05 August 2019

Дар шаҳрҳои саноатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 3 ва 4 август дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалия гузаронида шуд.

3 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни баргузории ярмаркаро мушоҳида намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар гузаронидани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

То кай шиору овезаҳои ғалат амал мекунанд?!

Ё худ чаро аксари номи мағозаву корхонаҳо хориҷист?

Шиору овезаҳо яке аз воситаҳои асосии муаррифии ин ё он корхонаву ташкилот, мағозаву дорухона ва дигар сохторҳо ба шумор мераванд. Имрӯз шиору овезаҳоеро мебинем, ки мақому манзалати забони давлатиро паст зада, онро бо дигар забонҳо омехта месозанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар амал мекунад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо пешравии соҳаи саноат, пайдо гардидани молу ашёҳои нав, ки дар кишварҳои гуногун истеҳсол шудаанд, инчунин дар натиҷаи додугирифти маҳсулот, таъсирбардорӣ аз ихтирои тоза ба тоза дар кишварҳои ҳамсоя забони адабии тоҷикӣ аз “дороиҳои бепоён” - и дигар забонҳо “фаровон” истифода карда, аз ин ҳисоб “ғанӣ” мегардад. Дар натиҷаи тарҷумаи ибораву калимаҳои забонҳои дигар, бахусус русӣ, забони тоҷикӣ шаклу воситаҳои нави ифода, мафҳумҳо ва калимаву ибораҳои навро аз худ мекунад ва ин имконият рӯз аз рӯз меафзояд.

Вақте дар кӯчаву хиёбонҳои натанҳо шаҳри Хуҷанд, балки дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сайругашт менамоед, як маротиба ба шиору овезаҳо ва рекламаҳои “ҷолиб” - и тарҷумашудаи ним ба забони тоҷикиву ним ба забони ғайр назар андозед, боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки аксари онҳо забони тоҷикии моро доғдор месозад. Ҳукумати кишвар пешниҳод карда буд, ки тамоми овезаву шиорҳои таблиғотӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мутобиқ шаванд. Имрӯз ба бисёр овезаву шиорҳои таблиғотӣ вомехӯрем, ки аксари онҳоро хонда, кас ангушти ҳайрат мегазад.

Имрӯз зебоии шаҳри Хуҷандро, ки онро “Тирози ҷаҳон” ё худ “Арӯси шаҳрҳо” мегӯянд, дида, ҳаваси кас меояд.

Вале забони бисёре аз номгузориҳои мағозаву дорухонаҳо ва эълону рекламаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар бозори марказии “Панҷшанбе” навиштаҷотеро дар пештоқи мағозаи либосҳои мардона ва занона мебинед, ки бо ҳарфҳои калон навишта шудааст: “НАРХҲОИ ХАНДАОВАР”. Оё нарх ҳам хандаовар мешавад? Сониян, ба нархи “хандаовар” нигоҳ кунам, 20 – 30 сомонӣ, 100 сомонӣ ва аз он ҳам болотар нарх доранд. Нархе, ки либосҳо доранд, магар хандаовар аст? Ҳол он ки либосҳои дигари бозор низ ҳамин гуна нархро доранд. Номгузории мағоза хандаовар аст, на нархҳо!

Дар истгоҳи “Панҷшанбе” дӯкони либосҳои занона -“МАМЛАКАТБОНУ” номгузорӣ шудааст. Дӯконҳо ва ё дорухонаҳоеро мебинем, ки натанҳо ба номи одам, балки ба номи ҳашароту ҳайвонот номгузорӣ шудаанд, ба мисли мағозаи “МУРЧА”...

Овезаву рекламаҳо бо навиштаҳои ғайритоҷикӣ зиёд дучор меоянд ва воҷаҳои русиву англисӣ ширкату созмон, мағозаву дӯконҳоро низ муаррифӣ мекунанд. Яке аз ин гуна шиору овезаҳое, ки дар бисёр мағозаву дӯконҳои шаҳри Хуҷанд ба чашм мерасанд, ин рекламаи дӯконҳои таъмири телефонҳо ва ё дигар ҷиҳози техникӣ мебошанд. “Ремонт сотовқх телефонов” ва монанди ин рекламаҳои дигар ба забони русӣ дарҷ шудаанд. Хуб мешуд соҳибони мағозаву дигар муассисаҳо аз ин гуна рекламаҳои ғайритоҷикӣ даст кашанд. Дар пештоқи аксари марказҳои шустушӯи нақлиёт навиштаҷоти “АВТОМОЙКА” ба чашм мерасад.

 Ин гуна овезаҳои ғайритоҷикӣ дар пеши микроавтобусҳои мусофиркашон низ бисёр ба чашм вомехӯранд, ба монанди “Обл. балница”, “Гор. балница”, “Мкр 20” ва ғайра. Яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Аҳмадов, нафақахӯр дар ин бора гуфт: “Бо забони русӣ будани овезаҳои микроавтобусҳо як тараф, ҳатто онҳоро ҳам дуруст навишта наметавонанд. Дар пеши оинаи микроавтобусе ба ҷои он ки “ГОР. БАЛНИЦА” нависанд, “ГУР. БАЛНИЦА” навиштаанд. Имрӯз ин гуна шиору овезаҳо зиёданд.

 Дар ин ҷода, натанҳо Кумитаи забон ва истилоҳот, балки мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, васоити ахбори омма, шахсони ҳуқуқиву воқеӣ низ барои ислоҳи ҳар гуна номгузориву шиору овезаҳо масъуланд. Моро месазад, ки ба номгузории дӯкону муассисаҳои худ аҳамияти ҷиддӣ диҳему онҳоро хуб, зебо, дуруст ва албатта, бо забони ноби тоҷикӣ нависем.

Ҳафиза Бегова,
Рӯзноманигор

Читать далее

Токзорҳои нав бунёд, кӯҳна эҳё мешаванд

Чанд сол муқаддам бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои намояндагон аз соҳаҳои мухталиф сафари шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Регар намудем. Вақте токзори ангурпарвари машҳур Ҳоҷӣ Неъмат Усмоновро дидем, онро боғи фирдавс гуфтему он мулкро мулки ҳамешабаҳор номидем.

Як муддат пас дар вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар оид ба токпарварӣ доир гардид ва чанд масъалаҳо доири мавзӯи мазкур баррасӣ шуданд. Аз он пас ба мушоҳида расид, ки ангурпарварӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии мо низ рушд ёфт. Бо ташаббуси токпарвар Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар минтақаи Сомғор дар масоҳати ҳашт гектар токзор аз нав барқарор ва чанд навъи ангур парвариш ёфт. Панҷ гектар мавзеи Боғи миллиро бошад, ангурзор намуданд, ки дар ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат ширкат варзиданд.

Имсол ҳам дар майдони 44,5 гектар токзори нав бунёд ва дар масоҳати 97,3 гектар токзор аз нав барқарор карда шуд. Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 3048 гектар токзор, ки 2594 гектари он ҳосилдеҳ, дар шаҳрҳои Истаравшан аз 3587 гектар 3374 гектар ва дар Панҷакент 1417 гектар майдони токзори ҳосилдеҳ мавҷуд аст.

Инчунин, дар ин давра бунёди токзорҳои нав низ босуръат идома дошта, дар ҳудуди вилоят 178 фоиз боғи нав бунёд гардида, ба андозаи 176,9 фоиз боғҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи дурнамо ба ҷойи 7 гектар дар масоҳати 11 гектар майдони токзор бунёд шуд, ки ин 150 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра инчунин ба ҷойи 22 гектар дар масоҳати 61 гектар токзори куҳна барқарор карда шуда, нақша 277 фоиз таъмин гардид. Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод боғҳои нав бунёд нагардида бошанд ҳам, аммо боғҳои кӯҳнаро ба андозаи 600 фоиз ва 200 фоиз аз нав барқарор сохтанд. Дар ноҳияи Деваштич ба ҷойи 5 гектари дурнамо 20,5 гектар токзор бунёд ва 95 фоизи боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд.

Он навъи ангурҳое, ки мевааш пухта расидааст, умуман як моҳ пеш аз пухта расидани ҳосил пошидани доруворӣ мумкин нест.

Дар вилоят ангурҳои навъи чиллагии сиёҳ ва сафед ва зариф пешпазанд, навъҳои кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед, ҳусайнӣ, кадуҳусайнӣ, ҳусайнии нимранг, ҳусайнии сафед, султонӣ, миёнапаз ва тоифии гулобӣ, нимранг, «Шоҳона», «Победа», «Мерс», тагобӣ, қароқалпоқ ва боз дигар навъҳои ангур дерпазанд, умуман беш аз садҳо навъи ангур ҳастанд, ки то охири моҳи октябр ҳосил медиҳанд.

Мутаассифона, алҳол барги ток зард шуда, мисоли хазон рехта истодааст. Дар ин бобат Мақсуд Отабеков агроном - мушовири ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол» чунин посух дод: Ба сабаби рӯзона хеле гарм ва шабона сард омадани ҳаво баргҳои ангур зард шуда, ба бемории гардзанӣ, (оидиум) милдю ва антракноз гирифтор шудааст. Дар ин ҳолат деҳқононро мебояд, ба коркард эътибор дода, то пухта расидани ҳосил 12 - 16 маротиба коркард гузаронанд ва ғизо диҳанд. Умуман, барои беҳтар кардани ҳосили ангур ҳар як хӯшааш нигоҳубини алоҳидаро талаб мекунад. Танҳо пас аз ҳамин мо ҳосилнокиро равнақ дода, дар сардхонаҳо ҳам беш аз 5 - 6 моҳ ангурро нигоҳ дошта метавонем.

Барои пешгирии бемориҳои номбаршуда аз доруҳои фунгиӣид, топаз, скорквадрис, топсин, минсекӣидҳо, актеллик, имидоклоприд, данадим истифода бурдан лозим аст. Агар майдони токзор зиёд бошад, дар 1 тонна об 400 грамм топсин ва 200 грамм скорквадрисро омехта намуда, пошидан, инчунин олтингӯгирдро бо хоки роҳ ё ҳулбаро дар об ҷӯшонида, ҳангоми саҳар пошидан ва дар вақташ коркард кардан, хомток, ғизодиҳиро рушд додан ба баландшавии ҳосилнокии ангур мусоидат мекунад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Читать далее