19 August 2019

Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд

Дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Департаменти техникии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Ана Раффо-Каиадо бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти нави соҳаи тандурустӣ таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ дастгоҳу таҷҳизоти навтарин ворид гардида истодааст.

Читать далее

Конибодом: ОМИЛҲОИ СОЗГОР - ТАҲКИМБАХШИ ПЕШРАВӢ

Ба оғози соли нави таҳсили 2019 – 2020 - ум дар макотиби оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои башумор мондааст. Бо мақсади таъмини муҳассилин бо ашёи хониши таълимӣ ва либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ дар марказҳои шаҳру навоҳии вилоят ярмарка - фурӯши лавозимоти мактабӣ ташкил шудааст.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар маркази шаҳр аз санаи 16 – уми август ярмарка - фурӯши лавозимоти мактабӣ оғоз ёфт. Бино ба гуфти масъули бахши иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Парвина Абдуллоева имсол дар робита ба ин чорабинӣ масъулини сохторҳои марбута, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Дар ярмаркаи лавозимоти мактабӣ маҳсули коргоҳҳои либосдӯзии шаҳр, ба монанди «Маликабону», «Имдоди Ғайрат», «Фаррух», «Зайнаб», «Гулдаст» ва «Ниҳол», ки ҷиҳози дӯхтаашон босифату дорои дизайни муосир ва арзиши дастрас дар бозори маҳаллӣ мебошанд, ба фурӯш гузошта шудаанд. Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки барои таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо либоси ягонаи мактабӣ байни шуъбаи маорифи шаҳр ва ин коргоҳҳо бобати омода намудани 22 424 адад либоси мактабӣ шартномаи тарафайн баста шуда, то санаи 10 - уми август 12 ҳазор чунин либос омода ва дастраси мактабиён гардидааст, ки он 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бобати омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли хониши 2019 - 2020 Парвина Абдуллоева гуфт, ки то санаи 8 - уми август кулли муассисаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, танҳо сохтмони ҳашт синфхона ва ду кабинети корӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 47, чор синфхона дар мактаби №45, панҷ синфхона ва маҷлисгоҳ дар мактаби №53, толори варзишӣ дар назди мактаби №44, ду устохонаи таълимӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ дар гимназияи шаҳрӣ, сохтмони биноҳои нави таълимӣ барои 330 ҷойи нишаст ва 240 ҷойи нишаст дар назди мактабҳои №№7 ва 52 дар марҳалаи анҷом қарор дорад.

Дар назар аст, ки ин иншооти мазкур дар рӯзҳои оғози соли нави таҳсили 2019 - 2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки алҳол дар шаҳри Конибодом 55 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла як муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 51 муассисаи таҳсилоти умумии миёна, як литсей, як гимназия, як муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва зиёда аз 2400 нафар омӯзгор фаъолият доранд.

Бинобар маълумоти пешакии масъулини шуъбаи маорифи шаҳр, дар соли нави хониш наздик 3500 нафар бачаҳо дар синфҳои якум ба таҳсил оғоз менамоянд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ашт: ТАШРИФИ САЙЁҲОН - НИШОНИ ФАРАҲМАНДӢ

Эълон шудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ ривоҷу равнақ ва ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони бузурге бахшид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ аз имконияту захираҳои мавҷуда истифода бурда, бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 42 иншооти соҳавӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, осорхона, табобатгоҳ, истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Ошоба ду роҳи баромади сайёҳон ба нуқтаи баландтарини қаторкӯҳҳои Қурама, Бобои об, ки баландиаш аз сатҳи баҳр 3768 метр мебошад, сохта шудааст.

Ҳамасола дар ин ҷо садҳо нафар шаҳрванди хориҷию дохилӣ истироҳат менамоянд. Ду ошхона, меҳмонхона ва чашмаҳои оби шифобахши Понғозсой, Ошобасой доимӣ дар хизмати сайёҳон мебошанд. Мавзеи истироҳатии «Чинор - Бобо» дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ба сайёҳон нерӯи нав мебахшад. Деҳаҳои Бободархон, Понғоз, Ашт, Шайдон, Кулихоҷа ва Мулломир бо мавзеъҳои таърихии тамошобобаш сайёҳонро мафтун кардааст. Обҳои минералии табобатии мавзеъҳои Надок, Сардоб, Пазмон, Шӯробак, Оби Ашт, Бобои сетан ва Кандир барои солимии инсон муфид аст.

Дар мавсими истироҳатии соли 2019 зиёда аз 3 ҳазор нафар сайёҳ дар истироҳатгоҳи «Аксикон» табобат гирифтанд. Давоми соли 2018 ба ноҳия 3782 нафар сайёҳ ташриф оварданд, ки аз онҳо 386 нафарашон сайёҳони хориҷианд. Гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 - ум 512,2 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар озмуни намоиши маҳсули дастӣ, оҳангарони аштӣ ба гирифтани ҷойи дуюми ифтихорӣ ноил гардиданд. Моҳи августи соли равон анҷумани 5 - уми оҳангарони аштӣ дар деҳаи Ашт баргузор мегардад, ки ба он зиёда аз 200 нафар оҳангари Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон даъват шудаанд. Инчунин, моҳи октябри соли равон 80 - солагии бунёди Канали Калони Фарғона дар марзҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОДА,
ноҳияи Ашт

Читать далее

Панҷакент: ЭЪТИБОР БА АЗХУДКУНИИ ЗАМИН

Имсол аз ҳисоби соҳилмустаҳкамкунии соҳили рости руди Зарафшон ва барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бештар аз 147 гектар майдони кишти шолӣ афзун карда шуд бештар аз 147 гектар майдони кишти шолӣ афзун карда шуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш таъкид карданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намудан бояд ба азхудкунии заминҳои нав вусъат бахшида, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор карда шаванд. Дар ин радиф вазорату кумитаҳо вазифадор гардида буданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри таъмини иҷрои барномаҳои қабулшуда мусоидат намоянд.

Мувофиқи Барномаи рушди соҳаи кишоварзии мамлакат барои солҳои 2016 - 2021 дар шаҳри Панҷакент баҳри таъминоти пурраи сокинон бо маҳсулоти худӣ то соли 2021 ба 2000 гектар расондани майдони кишти шолӣ дар назар дошта шудааст. - Афзунгардонии майдони кишти ин зироати баҳри рӯзгори мардум муҳим аз кадом ҳисоб амалӣ карда мешавад ва феълан дар ин самт вазъ чӣ гуна аст? Бо ин суол мухбирамон ба сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Ғолиб Гадоев муроҷиат намуд.

- Таъмини иҷрои дурнамо, яъне ба ду ҳазор гектар расонидани замини кишти шолӣ аз ҳисоби гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии заминҳои соҳили рост ва чапи дарёи Зарафшон дар назар дошта шудааст. Дар ин самт аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат барои барпо кардани садди муҳофизатӣ дар дарёи Зарафшон корҳои мушаххас амалӣ карда шуда истодааст. Зикри он далел ҷоиз аст, ки имсол аз ҳисоби соҳилмустаҳкамкунии соҳили рости руди Зарафшон ва барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бештар аз 147 гектар нисбат ба соли гузашта майдони кишти шолӣ афзун карда шуд. Дар маҷмуъ, дар 1675 гектар феълан кишти ин зироат гузаронида шудааст, ки аз ин миқдор дар 1405 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ шолӣ киштаанд.

Дар шаҳри Панҷакент дар аксар ҷамоатҳои деҳот кишти ин зироат ба роҳ монда шуда, соли 2019 деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои деҳоти Хурмӣ, Саразм, Амондара, Косатарош, Халифа Ҳасан аз ҳисоби мустаҳкамкунии соҳилҳо ва барқароркунии заминҳои аз кишт берунмондаи соҳили рости руди Зарафшон майдони кишти шолиро изофа карданд. Миқдори зиёди афзункунии майдони кишт ба Ҷамоати деҳоти Хурмӣ рост меояд. - Афзун гардидани майдони кишт оё имкон медиҳад, ки сокинони шаҳри Панҷакент бо биринҷ таъмин гарданд? - Соли гузашта мо аз ҳар гектар замини кишти шолӣ ба миқдори 60 - 65 сентнерӣ ҳосил бардошта будем.

Бо дарназардошти он, ки дар шаҳри Панҷакент бештар аз 85 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, мо алҳол имкон дорем, фақат сокинони шаҳр ва Ҷамоатҳои деҳотро таъмин намоем. Ният дорем, аз ҳисоби сол аз сол васеъ намудани майдони кишти шолӣ, истифодаи навъҳои хушсифати тухмӣ ҳосилнокиро торафт баланд бардорем. Соли равон нақша дорем, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 65 - 70 сентнерӣ расонем ва рӯзгори сокинонро аз ин навъи зироати кишоварзӣ фаровон намоем.

Баҳри амалишавии ин нақша муаммое мавҷуд нест. Зеро имсол туфайли муҳайё намудани шароити мусоид аз ҷониби хоҷагии оби шаҳр ҷиҳати таъминоти оби полезӣ муаммое вуҷуд надорад. Бояд қайд намуд, ки баҳри рушду такомул бахшидан ба соҳаи кишоварзии кишвар ва ниҳоят, комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ дар мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ амалигардонии ёздаҳ Барномаи давлатӣ тарҳрезӣ гардидааст.

Марҳала ба марҳала дар амал татбиқгардонии ин барномаҳо имкон медиҳанд, дастархони мардуми диёрамон бо анвои маҳсулоти хушсифати худӣ ва нархҳои дастрас таъмин бошад ва баҳри сокинон барои зиндагии шоиста шароит муҳайё гардад. Як самти амалигардонии ин барнома васеъгардонии майдони кишти шолӣ мебошад, ки дар ин самт деҳқонони шаҳри Панҷакент иқдоми намунавиро амалӣ менамоянд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РУШДИ ИҚТИСОД - САРЧАШМАИ ДАРОМАД

Эмомалӣ РАҲМОН: Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

… Вақте ду сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Атласи Хуҷанд» ташриф оварданд, барои таъсиси сехи дӯзандагӣ ва мағозаи фирмавӣ дастур дода буданд. Инак, якуним сол аст, ки дар назди коргоҳ сехи дӯзандагӣ ва мағозаи фирмавӣ амал мекунад. Дар сехи дӯзандагӣ ҳашт нафар ба меҳнат ҷалб шудаанд. Баробари ба сех ворид гардидан дар маникенҳо либосҳои миллӣ бо тарҳи аврупоӣ, сумкаҳои мардонаву занона, ҷомаву либосҳои арӯсӣ, парпеч барои навзоду сару либоси бачагона, болишту болинҳои қуроқу чойникпӯшакҳо ва ғайра беш аз сад навъи дӯхти либосу дигар лавозимоти барои рӯзгор зарурӣ омодагардида, ҳама аз матоъҳои бирешимину пахтагии истеҳсоли ҳамин коргоҳ пешкаши харидорон гардонида шудааст.

Атласу адраси Хуҷанд дар пойтахт

Аз роҳбаладам Рафоат Саидовна пурсон гаштам, ки мағоза дар дигар мавзеъ ҳаст ё не? Зеро сару либоси дӯхтаи коргоҳ шинаму зебо буданду ба қавле наху пудаш аз бирешиму пахта, хосатан парпечу либосҳо барои навзодон писанди модарон хоҳанд гашт. Қаблан дар дохили бозори «Сомон» ҳам нуқтае доштаанд, аммо алҳол фаъолияташро қатъ кардааст.

Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе низ мағозаи фирмавӣ фаъолият дорад ва матоъҳои атласу адрас ва сару либосҳои дӯхтаву дигар маводи омодагардида харидорони худро ёфтааст. Хориҷиён – дӯстдорони ҳунарҳои миллии дастӣ баробари ба кишвари мо ташриф овардан, албатта аз мағозаи фирмавии коргоҳ маҳсулот харидорӣ менамоянд. Вақте ба коргоҳ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, аз заҳмати кормандон аз наздик воқиф гардиданд, дар масъалаи фурӯши матоъ ва либосҳои омодагардида маслиҳати хешро дареғ надоштанд. Гарчанде суръати фурӯш мувофиқи матлаб нест, аммо дар чорабиниҳои сиёсиву дигар маъракаҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҳатто ҷумҳуриявӣ аз матои ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бисёр истифода мебаранд.

 Ҷавонон – ояндасози ҷомеаанд, аммо…

Дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Атласи Хуҷанд» соли гузашта 51 нафар машғули меҳнат буданд ва имсол ҳам шумораи кормандон ҳамин қадар боқӣ мондааст. Вале, мутаассифона, вақте аз коргоҳ, аз фаъолияти меҳнаткашон дидан намудем, синну соли аксари кормандон миёнсолу калонсоланд. Тавре директори кулл Азимҷон Ғафуров изҳор дошт, «ин ҳунари қадимаи миллист, ҳанӯз аз даврони пеш ба мо мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар мулоқоту вохӯриҳояшон дар бобати эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҷавонон, бо кор таъмин намудани онон таъкид медоранд. Аммо сад афсӯс, ки сафи ҷавононро дар ин ҷо ҷамъ карда натавониста истодаем».

Баҳри ҷалби ҷавонону занони хонанишин ба ин коргоҳ сарвари он бо мактабиёну донишҷӯён ва аҳолии баъзе маҳаллаҳои маркази вилоят мулоқот ороста, ононро дар се моҳи аввал ба сифати шогирд бо маоши 400 сомонӣ ва баъдан чун устоди ҳунар бо моҳонаи 1000 сомонӣ ва беш аз он ба кор даъват намуд. - Аксари ташрифовардагон наздик як ё ду моҳ паси дастгоҳ нишаста бошанд ҳам, аммо хоҳиши кор кардан надоштанд, - гуфт бо афсӯс ҳамсуҳбатам. Охир, ин кормандоне, ки алҳол фаъолият мебаранд, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ дар ҳамин ҷо бо меҳнат машғуланд, ҳоло бошад, аз рӯи дилсӯзӣ, аз рӯи меҳру муҳаббат ба касбашон ба ин даргоҳ қадам ранҷа менамоянд, зеро дар ҳамин ҷо ба домони пирӣ расидаанду дар ҳамин остона ба қадри меҳнат рафтаанд ва дар ҳамин ошён ризқи хешу пайвандон ёфта, зиндагиашонро обод кардаанд, - изҳор дошт дар идома А. Ғафуров.

Бо тарҳи замонавӣ

 Вақте аз коргоҳ дидан намудем, ҳамагон машғули меҳнат буданд. Аз нақли кормандон маълум гардид, ки то омода гардидани матои атлас 22 амалиёт гузаронида, аксар бахши корҳо дастӣ сурат мегирад. Чунончӣ, тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, абрешимро аз ғалтак ба калоба гирифтан, пухтани абрешим, даврагарӣ, пайдо кардани нақши атлас (нақшҳои майда ё калон), кашидани нақши матои атлас, рангуборкунии торҳои асосии басташуда, кушодани аврбандӣ ва кафмол кардани торҳои часпида ва боз пас аз чанд амалиёти дигар дар дастгоҳҳо матои атлас ва адрас бофта шуда, дар ҳаҷми 50 - 80 метр дар дастгоҳи махсус дарзмол карда мешавад.

Чун меҳнати ононро назар андохтам, офаринашон хондам, зеро кормандон ҳама паси дастгоҳҳои амалиёташ мухталиф аз пайи эҷоди матоъҳои рангоранги миллӣ буданд. Дар назди эшон нақшҳои «Намози шом», «Барги сабз», «Атласи сурх», «Барги карам», инчунин бо тарҳи замонавӣ, ба монанди «Таппиш» омода шуда истода буданд.

Маҳсулоти хом аз дохили кишвар, вале…

- Алҳол иқтисоди бозоргонист ва мо кӯшиш менамоем, ки матоъҳои хушсифат ва дӯхтаҳои хушрӯву шинамро пешкаши харидорон намоем. Солҳои қаблӣ куртаи аз матои атлас омодагардидаро зери борон пӯшида намешуд. Алҳол аз давлати Швейтсария дастгоҳе дастрас намудем ва наздик ба 30 намуди атлас об расад ҳам, сифату ранги матоъ тағйир намеёбад, - гуфт сарвари коргоҳ.

Ба саволи ман оиди дастрасӣ аз ашёи хом сарвар чунин изҳор дошт: боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат саноатчиён, маҳсулоти хомро аз дохили кишвар дастрас менамоянд. Ростӣ, арзиши ашёи хом дар корхонаи «ВТ Силк» гарон аст, аз ин рӯ, бо соҳибкорон низ ҳамкорӣ дорем. Масалан, як кило бирешим дар «ВТ - Силк» 45 доллари амрикоӣ арзиш дорад, ҳангоми коркард аз он 30 фоиз партов ва танҳо 700 грамм абрешим омода мешаваду халос. Дар ин ҳолат арзиши як метр атлас то 90 сомонӣ мешавад, ки ин барои харидор гарон хоҳад буд. Адрас аз нахи пахтаву тори матои атлас аз бирешиму пуди он аз пахта омода мегардад. Рангро бошад, аз шаҳрҳои Самарқанду Фарғона дастрас менамоем», - иброз дошт директори коргоҳ.

 Истеҳсол ҳаст, фурӯш суст

Собиқадорони арсаи меҳнат Саодат Асатуллоева (даврагар), Матлуба Ҳасанова (калобарес), Раъно Шерматова (бофанда), Ҳотам Саидов (аврбанд) ва дигарон сайъ доранд, матоъҳои атласу адраси замонавӣ омода созанд.

 Истеҳсол ва сифати матоъҳо сол аз сол рушд ёфта, агар дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 656,98 ҳазор сомониро дарбар гирифта бошад, имсол он 698,33 ҳазор сомониро ташкил карда, нақша 106,30 фоиз иҷро гардид. Яъне истеҳсоли маҳсулот дар шаш моҳи соли 2018 - ум ҳамагӣ 22500 метрро дар бар гирифта, аз ин 13500 метр атлас ва 9000 метр матои адрас мебошад.

Дар ҳамин даври соли равон ҳамагӣ ба маблағи 24735 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз ин 15235 метр атлас ва 9500 метр матои адрас аст. Дар сехи дӯзандагӣ дар шаш моҳи соли сипарӣ ба маблағи 38086 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расида, ба андозаи 9558 ҳазор сомонӣ сару либос ва дигар лавозимоти рӯзгор омода гардидааст. Ҳаҷми фурӯши маҳсулот бошад, дар шаш моҳи соли 2018 - ум 291252 сомонӣ ва дар шаш моҳи соли 2019 - ум 64022,82 сомониро дар бар гирифт.

Мораторий – ба манфиати кор

 - Боиси ифтихору сарбаландист, ки, - арз медорад А. Ғафуров, - сол аз сол нисбат ба истеҳсолчиён Пешвои муаззами миллат ғамхории хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар Паёми навбатиашон мораторий эълон карданд. Бовар кунед, ин ду сол имкон медиҳад, ки саноатчиён дар муҳити ором ба эҷоду истеҳсоли маҳсулоти сифатан аъло машғул бошанд.

Инчунин нисбати эълон гардидани ҳадафи чорум - босуръат саноатикунонии мамлакат онро қайд карданиам, ки имрӯз Сарвари давлати мо барои истеҳсолчиён имкон фароҳам овардаанд, ки то қадри имкон барои рушди саноат ҷидду ҷаҳд намуда, таҷҳизоти муосирро ворид ва дар беҳтарсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии давлати соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд...

 Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее