07 November 2019

“Паймони” паймонгумкардаҳо

Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти шаҳрвандони он хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм (ифротгароӣ), экстремизм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва, бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид он тавсеа меёбад.

Хатари омезиши дину мазҳабҳо ба василаи мубориза мубаддал гашта истодааст. Коршиносон ин падидаи номатлубро маҳсули эҷоди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни идораҳои иктишофии ИМА, Арабастони Саудӣ ва Покистон медонанд, ки аниқтараш солҳои 80-уми асри гузашта барои муқовимат алайҳи фирқаи коммунистҳо “Ал-Қоида”-ро офарида буданд. Воқеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканед, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад.

Мусаллам аст, ки дини мубини Ислом ниёз ба ҳизбу ҳарактҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат ташкил ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби Ислом амалӣ менамоянд.

Аз кору амалҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огоҳанд ва, хушбахтона, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористиро дар вақташ таҳлилу баррасӣ намуда, фаъолияташро манъ намуд. Ҳамаи он бадбахтиҳо, кушторҳо ва сӯхторҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи охунҳои Эрон ва роҳбари дар Тоҷикистон буда Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ин санадро Суди Олии Тоҷикистон ба таври мушххас баррасӣ намудааст...

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки аз баргузории он зиёда аз як сол гузашт, душманони давлату миллати тоҷикон Ассотсиатсияи ғайриқонунӣ ташкил намуда, ба худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида, дар сомонаи интернетӣ сару садоҳо баланд карданд. М. Кабирӣ аз се ташкилоти ба таври сунъӣ сохтаи худ “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷикон”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ба ном “Паймони миллӣ” таъсис дод. Ин паймон танҳо аз чаҳор нафар иборат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов иборат асту халос. Кабирӣ талош дошт, ки дар Варшава Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди Аврупо ба ӯ пайваст шаванд. Аммо онҳо пайвастан ба як ҳизби бадномшуда ва чанд шахси беобрӯгаштаро ба худ нозебу ор донистанд. “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Аҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон” низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи Сӯҳроби Зафар ба Муҳиддин Кабирӣ чунин буд: “Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Муҳиддин Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон ҳамкорӣ нахоҳем кард”. Додоҷон Атовуллоев баёния пахш намуд, ки “бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳам баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд”. Тири Кабирии нохалаф боз ҳам хок хӯрд.

Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро маҳз барои бетартибӣ, аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз намудани ҷои нишасти худ аз толор берун намуданд. Вақте ки худи Кабирӣ мехост таваҷҷуҳи ба теракти дар Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ ҷалб кунад ва таҳқиқи қазияро аз нав тақозо кард, барандаи ҷаласа ошкоро сухани ӯро бурид ва таъкид намуд, ки мавзӯи баҳс дигар аст, аз он берун наравед. Кабирии шарманда ба таги обу арақ монда, бо сари хам аз минбар дур шуд ва хуб медонад, ки ташкилкунандаи ин теракт худи ӯ буд...

Чӣ хеле ки хабарнигори радиои Озодӣ қайд намуд, Гулчеҳра Шодмонова дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар надиҳад. Зеро дар гумроҳ кардани писари ӯ дар ташкил намудани амали террористӣ маҳз Кабирӣ гунаҳкор аст. Ҳамин тавр, иштироки Кабирӣ дар САҲА ба ҷуз аз рӯсиёҳии худу ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист.

Ба дасти ман шеъре афтод, ки ҳама гуфтаҳои болоиро бо асноду далел тасдиқ менамояд. Шеър “Чеҳраи манфур” ном дорад, ки бо чунин мисраҳо оғоз меёбад:

Бо гуноҳи он Кабирии палид,

Аскари тоҷик бишуд чанде шаҳид.

Ӯ раиси назҳати исломӣ буд,

Дар ҳама кирдору кораш хомӣ буд.

Эй касифи номуборак доимо,

Баҳри давлатдорӣ мекард иддао.

Ӯ ба ин миллат хиёнат кардааст,

Рахна бар дину диёнат кардааст...

Сарпарасти ин хиёнаткори шум,

Будаанд хориҷиён баҳри ҳуҷум.

Косалеси аҷнабиён гашта буд,

Аз ҳама халқи Худо баргашта буд...

Хулоса, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ба ҷавонон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуби худ муттаҳид шаванд ва барои боз ҳам ба шоистагиҳо расидани Тоҷикистони дунявӣ талош варзанд. 

Ҷомеаи меҳнатии кафедраи
сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Иқдоми хоми ҲНИ ва дигар созмонҳои фитнаҷӯй

Имрӯзҳо созмонҳои фитнаҷӯй, аз ҷумла ҲНИ ниқоби хешро иваз намуда, бо номгузории «Паймони милли» дар зери боли хоҷагони хориҷиашон ҳадафу нақшаҳои ғаразноки пештараи худ боз мехоҳанд, ки оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизамонро халалдор созанд. Мебоист қалбашонро пок намуда,  кинаву кудурати бадбиниро дур мекарданд.

Имрӯз мардуми соҳибақлу соҳибфарҳангу соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҳилаву найрангҳои созмони фитнаҷӯй ва ҳаммаслакони хиёнаткораш ба пуррагӣ огоҳ мебошанд. Асли онҳо дасисаву иғвогарӣ буда, ба он суханони бофтаву сохтаи онҳо бовар нахоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки намояндагони ин ташкилоти ифротӣ мусичаи бегуноҳ вонамуд намуда маблағҳои зиёд мегиранд, ки ин сифати разилона дар қалбашон аз аввал ҷой дорад. Ягон маблағ барои беҳбудии аҳволи ниёзмандон харҷ нашуда? Барои харидани тиру туфанг ва тайёр намудани нафарони хиёнаткор сарф менамоянду халос. Ҳама аъзоёни ҲНИ дар майдони «шаҳидон» ҷамъ буданд аз Ҷумҳурии Исломии Эрон «ёрии башардӯстона» омада буд, ки дар нақлиёти боркаш ба ҷои маводи зарурӣ яроқу аслиҳаи бисёре буд, ки бар зидди Тоҷикистониён истифода шуд. Магар ин кирдори онҳо амали террористӣ набуд? Оё касе инкор карда метавонад? Дар Тавилдара ваҳшиёна кушта шудани ҳайати СММ, силсилаи қатлҳои шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва ғайра аз ризолату ҷаҳолат зулму ситаму бераҳмӣ ва қатлу ҷинояти роҳбарони ҲНИ шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ба рӯй ниқоби дигар гирифтанд. Аъзоёни ҳизбу гурӯҳҳои ифротагарою террористӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштанд дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо бо сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтан, хоини Ватану миллат маҳсуб мешаванд.

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари азизи моро халалдор созанд. Тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки баҳри таъмини сулҳу суббот ва тараққиёти минбаъдаи Ватан равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Аз хориҷа истода тақдири Тоҷикистонро ҳал карданианд. Мехоҳанд тариқи фаъолияти хоинонаи баъзе афроди ҷиноятпешаи дохилӣ таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва муқобили Ватану миллати хеш барангезанд.

Мо бояд аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки Исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Ба суханони “ширин”-и заҳролудкунанда, ояту ҳадисҳои таъвилшудаву таҳриф ёфтаашон фирёфта нашавем. Дар ҳимояи дину ақида ва мазҳаби хеш соҳитқадаму устувор бошем. Воқеаҳои дар мамолики мусулмоннишин руҳдода истода моро бетараф нагузорад. Даргириҳои ин сарзаминҳо ба Тоҷикистони азизамон низ таҳдид дорад. Хосатан вазъияти имрӯзаи Афғонистон набояд ягон нафари боору номуси ватандӯстро дар канор гузорад. Тағйири ном як ҳилаву найранг асту халос, моро лозим аст, ки ин гуна иғвогарӣ ва дасисаҳоро маҳкум намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо–оромии сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар атрофи Cарвари давлат, Пешвои тоҷикони ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида,  дар ҳимояи дину Ватани азизамон пойдор бошем. Барои шукуфоии кишвар ва поянда будани сулҳу амонии Тоҷикистони азиз кӯшишу ғайрат намоем. Дарк карда бошем, ки ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум мебошад.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ҲАДАФИ ТТЭ ҲНИ ҲЕҶ ВАҚТ НЕК НАБУД!

Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон на бо дастгирии мадум, балки бо ёрии ҳомиён ва  хоҷагони хориҷиаш амал кард, муваффақ нашуд. На дар интихобот ва на дар  адои вазифаҳои давлатӣ! Сарварони он ба хориҷа гурехтанд, аз ҳақиқат фирор карданд. Худи ин ташкилот дар хориҷа аз тарафи қувваҳои таъсис дода шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо имконияти фаъолият бурданро дод. Ҳатто дар парлумони кишвар ҲНИ намояндагони худро доштанд. Вале онҳо натавонистанд, ки аз хоҷагони хориҷиашон даст кашанду дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд. Имрӯзҳо дар хориҷа истода ба сӯи Ватани худашон сангпартоӣ мекунанд. Бо туҳматҳои бардуруғ мехоҳанд номи сиёҳ кунанд.

 Мухолифине, ки дар хориҷа гоҳ аз номи ТТЭ ҲНИ ва гоҳе аз номи ТТЭ Паймони миллӣ баромад мекунанду дар умеди хоҷагони хориҷиашон сарсону саргардон гаштаанд, ҳаргиз ба Тоҷикистон ва тоҷикистониён некӣ намебиёранд.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее

Назари хоинони миллат некро намебинад!...

Дар саҳифаи “Ахбор”-и шабакаи иҷтимоии facebook маводи кӯчаке дар бораи сафари  Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо интишор ёфтааст, ки аз иттилои мазкур бешубҳа аён мегардад, ки он аз ҷониби хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзат ва  паймони миллӣ таҳия ва паҳн гардидааст.

Аммо сухан дар сари он аст, ки бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафар ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифии он нақши бузург дорад. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлатҳои дунё мешиносад ва дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.

Хоинони миллат бояд бидонанд, ки баҳри ояндаи нек ва рушди босуботи кишвар кӯшиш мекунанд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гуруҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир бешубҳа аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо муғризона аст.

Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯш мегирад.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон эътимодамон комил аст, ки сафари самарабахшу бобарор хоҳад буд.

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҳадафҳои бебунёд амалӣ нахоҳанд гашт!

Бо шунидани сафари Сарвари давлатамон ба  кишварҳои Аврупо як гуруҳ хоинони миллат, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ мебаранд,ба қавле, беқарор гаштанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар ин ё он анҷумани байналмиллалӣ номи кишварамонро паст зананд. Дар ҷаласаи САҲА бо ёрии хоҷагони хориҷиашон ба ин ноил ҳам шуданду бар зидди ватану миллати хеш хиёнаткорона баромад карданд. Вале баромадҳои пучу бемаънӣ дар ҳамон толорҳо монданд.

Яке аз сабабҳои эътибор надодани ташкилотҳои байналмиллалӣ ба мухолифин дар он аст, ки онҳо дар амалҳои эътирозиашон холисона рафтор накарда, бо ғаразу нигоҳи бадбинона, дурӯғ, тӯҳмат ва бӯҳтон баромад мекунанд. Бинобар ин онҳо ба мақсадашон намерасанд. Мухолифин хостанд худро ҷабрдида нишон диҳанд, вале ошкор шуд, ки онҳо мазлум не, ифротзада ҳастанд. Онҳо мехоҳанд вазъи кишварамонро ноором созанд. Аммо ба ин ҳадафи муғризонаи хеш ҳаргиз нахоҳанд расид!  

Равшан УСАНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ДАСИСАИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИ

Дар шабакаи иҷтимои хабаре оид ба сафари Президенти кишварамон ба кишварҳои Аврупо рӯи чоп омадааст, ки муаллифи он бо ҳадафҳои муғризона ба ин сафар андешаҳояшро гуфтааст.

Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодро пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст анҷом медиҳанд, ки барои рушди давлати миллии мо, некуахволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Нотавонбинони ношукр, ба монанди Кабирию дигар лӯхтакҳои хоҷагони хориҷӣ ин сафарро бо суханҳои пучи худ «баҳодиҳӣ» кардаанд.

Бояд таъкид кард, ки давлатхои Аврупо ба гайр аз он созмону шахсоне, ки манфури душманони миллати моро паноҳ медиҳанд, боз ҳукумати қонунӣ низ доранд. Роҳбарон ва аъзои Паймони ғайриконунии миллӣ аз ин сафари Сарвари давлати мо дар хавотир мондаанд.

Мо сокинони кишвар аз ин сафар иқдомҳои нек, ҳамкориҳои нав ба нав умедворем.

Ба Пешвои миллатамон барори  кор дар бастани санадҳои судманд дар самтҳои иқтисодиву иҷтимои барору комёби хоҳонем.

И.ҶАББОРОВ

Читать далее

Сафсатахонии наҳзатиён

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил ва ҳуқуқбунёд муносибатҳои хориҷии худро бо ҳамаи давлатҳо ба роҳ мондааст.

Ҳануз аз соли 2003 сиёсати хориҷии Тоҷикистон, “сиёсати дарҳои боз” эълон шудааст. Тибқи ин принсип давлати мо бо ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ чи давлатҳои мустақил ва чӣ созмону ташкилотҳо муносибати неку ҳамгироиро ба роҳ мондааст. То ин дам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил зиёда аз 190 давлати ҷаҳон расман шинохта, кишвари мо бо 150 давлат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Бо зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муносибатҳои дутарафаро ба роҳ мондааем.

Дар қатори он бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои он муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ андохта, дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Аммо аз ин дастовардҳои давлати мо як гуруҳ хоинони ватан дар Аврупо

Баъди чанд руз сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам ба Аврупо оғоз мешавад. Муносибатҳо бо ин қитъаи пешрафта дар ҳамаи самтҳо хуб ба роҳ  монда шуда, ҳамаи давлатҳои минтақа бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро  ба роҳ мондаанд. Аммо ҷои афсус аст, ки аз ин сафар наҳзатиён ва Паймони миллӣ ҳангомаҳои навбатиро ба роҳ андохта, мехоҳанд мафкураи мардумро дигар кунанд. Лек ин хатои маҳз аст. санаи 1-уми ноябр ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Шамил Назарзода

Читать далее

Оид ба сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Аврупо

Боиси фараҳмадӣ ва ифтихори миллист, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ҷаҳони пурҳаводиси муосир, тавонист бо мутакко ва нерӯи қавии халқи шарифу  таҳаммулпазири тоҷик то ба қуллаҳои бузургу тавоноӣ нерӯи инсонӣ, яъне рақобатпазир  ва ҳамкорӣ намудан дар арсаи  ҷаҳонӣ то ба 160 давлати  дунё расад ва бо давлатҳои мутамаддини ҷаҳони муосир, рағбат қудрат ва тавоноӣ ҳосил намояд.

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  давлатҳои Аврупо дар фазое сурат гирифт, ки Тоҷикистон яке аз силсилаи ҷашнҳои давлатдории  худ, яъне 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсия, ҳимоятгари халқу миллати шарифи худро ҷашн мегирад ва сафари расмии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба давлатҳои Аврупо мутмаин мешуморем, ки  ба ҳалли як зумра масъалаҳои  глобалии ҷаҳони муосир  ва даҳҳо иқдомҳои нек  нигаронида шуда, баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон табодули афкор ва таҷриба хоҳад буд.  

Имрӯз боиси афсӯсу надомат аст, ки аз обу хоки муқаддаси ин Ватан баҳрабардорию аз зодгоҳат як қадам ба берун гузориву ба қадри нони хӯрданат нарасӣ. Як зумра ҷавонони “соддаю нодон” аз пайи ризқу рӯзии фарзандонамон мешавем гуфта ба кишварҳои Амрикову Аврупо ба кор рафта, ҳангоми кор наёфтану меҳнати ҳалол накарда, бо хоҷагоне, ки пулашонро барои манфиати худашон сарф мекунанд, рӯ ба рӯ шудаанд.

Ин гурӯҳ ашхосон бо гирифтани маблағ аз хоҷагони хориҷии худ ба ивази он пешравии кишвари худро надида, нисбат ба мамлакату шаҳрвандони он буҳтонҳо мезананд. Тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳар сухане ба забонашон ояд, андеша накарда, онро баён мекунанд, ки ин албатта, аз бесаводӣ ва бедонишии онҳо дарак медиҳад. Агар Шумо ошиқи пулу молу мулки хоҷагонатон намешудеду ба Ватан меомадед ва аз пешравию  ободии ин сарзамин хубтар шинос мешудед, шояд ҳеҷгоҳ ба даҳонатон нисбати кишвари худ - Тоҷикистон сухан намекардед. Шумо гурӯҳе ҳастед, ки “Хоинон” – и Ватан, Шумо на Модар, на Ватан ва на хоҳару бародар доред. Шумоён бо ин амалҳои номардонаи худ ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кор аз дастатон намеояд.

Имрӯз мардуми тоҷик худро мешиносанд ва зиракии сиёсиашонро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд. Агар шумоён низ хонда маълумоти олӣ мегирифтед, шояд ба ин аблаҳӣ даст намезадед. Ин ҳама аз бесаводии шумоён аст, ки дидаву дониста, кӯр - кӯрона ба ҳама сухан нодида бовар мекунеду ба ҷои муаррифӣ кардани Ватани азизи худатон аз паси молу мулки хоҷагони хориҷиатон ба давлату миллати худ суханҳову луқмаҳои беҷо мефиристед, ки ин амали шумоён амалҳои номардона аст. Мард он аст, ки дар бари Роҳбари кишвараш қомат рост мекунаду барои ҳимояи марзу буми кишвари худ мардона хизмат мекунад.

Мо, ҷавонони, дӯстдорони ин сарзамин, тамоми суханҳову гуфтор ва рафтори шумоёнро маҳкум менамоем ва намегузорем, ки ҳеҷ гоҳ шумоён “мардон”-ии дар зиндагӣ номарду дар халку Ватан рӯсиёҳ ба максадҳои нопоки худ намерасед.

Ҷомеа устодони факултаи ҳуқуқшиносии
донишгохи давлатии   Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Бо иваз намудани ниқоб сиришт пок намегардад

Имрӯзҳо созмонҳои фитнаҷӯй ниқоби хешро иваз намуда, бо номгузории «Паймони миллӣ дар зери боли хоҷагони хориҷиашон қарор гирифта мехоҳанд, ҳадафу нақшаҳои ғаразноки амалӣ ва оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд.

Мебоист қалбашонро пок намуда,  кинаву кудурату бадбиниро дур мекарданд. Имрӯз мардуми соҳибақлу, соҳибфарҳангу соҳибистиқлоли диёрамон аз ҳилаву найрангҳои созмони фитнаҷӯй ва ҳаммаслакони хиёнаткораш ба пуррагӣ огоҳ мебошанд. Асли мақсади онҳо дасисаву иғвогарӣ буда, ба он суханони бофтаву сохтаи онҳо каси солимфикр бовар нахоҳад кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки намояндагони ин ташкилот худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карда дар асл бошад, аз хоҷагонашон маблағҳои зиёд мегиранд, ки ин сифати разилона дар қалбашон аз аввал ҷой дорад. Аз он маблағое барои беҳбудии ниёзмандон кишварамон дираме харҷ шуда? Не. Онон ин гулҳоро барои харидани тиру туфанг ва тайёр намудани нафарони хиёнаткор сарф менамоянду халос. Танҳо пеши назар овардани ҷиноятҳои ҲНИ шаҳодат медиҳад, ки онон имрӯз ба рӯй ниқоби дигар гирифтаанд. Аъзони ҳизби ифротагарою террористи наҳзат ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин аз ҳар ҷиҳат гуннаҳкоранд, аммо бо сабаби дар муқобили Ватану миллати хеш қарор гирифтан хоини Ватану миллат маҳсуб мешаванд.

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари  азизи моро халалдор созанд. Тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҷониби сарзамини аҷдодии хеш сангандозӣ мекунанд. Аз хориҷа истода, тақдири Тоҷикистонро ҳал карданианд. Мехоҳанд тариқи фаъолияти хоинонаи ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва муқобили Ватану миллати хеш барангезанд.

Мо бояд аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Дар ҳимояи дину ақида ва мазҳаби хеш соҳибқадаму устувор бошем. Тағйири ном кардани ҲНИ як ҳилаву найранг асту халос, моро лозим аст, ки  ин гуна иғвогарӣ ва  дасисаҳоро маҳкум намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо – оромиву сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, сарҷамъ гардида,  дар ҳимояи Ватани азизамон пойдор бошем. Барои шукуфоии кишвар ва поянда будани сулҳу амонии Тоҷикистони азиз кӯшишу ғайрат намоем.

Набихони Ярқулзода
Имом-хатиби масҷиди Ҷомеаи ҷамоати
деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара

Читать далее