05 November 2019

Чорабинии идона бахшида ба 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 - уми ноябри соли 2019 дар толори бошукӯҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба ифтихори 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони вилоят иштирок намуданд. Чорабинии мутантан бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз ёфт.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло сокинони вилояти Суғдро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Читать далее

Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро  тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор намуд.

Достони мазкур аз ҳамду наът, тавсифи чор халифаи бузурги ислом, мадҳи шоҳ Умархон, тавсифи сухан оғоз ёфта, сипас таваллуди Юсуф, камол ёфтани ӯ, хоб дидани Юсуф, ҳасади бародарон ва лаҳзаҳои дигари марбут ба рӯзгори Юсуф дар он зикр мегардад. 

Бино ба иттилои директории Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов матни китоб аз рӯи чопи сангии «Куллиёт»-и Ҷомӣ (чопи литографии О.А. Порӣева 1323/1905), ки дар ҳошияи он маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ бо эҳтимоми Қозӣ Ғуломрасул-хоҷа дарҷ ёфта, таҳия гардидааст.

ҳамзамон ӯ қайд кард, ки  норасоиҳои матн аз рӯи дастхате, ки таҳти рақами 1324 дар захираи дастхатҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, такмил ёфтааст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ШАҲКИТОБИ БАХТ

Конститутсия шоҳкитоби бахти мост. Он қонуни бахт, қонуни ҳақиқат ва кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Он 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст ба тариқи раъйпурсии тамоми мардуми кишвар қабул карда шуд. Барои мо хеле гуворост, ки дар қатори ҷашнвораҳои бузурги кишвар 25-солагии Конститутсияи мамлакатро ҷашн мегирем.

Бисту панҷ сол дар назди таърих ҳеҷ аст, аммо ин давра исбот сохт, ки амали Конститутсия, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, марҳалаи имтиҳони ҷиддии ҳаётро паси сар намуд ва дуруст будани мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, далели худро дарёфт.

Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, қонуни асосии давлат, асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли идоракунӣ ва сохтори давлатӣ, ҳуҷҷати бузурги ифодаи ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, дифои ҳуқуқи ӯ ба кору таҳсил ва истироҳат аст. Ҳар сатри ин санади муҳим замимаи бахту саодати халқ аст. Аз ин рӯ, мардуми мо ин ҳуҷҷати бузургро ҳақиқати зиндагӣ, шоҳкитоби бахти худ меҳисобанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон халқҳои гуногун дар асоси як қонун дӯстона зиндагӣ мекунанд. Дар асоси ин қонун ҳама чиз аз они халқ ва барои халқ аст. Ҳар кас барои меҳнат, истироҳат ва хондан ҳуқуқ дорад.

Бо шарофати Истиқлолият ва Конститутсия фаъолият ва мақоми сиёсии кишвар берун аз Тоҷикистон васеъ паҳн гардид. Тамоми 10 бобу 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли давлати мо қадами бузурги таърихии давронсоз мебошад, зеро он роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи баҳои коршиносони хориҷӣ аз ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон миёни давлатҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар ҷои панҷум қарор дорад.

Агар моддаи якуми Конститутсияро, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ба риштаи таҳлил кашем, он дӯстӣ, сулҳ ва баробарҳуқуқии мардуми мо мебошад. Натиҷаи дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар давлатамон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд. Хушбахтона, имрӯз дар сар то сари ҷаҳон номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон мегиранд, ба ҳурмати он ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он хурду калон эҳтиром меоварданд.

Оё ин бузургтарин бахт ва ифтихор аз Ватани азиз нест? Оре, ин саодати бепоён ва мояи шукри беадад аз Истиқлол ва Конститутсияи мамлакат мебошад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Самараи заҳмати кишоварз

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи пахтачинӣ босуръат идома дорад. Оид ба иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта раиси Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳия Мухторҷон Абдуллоҷонов дар суҳбат чунин гуфт:

- Дар ҷамоат наздики 500 хоҷагии деҳқонӣ дорем, ки қитъаи замини онҳо аз 0,20 гектар оғоз мешавад. Имсол дар хоҷагиҳои ҷамоат дар майдони 352 гектар пахта кишт карда шуда, нақшаи истеҳсоли пахта 922 тоннаро ташкил менамояд. Мо асосан тухмиҳои навъи «Синзян», «Дӯстӣ», «Ориён», «Флеш» кишт намудаем. Бо меҳнати софдилонаву хуб ба роҳ мондани кишти саривақтии пахта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 27 - сентнерӣ ҳосил ҷамъ намудем. Ҷамоати деҳоти Зарзамин аллакай нақшаи пахтасупориро ба иҷро расонидааст.

Дар ин дастовард меҳнати чинакчиёни пешқадам Маҳбуба Назирова, Лутфинисо Норова, Муҳаббат Тӯрақулова, Раъно Абдуқодирова ва Дилрабо Насриддинова назаррас аст. Хоҷагиҳои деҳқонии «Онаҷон» ва «Бобоҷон саркор» ҳамчун хоҷагиҳои пешқадам дониста мешаванд. - Барои дар вақташ гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ саҳми механизаторон Абдумавлон Азимов, А.Отаев, Тошпӯлод Раззоқов, дар нигоҳубин ва нашъунамои ниҳолҳои пахта заҳмати обмонҳо Азим Сиддиқов, Зоир Иброҳимов ва Абдумалик Болтаевро низ бояд махсусан зикр намуд. Мо аз ҳамаи меҳнаткашони ҷамоат сипосгузорем, - илова намуд М.Абдуллоҷонов.

Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаеви Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия кишти пахтаи навъҳои «Хуҷанд - 67», «Флеш», «Дӯстӣ» ва «Ориён», ки ба тухмиҳои ватанӣ мансубанд, ба роҳ монда шуд. Дар пахтазори ҷамъияти мазкур обчии беҳтарин Илҳом Хоҷимуйдинов, механизатори соҳибмалака - Давлат Холмирзоев ва чинакчиёни пешқадам – Мавлуда Амонова ва Амирҷон Тоҷиев самаранок меҳнат мекунанд. Абдушукур Усмонов ҳамчун иҷоракори беҳтарин ва Абдухолиқ Усмонов чун боғбони солор шинохта шудаанд.

Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаев имсол дар майдони 1606 гектар пахта кишт карда, дурнамои ҷамъоварии ҳосил ба андозаи 3347 тонна ба нақша гирифта шудааст. То 4 - уми ноябри соли 2019 аз тарафи Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаев ба миқдори 3359 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст, ки 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Умед аст, ки пахтакорон ва чинакчиён обу ҳавои мусоидро ғанимат дониста, баҳри то охир ҷамъ овардани самараи заҳмати деҳқон азму кӯшиш менамоянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб – интернатҳо, хона – интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бошандагон ва тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба ин ҷашни пурифтихор табрик намуда, туҳфаҳо тақдим карданд. Ба ин муносибат дар ин муассисаҳо дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Чунин чорабинии мутантан ва завқбахш, аз ҷумла дар мактаб – интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, мактаб – интернат барои кӯдакони кар ва шунавоияшон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд», ширхоргоҳ – кӯдакистони №26 – и шаҳри Хуҷанд, мактаб – интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, интернати давлатии назди - мактабии №2 – и Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар сатҳи хуб баргузор гардид.

 Баргузории чунин чорабиниҳо ба бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ рӯҳбаландӣ бахшида, ба баланд шудани завқи зебоипарастӣ ва ватандӯстии онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Санаи 6-уми ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Ба ин муносибат, солгарди муҳимтарин санади тақдирсози миллат - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаи ободу осуда, саодати рӯзгор, оромиву осоиш ва дар кору зиндагӣ барору комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар айёми басо мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардида, барои тақвият пазируфтани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу устуворшавии низоми қонунгузорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Читать далее

Cафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее