July 2019

04 July 2019

Аҷоиб аҳмақиҳо мекунад наҳзат…

Дар замони муосир дар ҳар кишваре, ки плюрализм ҷой дорад, ҳизбҳои гуногун фаъолият мебаранд ва бо ҳамдигар баҳсҳои солими ғоявию сиёсӣ доранд. Бо ҳукми Суди Олӣ фаъолияти аҳзоб манъ карда мешавад, ки ин як раванди муқаррарӣ буда, дар ҳамаи кишварҳо ба назар расиданаш мумкин аст. Аз ҷумла, ҳизби наҳзат низ ҳамин тавр дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ шудааст ва сабабаш ҳам аниқ буда, ба касе пӯшида нест, ки он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудааст.

Хушбахтона, аз асли воқеа ва матлабҳои ин ҳизб огоҳ гашта, қисми зиёди аъзояш ихтиёрӣ барои аз сафи ҳизби наҳзат хориҷ гардидан ариза доданд. Аммо тоифаи дигари он ба хориҷи кишвар рафтанд ва дар Аврупо истода ба муқобили Тоҷикистон ва мардуми он тарғибу ташвиқоти ғоявӣ мебаранд.

Барои онҳо ташкил намудани раҳпаймоиҳо, суханрониҳои иғвоангез як роҳи кор кардани маблағ гаштааст. Маълум аст, ки хоҷагони хориҷии онҳо манфиатдоранд, ки бо баҳонаи рушди демократия ба онҳо маблағу майдони баҳс фароҳам меоранд ва табиист, ки барои ин корашон пул ҳам мегиранд.

Дар арафаи  таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон низ иғвоангезии наҳзатиён боз боло рафт. Ин маънои онро дорад, ки онҳо на танҳо якпорчагии мамлакатро намехоҳанд, балки ободиву пешравии Тоҷикистони азизро дида наметавонанд.

Мардуми азизи кишварамон мефаҳманд, ки бо талошҳои сахт ва заҳмати фаровон ваҳдат дар кишвар ба даст омад ва ба қадри он мерасанд. Дигар аҳмақиҳо ва доду фарёди наҳзатиён наметавонад, ки ягонагӣ ва якдилии мардуми кишварамонро халалдор кунад. ҳарчи мегӯянд, аз назари эътибори мардуми соҳибназар дур мемонад.

И.Раҳимов,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

НИҚОБИ СИЁҲИ ИФРОТИЁН

Афсӯс ки имрӯзҳо гурӯҳҳҳои роҳгумзадае бо номи дини ислом  оромии мардуми Тоҷикистонро вайрон карда, ба даст яроқу аслиҳа гирифта, сабабгори кушта шудани як чанд нафар одамони бегуноҳ мешаванд. 

Ба мисоли сӯиқасд ба ҷони сайёҳон дар Данғара. Онҳо намедонад, ки куштани шахсони бегуноҳ, терроризм душмани асосии суботу амнияти кишвар аст ва бояд ба он ҳаматарафа мубориза бурд. Онҳо намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ғоратгар доғи дили падару модарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Мутаассифона, онҳо бо ин ҳаракатаҳояшон қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидааст.

Новобаста аз он, ки ин гурӯҳ сиёсист ё ғайрисиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад. Ваҳдати миллӣ барои мо ба мисли обу ҳаво лозим аст. Барои ин мо ҳама бояд барои таъмини амнияти ҷомеа ва пешгирии густариши ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешим.

М.Сангинова,
дотсенти кафедраи
маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее

ФАҲМИШИ ТАНГУ ТОРИК!

Мувофиқи фаҳмиши гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, бояд ҳамаи давлатҳои мусулмоннишин ишғол шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба халифаи ягонаи ифротгароён итоат кунанд. ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, мехоҳанд онҳоро дар таркиби “хилофат” - и худ маҳв намоянд. Масалан, ҳаракати ифротгарои «Ҳизб – ут - таҳрир» солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ” - ро таблиғу ташвиқ менамояд ва созмони ифротгарои “Давлати исломӣ” бошад, харитаи сиёсии “хилофати исломӣ” - и худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон ҳамчун ноҳияҳои тобеӣ ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд.

Илова бар ин, созмони ифротгароии “Давлати исломӣ” аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократиро мақсади худ эълон карда, ҳатто, давлатҳоеро, ки аксари мардуми онҳо мусалмонанд, меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ шудаанд, низ давлатҳои мусулмонӣ намедонад.  Шояд баъзеҳо калимаи “исломӣ” - ро дар номи ин гурӯҳҳо шунида ва ё зери таблиғоти ин гурӯҳҳо қарор гирифта, гумон кунанд, ки ифротгароёни динӣ низоми давлатии дунявӣ ва демократиро аз байн бурда, ба ҷойи он арзишҳои исломиро ҷорӣ мекунанд. Аммо, ҳаргиз чунин нест. Омӯзиш ва таҳлили ҷаҳонбинӣ ва таълимоти онҳо нишон медиҳад, ки ифротгароёни динӣ на меъёрҳои бузургу инсонпарваронаи дини Ислом, балки фаҳмиши тангу торики худро дар бораи Ислом ҷорӣ мекунанд. Ин як фаҳмиши даҳшатноки террористӣ ва ғайриинсонӣ дар бораи Ислом буда, хилофи тамоми фармудаҳои ин дини муқаддас мебошад.

Маҷмӯаи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” - ро ба назар гирифта, дар сатҳи ҷаҳон онро як гурӯҳи ғайриисломӣ эълон намудаанд. Бинобар ин, агар касоне ноогоҳона гумон кунанд, ки ин гурӯҳҳо меъёрҳои исломиро ҷорӣ мекунанд, сахт фиреб мехӯранд, зеро ин фаҳмиши террористию даҳшатафкани онҳо дар бораи Ислом ба таълимоти исломӣ ҳеҷ наздикӣ ва робитае надорад. Ин нукта барои ҳар касе, ки дар замири худ ҳувияти миллии тоҷикӣ дорад, як нуктаи бисёр муҳим ва ҳаётӣ мебошад. Пас, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи ҳассоси масъала барои шаклгирии муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои динии ифротӣ бисёр муҳим мебошад.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез рӯй гардонем ва ояндаи ватани худро дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ интихоб кунем. Мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ бовар карда буданд, ки имрӯз натиҷаи онро мо бо чашми сар мебинем.

Ба ҳар гуна равияву ҳизббозӣ ва тафриқаву ихтилоф ба натиҷае намерасем. Агар мо хоҳем, ки тақдири талхи мазлумони ҷабрдидаи Ироқу Яман ба сари мо наояд, бояд як роҳро интихоб кунем. Сиёсисозии дини мубини Ислом, ба ҳизбу ҳаракатҳо қисмат кардани онро як сӯ монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандем, фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, ҷавононро насиҳат кунем, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоем.

Дар ҳақиқат ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсӣ ба мисли ТТЭ ҲНИ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геопалитикӣ табдил ёфтаанд. Қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуқтаҳои низоъ дар байни мусулмонон, сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи иқтисодии худ истифода мебаранд, ки Кабирӣ бо ҳизбаш ТТЭ ҲНИ низ аз ин силсила истисно нест. Бинобар ин ТТЭ ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост ва имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони исломӣ табдил ёфтааст. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи ахир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом ва силсила инқилобҳои «баҳори арабӣ» мушоҳида мекунем. Аз ин нигоҳ дар таркиби сохторҳои давлатӣ фаъолият кардани намоягдагони ТТЭ ҲНИ ҳар замон метавонист хатари ҷиддие барои давлатдории миллӣ эҷод намояд, зеро ин ҳизб танҳо ба андешаву арзишҳои динӣ бартарият медод, на ба арзишҳои миллӣ - давлатӣ.

Далели ба давлатдории дунявӣ ихтилоф доштани ТТЭ  ҲНИ дар он ифода меёбад, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ҳеҷ гуна дин ба ҳайси дини расмӣ пазируфта намешавад ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад. Аммо ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухталифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. ҳол он ки ҳадафи ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат дар он ифода меёфт, ки созмонҳои динӣ барои пиёда сохтани манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсии худ аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон истифода бурда натавонанд.

Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ - ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад.

Руйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.

Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлил фаъолияти ТТЭ ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ асту бас.

Ҳ.Содиқова,
 сармуаллимаи кафедраи системаҳои
иттилоотии автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Читать далее

Ифтихор аз миллат – василаи худшиносист!

Маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо ба ҷанги таҳмилии бародаркушӣ мувоҷеҳ шуд, ки зарари ҷониву молии он солҳо роҳи рушду тараққиётро баст.

Дар оғози ташаккул ва эҳёи давлатдории навин хеле мушкилиҳо буданд. Вале хиради азалии мардуми тоҷик буд, ки мушкилиҳо бартараф карда шуданд, Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфт, ки, албатта, барои ба ин сатҳ расидан солҳо лозим буд. Аммо чунонки мегӯянд, оқибат гургзода гург шавад, гарчӣ аз одамӣ бузург шавад. Намояндагони ҲНИ ба ҷои шукрона аз рӯзгори тинҷу осуда боз ҳам аз нақшаҳои ғаразмандона ва бади худ даст накашида, барои ноором кардани кишвар кӯшиш доранд. Бо супориши хоҷагони хориҷӣ амал, сулҳу суботи кишварро халалдор кардан, пешрафти соҳаҳои мухталифро нодида гирифтан аз ҳадафҳои муғризонаи намояндагони ҲНИ будааст. Аксари ин нохалафон аз ватандорӣ, ифтихори миллӣ, дӯст доштани марзу бум тавассути матбуот, радиою телевизион зиёд ҳарф мезананд. Чун онтарафтар мераванд, суханашон бо амалашон тамоман мухолиф аст. Мардум ба гапу амали онҳо мутаваҷҷеҳ гардида, дилашон аз ин тоифа, ки ағлаб гандумнамои ҷавфурӯшанд, мемонад. Худошиносӣ аз худшиносӣ маншаъ мегирад. Агар вуҷуди мо аз имону виҷдон, инсофу адолат, самимияту ифтихори миллӣ орӣ бошад, пас мо худшинос нестем. Ватандӯстӣ аз имон аст.

Иддае аз шаҳрвандонамон пас аз бозгашт аз давлати хориҷа ба тарғибу ташвиқи он давлат мепардозанд. Ҳол он ки ин обу хоку диёр барои ҳар яки мо манбаи зиндагии хуррамона ва ҳаёти осоишта мебошад. Ба қадри ин хоку диёр бояд расид!

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Андешаи миллиро пойдору устувор нигаҳ дорем!

Асри ХХI дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани иттилоот гардидааст. Агар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаи террористиву экстремистӣ мавҷуд бошад, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 расида, алҳол теъдоди онҳо 10 ҳазор мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гардиданд. Ин амал соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин воқеа 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар уҳда гирифта, нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилот ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ниҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал гурӯҳи «Ал-қоида» пешсаф аст. Маҳз, террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаҳои ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 - уми сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои Маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони содиркунандаи чунин амалиёт барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд. Аз ин ҷост, ки аксар вақт мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд: Агар дар солҳои 1980 - 1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 - сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷароҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилоти экстремистиро гирифта бошанд, пас айни ҳол сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз, дар ҳамин замина террористони ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Бадбахтона, солҳои охир аз ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтӣ он аст, ки аксар тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят, миллату давлат мегардад.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,
директори Донишкадаи
политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд,
номзади илмҳои техникӣ

Читать далее

Ба ҷавонон ақидаҳои носолим бегона аст!

Имрӯз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, агар пеши роҳи паҳншавии он гирифта нашавад, оқибатҳои фоҷиабор оварданаш мумкин аст.

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия, ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, ташкилоти экстремистӣ - террористӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд.

Ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳ бояд дар мубориза бо ин офати азим саҳм бигирад.

Пеш аз ҳама мо, аҳли ҷомеа бояд ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ дорем, то бархе ҷавонони ноогоҳ фирефтаи дасисабозиҳои ифротиён нашаванд. Имрӯз дар мамлакати соҳибистиқлоли мо чандин мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ ҳаст, ки ба ҳамаи ҷавонон имкон медиҳад, бевосита таҳсил намуда, соҳиби илму дониши мукаммал ва касб шаванд.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз шаҳрвандони нохалафи мо хиёнаткори Ватан шуда, дар хориҷа умр ба сар мебаранд ва аз он ҷо ба сӯи кишвари худ сангандозӣ мекунанд. Онон ба лӯхтаки дасти хоҷагони хориҷии худ табдил ёфтаанд.

Ин гуна ашхос фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми онҳо маълумоте надоранд ва манфиатҳои миллӣ, аз ҳама муҳимаш, тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш сохта, баръакс, баҳри ноором сохтани осоиштагии сарзамини хеш амал мекунанд. Аъзо ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи чунин ашхосанд. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он баҳри амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш фаъолият бурда истодааст.

Мо, аҳли ҷомеа бар зидди фаъолияту амалҳои номатлуби чунин гурӯҳҳои ифротӣ буда, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем, то ҷавонону наврасонро аз гаравиш ба сафи ин гурӯҳҳо эмин нигоҳ дорем.

М.Пӯлодова,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Алҳазар, аз ақоиди фосиду бегона!

Имрӯз дар ҷомеаи муосир ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият карда истодаанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон, дар натиҷа, сар задани ихтилофоти ҳизбию мазҳабӣ мегарданд.

Имрӯз дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди ифротгароёне аст, ки мусулмононро ба ҳамдигар душман намуда истодаанд.

Дини мубини Ислом дастур додааст, ки бо хешу ақрабо, ҳамсоягон, ёру дӯстон муносибати хубро барқарор намоем, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созем ва ба ашхосе, ки аз сабаби надонистани ҳақиқат нисбат ба давлату Ватани худ ғаразе дар дил доранд, насиҳат намоем.

Оё ягон мусулмон бовар мекунад, ки мо, тоҷикон монанди ТТЭ ҲНИ мухолифи дину мазҳаби хеш бошем? Ҳамин буд, ки имрӯз баъзе ҷавонони фиребхӯрда ва дунболарави ҳизби террористии наҳзат машғули ихтилофу кинаситезӣ мебошанд. ТТЭ ҲНИ ва амалкардҳои эшон боиси эҷоди ихтилоф ва омилҳое мебошанд, ки сабаби ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳои дохилӣ гардида буд.

Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мусулмони бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои исломӣ шуда метавонад. Маҳз ворид шудани ақидаҳои фосиду бегона сабаби асосии низоъҳои мазҳабӣ ва динӣ гардида истодаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар кас бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода буда, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад.

Мо, устодону омӯзгорон бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

М. Содиқова,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

РЕШАҲОИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ТАФАККУРИ НОСОЛИМ АСТ!

Дар шароити муосир ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозад: яке – ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва нашъамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш.

Ин зуҳуроти нохуш, ки оқибати он танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорӣ, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист.

Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораки инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ - экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

Мавлуда АМИНҶОНОВА,
устоди Донишкадаи
кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Оқибати амалкарди хоинони ТТЭ ҲНИ пушаймонист!

Имрӯзҳо аксари аъзоёни ҲНИ ба хиёнаткор ва ватанфурӯшон табдил ёфтаанд, ки ин аз амалҳои онҳо баръало аён аст. Ягон нафари онҳо барои ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон кори неке анҷом надодааст.

Вале, ҳар як аъзои ин ҳизб дар амалишавии нақшаҳои хиёнаткоронаи ҲНИ саҳм гузоштаанд. Натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати мамлакат аст, ки сирру асрор, ҳадафҳои нопоки наҳзатиён ошкор гардиду мардумро ҳушдор дод, то ба макру фиреби наҳзатиён дода нашаванд.

Худи наҳзатиён низ аз фош шудани сирру асрорашон огоҳ гашта, аксари роҳбаронашон рӯ ба фирор оварданд ва имрӯз дар давлатҳои бегона паноҳгоҳ пайдо намудаанд. Мисоли равшани ин, Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзоназар Ҳалимов ва дигарон мебошанд. Онҳо оқибат зори обу хоки Ватан, дидори ёру ошно, дӯсту рафиқони ҷонии худ мешаванд, аммо он вақт пушаймониашон суд намекунад, чунки онҳо дур аз Ватан ҷон медиҳанд.

Хиёнату ватанфурӯшиашон кофӣ нест, ки боз бар замми ин дар хориҷа истода, бархе шаҳрвандони моро гумроҳ мекунанд. Онҳоро баҳри ноором кардани вазъи осоиштаи Тоҷикистон истифода мебаранд, ки ин як амали нафратовари нобахшиданист.

Онҳо чуқур фикр намекунанд, ки Тоҷикистон Ватани бобою бобокалон, модару модаркалон, авлоди бонангу номуси худашон аст. Онҳоро мебояд, ки ба сарзамини худ оянд, Ватани аҷдодии худро ободу зебо созанд, то гузаштагон аз амалҳои некашон шод бошанду рӯҳу арвоҳи гузаштагон ором бихобанд. Онҳо ин чизҳоро тамоман ба инобат намегиранд, ба қавле идрок намекунанд, чунки арвоҳзадаю оқи падару модар, додару хоҳар мебошанд. Шоир хуб гуфтааст:

Надорам орзуи умри ҷовид,

Ватан бигзор монад ҷовидона.

Ҳаме хоҳам ба ту баъди сари ман.

Ватан монад, Ватан монад нишона!

Мо – сокинони ин сарзамин алайҳи дасисабозиҳои душманони халқу миллат кӯшиш менамоем Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо шавад, насли ояндаи мо хуб зиндагӣ карда, дар ҳаққи ободкорони ин диёр суханҳои неку самимӣ гӯянд. Кӯшиш дорем, ки насли оянда аз амалкарди мо – имрӯзиён шоду мамнун ва ризоманд бошанд.

 Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи
 донишгоҳии «Нури маърифат», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

03 July 2019

Мавқеи бонувон дар замони муосир

Санаи 2 - юми июли соли 2019 дар толори «Кохи матбуот» - и шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда таҳти унвони «Зан - сарвар» баргузор гардид.

Дар он Назира Ғаффорӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҷамшед Муртазозода, намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ Беҳзод Икромов ва бонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи барномаи «Зан - сарвар» курси омӯзиши дуалиро бо мақсади омода кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ доир намудааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ мегардад.

Курси мазкур дар ҳошияи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, марҳалаи аввали курси мазкур аз санаи 2 то 11-уми июли соли 2019 давом мекунад.

Дар анҷоми курс шунавандагон соҳиби диплом мегарданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее