July 2019

16 July 2019

Натиҷагирии фаъолият

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирии фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Тавре зикр гардид, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ВАО - и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 17 ҳазор чорабинии гуногун доир карда шуд.

Дар ин давр аз ҷониби Кумита силсилачорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо иштироки беш аз 2 миллион нафар наврасону ҷавонон ташкил карда шуд.

ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи сайёр як қатор кормандони Кумита, ки дар вазифаҳои хизматӣ натиҷаҳои назаррас нишон доданд, бо рутбаҳои хизматӣ давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шодмон Нурматов,
хабарнигори газетаи "Ҷавонони Тоҷикистон"

Читать далее

15 July 2019

Шаҳрдорони шаҳри Хуҷанд чӣ мегӯянд?

Ҳасрати соат

Фелетон

Шумо боре ҳам аз баландӣ истода манзараи шаҳрро тамошо кардаед? Медонед, ки тамошои зебоиҳои гирду атроф ва табиати нотакрору хиёбонҳои гулпӯши шаҳри азизам Хуҷанд аз ин баландӣ ба кас чӣ ҳаловате мебахшанд? Дар шафати рӯди Сир, канори дарёи пурасрор - назди майдони Парчами давлатӣ, муҷассамаи устод Рӯдакӣ, аз ҳама муҳимаш, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истода ба халқу Ватан хизмат кардан ба ҳама муяссар намешавад. Ҳамин тавр не?

Имрӯз маро андаке шармам омад. Ҳо-о-о ана аз ҳамон хоначаи зебою оинакории хати болои дарё нафаре гоҳ бо тааҷҷуб, гоҳ бо ҳайрат, гоҳ бо тамасхур ба ману соати дастиаш нигоҳ мекард. Нигоҳҳояш маро ба қавле «хӯрд». Мепурсед, ки чаро? То ин муддат ман бовиқор, босалобатона ба мардум чашм медӯхтам, ифтихор мекардам, ки ҳамарӯза ақаллан мардуми мошинсавори болои пул ба сӯям назар афканда, вақту соати ба кор рафтану аз кор баргаштанашонро муайян мекунанд. Дидагони пуртааҷҷуби ба сӯям нигарон ба фикрам азони сайёҳи кишвари дур буда, вақтро донистан мехост. Мани содадил аз кӯҳнаву фарсуда шудани ақрабакҳоям дар хиҷолат будаму чашм аз хоначаи оинакории роҳи танобӣ мегурезонидам. Бовар мекунед, ман аз ҳамин баландию дурӣ истода, ақрабаки соати дастии ӯро медидам ва аз худ шарм медоштам. Охир вақти ҳақиқӣ 14:35 дақиқаи маҳаллиро нишон медоду ақрабаки мани шӯридадил 9:20 - и субҳро.

Медонед, дирӯз баъди ба ғуруб рафтани офтоби оламоро аз наздикии ман се - чаҳор мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ гузашту аз сӯрохии ақрабакҳоям дидам, ки аз дохилаш арӯсу домоди хуштолеъ дар назди пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ гулчанбаргузорӣ ва аксбардорӣ карданд. Ҳамин вақт яке аз ҷӯраҳои домод шӯхикунон «тезтар шавед, дер шуд, боз тӯйхона дарашро ба рӯямон маҳкам накунад» гуфт. Домоди некбахт як ба ақрабаки ман нигоҳ карда «Э - ҳей, ҳоло барвақт - ку, намебинӣ, соат акнун чор аст, ду соати дигар вақт дорем, бемалол метавонем боз чанд ҷои дигарро сайр намоем» гӯён истодагарӣ мекард. Ба ростӣ, замин накафид, ки ман аз ин баландӣ худро ба поён сарозер созаму аз болоям хокпӯш намоянд. Охир, агар худи ҳозир домод ба гапи ҷӯраҳояш надарояд, бешак, ба тӯйхона дер мемонад. Ақрабаки ман расо се соату сенздаҳ дақиқа қафо рафта буд.

Асри бисту якро асри техникаи пешрафта меҳисобанд. Имрӯз биноҳои замонавӣ, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази воситаҳои техникӣ, коргоҳҳои пуриқтидори пешрафта ва дигар иншооти замонавӣ бунёд мегарданд. Гумон мекунам, ҳар яки онҳо ба сӯям бо тамасхур дида медӯзанду «ҳолатро бин» мегӯянд.

Ҳамин саҳарӣ гуфтугӯи як мӯйсафеди нурониро аз дохили автобус шунидам, ки мегуфт:

- Ҳар субҳ ҳангоми ба коргоҳ рафтанам, ба дохили троллейбус, ки замоне нақлиёти мусофиркаши беҳтарин ба шумор мерафт, нишаста, албатта, дар назди тиреза ҷой мегирифтам ва ё ҷойи қулайро меҷустам, то ба берун нигоҳ карданам осон гардад. Ин амал ҳанӯз аз даврони хурдиам одат шуда буд, зеро соати бобоиам, ки дар пешайвони девор овезон меистод, як - як ғанабаш мебурд. Аз ин ҳисоб барои муайян намудани вақти аниқ ба соати калоне, ки дар пештоқи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд насб шуда буд, менигаристам. Соати он ҷо ҳамеша вақти аниқро нишон медоду бехато ва дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир мешудам. Алҳол ҳарчанд дар нафақа ҳастаму вақти холигии зиёд дорам, будани вақту соати муайян бароям муҳим нест, аммо чун одат ин дафъа ҳам нигоҳҳоям беихтиёр сӯи соати девории бинои даҳошёна бархӯрд, мутаассифона, ақрабаки он вақтро хато нишон медод. Охир, ҳатто мани замоне ҷавону далер пеш рафта, пир шудааму соат як ҷо истодааст - е…

Суханони бобои ҳаштодсола маро ба андеша водор сохтанд. Гуфтаҳои «Пир шудаӣ, пир шудаӣ, пи-и-ир» зери ақрабакҳоям ҷарангос зада, маро ба таҳлука мононд. Ба худ андешидам, замоне нав, яъне ҷавон будам, маро ҳамарӯза истифода мебурданд, нигоҳубин мекарданд, рӯямро тоза, гирду атрофамро озода нигоҳ медоштанд. Ба чархам равған мемолиданду барои лонаи парандагон нашудани дохилам чораҳои зарурӣ меандешиданд. Ҳоло бошад чӣ? Аз ин беҳтар, ки мисли бобои автобуссавор ба нафақа баромада, дар кунҷи ягон анборхона ҷой мегирифтам.

Ба ёдам меояд, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ инҷониб дар маркази вилоят қарор дораму сокинон ҳамарӯза аз ман истифода мебурданд. Донишҷӯён, кормандони муассисаҳои мухталиф, умуман, мардум вақтро аз рӯи соати марказӣ муайян мекарданд. Аммо, мушоҳидаҳои дувоздаҳрӯзаи сокинон нишон дод, ки ақрабаки бечораи ман субҳу шомро иваз кардааст.

Рӯзи аввали мушоҳидаи як сокини шаҳр ақрабак 7 : 22 - субҳро нишон медод, вале дар асл соат 7:45 буд. Бегоҳирӯзӣ ақрабакам 19:25 - ро нишон медод, аммо дар асл соат 17:12 буд. Ба назарам расид, ки тӯли ду ҳафтаи расо нафаре маро аз «санҷиш» мегузарониду вале соат ба вақт тамоман рост намеомад.

Мегӯянд, ки нигоҳдории соати вайрона нишонаи хуб надорад ва вақте он аз кор бозмонд, маҷрои зиндагӣ тағйир меёбад, албатта на ҳар кас ба ин суханон эътимод дорад, вале …

Ба ободии шаҳри азизам бо ҳавас назар карда, ғам мехӯрам, ки ин ҳама бунёдкориро дер эҳсос мекунам. Чаро аз ақрабакҳои ман касеро парвое нест? Охир, беш аз ду ҳафта ақрабакҳоям дар нишон додани вақт гоҳе пеш асту гоҳе пас! Садои дук - дуки қалби ғамнокам ба гӯши кӣ мерасида бошад? Кай аз нигоҳи ҳайратомези мардум халос мешуда бошам? Бо вуҷуди ин дунё ба умед гуфтаанд. Ман ҳам умед дорам, ки нафаре пайдо шуда, садои дили ғамолудаи маро ба масъулин мерасонад ва рӯзҳои наздик ақрабакҳои ман вақти дақиқро нишон медиҳад.

 Шукрона Шарифӣ,
 Пурмоҳи Олим

Читать далее

Марҳалаи нави ободӣ ва рӯзгори пурфайз

Сокинони мушкилписанди деҳаҳои ноҳияи куҳанбунёди Айнӣ дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва барои боз ҳам шоиста намудани рӯзгори хеш талош меварзанд. Ҳадафи ин иқдом рушди ҳаматарафаи Тоҷикистон, шоистагии рӯзгори мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар соҳаҳои тандурустию маориф, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ аз вазифаҳои аввалиндариҷа мебошад. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти дав- латии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бояд 493 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шаванд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Айнӣ байни ду тунел - “Шаҳристон” ва “Истиқлол” қарор дорад ва бо кушода шудани онҳо равуои сокинон афзудааст. Ноҳия аз ҳашт ҷамоат иборат буда, дар қаламрави он зиёда аз 84 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад. Ҳар як деҳаи он табиати пурасрор, кӯҳҳои осмонбӯс, иқлими гуворою муътадил, манзараҳои нотакрор, урфу одат ва анъанаҳои қадимӣ дорад.

Имрӯз деҳаҳои хурду калони ноҳия бо самараи сулҳу ваҳдат ва иқболи Истиқлолият намуди зоҳирии худро ба куллӣ дигар намудаанд. Дар ноҳия 67 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатию хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо, чойхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, бозорҳо ва ғайраҳо дар хизмати аҳолӣ буда, аксари онҳо аз нав сохта ва ё тармим шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин дастур доданд: “Зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷоя бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, маркази истироҳатию фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастаҷамъона идома дода шавад”.

Ин талабот ва дастури Пешвои миллат дар деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба бор овардааст. Устодон, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметан баҳри ободии деҳ камари ҳиммат баста, зиёда аз 1000 метри квадратии саҳнаи муассисаи таълимии маҳалларо бо маблағи 18000 сомонӣ сементпӯш карданд. Боиси қайд аст, ки аз чунин иқдоми наҷиб Музаффар Солеҳов якҷоя бо волидону хонандагон ва омӯзгорон тасмим гирифт, ки дар корҳои ободонии маҳал ва муассисаи таълимӣ саҳми арзандаи хешро гузорад. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳо дар муддати кӯтоҳ таъмири варзишгоҳ, синфхонаҳо, сохтмони ошхона ва ҳатто оби нӯшокӣ дар дохили муассиса ба анҷом расонида шуд.

Дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бо ташаббуси раиси хоҷагӣ Некмуҳаммад Саидов, раиси комитети маҳал Мулломунаввар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, роҳи мошингарди байни деҳа ва чанд ҷойҳои ҷамъиятию таълимӣ навсозӣ карда шуданд. Сокинони деҳаи Вотаи Ҷамоати деҳоти Урметан 24 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда, гирди қабристони деҳаро бо соруҷ сангдевор карда, дарвоза насб намуданд. Инчунин, сокини деҳа Иззат Рустамов барои сохтмони ошхонаи мактаби рақами 54 - ум 3000 сомонӣ сарф намуд. Инчунин, Бадалмаҳмад Раҷабов аз ҳисоби худ ба мактаб дарвозаи оҳанинеро туҳфа кард.

Мӯйсафеди барӯманди деҳаи Ревад Баҳориддин Амаков дар талу теппаҳои деҳаҳои Ревад ва Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан дар майдони 20 гектар боғ бунёд кардааст.

Ноҳияи Айнӣ барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳию деҳот ва илмию мардумшиносӣ захираҳои зиёд дорад.

Ёдгории Саразми бостонию манзараҳои Фон, кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон, маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, қадамгоҳи орифи бузург Шамси Табрезӣ, Манори Варз ва Искандаркӯли афсонавӣ дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро мафтун намудаанд. Дар водии дарёи Шинг бошад, кӯлҳову марғузорҳо ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранги хоси хеш ва зебоӣ фарқ мекунанд. Мо шоҳиди он будем, ки чанде пеш табиатдӯстон - гурӯҳи сайёҳон аз Англия, Франсия, Швейтсария, Россия пас аз саёҳати шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент барои дидани кӯли афсонавии Искандаркӯл ба ноҳияи Айнӣ омаданд.

Инчунин, дар ноҳия барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва густариш додани ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳо андешида шудааст. Вобаста ба талаботи рушди сайёҳӣ дар деҳаҳо касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сабадбофӣ, намадсозӣ, танӯрсозӣ, устохонаҳои табару кордсозӣ ва умуман олоти рӯзгордорӣ ташкил шудааст.

Ҳунарҳои қадимаи атласбофӣ, адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, рағзабофӣ ба роҳ монда шуда, аксар занону духтарон ба буҷаи оила маблағ ворид мекунанд.

Бобоҷони Нурзод,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии
 Тоҷикистон, ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Шаҳристон: Чаро қонунвайронкунии замин ба 82 ҳолат расид?

Эмомалӣ РАҲМОН: Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумитаҳои идораи замини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки баҳри пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қонунгузории замин, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии замин, ғасби замин ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми чораҳо саривақт ва ҳадафмандона андешида шаванд.

- Дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия ҳамаи чораҳо андешида шуда, назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин гузаронида, 82 ҳолати қонунвайронкунӣ дар майдони 15,1 гектар ошкор гардид. Нисбат ба 82 нафар шаҳрванд дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ оғоз карда, бо қарорҳои сарнозир ва муовини сарнозири давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замини ноҳия ба маблағи умумии 43735 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, ки аз он 36935 сомонӣ ба суратҳисоби кумита ворид гардида, 57 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, дар 10,91 гектар замин бартараф карда шуд, - гуфт дар суҳбат Б.Ҳамрозода раиси кумитаи идораи замини ноҳия.

Бино ба иттилои ӯ аз тарафи мутахассисон барои пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Санҷиши назорати истифодабарии чарогоҳҳои мавсимии дар истифодаи дигар шаҳру ноҳияҳо қарордошта гузаронида шуд. Бо сабабе, ки аз тарафи заминистифодабарандагон оид ба вобаста кардани заминҳои чарогоҳ дархост ворид нагардид, заминҳои ишорашуда тибқи тартиби муқарраргардида вобаста нашудаанд.

Кумита барои пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкуниҳо вобаста ба замин фаъолияти худро якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш бурда истодааст.

Баҳри таъмини Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2016 - 2020» бобати зиёд кардани майдони боғу токзор чораҳои зарурӣ андешида шуд. Дар натиҷа аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳ ба ҷойи 5,00 гектари дар дурнамо пешниҳодгардида дар майдони 35 гектар дарахтони бисёрсола, яъне боғот бунёд шуда, нишондод барзиёд иҷро гардид.

Воридоти маблағи ҷаримаҳои басташуда зери назорат гирифта шуд, ки дар натиҷа 84 фоизи ҷаримаи басташуда ба суратҳисоби кумита ворид гардид.

Барои мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи замини заминистифодабарандагоне, ки талаботи қонунҳои истифодабарии заминро мунтазам вайрон кардаанд, чораҳои судманд андешида шудааст.

Бино ба гуфти Б.Ҳамрозода 20 ҳолати дар давоми зиёда аз се сол ба сохтмон шурӯъ накардан ошкор карда, нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешида, барои оғоз кардани сохтмон дастур дода шуданд. Маводи як ҳолати зиёда аз се сол истифода набурдани қитъаи замин барои ба тариқи маҷбурӣ қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи замин ба Суди иқтисодии вилояти Суғд пешниҳод гардид, ки он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» чораҳои зарурӣ андешида, дар даври ҳисоботӣ 6 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ва қитъаҳои замин дода шуд.

Барои сари вақт бартараф кардани қонунвайронкуниҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуда 72 фоизи қонунвайронкунӣ бартараф гардиданд.

Ченкаи назоратии кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо ва картошка гузаронида, натиҷаи он ба Кумитаи идораи замини вилоят пешниҳод гардид.

Санҷиши назоратӣ оид ба истифодаи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони ташкилоту идораҳо гузаронида, натиҷаи он ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ноҳия 7891 заминистифодбарандаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дорад, ки аз он заминҳои 7891 адад заминистифодабаранда чен карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар давоми нимсолаи якум соли ҷорӣ дар асоси пешниҳоди кумитаи идораи замини ноҳия 6 қарори марбутаи раиси ноҳия бекор карда шуданд.

Роҳбарияти идораи замини ноҳия назоратро аз рӯи мақсаднок истифода намудани замин пурзӯр намуда, барои самаранок фоида бурдани замин, ошкор ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи кумита ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

12 July 2019

Ҳамкории Тоҷикистону Покистон заминаи хубе барои расидан ба ҳадафҳоиниҳоииМҲТБО

Аҳолии мардуми минтақаи Осиё  нисфи сайёраи заминро ташкил медиҳад, ки хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳои осиёиро гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макони  инкишофи босуръаттарини  минтақаи ҷаҳон роҳандозӣ мекунад. Ҳамаи ин тавоноҳои минтақаи Осиё мебошанд, ки имрӯз   ҳамаи кишварҳоро дар зери як ҳадафи стратегӣ таҳти   созмони МҲТБО ҷамъ овардааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.

Читать далее

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 км роҳ пурра мумфарш карда шуд

12 июли соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қаламрави вилоят ҷараён доранд, маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд. Дар ин раванд ба таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, танҳо дар соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаи варзишии “Сипар” дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии “Сипар” мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва варзишгарони ноҳия иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таъмини оммавияти варзиш,  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Читать далее

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА. Истиқболи меҳмони олиқадр дар деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон ва ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон бо самимияти хосса сурат гирифт.

Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее

Хуҷанд: Вусъати ободкориҳо

Дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои азнавсозиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо бомаром идома доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили маҳаллаҳо, инчунин сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре сардори дафтари матбуоти раиси шаҳр Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, давоми солҳои 2018 - 2019 - ум беш аз 163 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ маркази хизматрасонии замонавӣ бо номи «Шоҳона», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Тарабхона бо тарҳи миллӣ оро дода шуда, 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Баҳри беҳтар гардонидани шароити манзилии аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр 6 бинои истиқоматии бисёрошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Инчунин, дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба истифода дода шуд. Бинои нави озмоишгоҳӣ аз ҳисоби маблағҳои донишкада бо харҷи беш аз 2 миллиону 374 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишуда оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои муносиби меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ ҳамарӯза корбарӣ намуда истодааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее