July 2019

08 July 2019

Хуҷанд. Мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт

Рӯзи шанбеи 6 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулов ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони маҳал иброз дошт, ки  бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, дар садҳо иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Читать далее

ТАҲДИДИ СПИД ПУРЗӮР АСТ!

Шумораи беморон аз аввали сол то имрӯз ба 177 нафар расидааст

Ҳар яке аз мо инсонем, ҳама зиндагӣ мекунем, хушҳол мешавем, ғам мехӯрем, меомӯзем, бо дӯстон муошират менамоем ва бароямон оё қимматтар аз ҳаёт чизи дигаре ҳаст? Инсон умри зиёд надорад ва бо андаке хато боз онро кӯтоҳ мекунад. Нафъи худро бархе ба нафаре ё ҷомеа намерасонад, баръакс, бо рафтори ношоями худ боиси озору малоли дигарон мегардад.

Тазоди зиндагиро бинед, ҷавони пурқуввате мехоҳад умр бинад, аммо аз тақдир ба садамаи мошин афтода, маъюб мешавад. Ӯ зиндагиро идома медиҳад, вале ҳеҷ гоҳ дигар соҳиби оила намегардад ва кор карда ҳам наметавонад. Аммо баъзе ба қадри умри насибкарда нарасида, аз нодониву ҷаҳолат ё аз сатҳи пасти зиндагии худ маҷбур ба корҳое даст мезананд, ки аз ҳаёт маҳрумашон месозад, ба роҳе қадам мениҳанд, бехабар хати батлон мекашанд.

Синни наврасӣ метавонад айёми душвор бошад. Бо падару модарон, мактаб, дӯстон аксаран ихтилоф ба вуҷуд меояд. Гоҳо интихоб ниҳоят душвор сурат мегирад. Дар натиҷа ҷавонон майл доранд ҳар чиро, ки ҳаловат меорад, ғамро мезудояд, рӯҳияро беҳ менамояд, бисанҷанд. Вале онҳо намедонанд, ки ин ба хатар алоқаманд аст, чӣ тавр зуд дар онҳо одат ба амалҳои зарарнок пайдо мешавад. Бо вуҷуди он ки одамон гоҳо баҳри рафъи мушкилӣ ба роҳҳои бад мераванд, аммо дар амал он ҳеҷ гоҳ иҷро намешавад, баръакс, умри худро кӯтоҳ месозанд.

Имрӯз масъалаи доғи рӯз зиёд гардидани беморони мубталои вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ/СПИД мебошад, ки ба арзиши ҳаёти одамӣ зарар мерасонад. Рӯз аз рӯз байни занону мардон, ҷавонон ва инчунин кӯдакону наврасон ин бемории хатарнок реша давонида, онҳоро аз зиндагӣ маҳрум месозад.

Дар нашри ҳар мақолаи навбатӣ аз роҳҳои гузариш, тарзу усули пешгирӣ ва натиҷаҳои ин бемории хатарнок маълумот медиҳем. Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва бештар ҷалб намудани намояндагони ҳамаи бахшҳои ҷомеа ба ин ҷараён талаботи замон мебошад. Ҳарчанд мубориза бар зидди ин беморӣ пурзӯр аст, вале ҳанӯз муолиҷаи пурраи он имконнопазир боқӣ мемонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ аҳамияти калон дода, як қатор барномаҳои мубориза бар зидди бемории ВНМО ва пешгирии он қабул шудаанд.

– Дар мубориза бо бемории мазкур, ки оқибат ба марг оварда мерасонад, тамоми имкониятро истифода бурда истодаем. Ҳар нафар бояд ҳатман аз ташхис гузарад ва аз саломатии худ огоҳ гардад. Тамоми сохторҳои соҳаи тиб барои пешгирии ВНМО ҷалб шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр менамоем. Ба мардум ҳарчӣ бештар дар бораи ин намуди беморӣ иттилоъ медиҳем. Агар солҳои пеш дар ҷои аввал нашъамандӣ меистод, имрӯз бемории ВНМО моро ба ташвиш оварда истодааст, – қайд кард дар суҳбат Фирӯз Комилов, – директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ - и вилояти Суғд.

Афсӯсбор аст, ки гирифторони бемории СПИД рӯз аз рӯз зиёд мегарданд. Дар се моҳи аввали соли равон шумораи беморон 88 нафарро ташкил медод, ки дар семоҳаи дуюм ин рақам ба 177 нафар расида, яъне боз 89 нафари дигар мубталои беморӣ гардидаанд. Аз инҳо 99 нафар мард буда, 78 нафари дигарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввал 38 нафар бар иллати ин беморӣ аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Агар чунин арқом давом ёбад, яъне ҳар се моҳ 88 - нафарӣ бемори ВНМО гарданд, то охири сол аз рӯи ҳисоби пешакӣ онҳо ба 352 нафар хоҳанд расид. Мувофиқи маълумоти расмӣ соли 2017 дар вилояти Суғд 309 нафар гирифтори бемории СПИД ба қайд гирифта шуда буданд, ки ин нишондод дар соли 2018 ба 389 нафар расида буд. Гирифторони СПИД асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров зиёд мебошанд.

Роҳҳои гузариши ВИЧ/СПИД - ро муайян кардаанд, ки он асосан истеъмоли маводи нашъаовар ё истифодаи сӯзандоруҳои тазриқии тамйизнашуда, ҳангоми бадрафтории ҳамхобагӣ бо шахси бегона, тариқи маводи дорои нишонаҳои омехта бо хуне, ки олуда ба ин беморӣ аст. Бояд танҳо аз воситаҳои гигиенаи шахсӣ ё нав харидоришуда истифода намуд. Аз модари гирифтори бемории СПИД низ ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ гузариш аз эҳтимол дур нест.

Дар самти мубориза бар зидди ин беморӣ ҷумҳурии мо дар канор нест ва ҳамеша бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олӣ, корхонаву муассисаҳо кӯшиши зиёде оид ба зарари ин беморӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Мувофиқи ҳисоботи омори байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон садҳо ҳазор одамон аз бемориҳое, ки дар натиҷаи тамокукашӣ, мастӣ, нашъамандӣ ва махсусан СПИД ба вуҷуд меоянд, ранҷ мекашанд ва оқибат мефавтанд. Барои аксари онҳо шавқу рағбат ба ин аъмоли бад пурзӯр гардида, бо марг поён меёбад. Ҳайҳот, аз нодонӣ!

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

06 July 2019

Гар шиновар нестӣ...

Мавсими оббозӣ: пешгирӣ аз ғарқшавӣ

Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ талаботи мардум ба шиноварӣ зиёд мегардад. Албатта, обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонии ӯ фоидаовар мебошад, вале набояд фаромӯш кунем, ки оби дарё баробари фоиданок будан, сабаби фалокат низ шуданаш мумкин аст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди кишвар минтақаҳои истироҳатӣ, шиноварӣ, урдугоҳҳои бачагона ҳамасола бештар мегарданд. Дар баробари эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Ватани азизамон ба як диёри афсонавии истироҳативу фароғатӣ мубаддал гардидааст.

Сабаб ва омилҳои ғарқшавӣ

Бино ба гуфти сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд лейтенант Шаҳзода Бутаева вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилоят ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор меравад. Ин масъалаи мубрам зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тайёрӣ ва ба истироҳатгоҳҳои (беҳдоштии назди мактаб, беруназшаҳрӣ, истироҳатию фароғатӣ, таълимӣ, меҳнатӣ, санаторию профилакторӣ ва варзишию солимгардонӣ) - и наврасону калонсолон барои мавсими оббозии тобистона дар соли 2019 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз тарафи гурӯҳи корӣ баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон, меҳмонон аз ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳо гузаронида шуда, обутобгоҳҳо, шиногоҳҳо, урдугоҳҳо, қитъаҳои наздисоҳилии обанбор, дарёҳо, кӯлҳо, каналҳо, ҳавзҳои шиноварии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Истиқлол, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон ва Зафаробод аз назар гузаронида шуданд. Огоҳиномаҳои Раёсат оид ба омодасозӣ ба мавсими оббозӣ ва дар мавзеъҳое, ки барои шиноварӣ хавфу хатар мавҷуд аст, насби лавҳаҳои манъкунанда барои оббозӣ ба роҳ монда шуд.

Имрӯз бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, дар байни аҳолӣ аз тарафи шахсони масъули Раёсат дар якҷоягӣ бо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад.

Корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар соҳилҳо

Соли гузашта шиногоҳи дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарё, дар арафаи Рӯзи кӯдакон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд, ки расман ба талаботи шиноварӣ ҷавобгӯ мебошад. Ин шиногоҳ бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда, бо мақсади истироҳат ва таъмини зиндагии шоистаи истироҳаткунандагон ба истифода дода шуд.

 Ба ин нигоҳ накарда ҳастанд нафароне, ки ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар гузошта, дар маконҳое, ки таъмини бехатарии ҳаёташон кафолат дода намешавад, ба оббозӣ машғул мешаванд.

Ҳамарӯза баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандону меҳмонон аз тарафи наҷотдиҳандагони бахши шаҳри Хуҷанд назорати патрулии ҳудудии дарёи Сир гузаронида мешавад. Аз тарафи бахши кор бо ҷомеаи Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ, таъмини бехатарии меҳмонон ва сокинон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба роҳ монда, дар минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сир, ки барои оббозӣ манъ гардидаанд, лавҳаҳои манъкунандаи иттилоотӣ насб шудаанд, - иброз дошт Ш.Бутаева.

Минтақаи хавфноки Сирдарё

Дарёи Сир яке аз мавзеъҳое аст, ки сокинону меҳмонон баробари оғоз шудани мавсими оббозӣ ба ин ҷо омада, бо шиноварӣ машғул мешаванд, умуман масоҳати дарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тақрибан 10 километрро ташкил медиҳад.

Дар дарё якчанд мавзеи хавфнок барои оббозӣ муайян шудааст, ки онҳо дар соҳили назди Боғи фарҳангию фароғатии Наврӯзгоҳ, Пули ҷашнӣ, Назди беморхонаи дилшиносӣ, ШКД - и шаҳри Хуҷанд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Боғи ғалаба, инчунин маҳаллаҳои 18, 13 буда, дар ин ҷойҳо маҷрои равиши об тез мебошад. Ин мавзеъҳо бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, гирдобҳо барои оббозӣ манъ шудаанд.

Тавре мутахассисон мегӯянд, ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарё чуқурии он то ба 12 метр мерасад.

Аз тарафи роҳбарияти Раёсат ҳамаи чораҳои бехатарӣ андешида шуда, техника, таҷҳизот, аз ҷумла автомошинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ, заврақҳо, қаиқҳои моториву резинӣ, киштиҳо барои бурдани корҳои рӯиобиву зериобӣ ва наҷотдиҳӣ омодаанд. Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ба реҷаи пурраи хизматӣ гузаронида шуда, тибқи ҷадвали навбатдорӣ дар обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини бехатарии истироҳаткунандагон дар ҳолати омодабошанд.

Бо вуҷуди корҳои таблиғотӣ дар шаш моҳи соли равон 11 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Панҷ нафари онҳо сари вақт наҷот дода шуда, шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз тарафи кормандони бахши Раёсат дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷомеаи Раёсат ҳамарӯза дар минтақаҳои мамнӯъ барои шиноварӣ, ки аз тарафи мутахассисони Раёсат аз ҳисоби будани чуқуриҳо, гирдобҳо, тезии маҷрои об барои шиноварӣ манъ шудааст, бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ рейдҳои назоратӣ гузаронида, шаҳрвандон, кӯдакони ноболиғ ё меҳмононе, ки дар минтақаҳои мазкур бо шиноварӣ машғул мешаванд, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мегузаронанд.

Қоидаи оббозӣ кадом аст?

Ҳангоми фарорасии мавсими оббозӣ чун ҳамасола дар як рӯз чанд маротиба бо истифода аз техника ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ дар ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳр назорати патрулӣ гузаронида мешаванд, ки дар ин самт техникаҳои махсус ва лавозимоти зарурӣ омодаанд.

Надонистани қоидаҳои шиноварӣ, дар ҳолати сархушӣ ба оббозӣ машғул шудан ва оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок ва манъшуда боиси ғарқшавии сокинон гардидааст. Бино ба гуфти мутахассисон танҳо баъди 1,5-2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард. Дар ҷойе, ки обсабзҳо дида мешаванд, набояд шино кард, ки хавфи печидану дар гирдоби он монданро дорад. Дар минтақаҳое, ки манъ шудааст, оббозӣ набояд кард.

Боварӣ дорем, ки бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ва маърифати баланди шаҳрдорӣ сокинон ва меҳмонони вилоят барои рух надодани ҳодисаҳои фавқулодда мусоидат намуда, дар таъмини бехатарӣ саҳми худро мегузоранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

05 July 2019

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Лю Бин

Нимаи дуюми рӯзи 4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушду тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти муносибатҳо баён доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи саноат ҳамкориҳои самаранок доранд. Дар ин ҷода аз фаъолияти пурсамари корхонаҳои муштарак дар вилояти Суғд ёдоварӣ карда шуд.

Читать далее

ЯК ПАҲЛУИ ВУСЪАТИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии нахустҳосили деҳқон - пилла вусъати тоза гирифтааст. То имрӯз бино ба иттилои сардори идораи абрешимчигии вилоят Парвиз Бегматов дар миқёси вилоят 284 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда 70,1 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин даври соли рафта ба андозаи 4,6 фисад зиёд мебошад.

Агар ҷараёни супоридани пилларо дар сатҳи 12 ноҳияи кирмакпарвари вилоят таҳлил кунем, пас соли равон кирмакпарварони ноҳияи Деваштич ҳосили рекордӣ рӯёниданд. Дурнамои истеҳсоли пилла ба андозаи 160 фисад ба иҷро расида, дар нуқтаҳои қабул ба ҷои 5,7 тонна 9 тонна пиллаи хушсифат захира шудааст. - Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст аст, ки мо ба чунин комёбӣ ноил гардидем, - мегӯяд сардори ҶСФ «Пиллаи Деваштич» Мӯниса Файзиева, - омили муваффақият дар он аст, ки роҳбарияти ноҳия аз тақсимоти тухмии кирмак сар карда, то расидани ҳосил шахсан назоратро пурзӯр карданд ва дастгириҳои зиёда ҳам шуд.

Инак, дар вилоят пиллаи хом захира шудааст. Ҷараёни коркарди он чӣ? Имсол чӣ гуна хоҳад шуд? Воқеан ҳам бобати ин масъала дар як ҷаласаи фаъолон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳа дастур дода буд, ки «минбаъд ягон килограмм пилла аз қаламрави вилоят берун бароварда нашавад. Бояд тамоми ҳосил пурра дар корхонаи муштараки «ВТ – Силк» коркард шавад!». - Рости гап, дастури Раиси вилоят моро басо шодумамнун кард, - мегӯядмуовини сарвари кулли КМ «ВТ - Силк» Матлуба Бобоева, - охир тайи ду соли охир коргоҳи мо бинобар набудани ашёи хом фаъолият надошт.

Мутаассифона, ҳосили ба даст меомада берун аз қаламрави ҷумҳурӣ бароварда мешуд. - Соли рафта барои овардани як миқдор пилла, ба хотири он ки ақаллан чанд моҳ 250 нафар коргар бо кор таъмин шаванду маош гиранд, ба қавле азоби алим кашидем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд, сартехнологи коргоҳ Абдушариф Ҳоҷибоев, - барои овардани 10 тонна пилла аз навоҳии ҷануб шабро дар роҳ саҳар кардем гӯем, муҳобот нест. Ҳазор раҳмат ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки имсол тибқи супориши қатъии он кас тамоми ҳосил барои коркард ба корхонаи мо оварда мешавад.

Аз рӯи гуфти масъулин айни ҳол 250 тонна пиллаи парваришнамудаи кирмакпарварони вилоят дар коргоҳ захира ва воқеан ҳам соли ҷорӣ ҳосили бадастомада пурра дар ин муассиса хушк карда мешавад. То ин дам амалиёти хушккунӣ бевосита дар худи идораҳои абрешимчигии шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирифт. Сабаби инро А.Ҳоҷибоев ин тавр шарҳу эзоҳ дод: - Гап ба сари он, ки дар дастгоҳи мо 7 тарзи хушккунии пилла комилан аз рӯи талаботу меъёрҳои технологӣ риоя мешавад. Аниқтараш, ҳосил дар ҳарорати то 120 дараҷа гармӣ хушк карда мешавад, ки албатта, ин ба сифату миқдори баромади нахи абрешим таъсири мусбати худро мерасонад. Бино ба гуфти сартехнолог аз пиллаи хом то баромадани нахи абрешим боз чанд паҳлуи дигари истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Баъди хушк кардани пилла коргарон онро дар сехи махсус ба навъҳо ҷудо мекунанд. Ба ин амалиёт 30 нафар коргар ҷалб гардида, рӯзе то 500 - 600 килограмм пилла тақсим карда мешавад. Баъдан пиллаи хушкида аз 20 то 90 дараҷа гармӣ пухта мешавад. Тарзи навбатӣ дарёфти нӯги риштаи абрешим аст. Баъдан риштакашиву калобаресӣ сурат мегирад. - Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва ҳамзамон дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пурра дар вилоят коркард шудани пилла басо мувофиқи табъ шуд, - илова намуд, муовини сарвари кулл М.Бобоева. - Басо бо умед ҳосилро захира намуда истодаем, ки ниятамон тамоми сол бо кор таъмин будани коргарон аст. Охир тайи ду соли бефаъолиятӣ мутахассисони варзидаро аз даст додем.

Онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба дигар корхонаҳо ва ҳатто ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд… Бояд тазаккур дод, ки маъмурияти коргоҳ бо мақсади дастгирии кирмакпарварон соли равон нархи ҳар килограмм пиллаи хомро нисбат ба соли пешин ба андозаи 30 фоиз баланд бардоштааст. - То имрӯз зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ заҳмати кирмакпарваронро ҳақгузорӣ кардем, - мегӯяд Матлуба Тоҳировна, - ин миқдор маблағ нисбат ба соли пешин хеле зиёд аст. Аниқтараш, 665 ҳазору 280 сомонӣ вақти тақсимоти кирмак ва 2 миллиону 892 ҳазору 373 сомонӣ вақти супоридани ҳосил пардохт кардаем. Баъди гузаронидани санади муқоисавӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар килограмм пилла то 17 сомонӣ вобаста ба навъу сифаташ пардохт хоҳем намуд.

Ногуфта намонад, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Вйетнам «ВТ - Силк» ягона дар ҷумҳурӣ аст, ки дар он аз пиллаи хом риштаи абрешим истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии он чун замони шӯравӣ – коркарди 500 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ дар 1 сол боқӣ мондааст. Биноан ҷомеаи меҳнатӣ имкон дорад, имсол ва солҳои дигар аз 400 тонна (тибқи дурнамои имсола) зиёдтар ашёи хомро коркард намояд.

Дар навбати худ маъмурияти муассиса баъди чунин дастгирии роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, соли равон самаранокии истеҳсолотро аз будаш боз ҳам баланд бардошта, рӯзҳои наздик хатти технологии коркарди пилларо пурра ба кор андозад. Дар ин ҳолат 250 нафар коргар бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол танҳо ду марҳалаи коркарди пилла - қабулу хушккунонии ин ашёи хоми пурбаҳои саноати миллӣ ҷараён дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АСАЛИ ВЕШАБ – БЕҲТАРИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аз гиёҳҳои шифобахш бой будани кӯҳҳои кишварамон таъкид бар он мекунанд, ки ба рушду такомули соҳаи занбӯриасалпарварӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба ин васила ба беҳбудии саломатии сокинони кишвар мусоидат намуда, ҳамчунин мувозинаи табиии муҳити зисти диёрамон пойдор нигоҳ дошта шавад.

Ба ин дастуру ҳидояти Сарвари мамлакат дар ноҳияи Айнӣ эътибор сол аз сол афзун мегардад. Вақте ки асали шаҳдбору хушлаззати аз гиёҳҳои кӯҳии деҳаи Вешаб ба дастовардашудаи занбӯрпарвар Руқиябонуро дар ташхисгоҳи шаҳри Франкфурти кишвари Олмон аз ҷиҳати шифобахшӣ, таъми ширин ва сифатнокӣ санҷида диданд, он байни асалҳои шифоии тамоми кишварҳои ҷаҳон беҳтарин дониста шуд ва сазовори ҷойи якум гардид. Руқиябону аз заҳмати кашидаи худ қаноатманд шуд ва ният кард, ки сол аз сол теъдоди оилаи занбӯрашро афзун хоҳад кард…

Оғози моҳи июн, дар Иди асал дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бо маҳсулоти худ - асали куҳии моҳи май бадастовардааш ширкат карда, Руқиябону сазовори таҳсин гашт ва маҳсулоташро ҳамагон таърифкунон чашиданду харидоранд. Соли дуҳазору чаҳордаҳум кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти ташкилотчигӣ мебурданд, бо назардошти афзун будани намудҳои гиёҳҳои кӯҳии шифоӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч, аз ҷумла деҳаҳои Дарғ, Каздон, Шамтуч ва Вешаб 17 нафар бонуро ба занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуда, ба онҳо 5 қуттигӣ оилаи занбӯр тақсим карда доданд. Баъди чанд муддат ду нафар - Руқия ва дугонааш ба мулки Олмон барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ин давлат, аз ҷумла занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ сафар намуданд. Руқиябону шоҳид гашт дар он сарзамин мардум ба нигоҳубини занбӯри асал он қадар шавқу рағбати беандоза доранд, ки ҳатто бачагон аз синни даҳ - ёздаҳсолагӣ ба нигоҳубини занбӯр шурӯъ мекунанд.

Ба назари онҳо заҳмати беандозаи нигоҳубини занбӯри асал намоён нест, балки муҳим он аст, ки дар кӯҳу ёлаҳо, дашту теппаҳо аз ҳавои софу дилкаш ва накҳати гулу гиёҳҳои худрӯй нафас гиранд ва ҷисмашон ба табиб ниёз надошта бошад. - Ба андешаи Шумо сабаби асосии сазовори номи ангубини беҳтарини ҷаҳон гардидани асали Вешаб дар чист? - суол мекунам аз бонуи занбӯрпарвар. - Рост мегӯед, мутахассиси ин соҳа набуда, ҳанӯз аз сирру асрори он бо пуррагӣ огоҳ низ нестам, - мегӯяд Руқиябону,- вале медонам, ки даҳҳо намуди гиёҳҳои шифоии деҳаи мо - зира, зирк, ширеш, кокутӣ, ки дар баландкӯҳҳо мерӯянд, дар ҳеҷ ҷои дунё дида намешаванд. Ана ҳамин гиёҳҳои нодиранд, ки таъму лаззат ва хосияти шифоии асалро нотакрор мегардонанд. Бояд бигӯям, ки манзараҳои кӯҳҳои деҳа низ аҷаб афсонавианд.

Вақте ба ман пешниҳод карданд, ки бо занбӯрпарварӣ машғул шавам, пеш аз ҳама баҳри саломатии аҳли оилаам аҳд намудам, ин ҷодаро пеш гирам. Машғул шудан бо ин пеша барои ман завқу ҳаловат мебахшад. - Чунонки маълум аст, давоми мавсими аз гулу гиёҳҳо шаҳду гардҷамъкунии занбӯр, яъне баҳору тобистон қуттиҳоро аз як мавзеъ ба мавзеи дигар бурдан лозим меояд. Ин ба Шумо, ҳамчун бону мушкилӣ пеш намеорад ё бо аҳли оила якҷоя фаъолият мебаред? - Дар оила танҳо худам бо ин касб машғул ҳастам. Ҳама фарҳангием ва фарзандонам - се писару як духтарам ҳар кадоме шавқ ба соҳаҳои худ доранд. Ҳоло қуттиҳои занбӯри асал дар деҳаи Тагоб 6 - 7 километр дуртар аз деҳа ҷойгир аст.

 Вақте мавсими гулу гиёҳҳо дар ин мавзеъ ба охир мерасад, ба ҷойи дигар мекӯчонам. Як нозукии нигоҳубини занбӯри асал дар он аст, агар дар гулҳои мавзее, ки аз он ҷо занбӯрҳо гард ҷамъ меоранд, шакарак пайдо шавад, занбӯр наметавонад шаҳду гарди гул ҷамъ оварад. Он вақт лозим меояд, қуттиҳои оилаи занбӯри асалро ба майдонҳои боғоти деҳаҳо кашонем. - Давоми мавсим чанд маротиба асал мегиред? - Занбӯр аз моҳҳои апрелу май ба овардани шаҳд шурӯъ мекунад.

Нимаи дуюми моҳи июн ҳосили нахустин - асали моҳи майиро ҷамъ меорем. Моҳи август маротибаи дуюм асал мегирем. Асалеро, ки охири тобистону даромади тирамоҳ тайёр мешавад, намегирам. Онро барои зимистонгузаронии занбӯр ба захира мемонам. Ин тадбир барои он аст, ки дар мавсими сармо шакар надиҳем. Вақте занбӯр дар зимистон асали худро чун ғизо истеъмол мекунад, тухми солим мегузорад. Бо чунин усул ҳам ман тавонистам имрӯз оилаи занбӯрамро ба даҳ адад расонам…

Аслан ин зани меҳнативу иродатманд - Руқиябону Назарова корманди китобхонаи Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ мебошад. Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардаву тайи чандин сол инҷониб дар соҳаи фарҳанг фаъолият мебарад. Ҳамчун бонуи фаъола баҳри ба ҳунарҳои миллӣ ҷалб намудани занону духтарон, ба озмунҳо пешниҳод гардонидани дастранҷи бонувони деҳот кор мебарад. Узви ташкилоти ҷамъиятии «Зарафшон» - и ноҳия дар самти занбӯрпарварӣ аст. Чунонки сарвари ташкилоти ҷамъиятӣ Ҳусейнбой Султонов иброз дошт, алҳол ин ташкилот 64 нафарро ба фаъолияти занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ ҷалб намудааст, ки аз ин теъдод 34 нафар бонувонанд.

Ҳабдаҳ нафар бону бо занбӯриасалпарварӣ фаро гирифта шудаанд ва ҳар кадоме мувофиқи қобилияту истеъдод ва завқу рағбат аз ҳар оилаи занбӯр 15 - 20 килограммӣ асал ба даст оварда истодаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки рушду такомул бахшидан ба соҳаи занбӯрпарварӣ аввалан ба солим нигоҳ доштани табиати диёрамон нақши муассир дошта бошад, аз ҷониби дигар баҳри афзун намудани чунин маҳсулоти шифобахш ва ба ин васила таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ободонӣ кай оғоз меёбад?!

Дар доираи эълон гардидани 1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

Ҳангоми сафари хизматӣ ба ноҳияи Ашт аён гардид, ки дар ин ҷо корҳои ободонӣ дар кӯчаву гузаргоҳҳои марказӣ, назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо гулҳои ороишиву дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Мушоҳидаҳои сарироҳӣ нишон доданд, ки дар ин мавзеъҳо ба ҷойи гулҳои ороишӣ алафҳои бегона пур шудаву ҳусни ноҳия ва шаҳракро коста гардонидааст.

Шояд ин корҳо танҳо дар рӯи коғаз иҷро шудаасту дар асл не? Ва ё гулҳову ниҳолҳои ороишии шинонидашуда аллакай нобуд шудаанд? Ҳамчунин, назди бозори Булоқи ноҳия Маркази саломатиро дидем, ки ҳолати он ба таъмир ниёз дорад. Тирезаву даромадгоҳ, девору фарши ин макон фарсуда буда, баробари назар афкандан кас гумон намекунад, ки ин ҷо хонаи саломатӣ аст. Бо вуҷуди ин сокинон барои муолиҷаву табобат дар навбат нишаста буданд.

 Дар сутунҳои роҳҳои марказиву байниҷамоатӣ бошад, ҳар гуна коғазпораҳои хурди таблиғотӣ, аз ҷумла хариду фурӯш, ба иҷора додани манзил ва амсоли ин насб шудааст, ки табъи ҳар бинандаро хира мегардонад. Доир ба муаммоҳои ҷойдошта ба масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и ноҳия муроҷиат намудем. Бино ба гуфти онҳо дар самти кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳо, васеъкунии боғу хиёбонҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Назди Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, кӯчаҳои марказии ноҳия, муҷассамаи Модар гулҳои катарантус, питуния, марҷонгул, махмалини зард, кана ва садбарг ба миқдори 9520 дона, дарахтони ороишиву сояафкан 445 бех шинонида шудаанд.

Барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои асосӣ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 2700 метр бардюр рехта шудааст. Инчунин, дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба миқдори 6200 мураббаъ метр бино ва хиёбонҳо рангубор карда, танаи 5200 бех дарахтони кӯчаҳои марказӣ ва боғи ба номи М.Воҳидов сафед карда шудаанд.

Боиси таъкид аст, ки маълумоти мазкур танҳо рӯи коғаз буда, аксари он дар амал иҷро нашудааст. Ин ҳама аз хунукназарӣ нисбат ба вазифаи хеш буда, масъулини соҳаро зарур аст, ки корҳои ободониву гулзоркуниро дар ин самт хуб ба роҳ монда, ҷашни дар пеш истодаро бо рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таҷлил намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

04 July 2019

Саразми бостонӣ – муаррифгари тамаддуни 5500 - солаи кишвари тоҷикон

Имрӯз дар кишвар ба таҷлили 5500 – солагии Саразми бостонӣ омодагӣ рафта истодааст. Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсусро дорад.

Санаи 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён чунин таъкид намуданд: «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад».

Бояд таъкид намуд, ки дар ибтидои соли 2000 - ум Сарвари давлат аз ёдгории Саразм дидан намуда, супориш дода буданд, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳрак роҳандозӣ гардад ва омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Саразм яке аз ёдгориҳои бостонии диёрамон маҳсуб ёфта, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Он соли 1976 кашф шуда, масоҳати умумии ёдгорӣ аз 90 гектар иборат мебошад. Кофтуковҳои археологӣ аз соли 1977 шурӯъ ва дар 3 объект ҳафриёт гузаронида шуда, то имрӯз идома дорад.

Бошишгоҳи Саразм давоми маданияти мезолит ва неолити ин диёр маҳсуб мешуд. Муаллифи ҳафриёти Саразм олими тоҷик, марҳум А.Исҳоқов дар китоби худ «Саразм» (Душанбе, 1991, с.100) чунин ақидаро пеш меорад, ки аҳолии Саразм аз ноҳияҳои Марви авестоӣ (Намозгоҳу Олтинтеппа) ба ин ҷо омадааст.

Осори дар Саразм ёфтшуда, бо тамоми марказҳои мадании он давра - Намозгоҳу Олтинтеппа, Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Миргару Пирак, Хараппа ва Ҳисору Тӯронтеппа робитаи бевосита дорад. Муҳаққиқони Саразм тахмин мекунанд, ки дар ибтидои ҳазораи 2 қабл аз милод дар шаҳрак 8 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доштааст.

Хонаҳои Саразм аз хишти хоми андозаи 50х25х10 см. сохта ва аз даруну берун бо лой андова шудаанд. Дар Саразм биноҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ ва динӣ тадқиқ гардидаанд. Масалан, биноҳои истиқоматӣ аксаран дар самти шимолу ғарбӣ, маъмурӣ дар бахши ҷанубу шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дӯконҳои ҳунармандӣ дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои асосӣ воқеъ будаанд. Нақшаи биноҳои истиқоматӣ аз маъмурӣ фарқ доштанд.

Биноҳои истиқоматӣ дар атрофи ҳавлӣ воқеъ буданд, ки ин анъанаи хонасозӣ имрӯз ҳам дар тоҷикон идома дорад. Ҳамаи хонаҳо дорои ҳуҷраҳои хоб, анборхона ва ошхона мебошанд. Хонаҳои истиқоматиро аз якдигар тангкӯчаҳо ҷудо мекарданд. Биноҳои маъмурӣ аз толорҳои калони даҳлездор иборат буда, рӯи таҳкурсии хиштин қарор доштанд.

Дар Саразм чанд биноҳои хиштин кашф шуданд, ки онҳоро маъбад номидан мумкин аст. Ибодатгоҳҳо меҳроби мудаввар ё чоркунҷаи баробарпаҳлу доранд. Дар маркази меҳроб Ҷарфие мавҷуд аст, ки дар он оташ нигоҳ дошта мешуд. Маъбад ба бузургдошти оташ бахшида шуда буд.

Дар Саразм хумдони зарфпазии дуқабата кашф шудааст, ки дар он зарфҳои гуногуни сафолӣ пухта мешуданд. Вуҷуди хумдони мазкур далели мавҷуд будани кулолгарии касбӣ мебошад. Дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қимматбаҳою ороишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст.

Дар байни бештар аз 150 бозёфти филизии Саразм кордҳои мисӣ, биринҷӣ, ханҷарҳо, табарҳо, тешаҳо, пайконҳои найза, меҳварҳои кандакорӣ, тамғаи қалъагӣ, ашёи тилло ва нуқра мавҷуданд. Пармаҳо, пармачаҳо, исканаҳо, метинҳои сангӣ, сангҳои тарозу, маснуоти заргарӣ, зарфҳои дастӣ ва дар чарх сохташуда дар бораи тахассусмандии пешаҳо шаҳодат медиҳанд.

Саразм дар муддати тӯлонӣ ҳамчун маркази коркарди фулузот, махсусан арзизу мис ва вобаста ба ин рушди ҳунармандӣ баҳри истеҳсоли олоти меҳнату ҷанг, кулолгарӣ ва маснуоти заргарӣ дар минтақа нақши муҳимро бозидааст. Бозёфтҳои ёдгории Саразм мубодилаи тиҷоративу фарҳангии байнминтақавии тамоми Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад.

Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №391, аз 21 сентябри соли 2000 - ум мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ» - ро соҳиб гардидааст. Дар баробари ин Саразм бо қарори №198 аз 19 апрели соли 2001, таҳти роҳбарии олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми базаи бостоншиносии Панҷакентро гирифтааст ва аз ҷониби Ҳукумат барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мешавад.

Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардид. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012 - 2020 қабул шудааст. Мутобиқи он барои амалишавии Барнома аз буҷети давлатӣ дар ҳаҷмӣ 64 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Бояд зикр намуд, ки ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти аҷдодони қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад.

Ҷамшед Ҷӯразода,
ректори Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Ҷӯрабек Исомитдинов,
устоди ҳамин донишгоҳ

Читать далее

Ҳуввияти миллӣ, маърифатӣ ва ахлоқии ҷавонон дар масири сиёсати созанда

Гузориш аз баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 4-уми июли соли 2019 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти Раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  Илҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 66 нафар ширкат варзиданд.

Ба Иҷлосия ҳамзамон раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсату шуъбаҳо, ташкилоти вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор даъват шуданд.

Читать далее

ТТЭ ҲНИ аз ҷавонон чӣ мехоҳад?

То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТТЭ  ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТТЭ  ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан шояд чандон дуруст нест, зеро онҳо дар тӯли фаъолияти худ ҳатто се маротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд…

Ташкили “ҳамоиш”-у “гирдиҳамоиҳо” ҳам танҳо ба хотири ҳисобот, ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки наҳзат фаъолият карда истодааст.

Нишасти шармандаворро ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон низ баргузор карда буд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишасти Дортмунди наҳзат мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш ҳам ҳамагӣ аҳли оила ва наздикони Кабирӣ буданд. ҳатто дида мешуд, ки кӯдакони ноболиғи 8 - 10 сола дар рафти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Ба назар, аслан он ҳамоиш набуд, балки шояд наҳзатиён ба ошхонае барои хӯрокхӯрӣ даромадаву онҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботҳои худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.

ҳоло ки бори дигар ТТЭ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд ҷарфтар аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷ домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мураккабу сахт аст. Андеша аз он кунанд, ки ТТЭ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. ҳамагӣ чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин мусибат Каюбириву сағириҳое ғам хӯрданд? ҳаргиз не!. Кабирӣ, ки аз Нурӣ “устод” ном мебарад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш таслият нагуфт.

Аз Кабирӣ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…

М.Шарифова,
 дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ

Читать далее