July 2019

18 July 2019

МУАММОИ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГӮШТ НОКУШОДА МОНД!

Соли равон нарху навои баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ то як андоза боло рафтааст, ки он боиси нигаронии сокинони вилоят шудааст.

Бино ба ахбори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019» аз аввали соли 2019 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар бехпиёз – 2,8 баробар, сабзӣ – 1,8 баробар, чойи кабуд – 40,2 фоиз, биринҷ – 33,5, бодиринг – 19,7, тарбуз – 19,4, мош – 17,2, ҳасибча аз гӯшти гов – 13,7, гӯшти гӯсфанд – 10,3, гӯшти қимашуда – 9,3, думбаи гӯсфанд – 7,8, гӯшти гов бо устухон – 7,5, шакар – 5, орди навъи 1-ум – 3,5, ҷигари гов – 1,8, нон – 1,7 фоиз боло рафтааст.

Ба ҳолати 1 – уми июли соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 18274,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2018 - ум 2,6 фоиз зиёд аст. Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхаридор ба шумор меравад. Ҳар нафар мехоҳад аз хӯроки серғизо истифода барад. Имрӯз яке аз муаммоҳои аҳолии вилоят ин гароншавии нархи гӯшт аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар бозори марказии «Панҷшанбе» нархи як килограмм гӯшти гов аз 45 то 48 сомонӣ буда, гӯшти беустухон аз 58 то 62 сомонӣ аст. Гӯшти гӯсфанд бошад, 50 сомониро ташкил медиҳад. Чанд моҳ инҷониб болоравии нархи гӯшт ба назар мерасад, ки он ба шароити зиндагиву иқтисодии бошандагони вилоят рост намеояд.

Ақидаҳо гуногун, аммо қассоб чӣ мегӯяд?

Вақти суҳбат аксар аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бинобар гарон шудани нархи гӯшт барои харидории он имконият надоранд.

Ҳуринисо Каримова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро болоравии нархи гӯшт нигарон кардааст.

- Ба арзиши 60 сомонӣ ба фурӯш гузоштани гӯшт ноинсофист, зеро нафақа ва маоши имрӯза ба ин нарху наво тамоман мутобиқат намекунад. Чор нафар фарзанд дорам, ки тӯли ду моҳ гӯшт истеъмол накардаанд, зеро шароити иқтисодии оилаам он қадар хуб нест. Бе гӯшт хӯрок маззаи худро гум мекунад. Дар ҳолати баланд бардоштани нарху наво бояд маош ва нафақа ба эътидол оварда шавад, - гуфт бо таассуф номбурда.

Алҳол дар бозори марказии «Панҷшанбе» 60 дӯкони гӯштфурӯшӣ ҳаст, ки танҳо 34 - тои он фаъолият дорад. 26 - тои дигар аз ҳисоби харидорӣ карда натавонистани мол як муддат маҳкам аст.

Тавре, сардори Ташкилоти ҷамъиятии «Соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе» Ғанӣ Почоев иттилоъ дод, яке аз сабабҳои болоравии нархи гӯшт ин қимматшавии хӯроки чорво ва кам гардидани саршумор дар бозор аст. Болоравии нархи гӯшт ба фурӯшандагону қассобон низ зарари молӣ расонидааст. Бо вуҷуди он, ба гарон шудани нарх нигоҳ накарда, имрӯз сокинон бо гӯшт таъмин шуда истодаанд.

Дар бобати нархгузорӣ ва назорати он Ғанӣ Почоев гуфт, ки - мо дар даврони иқтисоди бозоргонӣ қарор дорем, бинобар он ба нарх дахолат карда наметавонем. Дар ин ҷода танҳо барои арзонтар кардани он ташвиқот мебарему халос. Нарх ба ихтиёри фурӯшанда аст.

Гӯшт ва кисаи харидор

Гӯштфурӯши бозори «Панҷшанбе» аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи харидорон торафт кам шудааст ва инро ӯ аз болоравии нарх мешуморад.

Хӯроки чорво қиммат шуда истодааст. Барои ба фурӯш рафтани гӯшт маҷбур ҳастем бо нархи 45 сомонӣ фурӯшем, дар асл мо як килои онро бо нархи 46 - 47 сомонӣ мехарем. Умедворем, ки минбаъд нархҳо ба танзим оварда мешавад , - мегӯяд ӯ.

- Солҳои пеш давоми ду рӯз гӯшти як чорво ба савдо мерафт, имрӯз бошад, танҳо 35 - 40 кило ба фурӯш мераваду халос. Агар як гов 250 - 300 кило бошад, онро давоми се - чор рӯз мефурӯшем, ки ин бар зарари мо аст, - мегӯяд фурӯшандаи дигар.

Дар бобати тайёр кардани хӯроки чорво дар ахбори Сарраёсати омори вилоят омадааст, ки дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хӯроки чорво давом дорад. То 1 - уми июли соли 2019 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар даври тирамоҳу зимистон ба миқдори 132,3 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 120,6 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 83,2 ҳазор тонна хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 3,7 ҳазор тонна тарбеда ва 45,4 ҳазор тонна зиёд коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 49,2 ҳазор тонна ё нисбат ба соли гузашта 117,8 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 6,9 сентнерӣ воҳиди хӯрока ғизо тайёр карда шудааст.

Аз ин ҳисобот бармеояд, ки гароншавии нархи гӯшт ба хӯроки чорво вобастагӣ надорад.

Абдувоҳид Раҳматов - мутахассиси соҳа аст ва 15 сол инҷониб дар ҷодаи молу гӯшт фаъолият мебарад. Ӯ мегӯяд, болоравии нархи гӯшт омилҳои ба худ хосро дорад.

- Аввалан, барои парвариши як сар моли калони шохдор тақрибан як солу се моҳ вақт лозим аст. Як сол ғизои мол он қадар харҷи зиёд надорад, асосан 3 моҳ барои ба фурӯш омода кардан хӯроки серғизо бояд истеъмол кунад. Ҳамчунин, барои ба беморӣ гирифтор нашудани он шахси алоҳида бояд нигоҳубин карда, аз ҳолаташ бохабар гардад. Дувум омил ин аст, ки солҳои пеш дар вақти муайян кардани вазн танҳо гӯшти молро ҳисоб мекарданд, имрӯз бошад, чорворо ба пуррагӣ ҳисоб мекунанд, ки ин низ то андозае ба гароншавии нарх боис мегардад. Савумин сабаб дар он аст, ки сокинон бештар ба гӯшти беустухон аҳамият медиҳанду шумораи нафароне, ки гӯштро бо устухон харидорӣ мекунанд, торафт кам шуда истодаанд. Агар фурӯшанда фақат лаҳмро фурӯшад, устухонро бояд бо нархи арзон диҳад, ки ин барои фурӯшанда муфид нест. Ниҳоят, охирин омил ин болоравии нархи хӯроки чорво ва кам шудани мол аст, агар мол зиёд шавад, нарх арзон мешавад ва агар он кам гардад, нарх низ қиммат мешавад, - мегӯяд номбурда.

«Ба дӯкони гӯшт наздик намеравам»

Доир ба боло рафтани нархи гӯшт бо чанде сокинон ҳамсуҳбат гаштем, ки аксар нисбат аз гаронии нархи гӯшт норозӣ буданд.

Аз ҷумла нафақахӯр Акрам - бобо мегӯяд, ки ба маблағи 60 сомонӣ харидани гӯшт барои камбизоатону нафақахӯрон вазнин аст. Мо, нафақахӯрон дар як моҳ аз 200 то 250 сомонӣ нафақа мегирем ва имконияти харидани гӯштро надорем. Чанд муддат аст, ки ба дӯкони гӯштфурӯшӣ наздикӣ намекунам, зеро хуб медонам, ки нарх боло рафтаасту ба кисаам рост намеояд. Танҳо аз масъулин хоҳиш мекунам, ки нархро ба танзим дароварда, барои аҳолӣ кори хайру савобро анҷом диҳанд.

Бино ба маълумоти бадастомада ба 1 – уми июли соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 661,2 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 17,1 ҳазор сар ё 2,7 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 21,7 ҳазор сар ё 1,4 фоиз, зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Пас ақидаи мардум бобати кам шудани чорво низ танҳо сару садоҳои беасос аст.

Дар ҳақиқат, гароншавии маҳсулоти серғизои хӯрока, алалхусус, гӯшт имрӯз ҳамагонро ба ташвиш андохтааст. Масъулинро мебояд сабабу омилҳои болоравии нархи гӯштро ба пуррагӣ омӯхта, баҳри бартараф ва ба танзим даровардани нархи ин ғизо чораҳои зарурӣ андешанд, зеро дар ин радиф фикру ақида ва норизогиву нофаҳмиҳои зиёде пеш омадааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

НАЙРАНГҲОИ КӮҲНАИ ИФРОТИЁН

Дар расонаҳои иҷтимоӣ ба монанди “Фейсбук” ва “Ютуб” гурӯҳҳои ифротгароии ТТЭ ҲНИ  ҳодисаҳои майда – чударо ёфта ба он овозаҳои баланд медиҳанд ва дар тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва роҳбарони кишвар ва давлатмонро сиёҳ арданӣ мешаванд.

Лек чи хеле ки мо ҳамагон медонем дар рӯи олам дар кишварҳои дунё чи тавре аз расонаҳои ахбори омма нишон медиҳанд, чигуна ҳодисаҳои даҳшатовар рӯй медиҳанд. Масалан хонандаи  14 – сола дар Амрико дар мактаб чандин нафар рафиқони худро  паррондааст. Локин овозаҳо ҳархела бар зидди ин ҳодиса ё ҳодисаҳои даҳшатовари аср ҳисобидани ифротиён қобили қабул нест. Умуман солҳо мешавад, ки Ҳизби наҳзати ислом дар кишварамон ҳизби террористӣ ҳисобида шуда , фаъолияти он манъ гардид. Инро аксарияти кишварҳои дунё медонанд, локин боз бо ҳар баҳона баландгӯякҳои худро ёфта гап мезананд ва мехоҳанд кишвари ободу тинҷу ором ва  гул – гул шукуфта истодаро чашми дидан надоранд. Мехоҳанд, ки боз кишвари моро ба гирдоби ҷангу ҷанҷол кашида курсиҳоро дар  сохторҳои давлатӣ соҳиб шаванду худ шоҳу тамъашон вазир бошад. Умедатонро канед наҳзатиёни хоин, худро тоҷики “асил” нишон дода фикратон тамоман дигар мебошад, нафрат ба чунин роҳбароне, ки аз дур истода нақшаҳои ифротиёна ва бар зидди халқро мекашанд. Нақшаву нияти онҳо ранги табаддулоти моҳи сентябри шикаст мехурад. 

Азимов А.Ҷ. – н.и.б., дотсенти кафедраи
маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее

Боз як ақидаи иғвоангез

Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҲНИ чӣ дар даҳаи охири асри гузашта ва чӣ пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд.

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид. Наҳзатиҳо пайваста тариқи расонаҳои хабарии хеш мекӯшиданд, то ҷомеаро мазҳабӣ кунанд ва тадриҷан онҳо сабаби рушди хурофот, таассубзадагӣ ва инсонбадбинӣ дар ҷомеа гардиданд.

Имрӯз онҳо дар мамлакатҳои Аврупо аз ҳисоби баъзе доираҳои манфиатдор зиндагӣ карда, ҳаракатҳои беҳадафро иҷро менамояд. Кӯшиш мекунанд, ки ҳар ҳафта як найранг ё туҳматеро ё ин ки як ғаразеро нисбат ба мардуми Тоҷикистон равон кунад. Хабаре, ки дар Ҷумҳурии Литва “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” аз тарафи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо (муаллиф Сайидюнуси Истаравшанӣ) сабти расмӣ ёфтааст, боз як найранги душманони миллат мебошад. Дар хабар оварда мешавад, “ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи Воҳидова “ташвиқ ва қадрдонӣ аз афроду созмонҳое аст, ки фаъолияти худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша ба хусус дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кардаанд”. Афсус ки, шахсони хиёнаткор, яъне наҳзатиҳо рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, аз ақидаи иғвоангез даст намекашад. Ин вазъият моро ҳушёр намуда, талошҳои муштараки ҳамаи шаҳрвандоро тақозо менамояд, ки дигар мардуми мо гумроҳ нашавад.

Усанов Р., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

ТАРҒИБОТИ СИЁҲИ ХОИНОН

Тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри бештар пойдор намудани сулҳу субот ва амнияти миллӣ нигаронида шуда, дар ин самт дастовардҳо ҳам  ба чашм аён аст, мутассифона бархе аз афроди нохалафи ҷомеа бо ҳадафҳои нопоки худ мехоҳанд, садди ин пешравию шукуфоии диёр бошанд.

Ба мисоли фаъолияти кунунии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ аст, ки ба ҳарзагӯйи машғул аст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои тарғиботиро худро ба роҳ монда, сиёсати кунунии давлати моро сиёҳ мекунанд.

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва махсусан устодону омӯзгорон ҳамаи изҳороту суханҳои беасоси мухолифини миллат асаре надоранд ва мо мардуми шарафманди Тоҷикистон тарафдори сулҳу субот ва ваҳдатӣ миллӣ ҳастем. Шукронаи ҳамин ватани биҳиштосо мекунем ва баҳри пешрафти он камари ҳиммат мебандем.

 Мирсаидов С. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее

ХОИНОНРО ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ИНТИЗОР АСТ!

Тоҷикону тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату ҳукумат қудрате дорад, ки ҳар гуна ҳаракатҳоеро, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд аз байн бубаранд.

Имрӯз мардуми созандаи кишвар онро мехоҳанд, ки душманони миллату давлати тоҷик дар кадом минтақаи ҷаҳон хоҳ дар Аврупо ва хоҳ дар Шарқи Наздику Дур ва дигар манотиқ ки набошанд бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар назди сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷа гирдиҳамоӣ ва пикетҳо доир гардид, ки истирдоди «хоинони Ватанро» ба Тоҷикистонро дархост мекунанд.

Тазоҳургарон мегӯянд, онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд, ки  дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирдиҳамойиҳои намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар баргузор гардиданд. «Мо ба ин ҷо барои он омадем, то ки норозигии худро ҷиҳати ба хоинон дар хориҷа додани имкон барои баргузории чунин чорабиниҳо ва мизҳои гирдро баён кунем». Гурӯҳи ҷавонон ба назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ омада, ҳамин талаботро ба миён гузоштанд. Гурӯҳе аз ин ҷавонон хостори ба Душанбе баргардонидани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва тарафдорони ӯро шуданд.Ҷавонон бо нидоҳои «Хоинонро ба ватан баргардонед» ва «Иттиҳоди Аврупо, ба талаботи мо посух бидеҳ» шиорпартоӣ мекарданд. Онҳо моҳи октябри соли гузашта низ ин гурӯҳи ҷавонон назди сафоратхонаи Олмон гирдиҳамоӣ омада, истирдоди раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро талаб карда буданд.

Тоҷикистон дар марҳалаи кунунни рушд имкониятҳои фарох дорад, то ки амнияти миллии худро комилан таъмин созад ва ҳамчунин дар минтақа чун давлати озоду демократӣ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон муборизаи беамон барад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату  миллат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз  саҳми бориз дошта бошем. Ба суханҳои пучи гуруҳҳои ифротӣ бовар накунем.

Саломов С. – сармуаллими кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

Хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ

Ифротгароӣ маънои тундравӣ, маҷораҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низоъу муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари чиддӣ табдил шуд.

Мардуми мо ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён, олимон ва хоҳиш карда мешавад, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд. Зеро, ба ин хатари оромию осоиштагӣ мубориза бурдан қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад. Инчунин, дар чунин ҳолат вазифаи олимон аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин барнома принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Яъне, ҳамаи шаҳрвандон ба ин ҳодисаҳо бетараф нашуда, муносибати худро баён намояд. Зеро, имрӯз барномаҳое, ки аз аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул шуда истодааст, бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

Олимон ва умуман шаҳрвандон вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Олимони ҷомеашиносӣ бошад, барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таҳқиқоти ин гурӯҳи олимон, пеш аз ҳама, бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ замина фароҳам оваранд ва омилҳои дигареро, ки дар оянда ҷомеаро муттаҳид месозанд, муайян кунанд, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, ки то давлати мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошад.

Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг дар байни ҷавонон бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад. Онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ришвахурӣ аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст. Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ сатҳи коррупсия баланд мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат сатҳи коррупсия дар кишвар коҳиш мешавад.

Дар ҳақиқат ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии ҳар як давлат мебошад. Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳону минтақа аз ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат мустаҳкам намуда, вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

Бердишукуров А., Усанов Р.,
устодони ДДХ

Читать далее

ВАСВАСАҲОИ МУЛЛО КАБИРӢ

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд. Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузоштааст, ки он монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Яке аз ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияту тартиботи мамлакат таҳдид намуд, собиқ ташкилоти экстремиcтиву террористии ҳизби наҳзат мебошад. Амалҳои хоинонаю душманонаи ин ташкилоти террористию экстремистӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз боварии давлату миллат истифода бурда, ба қатлу ғорат даст зад. Хуб шуд, ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардид ва ҷиноятҳои минбаъдаи ин гурўҳ пешгирӣ гардид.

Мутаассифона имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати мо машғул аст.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў аз пешравиҳои мамлакатамон озурдахотир гардида, пайваста ба бўҳтону дурўғ машғул аст.  Наҳзатиҳо ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пўшида нест, ки наҳзатиҳо ҳамарўза бо васвасаи шайтон ба бўҳтону дурўғ машғул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурўҳбозӣ овораанд.

Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст.

Аз ин рў ҳар як мардуми ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад. Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рўи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем. Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои Кабирӣ бовар намекунанд ва фаъолияти ўро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ғайриинсонона медонанд.

Тюряев Ҷ.А. – сармуаллими кафедраи
 иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Читать далее

ҲАНГОМАСОЗИИ НАВИ НАҲЗАТИЁН

Имрӯз баъзе аз гурӯҳҳову ташкилоти ифротие пайдо шудаанд, ки оромию сулҳу суботи кишварро чашми дидан надоранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоро вайрон созанд. Кабирӣ ва дигар хиёнаткорони Ватан аз ин ҷумлаанд.

Новобаста аз он, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин тоифа чашм пӯшиду гузашт кард, онон боз ҳам дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ менамоянд. Чун нақшаҳои пинҳонии онон ошкор гардид, роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва пайравонаш ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар он ҷо низ даст ба хиёнати Ватан мезананд.

Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштаанд. Ҳоло ТТЭ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто, зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо - ҷо садо мебароранд. Чанд рӯз пеш чанд тан аз мухолифини ватангумкарда таҳти роҳбарии Кабирӣ барои иштирок дар ҷаласаи солонаи Кумитаи олии ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Ҷенева ҷамъ омаданд. Наҳзатиён аз роҳбарияти олии Кумитаи ҳуқуқи башар талаб намуданд, ки онҳоро ба маҷлис роҳ диҳанд, лек талаби онҳо рад карда шуд. Аз шикасти худ шармсор гашта, дар сомонаҳои расмии худ овозаҳои ҳархела паҳн карданд.

Ҳар қадар ташкилоти мамнуъ ва террористии ҳизби наҳзат бешармона дар давлатҳои хориҷ минбари бепоя ташкил мекунаду бо чанд нафари гумроҳ ба қавле ҷамъомад барпо менамояд, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон қадар аз хиёнаткориву ватанфурӯшии роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ бештар ва саҳеҳтар огоҳ мешаванд. Зиёда аз он роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ ҳар қадар ҳангома барпо карданӣ мешаванду ҳарзагӯӣ мекунанд, мардуми сарбаланди кишварамон ҳамон қадар, аз кирдорҳои ғайриинсонии онҳо дар солҳои навадуми асри гузашта бохабар мешаванд.

Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагӣ, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ.

Имрӯз агар нафаре аз ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замине, ки ҳанӯз солҳои вазнини навадуми асри рафта барои тамоми мардуми деҳот бахшида шуд, як пора нон хӯрда бошад, то умр боқист, шукронаи ҳамон нону ҳамин давлату давлатдорӣ мекунад. Ин нафар як не, миллионҳо мардуми Тоҷикистонанд, ки имрӯз ҳам аз замин нон мехӯранд ва шукронаи ин сарзамини аҷдодӣ мекунанд.

М.Дадобоева,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

АҲДОФИ НОПОК АМАЛӢ НАМЕШАВАНД!

Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи созмонҳои ифротие ба шумор меравад, ки баҳри аз сари нав пайдо кардани мавқеи гумшудаи худ кӯшиш намуда истодаанд. Гарчанде номи худро дигар -“Паймони миллӣ” карда бошанд ҳам, лек мақсаду маром ҳамон боқӣ мондааст.

Ҳадафи онҳо ноором сохтани фазои ороми кишвари мост. Дар ин раванд ба онҳо фазои иттилоотӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст. Таҳқиқоти солҳои охир дар ин самт нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо барои расидан ба аҳдофи нопоки хеш ду усул – тазоҳурот ва таблиғотро ба кор мебаранд.

Зеро маводҳои сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернет назарҳои гуногунро ба бор меоварад. Агар ба фаъолияти солҳои пешинаи наҳзат намоем, тазоҳурот дар пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки наҳзатиёни хоин нақши меҳварӣ дорад.

Наҳзатиён чандин вақт инҷониб таблиғоти интернетиро бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо пурзӯр намуда, ба бадном кардани кишвари худ пардохтаанд.

Чӣ тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, дар амалӣ гаштани амалиёти мудҳиши террористӣ, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон аз ҷониби гуруҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ гардида буданд, шабакаи ҷаҳонии интернет нақши калидӣ бозидаанд. Дар натиҷаи масдуд гаштани фаъолияти ДИИШ дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст.

Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ масдуд гардида бошанд ҳам, наҳзатиён фаъолияташонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Интернет ҳамчун абзори таблиғоти ақоиду ғояҳои террористонаву ифротгароёнаи паймоншиканон нақши меҳварӣ бозидааст.

Ҳарчанд ин таблиғот ба сулҳу суботи кишвар рахна ворид насозад ҳам, аммо метавонанд бо он роҳ баъзе ҷавонони ноогоҳи кишварро фирефта гардонанд. Раванди мазкур метавонад ба ҷавонони тоҷики муқими хориҷ аз кишвар муассиртар бошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки қабл аз хондани хабарҳои иттилоотӣ ба манбаи он аҳамият диҳем ва ба ҳар гуна ахбори дурӯғини душманони миллат бовар накунем.

С.Латифов,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

МУБОРИЗАИ БЕАМОН БО ПАДИДАИ ИФРОТӢ

Дар замони имрӯз шаклҳои зиёди экстремизм муайян карда шудаанд. ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои харобиоварӣ, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст, аз ҷумла паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, ноогоҳӣ аз таърихи кишвару миллати худ ва дигарҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилоти махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд, ки ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем.

М.Бобоҷонова,
 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее