06 September 2019

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатов

6 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  толори қабули расмии Қасри Арбоб муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатовро ба ҳузур пазируфт.

Мавриди зикр аст, ки муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатов ҷиҳати иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров

6 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  толори қабули расмии Қасри Арбоб бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров мулоқот намуд.

Бояд зикр кард, ки намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ҷиҳати иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Читать далее

Истиқлолият – бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ!

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 - уми сентябри соли 2019 дар толори Қасри таърихии Арбоб ҷаласаи мутантан бахшида ба ифтихори 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва пешқадамони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва меҳмонон аз вилоятҳои Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Маҷлиси тантанавӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфт.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Читать далее

Ду дурўғи таъсисии ТЭТ ҲНИ: ё чи гуна наҳзатиён барои худ таърих ва ҳувият мебофанд

Решаҳои хориҷи, моҳияти воридоти ва таъйиноти геополитикии ТЭТ ҲНИ барои ҳамаи муҳаққиқон ошно буда, баҳсҳои илмию таърихи дар ин бора кайҳо поён ёфтаанд.

Читать далее

Foreign roots, imported nature and geopolitical destinations of the IRP are known to all researchers. Scientific and historical debates about this topic have completed a long time ago.

Foreign roots, imported nature and geopolitical destinations of the IRP are known to all researchers. Scientific and historical debates about this topic have completed a long time ago.

Читать далее

Две лжи о создании ТЭО ПИВ, или Как нахзатовцы придумывают для себя историю и менталитет

Зарубежные корни, привозная сущность и геополитические предназначения ТЭО ПИВ известны всем исследователям, научно-исторические диспуты об этом уже давно завершены.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат – бистуҳаштсолагии ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми сарбаланди вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, тансиҳатию болидахотирӣ ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани азиз дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

Истиқлолият нишони ҳувият, таҳкими давлатдорӣ, бузургтарин неъмат ва бошукӯҳтарин ҷашни миллат, сарчашмаи ифтихори ҳар шаҳрванд, заминасози рушду такомул ва пойдевори қавии ваҳдату ягонагӣ мебошад.

Читать далее

САМАРАБАХШИИ ЗАМИНҲОИ КОРАМ – БЕҲДОШТИ ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ

Дар қаламрави шаҳри Исфара бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ ва таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, алалхусус, самти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза вусъат пазируфта, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоварад.

- Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Деваштич Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр намуданд, ки «… бояд дар самти истифодаи оқилонаву самараноки замин, зиёд намудани майдони боғу токзор, кишти картошка, истифодаи дарахтони мевадиҳанда ба иқлим мутобиқ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, тухмии босифати картошкаву зироатҳои ғалладонагӣ, зиёд намудани ҳосилнокӣ ва таъминот бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шаванд»,- мегӯяд сардори раёсати кишоварзии шаҳри Исфара Мирилёс ҳамзаев.- Вобаста ба ин фаровонии бозори дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи он низ аз самараи заҳмати кишоварзон алоқамандӣ дорад.

Таҳлилҳо ва факту рақамҳо нишон медиҳанд, ки дастовардҳои кишоварзони шаҳри Исфара ба азму иродаи заҳматкашони дилсӯзу озодакораш тавъаманд. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ин минтақаи кишвари соҳибистиқлоламон, дар навбати аввал, аз ҳалли масъалаи оқилонаву самаранок истифода намудани заминҳои корам, минбаъд, аз фаъолияти мунтазами обрасонӣ, тухмиҳои сифатноку ба шароити иқлим мутобиқу серҳосил вобастагии муҳим дорад. Дар ин самт оқилонаву самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, бунёди боғу токзорҳои нав, соҳаи тухмипарварӣ ва чорводорӣ хеле муҳим ва заруранд. Воқеан дар соҳаи кишоварзии шаҳри Исфара, аз таҳлилҳо аён мегарданд, ки имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда хеле зиёданд. Дар заминҳои кораму обии инҷо зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо, картошкаву сабзавот, мансуб ба хӯроки чорво кишт карда, ҳосили фаровону таъминкунандаи дурнамо рӯёнида мешаванд.

Мегӯянд, ки шароит ва имконият нишондиҳандаи фаъолият буда, аз мутахассисон ва роҳбарони хоҷагиҳо, ҳар кишоварзӣ ба замину обу боғу майдон дилсӯзу меҳрбанди навгонӣ, эҷодкорӣ, тозакориро тақозо менамояд. Дар ин росто раёсати кишоварзии шаҳри Исфара пайваста дар меҳвари фаъолият дар хусуси иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин ташкилотҳои болоии соҳа дар бобати кам намудани майдони кишти тирамоҳии ғалладонагӣ корбарӣ карда, ба ҷои он зиёд гардонидани замини картошка ва сабзавотро ба роҳ мемонанд. Далелу рақамҳо далеланд: дурнамо 640 гектар кишти ғалладонагиҳоро бозгӯй аст, дар асл дар майдони беш аз 628 гектар кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10,5 гектар кам мебошад.

- Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли равон дар майдони 2839 гектар кишти баҳорӣ буда, аз он дар ҳолати имрӯза 5211,5 гектар кишти баҳории зироатҳо гузаронида шудааст, - мегӯяд Мирилёс ҳамзаев.

- Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо 995,7 гектар, лӯбиёгиҳо 122,4 гектар, зироатҳои техникӣ 545,6 гектар, картошка 1001,8, сабзавот 479, полезиҳо 27,4 ва намудҳои хӯрокии чорво 582,7 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин замина сол аз сол замини кишти картошка дар Исфара зиёд мегардад, соли равон дурнамо 1000 гектар буда, иҷрои он 1001,8 гектарро ташкил намудааст. Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 20 гектар ба ҳолати имрӯза мувофиқи ҷамоатҳои деҳот дар майдони бист гектар таъмин гардидааст. Умуман ба нишондоди кунунӣ аз замини 523,7 гектар 10530 тонна ҳосили хушсифату ба талабот ҷавобгӯй ҷамъоварӣ шудааст.

Исфара ва кишоварзони он дар парваришу ба даст овардани сабзавот, аз ҷумла, помидор дар вақтҳои пеш ҳам ва имрӯз низ номвару эътирофшуда мебошанд. Аз 369,5 гектар майдони помидор то ба имрӯз 9786 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 265 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар таъмини корхонаҳои консервбарории шаҳр мавқеъ пазируфтааст. Дар шаҳру деҳоти Исфара алҳол 14 корхонаи коркарду банду басти меваи хушк фаъолият дорад.

Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар Исфара бомуваффақият татбиқи амалӣ гирифтааст.

Дар Ҷамоату шаҳракҳои Исфара аз 12 ҳазор гектар боғот мавҷуд буда, аз он 10120 гектар дар сектори ҷамъиятӣ мансуб аст. Боғот 9561 гектар дарахтони мевадиҳандаро дар домани худ ҷойгир намудааст, 302 гектар токзор дорад.

Дар самти навкориҳои вусъатпазир соли 2019 дар маҷмӯъ 46 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин самт дар меҳвари амалҳои ҷадид қарор дорад. Яъне соли равон 9 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида,  ҳамагӣ майдони боғи интенсивӣ дар шаҳр 35 гектарро ташкил медиҳад. Азнавбарқароркунии боғоти кӯҳна ҷараён дорад, - фикри худро тақвият медиҳад Мирилёс ҳамзаев. – Кишоварзони мо барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ барои бунёди боғҳои замонавӣ ҷаҳду амал менамоянд.

Воқеан, кишоварзони Исфара дар соҳаи тухмипарварӣ маҳорату малакаи комил доранд. Тухмии картошкаи навъҳои серҳосилу хушсифат, гандумҳои тухмӣ – гурӯҳи элита ва 1-уму 2-юм харидорони зиёд пайдо кардаанд, ки ба миқдори 489 тонна пешниҳоди кишоварзони ҷумҳурӣ мегардад.

- Баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳамавақт дар мадди назари мутахассисону зироатпарварон буда, тақвияти иқтисодиёт муҳим аст, - бо таҳлилҳо фикрашро тақвият бахшида мегӯяд сарвари раёсати кишоварзии Исфара.

Ба ҳолати 27-уми августи соли равон аз ҷумла сабзавот аз ҳар гектар 248,3 сентнерӣ, аз ҷумла помидор 265, юнучқа 122,6, гандум – 51,2 ва ҷав 36,7 сентнериро ташкил додаст.

Самти фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарвар Чоркӯҳ» ва Кооперативи тиҷоратии «кишоварзони Навгилем» ба афзун гардонии ҳосилнокии заминҳои Исфара мушаххасу сазовори дастгирист.

Домони заминҳои хоҷагиҳои Исфара аз ҳосилбахшӣ рангин буда, зироатҳои ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, бодирингу помидор, лаблабу, сабзиву пиёз ва ғайра фаровон самар ба бор меоварданд.

Ҷаҳду азму суботи заҳматкашон – кишоварзон амалан ба тақвияти нерӯи содиротии маҳсулоти босифат ва бозоргир нигаронида шудааст.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қўшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3

Аз 3-юм то 5-уми сентябри соли 2019 дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдаррон» ва «Нурафшон» машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қўшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 баргузор гардид.

Маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ имрӯз, 5 сентябр бо иштироки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар машқгоҳи низомии «Чорухдаррон» доир шуд.

Читать далее