July 2019

26 July 2019

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони шаҳри Исфара боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни Маҷмааи «Ориён» ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва инчунин маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хосса кандакорон, кулолгарон ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу тамъ беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба меҳнати ҳололи сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд доданд.

Читать далее

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ намуда, бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд суҳбати озоду ошкоро доир карданд.

Сарони ду давлати ҳамсоя-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сокинони деҳоти Ворух ва Оқсой гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуданд

Рӯзи 26 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Ворух ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо лоиҳаҳои иншооти таъйиноташ гуногун, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуданд.

Читать далее

Таҷдиди хатсайр ва чанд паҳлуи муаммо…

Соле муқаддам бо мақсади беҳдошти хизматрасонӣ дар самти мусофиркашонӣ дар маркази вилоят, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» таъсис ёфта, аз ҳисоби лоиҳаи сармоягузории «Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд» 100 автобуси мусофиркашони муосири навъи ЛиАЗ аз Федератсияи Россия харидорӣ шуд. Дар ин муддат коргоҳи навтаъсис чӣ фаъолияте дошт? Як соли татбиқи лоиҳа чӣ натиҷа дод? Ба ин ва дигар саволҳои марбути ин мавзуъ директори кулли коргоҳ Саидхоҷа Баҳоваддинов изҳори андеша намуд.

- Пеш аз ҳама, бояд гӯям, ки беҳдошти ҳолати мусофиркашонӣ дар шаҳр бо шарофати тинҷиву оромии кишвар, ки аз сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ва дастгириву пуштибонии роҳбарияти вилоят дар шахси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин аст, ки бори нахуст 100 автобуси мусофиркашон дар 4 марҳала - санаҳои 15 - уми июл, 14 - уми август, 29 - уми август ва 10 - уми сентябр 25 ададӣ ба шаҳри Хуҷанд ворид карда шуд. Санаи 1 - уми августи соли 2018 дар роҳҳои шаҳр тавассути хатсайри №1 аз маҳаллаи 3 - юм то маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хатсайри №2 аз маҳаллаи 12 - ум то маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳаракат даромаданд, ки нархи роҳкиро 1 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Ба шарофати ин рӯйдод 383 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб шуданд. Айни ҳол тавассути 7 хатсайр ҳамарӯза зиёда аз 90 автобус машғули мусофиркашонӣ аст. Дар 5 моҳи соли гузашта 9,1 миллион ва шаш моҳи соли равон 11,2 миллион нафар сокину меҳмони вилояти мо аз хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони муассисаамон бархурдор шуданд. Дар ин давр аз ҳисоби даромади хизматрасонӣ ба буҷаи давлат зиёда аз 2,2 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид.

- Ба шарофати татбиқи лоиҳа чӣ ободкориҳо шуданд?

- Пеш аз ҳама, як коргоҳи собиқ «Парки троллейбусҳо», ки воқеан ҳам ба харобазор табдил ёфта буд, обод гардид. Таваққуфгоҳи нақлиёт, сехҳои таъмиру нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, шустушӯи нақлиёт, нуқтаи хизматрасонии маишӣ ба кор андохта шуд. Инчунин, дар қаламрави шаҳр наздик 30 истгоҳи нав бунёд ёфтанд. То ҷашни бузурги миллат тибқи нақша теъдоди автобусҳо ба 150 адад расонида мешавад.

- Дар ҷараёни фаъолияти яксола чӣ мушкилоте падид омад?

- Муаммову мушкилот буданд ва мутаассифона, то ҳол ҳам боқӣ мондаанд.

Аввалин мушкилоте, ки мо баробари ба кор оғоз кардан дучор омадем, ин хуб риоя нашудани меъёру талаботи истифодабарӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ буд. Масалан, аз ҷониби иддае пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ. Бо вуҷуди он ки нархи роҳкиро моҳҳои аввал басо арзон - ҳамагӣ 1 сомонӣ муқаррар шуда буд, иддае аз пардохт саркашӣ менамуданд.

Дуюм, ба ҳамин монанд, ҷавонони моро одати нохубе, ки дами даромадгоҳи автобус истоданро «дӯст» медоранд. Ҳарчанд кондукторони мо огоҳу хоҳиш мекунанд, ки ба ҷойҳои холӣ нишинанд, аммо аксаран эътибор намедиҳанд. Дар натиҷа ба даромаду баромади мусофирони дигар халал ворид месозанд.

Сеюм мушкилот, мусофирон талаб мекунанд, ки нақлиёт чун монанди микроавтобусҳо дар ҷойи ба онҳо мувофиқ манъ карда шавад. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонанд, ки «ин микроавтобус не, автобус аст» на ҳама мефаҳманду албатта, ба ҷойи раҳмат гуфтан, изҳори норозигӣ мекунанд. Хушбахтона, ин гуна ҳолатҳо алҳол кам шудаанд.

Чорум, мушкилоти молиявист. Анитқтараш, ҳисоби иқтисодӣ нишон медиҳад, ки арзиши аслии роҳкиро ба як мусофир 2 сомонию 60 дирамро ташкил медиҳад. Амалан бошад, бинобар аз ҷиҳати стратегӣ муҳим будани нақлиёти ҷамъиятӣ хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 1 сомонӣ ва наздишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мо ҳисоби харҷоти истифодаи автобусҳоро ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардем, ки тайи 4 моҳи соли 2018 - ум зарари молиявӣ ба 45,7 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли равон ба 40,5 миллион сомонӣ расидааст. Ин миқдор маблағ бояд аз буҷаи давлатӣ рӯйпӯш карда шавад. Аслан бошад, аз оғози фаъолият то имрӯз аз буҷаҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 6,2 миллион сомонӣ (субсидия) пардохт шудаасту халос. Табиист, ки ин миқдор маблағ барои пурра пӯшонидани хароҷоти коргоҳ ва саривақт баргардонидани қарзи бонк нокифоя аст. Ҳамзамон, мо дар ҳар марҳалаи баргардонидани қарз ба мушкилоти сахт дучор меоем.

Дигар аз мушкилоте, ки айни ҳол дучори он шудаем, ин ғайрирасмӣ аз нав ба фаъолият оғоз кардани микроавтобусҳост. Ҳамагон хуб медонем, ки дар ибтидои фаъолият баҳри самаранок истифода бурдани автобусҳо ва паст кардани шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳо ба фаъолияти 21 хатсайри микроавтобусҳо дар маркази вилоят тағйирот ворид карда, дар ин самтҳо ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуданд.

Баробари беҳтаршавии хизматрасонӣ ба мусофирон самаранокии фаъолияти автобусҳо баланд шуда, онҳо рӯзе то 95 ҳазор сомонӣ маблағи хизматрасониро ба хазинаи идора месупориданд. Ин имкон дод, марҳалаи дуюми баргардонии қарзро ба маблағи 736727 доллари амрикоӣ моҳи ноябри соли гузашта бо қувваи худи корхона ба иҷро расонем.

Аммо аз оғози соли равон фаъолияти ғайрирасмии микроавтобусҳо аз рӯи хатсайрҳои пештара боз авҷ гирифта, ба кори автобусҳо халали ҷиддӣ ворид карда истодаанд. Тибқи ҳисобу китоби мо имрӯз ба ҳар як автобуси фаъоли мо 7 - 8 микроавтобуси ғайрирасмӣ амалкунанда рост меояд. Бариловаи ин ҳама микроавтбусҳо вақти дилхоҳашон - аксаран соатҳои серодамӣ ҳаракат мекунанду халос. Ҳаракати автобусҳои муассисаи мо аз соати 5:30 - и субҳ то соати 21:30 муқаррар шудааст.

- Шояд сохторҳои дахлдор аз ин ҳолат бехабаранд?

- Мо борҳо ба сохторҳои давлатии назораткунанда ва танзими фаъолияти нақлиёти мусофиркашон бобати ислоҳи вазъият муроҷиат кардем. Мутаассифона, ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст. Самаранокии фаъолияти автобусҳо паст гардида, хароҷоти истеҳсолии худро пӯшонида натавониста истодааст. Табиист, ки ин ҳолат ба вазъи иқтисодии коргоҳ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо аз рӯи ҳикмати мардумии «поёни шаби сияҳ сафед аст» амал намуда, умед ба он мебандем, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Зеро, ҳадафи мо софдилона хизмат кардан ба муосифирон ва ҳамзамон, сабукӣ овардан барои онҳо мебошад.

- Барои суҳбат ташаккур!

Мусоҳиб
 Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҷаҳд беш асту кор пешрав

Эмомалӣ РАҲМОН: Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.

Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд. Баробари ин пешравиҳо шаҳри Конибодом дар замони соҳибистиқлолӣ хеле рушд намуда, барои зиндагии арзанда ба мардум ва пешрафти соҳаҳои мухталиф аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Яъне метавон гуфт, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат шаҳри Конибодом низ ободу зебо ва дар ин гӯшаи Ватан инфрасохтори зарурӣ бунёд гашта истодааст.

Парвина Абдуллоева - роҳбари маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом иттилоъ дод, ки ба ифтихори муҳимтарин ҷашни миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмону таъмир, навсозӣ ва дар умум бунёди 506 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Аз 506 иншооти ҷашнӣ 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 иншооти гуногун бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд мешавад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 52 иншоот сохта мешавад ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ 11 иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад. Боиси қайд аст, ки 428 иншоот бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ташкилоту идораҳо ва саҳми аҳолии шаҳр шуд. Сокинон, соҳибкорону саховатмандон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор худ намуда, дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд. Мардум кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд. Аз шумораи умумии иншооти бунёдшаванда як қисмати он дар соли 2018 ва соли равон ба истифода дода шуд, ки бешубҳа, дар зебо гардидани шаҳр ва беҳтар шудани шароити хизматрасонӣ замина фароҳам овард, - иброз дошт мавсуф.

Майдончаҳои варзишӣ - мувофиқи мақсад

Ҳамчунин қайд гардид, ки тибқи нақша дар шаҳр то соли 2021 - ум бунёди 33 майдончаи варзишӣ дар назар дошта шудааст. Соли 2018 - ум шаштои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар бунёди иншооти варзишӣ бештар соҳибкорон ҳиссаи арзанда мегузоранд. Соли равон мутобиқи нақшаи тасдиқгардида дар шаҳр 11 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, сохтмони қисме аз майдончаҳои варзишӣ ба итмом расида, дар арафаи баҳрабардорӣ қарор дорад. Бунёди 33 майдончаи варзишӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.

Саҳм ва ҳиммати соҳибкорон дар ободонӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба бунёди ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дигар иншооти зарурӣ таваҷҷуҳ равона мегардад. Дар ҳудуди деҳот сохтмони 10 ҳаммом ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта ду ҳаммом ба истифода дода шуда, дар маркази шаҳр бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ бо фарогирии сартарошхона, ҳаммом ва ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд, ки имрӯз ба мардум хизмат мерасонад. Соҳибкоре, ки ин иншоотро бунёд намудааст, ният дорад дар оянда дар саҳни биноҳои баландошёна майдони варзишӣ сохта ба истифода диҳад.

Ҳамчунин, тибқи иттилои масъулин дар минтақаи наздисарҳадӣ қарор доштани ҷамоати деҳоти Патар зарурати бунёди меҳмонхона барои қабули меҳмонони хориҷиву дохилӣ ба миён омад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар ин ҷамоат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Муъминҷон Хоҷиматов сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ бо фарогирии маркази хизматрасонӣ ва тарабхона идома дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷамоати мазкур назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 толори варзишӣ қомат афрохтааст, ки дар он саҳми волидони хонандагони муассиса ва шахсони саховатманд назаррас аст.

Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва ҷамоату деҳоти он боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст. Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ гардидааст.

Бо назардошти ин ва муҳимияти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳибкорону саховатмандон ва аҳолии барои бунёди ин ва ё он иншоот камари ҳиммат баста мехоҳанд дар ободонии Ватан ҳиссаи арзанда гузоранд.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Субҳи рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Читать далее

25 July 2019

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ

Фарорасии Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилиро, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамасола санаи 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, ба кулли кормандони соҳа табрику муборакбод мегӯям.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 27 соли Истиқлолият дар ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт низ рушд ёфта, корҳое ба анҷом расонида шуданд, ки орзуи ҳамешагии мардуми Тоҷикистон буд.

Читать далее

Натиҷаҳои хуби симои шаҳр

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол нишасти матбуотии раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар он муовинон, мудирони шуъбаву сохторҳои марбутаи шаҳр ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал раиси шаҳр Худойназар Амонзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқ дар нимсолаи аввали соли равон баромад намуда, гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми нимсолаи аввал дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқти- содиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даври ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104,5 фоиз иҷро гардидааст. Қисми даромад бошад, аз рӯи 7 намуди андоз зиёда аз 100 фоиз иҷро шуда, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 226,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 96,9 фоиз, нақшаи ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 69 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 2 миллиону 133,2 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки ба ҳолати 1 - уми июли соли равон 103,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ин давр бо нархҳои муқоисавӣ ба зиёда аз 16 миллиону 468 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 115 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 11 миллиону 311,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ба 118,1 фоиз баланд бардоштанд. Дар шаҳр 2 коргоҳи хурди истеҳсолӣ бо таъмини 10 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Инчунин, дар нимсолаи аввал дар шаҳр 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.

Бо мақсади беҳтар гардидани фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ дар маҷмуъ ба маблағи 556,5 ҳазор сомонӣ аз бонкҳои дар шаҳр мавҷудбуда 64 нафар соҳибкор қарз гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018-ум 35,6 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади дастгирии оилаҳои шаҳр, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд, бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 109 нафар шаҳрванд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳраки Сайҳун таъмин гардиданд.

Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қабули шаҳрвандон: “РАВЗАНАИ ЯГОНА”

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нахуст раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маркази вилоят дар нимаи аввали соли 2019 маълумот дод.

Зикр гардид, ки ҳадафи чоруми миллии кишвар босуръат саноатикунонии мамлакат буда, дар ин давр дар 162 корхонаи истеҳсолии хурду миёна ба миқдори 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Мавсуф сабаби аз кор бозмондани 17 корхонаи истеҳсолиро дар ивази самти фаъолият, тарки кишвар намудани соҳибмулкони коргоҳҳо ва инчунин муқовимат карда натавонистан дар бозори иқтисодӣ маънидод кард. Дар корхонаҳои саноатӣ 92 намуди маҳсулот истеҳсол гардида, 11 корхона ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти хешро ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содир намудааст. Дар чор корхонаи саноатӣ ба миқдори 267,8 тонна нахи пахта коркард шудааст.

57 корхонаи хурду калон дар ҳаҷми 150,4 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намуд, ки дар маҷмуъ 25,5 фоизи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Чанд сол аст, ки бо ҷонибдории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оилаи ниёзманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд. Алҳол 300 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди маркази вилоят аз шаҳраки Сайҳун бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, 4122 нафар барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1636 нафар дар навбати гирифтани хонаи истиқоматӣ номнавис гардидаанд.

Дар шаш моҳи соли 2019 - ум 2988 мактуб бо масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталиф ворид гардида, 2450 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар асоси хизматрасонии «Равзанаи ягона» қабули шаҳрвандон доир мегардад. Дар нимаи аввали соли равон 617 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 248 нафар кам мебошад.

Дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷои 86296 ҳазор сомонӣ 91808,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 106,4 фоизи нақша мебошад.

Ҳамчунин, раиси шаҳр доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945, камбизоатон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва танзими расму оин ҳозиринро огоҳ сохт.

Сипас рӯзноманигорон ба саволҳои хеш посух гирифтанд. Ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи таъминот бо нақлиёти мусофиркашон зикр гардид, ки он ҳанӯз соли 2015 ба тасвиб расида бошад ҳам, бо баъзе сабабҳо танҳо соли 2018 - ум татбиқ гардид. Баҳри шаффофияти фаъолияти нақлиёти мусофиркашон минбаъд дар автобусҳо камераҳои назоратӣ гузошта, пардохти маблағ тариқи кортҳои пластикӣ сурат хоҳад гирифт.

Рӯзноманигорон ҳамчунин оид ба мушкилот бо оби нӯшиданӣ, қувваи барқ, таъмири роҳҳо дар маҳаллаҳои навбунёди 14 ва 15, таъминот бо оби нӯшокӣ ва сифати он дар хонаҳои истиқоматию баландошёнаи соҳили рост, ободонии маҳаллаҳои 33 ва 34, мумфаршкунии роҳҳо ва дигарҳо пешниҳоди хешро изҳор доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ширкат варзид.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАРКИ ОДАТИ НАҲЗАТИЁН, АМРИ МАҲОЛ!

Дар замони  империяи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки  идеологияи он атеистӣ буд,  дар макотиби олӣ танҳо як фан таълим дода мешуд, бо номи «Атеизми илмӣ», ки бо инкор ва танқиди дин машғул буд. Аз ин лиҳоз, сатҳи дониши динии аҳолӣ дар сатҳи паст қарор буд. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ маҳз дар сатҳи паст қарор доштани шуури динии мардум боис шуд, ки дар ҷомеаи ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёбад. Гуруҳҳои ифротӣ бо баҳонаи эҳёи дину мазҳаб даст ба гиребони ҳамдигар шуданд. Яке худро “вовчику” дигаре худро “юрчик” меномид. 

4-уми декабри соли 1991 дар кишвар Ҳизби наҳзати ислом ташкил гардид, ки идеологияи асосии ҳизб ифротӣ буд. Дар солҳои 1992-1997 ин ҳизб дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ба фаъолияти ар кард, лек тибқи банди созишнома ваъда дода буд, ки дигар бора аз ақидаи ифротӣ даст мекашад.

Гарчанде, ки таъйиноти асосии ТТЭ ҲНИ баъди имзои сулҳ аз  ҳимояи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ҳисоб меёфт,  вале солҳои охир аъзоёни он  шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ аз ҷумла, бо истифодаи васоити ахбори умум норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд. Оқибат даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. 

Имрӯзҳо бошад дар хориҷи мамлакат қарор дошта, боз ҳамон амали манфури худро идома дода истодаанд. Аз бегуноҳии худ сухан мекунанду дар ҳамаи бохтҳои сиёсии хеш давлатро гунаҳкор меҳисобанд.

Ақидаҳои манфури созмонҳои ифротӣ ҳеҷгоҳ дар ҷомеаи мо танинандоз набошад.

Мирзоев А.– сармуаллими кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее