03 October 2019

ОЗАРАХШ: ПАЁМУ САЛОМИ МЕҲР ЛАЗЗАТ ДОШТ

Чанде пеш, дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш, яке аз шоирони маъруфи тоҷик ба гирифтани унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон шарафёб шуд. Ин навид боиси шодиву нишоти мухлисони Озарахш ва дӯстдорони каломи мавзун гардид. Бо баҳонаи шодбошии устод суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони «Ҳақиқати Суғд» менамоем.

Озарахш 13-уми августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шомил шуда, пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989 муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, солҳои 1992-2002 дар вазифаи муҳаррири телевизиони вилоят фаъолият бурдааст.

Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд буд. Аз соли 2015 сардабири маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” мебошад. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Озарахш муаллифи китоби ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб», «Девони ишқ», «Ояндаҳо» аст, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд интишор шудаанд. Зиёда аз 10 намоишномаи Озарахш дар саҳнаи театрҳои кишвар (бахусус, Театри тамошобини наврас) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз ин шуморанд.

Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Озарахш бо Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ, Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» ва Медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

- Устод, бори дигар шарафёб шудан ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯем ва орзу дорем, чашмаи илҳоматон ҳамеша пурхурӯш бод ва қаламатон сабз. Воқеан, Шоири халқӣ унвон гирифтан, чӣ эҳсосеро ба бор овард ва оё интизор доштед шунидани ин паёми хушро?

- Сипос ба муборакбодиву таҳниятҳои нағзатон, бону. То ҳанӯз ҳам мавҷи табрикоти дӯстону ҳаводорон аз тамоми манотиқи кишвар ва хориҷи дуру наздик идома доранд ва аз ин муҳаббати самимии ҳар кадом сарбаландам. Воқеан, эҳсоси наҷибест, вақте ошнову ноошно ба муборакбодӣ мешитобад ва бо шодбошиҳо шодиҳои касро афзун месозад. Се рӯзи аввал баъд аз гирифтани унвони Шоири халқӣ телефони ман ҳатто як дақиқа ором набуд, се рӯз кори ман фақат шунидани паёму саломи меҳр буд, шунидани ҳарфи муҳаббат буд. Он лаҳза дарк кардам, ки воқеан, шоири халқ будаам. Ман аз муҳаббати мардум ифтихор мекунам. Албатта, ин паёми шодиро падари бузургворам бештар интизор буданд ва ман он рӯз медидам, ки чӣ қадар устоди аввалин - падари азизам меболиданд ва барои ман шодии қиблагоҳиям муборактарин паёми шодӣ буд.

Сарбаланд аз қадрдонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки пайваста ба аҳли зиёи кишвар таваҷҷуҳ доранд. Сипосгузор аз Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳастам, ки пешниҳоди Иттифоқи нависандагонро барои сазовор шудан ба ин унвони баланд ҷонибдорӣ ва бо муҳаббат ҳаводорӣ намуданд. Хушбахт мардумест, ки чунин роҳбарони ғамхор дорад ва ин саодати мост.

- Чуноне ки гуфтед, падарро устоди аввалин хеш медонед. Нафареро, ки дасти шуморо гирифт ва ҷониби илму ҳунар бурд, дар ҷодаи шеър боз киҳо раҳбару раҳбалади Шумо буданд? Аввалин касе, ки дар Шумо ҷавҳари шоириро шинохт, кӣ буд?

- Бале, падар нахустустоди ман ҳастанд, зеро маҳз ин шахси фарҳангиву адабиётдӯсту шеърпараст маро бо шеър ва ишқи сухан ошно карданд. Ёд дорам, ҳанӯз хонда наметавонистам, аммо падар ба ман зам - зама мекарданд ва бароям шеър аз ёд мекунониданд. Ман бо такрори садои падар шеър аз ёд мекардам. Дунболи бузу бузғолаҳо саҳро мерафтаму дар бағал қаламу китоб доштам ва ин ҳама талошу тарбияҳои падар аст. Баъдан, вақте донишҷӯ шудем, устод Гулназар як шеъри маро бо номи “Беди маҷнун” дар маҷаллаи «Садои шарқ» нашр карданд. Лекин аввалин навиштаҳои худро ба устод Бозор Собир бурда будам. Он замон хеле ҷавон будем ва ману боз як нафар дӯстам ҳамроҳ 15 - 20 шеър дар бағал ба назди он кас рафтем. Бозор Собир дафтари маро варақгардон карданду “Писарам, баъди 2 - 3 рӯз дароед”, гуфтанд. Бо дили беқарор ва сад фикру андеша се рӯз гузашт. Боз ду нафар назди устод даромадем. Устод маро дида гуфтанд, ки: - Чанд шеъратро интихоб кардам, бубар ва барои нашр деҳ. Вақте ба дафтар нигаристам, дидам, ки наздик навад дар сади навиштаҳои ман таҳрир хӯрдаанд. Ба устод нигаристаму гуфтам, - устод, ин шеърҳо дигар аз они ман нестанд, ба зераш Бозор Собир нависем боадолатона мешавад. Устод бо ҳайрат ба сӯи ман нигаристанд: “Ман инро фақат таҳрир кардам, хушҳол шаву гиру бар”.

Ман бошам наметавонистам, шеъреро, ки навад дар сад таҳрир шудааст, моли худам эълон кунам. Сипас устод пурсиданд, ки боз дигар шеър дорам. Гуфтам: - Бале. Ва дастаи шеърҳои хешро дароз кардам. Ҳамин тавр, бори дуюм чанд шеъри маро интихоб ва бо каме таҳрир дар маҷаллаи «Садои шарқ» бо имзои Толиб Каримов нашр карданд. Устод Бозор Собир ба болои дафтарам ин сатрҳоро навишта, дар ҷодаи шеър дуоям дода буданд:

Толиб ту саросема нашав дар талаби хеш,

Бо сина бигӯ шеъру ғазал ҳам ба лаби хеш.

Худ ишқи ҷавонии ту маҷмӯаи шеър аст,

Сарномаи дафтар бинамо тобу таби хеш.

 Устод Лоиқ баъдан дар ташаккули нигоҳу назарҳои шоиронаи ман саҳми арзанда доранд. Устодони дигар низ хӯша - хӯша дар ташаккули ҳунари ман саҳм доранд. Такони дигаре дар ин ҷода ошноии ман бо Фарзона буд ва баъдан пайванди мо ба маҷрои зиндагии ман таъсири хубе гузошт.

- Лутфан мегуфтед, ки Толиб Каримов кай ва чӣ тавр Озарахш шуд ва чаро?

- Аслан, тахаллуси Озарахш интихоби падарам аст ва ба ман ҳам ин пешниҳод писанд афтод, чун Толиб Каримовро ба унвони сароянда мешинохтанд ва он замон дар ҷодаи санъат то ҷое муаррифӣ ҳам шуда будем. Воқеан, чанд дӯстон баъд аз издивоҷам бо Фарзона пешниҳод ҳам карда буданд, ки ман сарояндагиамро идома диҳам ва домони сурудро маҳкам дорам, вале ишқи шеър боло гирифт ва мо Озарахш шудему шоир.

- Ростӣ, устод, фавқулодда аҷибу зебо аст, ки ду Шоири халқии Тоҷикистон дар як оила зиндагӣ мекунанд, ду шоир ва ду ошиқи шайдо. Шояд аксар фикр кунанд, ки зиндагии шумо, суҳбатҳои шумо сар то по шеър аст. Воқеан, ду шоир дар як фазо чӣ гуна эҷод мекунанд?

- Медонед, бурди ману Фарзонабону, ки омаданаш ба зиндагии ман беҳтарин ҳадяи тақдир аст, дар он аст, ки мо зиндагиро бо шеър оростем, аммо зиндагиву шеърро бо ҳам омезиш надодем. Дунёи Фарзона, олами эҷоду шеъри Фарзона ба худи ӯ тааллуқ дорад ва ман ба он дунё дахолат намекунам ва ӯ ба дунёи шеъри ман. Беҳтарин иттифоқи мо ҳам дар эҳтироми ҳамдигарист.

Чуноне ки медонед, шеър дунёи дигар аст ва муваффақ нафаре мешавад, ки ин дунёро бишносад ва бо ҳамин дунё нафас бикашад.

- Бигӯед, ки Озарахш ба дунёи шеър меравад ё шеър ба суроғи Озарахш?

- Медонед, замоне буд, ки мо дар суроғи шеър будем, айёми ҷавонӣ ҳамеша ба дунболи шеър медавидем. Ҷустуҷӯ мекардем, меомӯхтем, талош доштем, то дар маърифати дунёи рангини шеър ғӯтавару муваффақ гардем. Ташнаи шеър будем, аммо ҳоло шеър худаш меояд. Ва ҳамроҳаш табутобу шару шӯрро меорад, гоҳо даст ба дасти дарду ашк низ меояд. Яъне, имрӯз шеър дар ману ман дар шеър ҳастам. Ва дар пештоқи ин дунё навишта шуда: «Ман туро дӯст медорам!»

- Чун аз дунёи шеър сухан рафт, мехостем, андешаҳоятонро перомуни ҳунару истеъдоди ҷавонони имрӯз бидонем. Баҳои Шумо ба шеъри ҷавонон чӣ гуна аст?

 - Воқеан хурсандиовар аст, ки дар тамоми соҳа мо ҷавонони соҳибистеъдоди зиёд дорем. Ҷавонӣ худ баҳори зиндагист ва моломоли орзуҳои ширин. Дар ҷодаи шеъру сухан низ ҷавонони ҳунарманд зиёданд. Умуман, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ба ояндаи ҳар қаламкаши ҷавон умед бандам, назари нек дошта бошам, зеро маҳз назари неки устодон буд, ки имрӯз мо ба ин ҷода расидем. Умед мекунам, ки соҳибистеъдодҳои ҷавони мо вақти хешро ғанимат шуморида, дар шинохти худашон ва шеър талош менамоянд. Ин имкон ва шароите, ки имрӯз барои ҷавонҳо муҳайёст, мо надоштем. Мо Мавлоноро замони донишҷӯӣ шинохтем. Имрӯз ҳар нафар метавонад, бо пахши як тугма тавассути интернет ҷилд - ҷилд китобҳои Мавлоноро дастрас намояд. Мо барои китоби Нодирпур дар навбат будем, имрӯз ҷавонон навиштаҳои Нодирпурро метавонанд, ба ҳар навъу ба ҳар забони хостаашон пайдо кунанд ва хонанд. Магар ин бахти баланд нест?

- Дар ҳақиқат, имрӯз фазои маҷозии интернет имкониятҳои бемаҳдудеро пешорӯи мо боз мекунад. Дар робита ба ин ҷиҳати паҳн шудани шеърҳои «сараву носара» чӣ андеша доред?

- Гуфтан мехоҳам, ки хонандаи закӣ худаш байни шеърҳо фарқ мегузорад ва вақт низ беҳтарин довар аст. Шеърҳое, ки аз дил мисли шароре рехтаанд, ба дилҳои мардумон роҳ меёбанд ва шеъри хуб дар ойинаи таърих нақш мебандад.

- Дар пойтахти кишвар ду маҳфили Шумо баргузор шуд. Оё ҳаводорон аз шаҳру навоҳии вилоятамон низ метавонанд, ба баргузории чунин маҳфил умед банданд?

-Чаро не? Ростӣ санаи 30 – юми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бисёр хубе доштем, ки бо ҳузури устодони шеъри тоҷик, аз ҷумла Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Сайидали Маъмур, Ато Мирхоҷа ва дигарон, ҳунармандони маъруфи кишвар устод Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев, Хосият Ортиқова ва ҳаводорони шеъру сухани ноб баргузор шуд. Маҳфил бағоят хотирмон гузашт ва дар Рӯзи гиромидошти Мавлоно ҳамоиши хубе буд.

Тасмим дорем, то ҷашни Наврӯз дар шаҳру навоҳии кишвар силсилаи маҳфилҳои эҷодиро таҳти унвони “Як шеър як тарона” баргузор намоям ва бо арзи иродат имтиҳони унвони Шоири халқиро ба халқ супорам ва ба муҳаббаташон сипосгузор бошам.

- Дар поёни суҳбат таманниёти Шумо ба мухлисону ҳаводорон чӣ хоҳад буд?

- Коми тоҷиконро бо сухан бардоштаанд. Вақте тоҷикон таваллуд мешаванд, аввалин гиряашон шеър аст, аввалин хандаашон шеър аст. Вақте шеър дар зиндагӣ қадр дорад, вақте ки шоир қадр дорад, вақте зебоӣ дар зиндагии мардум мақом дорад, зиндагиашон монанди муҳиташон, монанди дарёҳои Тоҷикистон, монанди шаҳрҳои гулрези Тоҷикистон зебо хоҳад буд, ҳамеша бо шеър бошанд. Ҳамеша бо гармии ҳаёт бошанд.

- Ба суҳбати самимӣ сипосгузорам!

Суҳбаторо

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил шуданд. Рӯйхати навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Амон тартиб додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони радабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Читать далее

Ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавии "ҲАЁТ" дар шаҳри Бӯстон

2 октябри соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи замонавии "ҲАЁТ" мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона бунёди чунин иншоот ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳиро тадбири муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Читать далее