July 2019

24 July 2019

Ҳисобкунаки об: Фоида ва зарари он

Аз қадим то замони мо калимаи «сарфакор» чун мероси бебаҳо омада расидааст, ки миллионҳо сол моҳияташро гум намекунад. Об мӯъҷизаи бебаҳо буда, онро хуни табиат ҳам мегӯянд.

Барои сарфакорона истифода бурдани об мутахассисон ҳисобкунакро ихтироъ карданд, ки имрӯз дар ҳар ҳавливу ҳуҷраҳои баландошёна васл шудааст. Акнун мардум аз рӯи нишондоди ҳисобкунак маблағ месупоранд. Аз ин самти кор сокинон манфиат бардоштанд, вале, афсӯс.

Ман дар назар дорам хонаҳои баландошёнаро. То васл шудани ҳисобкунаки об дарахтҳои атрофи ин манзилҳо обёрӣ мешуданд. Баъди насби ҳисобкунак обёрии дарахтҳо қатъ гардид. Онҳо хушк шуда, рӯ ба нобудшавӣ оварда истодаанд. Дарахтзорҳо ба шаҳр ҳусн зам мекунанд. Дар роҳравҳои маҳаллаҳои соҳили рост гаштугузор кунед, мебинед, ки шаҳр аз ҳар ҷиҳат гӯё ба ҷои ноободе монанд шудааст. Мувофиқи қоида дар назди иморатҳои баландошёна як ё ду нуқтаи обёрӣ васл шуданаш лозим аст. Муболиға нест, гӯем, ки соҳиби об ҳастему аммо лабташна. Гузаштагонамон мегуфтанд, ки дарахти хушкидаро зуд решакан кунед, истодани он хосияти хуб надорад. Ба ниҳолакҳои навшинонидашудаи ҳамешасабз бодиққат нигоҳ кунед. Аллакай онҳо яктарафа қомат хам задаанд. Ин нишон медиҳад, ки дарахтҳоро рост на, балки нодуруст шинонидаанд.

Соли 2018 дар ду тарафи роҳи мошингард - болои микроноҳияҳои 18, 19, 13, 12 ва 8 - ум садҳо ниҳолҳои ҳамешасабз, ки арзиши ҳар кадоми онҳо на кам аз бист сомонӣ буд, шинонида буданд. Дар урфият мегӯянд, ки «Шутурро бо кафлес об додан». Ниҳолакҳои сабзро шинониданду фаромӯш карданд, ки замини ин ҷо регзор аст. Оби дастӣ рехта ҳамагӣ чанд соат намнокии решаи онҳоро нигоҳ медорад. Ақаллан атрофи решаи онҳо ҳавзчае накофтанд, ки барои сабзиши ниҳолакҳо мададгор мешуд. 5 - 6 сол пеш аз ин дар бораи кӯчаҳои ба номи Ҷӯра Зокиров, Содирхони Ҳофиз дар рӯзнома «Сухани халқ» мақолаи танқидие чоп карда будам. Мутаассифона, таъсири он мақола танҳо дар саҳифаи рӯзнома монда буд. Ба тозагии шаҳр низ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст, зеро аз ҷӯйборҳои роҳҳои марказӣ обҳои мағзобадор ва бадбӯй мегузаранд.

Ҳалли ин масъала вазифаи ҷонии кормандони идораи санитариву экологӣ ва ҳар нафари мост!

Муҳаммадназир АҲМАДОВ,
нафақахӯр, сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

ОИЛАИ БЕ ЗӮРОВАРӢ ВА ХУШУНАТ - ОИЛАИ СОЛИМ

Истиқлолият рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишони равшани ватандориву ватандӯстии мо буда, тайи 28 соли охир ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат, махсусан баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз занон мавқеи худро дар ҷомеа ишғол кардаанду баробари мардон дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мебаранд.

Дар давраи истиқлолият якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон қабул гардидаанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз зумраи онҳост.

«Ин даъфа Аниса даруни сандуқи калон пинҳон шуд, зеро зарбаи ба танаш расида то ҳол шифо наёфта буд. Падарарӯсаш дар ҳолати мастӣ бо ҳар баҳона ба ӯ даст боло мекунад ва вақте шавҳар аз кор меояд, сабабе барои ҷанг кардани онҳо меҷӯяд. Шавҳараш инсони бадҷаҳл аст ва Аниса рафтори падарарӯсашро пинҳон медорад, зеро гумон мекунад, ки шавҳар ба суханонаш бовар намекунад. Вале дафъаи охир косаи сабраш лабрез шуд ва ба шавҳар рози дил кард. Ӯ чизе нагуфта баромада рафт. Нисфи шаб дар ҳолати мастӣ омаду Анисаро зери лагад гирифт. Имрӯз Аниса мехоҳад барои ҷудошавӣ ариза супорад, зеро ба идома додани зиндагии талх тоқат надорад…».

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила - мубодилаи таҷрибаҳои мусбӣ ва дурнамои ҳамкориҳо» ва татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зимни баромади худ бобати пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар муносибатҳои оилавӣ, стратегияи Кумитаи кор бо занон оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал дод.

- Ҳарчанд бобати масъалаи мазкур корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, теъдоди зӯроварӣ то ҳол зиёд ба назар мерасад. Дар самти маблағгузории Барномаҳои давлатӣ, дастрас кардани маводи иттилоотӣ ба аҳолӣ, дастрасии кӯмаки равоншиносон, хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ВАО, таҳлилҳои амиқ, омори ягонаи электронӣ ва амсоли инро бояд ҷоннок кард, зеро дар фаъолияти масъулон саҳлангорӣ ба чашм мерасад, - гуфт Марҳабо Олимӣ.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар бобати таҷрибаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон - ҳамчун ҷузъи асосии сохтор, ки дар татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 саҳм гузоштаанд, маълумот дода, ҳамчунин дар мавриди муваффақият, мушкилот ва дурнамо маърӯза кард.

Тавре сармутахассиси кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Гулнора Гадойбоева иттилоъ дод, мақсад аз баргузории мизи мудаввар иҷрои нақшаи амали Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Раёсат дар ин раванд як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаш моҳи соли 2019 - ум 1535 нафар шаҳрванд қабул ва маҳз бо муаммои зӯроварӣ 856 нафар занону духтарон муроҷиат кардаанд, ки аз ин теъдод ҳамчун оилаи ноустувор дар вилоят 691 ададро ташкил медиҳад. Боиси таъкид аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 кам ба назар расад ҳам, ташвишовар аст ва Раёсати кор бо занон аз мубодилаи афкори мизи мудаввар таҷриба гирифта, баҳри пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, омода намудани ҷавондухтарон ба оилаву оиладорӣ, ҷалби онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ фаъолияташро пурзӯр менамояд, - зикр дошт Гулнора Гадойбоева.

Доир ба сабабҳои ҷой доштани хушунат ва зӯроварӣ гуфта шуд, ки ин пеш аз ҳама тарбияи нодуруст дар оила, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вобастагии иқтисодии занон ва пиронсолон аз мардони оила, осебпазирии кӯдакон нисбати таҳдидҳои ноустувории иқтисодиву иҷтимоӣ, суст будани низоми таҳлили гендерӣ ва амсоли ин мебошад.

Боиси таъкид аст, ки имрӯз баробари гузаронидани чорабиниҳои гуногун то ҳол хушунат нисбати занону духтарон дар маҳалҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Боиси ризомандист, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон медиҳад, занону духтарони хонашин соҳиби касбу ҳунар гардида, дар зиндагӣ мустақилона маблағ ба даст оранд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён бобати пурзӯр кардани мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ нисбати занону духтарон, аз ҷумла, дурнамо оид ба ҳамкорӣ, хизматрасониҳои мавҷуда барои ҷабрдидагон, қонунгузорӣ, тақвият додани таҷрибаи мусбати хадамот, фаъолияти гурӯҳи байниидоравӣ ва умуман таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мубодилаи таҷриба фикру ақида ва пешниҳодҳои мухталифро иброз доштанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таровати кӯдакистон аз чӣ муҷаллост?

Бо дастурҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мардуми сарбаланду меҳнатқарини моро водор сохт, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани бунёдкориву созандагӣ иқдоми наҷибе пеша созанд. Тӯли чанд муддат мо тавонистем оид ба ободониву бунёдкории шаҳру навоҳӣ мавод омода созем.

Ин навбат, ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров сафар намудем. Яке аз бандҳои нақшаи кории Ҷамоати мазкур бунёд намудани посбонхонаи замонавӣ дар назди муассисаи томактабии №6 - уми Ҷамоат буд. Ҳини боздид гузорамон ба ин макон афтоду аз корҳои ободониву созандагии ин кӯдакистон дидан намудем. Бояд иттилоъ дод, ки муассиса дар маконе ҷойгир шудааст, ки табиати басо зебо дорад. Баробари ворид шудан ба ин макон касро як ҳиссиёти гуворое фаро мегирад. Саҳни ҳавлӣ тозаю озода, дарахтони ороишию мевадиҳанда ба ин макон боз ҳусну таровате зам менамояд.

Мудири кӯдакистон Дилором Мавлуддинова изҳор намуд, ки кӯдакистон соли 1994 таъсис дода шудаасту то имрӯз дар ин кошона ҳазорҳо нафар фарзандони мардум тарбия гирифтаанд.

Бояд зикр намуд, ки гирду атрофи кӯдакистон гулпӯш карда, дар мавсими имсола 300 бех гул, арча ва дарахтони мевадиҳанда шинонидаанд. Мураббияҳои кӯдакистон кӯшиш менамоянд, ки барои баланд бардоштани тарбияи кӯдакону наврасон, дар вуҷуди онҳо бедор намудани ҳисси дӯстдории табиат, ватанпарастӣ, забономӯзӣ такмили дониши онҳо корҳои зиёде ба сомон расонанд.

- Имсол, - изҳор намуд муаллима, - маҳз бо дастгирии кумитаи падару модарон ва ташкилоти сарпараст сардори ҶДММ «Хишти Хоҷа Ҳасан» хатти ташноб аз таъмир бароварда, 76 метр ҷӯйбор бетонпӯш гардид.

 Корҳои ободкориву созандагӣ дар ин муассисаи тарбиявӣ бомаром ҷараён дорад.

Азбаски тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор шуда истодааст, мо тасмим гирифтем, ки аз китобхонаи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача дидан намоем. Китобхона дар як утоқи хурди кӯдакистони №132 ҷойгир шудааст. Биное, ки алҳол кӯдакистон ҷойгир аст, пештар ба шуъбаи минтақавии милитсия тааллуқ дошт. Бояд зикр намуд, ки дар ин бино 90 нафар бачагон тарбия мегиранд.

Кӯдакистон пештар дар дохили бинои мактаби таҳсилоти миёнаи №37 ҷойгир буд. Биное, ки имрӯз дар он кӯдакон тарбия мегиранд, тамоман ба талаботи кӯдакистон ҷавобгӯ нест. Он ба хотир мактаби кӯҳнаро меоварад. Мо дар бораи ҷойҳои хобу истироҳати онҳо чизе намегӯем. Дар хонае, ки кӯрпача дошт, бачагон аз ду тараф ҷой гирифта буданд, шояд ҷойи хӯрокхӯрии онҳо бошад. Ин ҳолат ҳар бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Зеро дар он шароит тарбия намудани кӯдакон, ки ояндаи ҷомеаи навин ҳастанд, ба мақсад мувофиқ нест.

Дар саҳни бино бошад, ба замине, ки ҳатто ҳамвор карда нашудааст, қолинеро партофтаанд, ки кӯдакон рӯи он нишаста, машғулият доштанд.

Сарвари давлат дар баромадҳои хеш дар бораи аз тарафи соҳибкорон бунёд намудани кӯдакистонҳои хусусӣ дастуру супоришҳо дода буданд. Имрӯз ба воситаи оинаи нилгун дар бораи бунёд намудани кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон гузоришҳо омода мегарданд. Бархе соҳибкорон, шахсиятҳои касбу кори гуногун, ҳатто, маблағи барои ҳаҷ пасандознамудаи худро ба бунёди пулу роҳҳо, таълимгоҳу кӯдакистонҳо масраф менамоянд. Зеро онҳо мехоҳанд, ки барои наслҳои оянда аз худ ном ва кори некро боқӣ гузоранд.

 Чаро имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оид ба бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ чораҷӯӣ наменамоянд, ки ин боиси нигаронист. Дар ҳоле ки бино ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ба боғчаи бачагона навбат зиёд аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

САЪЙ БАҲРИ САМАРАИ НЕК

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон меҳнати софдилонаи мардум, саҳмгузорӣ дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон идома дорад.

Барои огоҳӣ пайдо намудан аз рафти корҳои ҷараёндошта ин навбат мо аз ноҳияи Деваштич дидан кардем.

Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тартиб дода шудааст, 309 бандро ташкил медиҳад. Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҳудуди ноҳия то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 10 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи табобатӣ, 31 толори варзишӣ, 2 майдончаи бозии кӯдакона, боғи истироҳатӣ - фароғатӣ, 2 китобхона, 10 маркази савдо, 65 маркази хизматрасонӣ, 71 иншооти гуногун, 64 сартарошхона ва толори ҳусн дар назар дошта шудааст.

Аз соли 2018 то ин давр 95 банди нақшаи чорабинӣ ба иҷро расонида шудааст.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ айни ҳол мутобиқи 42 банди нақшаи чорабиниҳо корҳо оғоз ёфта, сохтмони таваллудхона, биноҳои нозироти андоз, молия, адлия, толори варзишӣ, бунёди боғи истироҳатӣ - фарҳангӣ, майдони Парчам, қомат афрохтани ҳайкали Деваштич ҷараён дорад. Дар баробари ин чароғонкунии кӯчаҳои маркази шаҳрак, таъмири роҳравҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Барои беҳтар гардонидани ҳамлу нақли мусофирон роҳи асосии Ғончӣ – Хуҷанд ба масофаи 7 километр мумфарш шудааст.

Ҷамоати деҳоти Ғазантарак дар амалӣ намудани 33 банди нақшаи чорабиниҳо пешсаф буда, ҳоло дар 27 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Сафаралӣ Бойматов - раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак дар суҳбат иброз намуд, ки дар Ҷамоат таъмири асосии бинои Кумитаи идораи замин ва КДФ «БММҒ» - и ноҳия, азнавсозии майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, сохтмони марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ бо кӯшишу ғайрати зиёд идома дорад.

- Имсол барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷамоат 3 чоҳи амудӣ бунёд шуда, аз он ба масофаи 1600 метр хатти об кашида шудааст. Кофтани боз ду чоҳи амудӣ дар деҳаҳои Ғазантарак ва Зарнисор низ пурра амалӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар ҳудуди Ҷамоат 12 чоҳи амудӣ кофта шуда, мавриди истифода қарор дорад, - илова намуд Сафарали Бойматов.

Ба гуфти Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳияи Деваштич мардуми меҳнатқарини ин диёр аз мардуми оддӣ то соҳибкорон ва саховатмандон ҳама сарҷамъ ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо намудани Ватанамон саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар рафти сафар мо шоҳиди он будем, ки дар ҳамаи шаҳраку ҷамоатҳо корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардидаанд, ки аз онҳо ноҳия ҳусни дигар касб кардааст. Ин ҳама саъйу кӯшиши халқамон барои баланд бардоштани некӯаҳволӣ, ки аз азал дар тинати мо нуҳуфтааст, ба зудӣ самараи неки худро меоварад.

Ҳар як сокини соҳибхиради кишварамон бояд масъулияти дар назди наслҳои оянда доштаи худро дарк намуда, баҳри пешравию инкишоф ва ба давлати мутараққӣ табдил ёфтани Ватани азизамон – Тоҷикистон саъй намояд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

23 July 2019

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Оливер Нормандро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 22 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд мулоқот орост.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар водии Фарғонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суҳбат қайд кард, ки солҳои 2019-2021 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Амалисозии минбаъдаи лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот баҳри беҳтар шудани шароити таъминоти оби нушокӣ дар деҳот мусоидат менамояд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн

22 июли соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои самаранок ва ташкили боз як корхонаи нави металлургӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ҳини суҳбат аз муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо якчанд корхонаи муштарак мавриди истифода қарор дорад, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Ҳурматзода Ф.З.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Масъулият ва малакаи комил боиси рушду дастовардҳост!...

Машварати кории Раиси вилоят

22 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор иштирок намуданд.

Дар машварати кории Раиси вилоят ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузургу таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи феълии соҳаи кишоварзӣ дар вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.  

Читать далее

Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад

Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 21 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ аз ноҳияи Зафаробод боздид кард.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Зафаробод 14 пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошта, 11 адади он мунтазам фаъолият дорад. Тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳия 32 000 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ обёрӣ гардида, ҳамасола барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳо аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зурурӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон бо ин мақсад 1,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба фаъолият оғоз кардаанд.

Читать далее

Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22.07.2019 сол сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.

Читать далее