаразњоро канор гузорем ва тањлилњоро холисона баррасї намоем, он гоњ хоњем дарк кард, ки ин сафарњо воќеан барои миллат ва мардуми кишвар нињоятан сермањсул будаанд.

 

Эњсони Илњом

Читать далее

Сафари Роҳбари давлат ба кишварҳои Аврупо

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муносибати хуб дошта, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.


Дар доираи Стратегияи нави ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Маркази, ки соли 2014 барои солҳои 2014-2020 ба тасвиб расидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро асосан дар бахшҳои тандурусти, маориф ва рушди деҳот ба роҳ мондаанд. Айни замон ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломи ва созмони ифротии Гурўҳи 24 тавассути сомонаҳои ифротиашон аз хабари сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо сўистифода намуда, ба танќиди сафари расмии Роҳбари давлат камар бастаанд ва маълумоти бардурўѓу иѓвоангез ва тафриќаандозро паҳн намуда истодаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24 аз ҳар як иќдоми Роҳбари давлат ҳангомасози намуда, аз воќеият сарфи назар мекунанд.

Сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо то андозае ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24-ро нигарон кардааст, ки ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба иѓвогариву дасисабози машѓул шуда, мехоҳанд бо ин роҳ монеа эҷод кунанд ва сади роҳи ин сафар гарданд. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз он хавфу ҳарос доранд, ки ин сафари расми метавонад дар оянда барои онҳо мушкилоти зиёде ба вуҷуд оварад. Чунки дар доираи ин сафари расми имкон дорад тамоми туҳматҳову дурўѓҳояшон барои Иттиҳоди Аврупо ошкор гардад ва онҳоро аз кишварашон хориҷ кунанд. Ташкилоти террористии наҳзатиёнро танҳо кишварҳои Аврупо сарпаноҳ доданд ва онҳо доир ба террористии онҳо ба ќадри кофи маълумот надоранд. Вале онҳо ба ҳадафи нопоки худ намерасанд.

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократи, ҳуќуќбунёд, дуняви ва ташаккули ҷомеаи шаҳрванди устуворона ќадам гузошта, новобаста аз он ки Иттиҳоди Аврупо ба хоинони миллаташ сарпаноҳ додааст, бо онҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро идома медиҳад ва робитаҳои кишварашро бо Иттиҳоди Аврупо аз ќабл дида мустаҳкамтару устувортар мекунад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанд нафари наҳзатии террорист ва дар Иттиҳоди Аврупо зиндаги кардани онҳо чандон муҳим нест. Зеро барои миллати тоҷик фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиёни террорист ва Гурўҳи 24 ошкор гардидааст ва ҳеҷ нафаре ба иѓвову дасисаҳои онҳо аҳамият намедиҳад. Барои миллати тоҷик муҳим он аст, ки бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро афзоиш диҳад ва робитаҳоро мустаҳкаму ќавитар гардонад.

Итминони комил дорем, ки Роҳбари давлат дар ин сафари расмии худ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффаќиятҳои назаррас ноил гардида, ба мисли ќабл дар рушду нумўи кишвар саҳми боризи худро мегузорад.

Ёралии Набӣ

Читать далее

Сафарњои Президент мисли оина ба њама маълум аст

 

Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хориљи кишвар истода ба сўи Тољикистон санге андозанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ ва сарпарастони хориҷиашон бархӯрдор бошанд.


 

Онњоро бухсу њасад ва нотавонбинї чунон зер кардааст, ки њатто аз сафарњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњо ва дигар кишварњо, аз љумла кишварњои Аврупої дилтангу нигарон гардида, њамеша бо бањонањои хушку холї ба мисли он ки гўё Сарвари давлат “тариќи пинњонба кишварњои Аврупої сафар меунанд”, гўё ба “хотири манфиати шахсї мераванд” ва монанди инњо шиорпартої мекунанд. Чунин як шиорпартоии бемантиќу њарисона чанде пеш дар сомонањои беноми ин ташкилоти терористї экстримистї ќабл аз сафари Президент ба Аврупо пайдо гардид. Ин њам дар њолест, ки дар њамон рўзе ки ин хабар пайдо гардид, ки гўё роњбари давлат тариќи пинњонї ба Аврупо сафар мекунанд, Пешвои миллат вакилони Аврупоро дар Душанбе ба њузур пазируфтанд ва бо онњо суњбатњо њам доштанд.

Ин худобехабарони худбохта њиљ гоњ љонибдори Тољикистони азиз набуданду нестанд ва њамеша бо њар роњу восита кўшиш намуданд аз Тољикистон чизеро баранду чизеро аз худ кунанду мардумро ба доми фиреб андозанд. Ин кор ба љое расид, ки мардум аз найрангбозиву фитнаи онњо огоњ гардида ,аз роњбарияти кишвар хост фаъолияти онњоро дар њудуди Тољикистон ќатъ намоянд. Чун њодисаи соли 2015 дараљаи аълои бесарусомонии аъзоён ва роњбарони ин њизби терористї дар замони Истиќлолиият буд. Бо њамовозї ба ќарори ќабулнамудаи Тољикистон дар мавриди терористї эълон намудани ин њизб бархе аз созмонњои байналмилалї низ терористу экстимист будани ЊНИ-ро эътироф намуданд.

Вале то њанўз ин худбохтагони манќурт мехоњанд бо њар роњу восита ба сўи Тољикистон санг зананд ва ё бо маблаѓгузории хољагони хориљиашон бо таъсиси сомонаву гурўњњои махсус дар шабакањои иљтимої номи Тољикистонро доѓдор намоянд.

Ба њамагон маълум аст, ки фаъолияти Роњбари давлат шаффоф буда, њиљ ваќт пинњони ба њиљ мањале ё кишваре сафар намекунанд. Вактњои охир сафарњои роњбари давлат ба минтаќањои Тољикистон ва рўњияи идонаи мардум гувоњи ин гуфтањост. Ё ин ки ширкат дар фаормуњои байналмилалї, минбарњои бузурги љањонї, ки ќариб њар сол чандин маротиба роњбари тољикон дар ин минбарњои баланд на танњо баромад, балки пешнињодњои муфид њам барои љомеаи љањонї мекунанд, ки њамеша ќобили ќабул дониста мешавад,  мисоли ин гуфтањост. Ташаббусњои Тољикистон дар мавриди эълон гардадани “Солњои оби тоза” ва “Об барои рушди устувор” аз мисолњои рўшани он мебошад.

Њамчунин, тавре ба њамагон маълум аст, дар љараёни њар як сафари хеш Президенти кишвар бо як шодмонї ва хушњолї ба кишвар бармегарданд, чун аниќ аст, ки њар як сафар дар пай имзои созишномаву ќарорњои нави њамкорї ва густариши њамкорињои наву созандаро дар бар мегирад. Њар боре ки роњбари давлат ба як кишвар сафар мекунад, садњо созишномаву ќарорињои нав дар мавриди рушди соњањои мухталифи Тољикистон имзо ва амалї мешавад. Баъди ин сафар њамоно ин кишварњо ба Тољикистон сармоягузорї мекунанд ва њамкории густурдаи худро ба роњ мемонанд.

Мантиќан низ њиљ наметавон гуфт, ки роњбари як кишвар пинњонӣ ба як давлати дигар сафар кунад. Ин сафари як одами оддї нест, ки пинњонї сурат гирад. Њамаи он аз рўи протокол ва расмиёт аст, ки пештар мувофиќа мешавад.

Роњбарон ва аъзоёни ташкилоти терористї ва экстрмитсии нањзат, ки худ њамеша пинњони ба кишварњое, ки хољагонашон ба сар мебаранд, сафар мекунанду бо халтањои пури маблаѓњои њароми хољагонашон баргашта бар зидди Тољикистон сангпартої мекунанд, фикр мекунанд, роњбари як давлат низ њамин гуна пиннњонї сафар мекунад. Вале ин тавр нест. Роњбари давлат њиљ гоњ пинњонї ба як кишвари дигар мисли шумо-нањзатињо сафар нахоњад кард ва њар сафари Пешвои миллат мисли оина ба тамоми мардуми Тољикистон ва љањон маълум аст. Ва њар як сафари роњбари давлат дар пай навигариву њамкории густурдаро дар пай дорад.

 

Ёралии Набӣ

 

Читать далее

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расми

  

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернети сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифроти ва террористи аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандози ва дасисабозиву ҳангомасози мебошанд.


Сомонаҳои ифротиву террористи кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касби ва тахассусии иѓвоангези маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёси фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдиди фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифроти ва террористи таҳти унвони «Эмомали Раҳмон пинҳони ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳони набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифроти баҳри ҳангомасозиву дасисабози ва тафриќаандози сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу барраси намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳони ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расми анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўѓу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлати дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндаги намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсави Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёси намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ѓайривоќеи истифода баранд ва ѓаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоҳ аст ва шахси дурўѓгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќи мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлони мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расми бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расми Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.  

Саид Салим

Читать далее