July 2019

25 July 2019

ИЗИ СИЁҲ

ТТЭ ҲНИ ибтидои солҳои 90-ум дар хориҷи мамлакат аз ҷониби созмонҳои муайяни хадамотҳои махсус ташкил шудааст. Ин ҳизб гунаҳкори асосии оташ задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он  ҳазорон одамон ҳалок шудаанд. Саркардагони мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангиданд, аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Пас аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Аммо, чи тавре ки дар хулосаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фаъолияти чанд соли охири ТТЭ ҲНИ чунин қайд менамояд: «Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ, барномаи он,  аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд».

Ҳам ҳукумати кишвар ва ҳам халқи тоҷик орзу доштанд, ки аъзоёни ин ҳизб ва сарварони он сабақи хуби таърихӣ гирифта, минбаъд баҳри рушду нумўи кишвар, равнақу ривоҷи демократия хизмат хоҳад кард. Аммо ҳадафу мақсади ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он тамоман дигар буд, онҳо мехостанд, ки бо кадом роҳе, ки набошад ҳокимияти сиёсиро ба даст оваранд, давлати ба ном динии худро дар Тоҷикистон барпо намоянд. 

Аз солҳои муташанниҷи навадуми асри ХХ ҳоло 29 сол сипарӣ гаштааст. Халқи тоҷик, он солҳои мудҳишро, ки мардуми кишварро ба вартаи ҳалокат кашида, ҳазорҳо тоҷикро қатли ом карда буданд, бо даҳшат ба хотир меоварад. Намояндагони ин ҳизби ҷиноятпеша  баъди шикасти табаддулоти худ, аз хориҷ даъват менамоянд, ки  бо роҳи зўроварӣ бояд сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.      Аъзои ҲНИТ аз номи дини мубини ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Бамаврид аст шеъреро дар ин ҷо ёдовар гардем:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Дар робита ба гуфтаҳои мазкур, Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри тараққӣ ва инкишофи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд. Вале даъватҳои ТТЭ ҲНИ бар муқобили тинҷиву оромӣ ва якпорчагии ватани мо равона гирадидааст.

Мироватова Б.Ф. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи системаҳои иттилоотии
автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Читать далее

Симои аслии Кабирӣ

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст.

Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад.Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ бошад хоини миллат ва ватанфурӯш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханхҳои дурӯгӯ фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст.Доим мухолифи давлат аст. Онхо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд.Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид.Онҳо ягон нияти нек надоранд.

Имрӯз онҳо бозичаи хориҷиён гардидаанд.Аз вақте, ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обрӯи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғӯ бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё ба ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи геополитики ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.

Имруз он дасисабозии он хоинони миллат ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: " Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд ".

Роҳат Абдуҷабборова,
устоди ДДХ

Читать далее

АФСОНАҲОИ КАСНОШУНИДА

Бидуни баҳс аст, ки бунёдгузорон ва саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарони вақти наҳзатӣ буданд ва маҳз бо «ҷаҳду талош» ва «кўшишу  ғаӣрат» - и    хоинону  душманони миллати точик қатлу ғорати мардум роҳандозӣ шуда буд, мардум аз хона бехона шуд, тарки меҳан кард, хору залил шуд, занаш беваю кудаконаш ятим монданд ва ватанаш ба вартаи нобудӣ расид.

Бо вуҷуди ин, пас аз ба имзо расидани сулҳу ризоияти миллӣ роҳбарони наҳзатӣ ва давомдиҳандагони коркои душманонаю хоинонаи онҳо аз рафтору кирдорҳои ноҷавонмардона ва ғаӣриахлоқиашон даст набардошта ҷиноятҳои дигарро созмон доданд, боиси бадбахтии чандин тоҷикистонии дигар гардид.

Маҳз онҳо буданд, ки ба хотири мансаб ва пулу мол меҳанро ба арсаи чангу куштор ва набардҳои ноҷавонмардона табдил дода, ба коми оташ кашиданд ва ба вартаи нобудӣ расонидани буданд. Бо вуҷуди ин, бешармона худро як ҷониби сулҳ меноманд, ки ин аблаҳие беш нест. Зеро ин як девонагарӣ ҳаёт, ки барои пулу мол ва мансабу сарват хеста, зодгоҳатро ба коми оташ мекашию ҳаммеҳанонатро қатлу ғорат мекунӣ ва сипас худро як ҷониби сулҳ медонӣ. Ин гуна бешарафӣ ва беномусиро танҳо намояиндагони наҳзатӣ нисбат ба худ раво мебинанд.

Тамоми тоҷикистониён ва нафарони огоҳ ва вазъи сиёсии солҳои 90-ум Тоҷикистон хеле хуб медонанд, ки раванди ба даст овардани ваҳадти миллӣ ва сулҳу субот  дар кишвар,  амали дасти наҳзатиҳои террористу экстремист нест, чунки сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ бо ҷаҳду талош ва захмату хизматҳои фарзонафарзандони баору номуси миллати тоҷик ба даст омада, дар он кўчактарин нақше ё нишоне аз дасти террористу ва экстремистҳои наҳзатӣ нест. Ва баръакс, агар сухан сари ҷангу ҷидол, қатлу ғорат, куштори шахсиятҳои барўманди миллат ва ба коми оташ кашидани меҳан равад, нақши даст ва нишони амалҳои хоинони наҳзатӣ баръало ошкор аст.

Бархилофи ин ҳама далелҳои муътамаду раднопазире, ки душманӣ ва хоинии террористону экстремистони наҳзатиро собит менамоянд, сухан карда, худро чун обсофкунак покизаю бегуноҳ нишон доданӣ мешаванд. Мубаллиғонашон, ки бо супориш ва дастури хоҷагони онҳо фаъолият менамоянд, хамеша суханони бардуруғ навишта, афсонаҳои касношунид мебофанд. Ҳаӣ дуруғ ва сафсатаҳо бофтаи тер¬рористон ва экстреми¬стони қаттолу ғоратгари наҳзатиро мусичаи бегуноҳ нишон додан мехоҳанд, вале онҳо бехабар аз он, ки хануз 1000 сол қабл Ҳакими Тўсӣ дар бораи чунин нохалафон хеле зебо гуфта буд: «Кӣ зангӣ ба шустан нагардад сапед».

Ин мубаллиғон ҳазорон - ҳазор афсонаҳо бофанд ва ҷилд-ҷилд китобҳои бардуруғ нависанд ҳам, хиёнаткорони наҳзатӣ барои хуни тамоми шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҷавобгаранд.

Солихоҷаева С.А. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Дин муаррифгари ҷомеа

Дарозои таърихи ҷомеаи инсонӣ нишон медиҳад, ки дин ба ҳайси як рукни басо муҳим ва устувори фарҳанг дар ҳар давру замон падидаҳои ахлоқӣ ва дастовардҳои маънавии инсониятро бозгӯ будааст.

Дин дар танзими илм, маданият, фарҳанг, ҳуввияти миллӣ ва муносибатҳои байни афроди ҷомеа, инчунин дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, ҳамбастагиву иттиҳоди аҳли ҷомеа нақши басо муассир дорад.  Аз ин хотир аст, ки илми диншиносӣ низ ба ин унсури муҳими фарҳангӣ на аз мавқеи идеологию сиёсии ягон ҳизбу ҳаракат ва на бо диди инкор, балки чун унсури асосӣ ва бунёдии маданияти ҷомеаи инсонӣ дар марҳалаҳои муайяни инкишофи ҷаҳонбинии одамон муносибат менамояд. Коҳиш ёфтани арзишҳои динӣ, паст будани маърифати динӣ миёни афроди ҷомеа  ҳамеша аз вазъи ноороми сиёсиву иқтисодӣ, нигаронии ахлоқ ва тарбияи ҷомеаи инсонӣ дарак медиҳад. Таърихи омӯзиши дин, марҳалаҳои рушди он баёнгари торафт боло рафтани фарҳанг ва гуманизми инсонӣ мебошад.

Мардуми мутамаддини форсу тоҷик, ки дар баробари ақвоми соминаҷод дар таърихи диндории башарият саҳми шоиста доранд ва гаҳвораи тамаддуни инсонӣ маҳсуб меёбанд. Шоирону нависандагони форсу тоҷик тавассути ба кор гирифтани таълимоти тасаввуфи исломӣ тавонистанд асарҳоеро офаранд, ки имрӯз дар шумори шоҳкориҳои ахлоқии адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро доранд.

Гумроҳ мондани афроди ҷомеа дар вартаи бединӣ, аз пастии маърифат ва донишҳои динӣ гароиш намудани ҷавонон ба равияҳои экстремистиву террористии замони муосир моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки танҳо имон ва бовар доштан ба дин кам аст. Дониши амиқи динӣ мебояд, то ҳар як миллат тавассути ғояи якдиливу муттаҳидии дин арзишҳои миллӣ, гуманизми олӣ ва ваҳдати миллатро ҳифз намояд.

С.ҚОРИХОНОВ,
муаллими кафедраи фарҳангшиносии ДДХ

 

Читать далее

Ҷавонон бояд аз мақсади ифротиён огоҳ бошанд!

Дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир падидаи номатлуби ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони бисёр инсонро рабудаву кишварҳои орому осударо ба бесариву нооромӣ табдил додааст, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Мақсади асосии ин ҳизбу гурӯҳҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақсади ҲНИ низ аз сароғози таъсисёбии худ чунин буд.

Ҷоиз ба ёдоварист, бо вуҷуди аз ҷониби намояндагони ҲНИ истифода бурдани усулҳои экстремистии мубориза дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо мутобиқи Созишномаи сулҳ 30 фоизи ҷойҳоро дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ ба даст оварда бошанд ҳам, вале ба ҷои он, ки баҳри пешрафти диёр саҳм гузоранд, аз дастгирии ҳомиёни хориҷии худ истифода намуда, аз мақсади пештараи ҷинояткоронаи худ даст накашиданд ва имрӯз акнун аз хориҷи кишвар истода, боз ҳам баҳри ноором намудани вазъи сулҳу суботи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз ҲНИ барои бақои худ ба ташкилотҳои хориҷӣ муроҷиат намуда, талош дорад, ки беэътиборшавии ҳизби худро марбут ба фишорҳои ҷониби дигар нишон диҳад. Имрӯз роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ кӯмак расонидан ба ҳаматарафа баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост.

 Танҳо он ҷавононе, ки дониши хуби илмҳои муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини Ислом огоҳанд, меъёрҳову мафҳумҳои диниро дуруст дарк намуда, одобу ахлоқи ҳамида, гуфтори нек, пиндори неку рафтори некро пеша менамоянд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.

М.ОҚИЛОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ватанхоҳӣ ба кирдор аст!

Ҳизби ифротгарои наҳзат имрӯз кӯшиш ба харҷ медиҳад ҷавононро фирефтаи доми худ ва ба сафҳояш ҷалб намяд. Аммо сарварони ҳизб фикре намекунанд, ки бо ин кирдори худ садҳо кӯдаконро бепадар мегардонанд. Барои чӣ ин сарварон дар ин ҳолатҳо барои фоидаи ночизе ба даст овардан ҷавонони ноогоҳро қурбони ҳадафҳои муғризонаи худ мегардонанд?

Имрӯз, тамоми ҷидду ҷаҳди ин ҳизби ифротии фаъолияташ дар кишварамон мамнӯъ барои сиёҳ кардани зодбуми худашон равона карда шудааст. Онҳо бо ҳар восита нуфузи мамлакати соҳибистиқлоли моро дар арсаи байналмилал паст заданӣ мешаванд.

Аммо, он далел раднашаванда аст, ки наздик дусад мамлакати дунё созандагиву ободкории мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолро эътироф кардаанд ва дар арсаи байналмилал кишвари мо соҳиби обрӯву эътибори баланд гардидааст.

Аъзои ин ҳизби ифротгаро аз гул - гул шукуфоии Тоҷикистони азизамон бохабар ҳастанд, вале худро ба нодонӣ мезананд, онҳо пешравии мардуми моро дидан намеҳоҳанд.

Мо аз онҳо даъват ба амал меорем, ки ба ободкориву созандагӣ, зиндагии осоиштаи мардуми кишвари моро халалдор насозанд!

Биёеду бар нафъи Ватан меҳнаткунеду дар зодбуми хеш умр ба сар баред. Мардуми тоҷику тоҷикистониён ба ояндаи худ боварии комил доранд ва баҳри рушду нумӯи он пайваста талош меварзанд.

Устодони кафедраи
 математикаи олӣ ва
 амалии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ҳадафҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ

Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90 - уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, ин тоифа бо таҳқир ва ба қатл расонидани омӯзгору аҳли илм мавқеи илм боиси як қадар дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки ин вазъ дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард.

Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонид. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо буд, ки даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастанд.

Ҳар як дину адёне, ки инсоният дар афкори худ парварид, дурдонаҳоеро дар мазмуну мундариҷаи худ нигаҳ доштааст, яъне қимати муҳимтарини афкори динӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсонро дар ҳамаи давру замонҳо ба шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростиву меҳрубонӣ ва бахшандагиву омурзиш ҳидоят намудааст.

Ҳукумати кишвар пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд, то мазмун ва мундариҷаи дини Исломро ба халқи шарифи тоҷик ва умуман ҷаҳониён, ки покизагиву парҳезгорӣ, меҳру муҳаббат ва амсоли он аст, нишон диҳад.          

Яке аз масъалаҳои муҳим дар замони муосир «ифротгароӣ», «зиёдаравӣ» ба шумор меравад.

Поягузори мазҳаби таҳаммулгароӣ Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам дар шарҳу возеҳи масъалаҳои шариати Ислом хеле эҳтиёткор будааст, то ба андозае, ки 27 карат ба шаҳри Басра барои ҳалли ин ё он масъала сафар намудааст, то ба иштибоҳе роҳ надиҳанд.

Вале имрӯз наҳзатиён ин дини поку мубарроро барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода бурданӣ мешаванд. Мо, аҳли ҷомеа ҳадафҳои ин тоифаи ифротгароёнро дарк намуда, тафаккури насли ояндасози миллат – ҷавононро аз падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ дорем, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ – саҳм гузоштан баҳри ободии Ватан ҳидоят намоем.

 М.ҲАЙИТБОЕВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ҲНИ аз тундгароӣ даст намекашад

дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози мамлакат ба хотири устувории сулҳу суботи мамлакат бо нерӯҳои мухолифин аҳднома баста шуд, ки ҳеҷ гоҳ аъзои ин ҳизб ба Ватани хеш хиёнат намекунанд. Маҳз, барои ҳамин имконият дода шуд, ки онҳо фаъолияти худро қонунӣ идома диҳанд.

Дар асл бошад, тинати онҳо дигар нашуд. Роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзат аз ҳадафҳои худ даст накашиданд, балки дини Исломро барои худ ҳамчун ниқоб истифода бурданд. Онҳо аз эътиқодҳои динии мардум истифода намуда, байни онҳо ғояҳои бегонапарастӣ, инчунин, мазҳабҳои бегонаро тарғиб ва таблиғ карданд.

Ҳадафи онҳо худро ҳамчун мусалмон, хизматгузори дини Ислом нишон дода, дар асл бошад, ба афкори ҷавонон ҷо кардани ақидаҳои ифротӣ буд.

Ин тоифа ба қадри гузашт ва боварии давлату ҳукумат нарасиданд, дар ниқоби Ислом ифротгароиро пеша гирифтанд. Мардуми тоҷик дар симои ҲНИ хоинони миллати худро шинохтанд ва ба онҳо имкон намедиҳанд, ки ба ҳадафи худ расанд.

Маълум аст, ки Ислом дини моҳиятан инсонпарварона аст. Мақсади асосии ин дин иттиҳоди мардум дар ҷомеаҳо ва саодатманд намудани мусулмонон дар партави ғояи сулҳу ваҳдат аст.

Сараввал, дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо ҷавонон ва наврасон баъзе «бо хоҳиши худ» ё ки ба ҳиллаву найрангҳои «наздикон» ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил шуданд, аксарияти онҳо мамлакатамонро тарк намуданд ва ҳоло саргардонанд.

Касоне, ки дини Исломро ниқоб карда, ҷавононро ба андешаҳои тундравӣ ҳидоят мекунанд, душмани миллат ҳастанд. Касоне, ки шефтаи фарҳанги бегонаанд, шефтаи тақлидкории бегонагон ҳастанд, парвои тақдири миллат надоранд.

Маҳз, барои ҳамин масъалаи мубориза бар зидди равандҳои номатлуб - ифротгароӣ, тақлидкорӣ ва андешаҳои тундрав муаммои нигаронкунандаи ҷомеа мебошад, ки ин дар замони муосир вабои аср аст.

Имрӯз мо, аҳли ҷомеа зиракии сиёсиро нигоҳ дошта, нагузорем, ки мафкураи ҷавонон бо ақидаҳои ифротӣ заҳролуд гардад. Онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ба нафъи кишвару миллат фаъолият баранд.

Н.ҶӮРАЕВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
Бобоҷон Fафуров

Читать далее

МАҲАЛГАРОӢ ДУШМАНИ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо натанҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмуъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои дигари Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона, башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст.

Дар марҳалаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 - ум ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад.

Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарасти молиявӣ гардида, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд.

Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.

Миллати тоҷик миллати фарҳангӣ роҳи низои бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигари субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд он ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеҷ қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст.

Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад.

Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ, ҷудошавии мазҳабӣ дар ҳар шакле, ки бошад, ҳамроҳ аст.

Т.КАРИМОВА,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

24 July 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил Президенти Узбекистони дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар шахсияти ӯ ба мардуми Ӯзбекистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуданд.

Читать далее