July 2019

11 July 2019

Бонги беасос ҳубоб аст!

Аз ахборе, ки мухолифини кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши “ҳаводорон” - и худ кардаанд, дарёфтем, ки: “Дирӯз, 3 июл ҳайати Тоҷикистон, ки барои посух гуфтан ба суолҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал ба Женева рафта буд, Суисро тарк кард». Баъди мутолиаву таҳлили мантиқии ҳаматарафаи ин ахбор ба хулосае омадем, ки ин нукта низ аз таҳлилҳои бемантиқу бардурӯғи мухолифини кишвар беш нест.

Худ ҳар як ахбору маълумоте, ки ин тоифаи мардум пешкаши хонандаи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд, гаштаву баргашта ба суолҳои пурпечутоби пайдарпай равона месозад: чаро ин мардум аз баста шудани ҲНИ ин қадар “аламзада” ҳастанд, ки ҳар туҳмату буҳтоне, ки бар сарашон омад, ҷониби Тоҷикистон равона месозанд?

Чаро ҳар мӯреро, ки дар кишвар меҷаҳад, чун фил ба худ қабул мекунанд? Чаро ободии кишвар, оромии мардуми онро намехоҳанд?

Дар ҳоле, аз Аврупо нишаста бонг мезананд, ки ин ҳама кору фаъолияту ҷонканиҳои мухолифини баҳри “ободӣ” - ву “осудагӣ” - ву “озодӣ” - и мардуми “азияткашида” - и халқи тоҷик равона карда мешавад. Чаро бо чашми сар намебинанд, ки мо куллан ОБОД ҳастем! Мо ОЗОД ҳастем!

Ҳар мақолоту ахборе, ки аз ҷониби мухолифини кишвар бар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегардад, танҳо барои манфиати баъзе аз ашхосон ба монанди М.Кабириву пайравони ӯ роҳандозӣ карда мешаваду халос.

Дар ин нигоришот танҳо бонги беасоси Кабириро мехониву механдӣ: ин мард баҳри боло бурдани манфиатҳои худ, ҳатто падару набераву хонаводаи хешро зери нишон қарор додааст, магар ин аз рӯи мардист?

То ҷон дар тан дорем, намегузорем, ки сулҳу суботи Тоҷикистони азизи моро касе халалдор созад!

С.РАБИЕВ,
М.Эгамбердиева,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Буҳтонҳои нави наҳзатиҳо

Чанд тан ватанфурӯшони «Паём.нет» оид ба нишасти 126 - уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки доир ба масоили “Риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании шаҳрвандони Тоҷикистон” дар шаҳри Женева баргузор гардид, навори пур аз сакта ва муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода ва пахш кардааст. Ин навор ҳеҷ далели воқеӣ ва мантиқӣ надорад.

Тавре, ки Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зимни мулоқот таъкид намуд, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар меҳвари асосии фаъолият қарор додааст. Инсон дар Тоҷикистон манзалату мартаба дорад, ин нукта ба ҳамагон равшан аст.

Дар ин нишаст Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба самтҳои мухталиф савол ироа дошт ва Прокурори Генералӣ ҷавоби муъҷаз, вале хеле мантиқиву барои ҲНИ дандоншикан дод.

Ҳеҷ ҷои шакку шубҳае нест, ки ин лошахӯрони худбохта миллатфурӯшӣ доранд.

Дар ин навор баъдан Кабирӣ бо либосе намудор мешавад, ки дигар бӯйи сиёсат намекунад ва ранге аз исломи ноб дида намешавад.

Ин ватанфурӯш, чунон ҳарф мезанад, ки гӯё дигар мардум кӣ будану чӣ кардани ин лаинро фаромӯш карда бошанд. Чунон ҳарф мезананд, ки меангорӣ, роҳбарияти ҲНИ дар ҷанге, кушторе ва бесарпаноҳ мондани ҳазорон занону кӯдакон бегуноҳ бошанд.

 Илёс КАРИМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!

Маълум аст, ки дар замони муосир масъалаи шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, содир гардидани амалҳои таҳрибкорӣ ва даҳшатафканӣ боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳон бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда истодааст. Масъалаи ҳамкориҳои дастаҷамъона дар самти муқовимат бар зидди амалҳои терроризму ифротгароӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарафзои ҷомеа хеле назаррас дар кишвари мо низ аст.

Дар ин маврид нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 - уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бориз буда, дар ин чорабинӣ махсус зикр гардид, ки «Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад».

Мардуми саодатманди тоҷик хуб огоҳ ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90 - уми асри гузашта бо дасисабозиҳои бадхоҳони миллат ва амалкарди фарзандони нохалаф ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, оқибатҳои ногувори ин ҷанги хонумонсӯз ҳанӯз аз хотирҳо нарафтааст. Маҳз, бо хиради азалии мардуми шарифи кишвар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Мо, аҳли ҷомеа ба насли наврасу ҷавонон пайваста талқин намоем, ки ба тақдири ояндаи худ ва миллат бетараф набошанд. Мо як Ватан ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст ва Ватани азизи худро мисли модар дӯст дорем.

Дар мамлакат бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор, пешгирӣ, қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм ҳанӯз 16 ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва аз 8 декабри соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ аз таълимоти исломӣ фарсахҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Ҳамин тавр, яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро омили тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки дар ин раванд, яъне мубориза ва набардҳои иттилоотӣ бештару пештар омода гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монем.

Бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри истиқболи санаи саодати миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукуфоии бештари кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем.

Ф.ҶАББОРЗОДА,
раиси Суди шаҳри Бӯстон

Читать далее

Гирифторони нафрати умум ва рӯсиёҳон

Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқ гардида, онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини Ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ, демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Ҳамзамон, мехоҳанд, ки кори ҷаҳон мувофиқи хости онҳо ҷараён дошта бошад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа, ки дар гузашта дузду ҷинояткор ё ба нашъамандӣ машғул буданд, барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии бошиддат вазъи сиёсии ҷаҳон бо тағйиру таҳаввулоти босуръати шадид пеш рафта, низоъҳои байнимазҳабӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандонро бештар талаб мекунад.

Дар ҳоле, ки ин падидаи бад натанҳо пайванди худро дар манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди растании заҳрпечак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо азму талошу боварӣ роҳ ба сӯи ояндаи ободу шукуфони Ватани азизамон гиранду бар қасди нохалафон обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Таърих довари ҳақбин аст ва ҳар киву ҳар чӣ, ки алоқаманду вобастаи амалҳои нопоканд, дар назди қонуни зиндагӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мешаванду гирифтори нафрати умум мешаванд.

М.Қодирова,
муаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Иғвоангезӣ то кай?

Дар замони муосир дар ҳар кишваре, ки плюрализм ҷой дорад, ҳизбҳои гуногун фаъолият мебаранд ва бо ҳамдигар баҳсҳои солими ғоявию сиёсӣ доранд. Бо ҳукми Суди Олӣ фаъолияти аҳзоб манъ карда мешавад, ки ин як раванди муқаррарӣ буда, дар ҳамаи кишварҳо ба назар расиданаш мумкин аст.

Аз ҷумла, ҳизби наҳзат низ ҳамин тавр дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ шудааст ва сабабаш ҳам аниқ буда, ба касе пӯшида нест, ки он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудааст.

Хушбахтона, аз асли воқеа ва матлабҳои ин ҳизб огоҳ гашта, қисми зиёди аъзояш ихтиёрӣ барои аз сафи ҳизби наҳзат хориҷ гардидан ариза доданд. Аммо тоифаи дигари он ба хориҷи кишвар рафтанд ва дар Аврупо истода ба муқобили Тоҷикистон ва мардуми он тарғибу ташвиқоти ғоявӣ мебаранд.

Барои онҳо ташкил намудани раҳпаймоиҳо, суханрониҳои иғвоангез як роҳи кор кардани маблағ гаштааст. Маълум аст, ки хоҷагони хориҷии онҳо манфиатдоранд, бо баҳонаи рушди демократия ба онҳо маблағу майдони баҳс фароҳам оранд ва табиист, ки барои ин корашон пул ҳам мегиранд.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон низ иғвоангезии наҳзатиён боз боло рафт. Ин маънои онро дорад, ки онҳо натанҳо якпорчагии мамлакатро намехоҳанд, балки ободиву пешравии Тоҷикистони азизро дида наметавонанд.

Мардуми азизи кишварамон мефаҳманд, ки бо талошҳо ва заҳмати фаровон ваҳдат дар кишвар ба даст омад ва ба қадри он мерасанд. Дигар доду фарёди наҳзатиён наметавонад, ки ягонагӣ ва якдилии мардуми кишварамонро халалдор кунад. ҳарчӣ мегӯянд, аз назари эътибори мардуми соҳибназар дур мемонад.

Бисангин ҲАЙДАРОВА,
мураббияи кӯдакистони №11, ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

10 July 2019

Муносибати нав дар малакаи касбӣ

Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманд буда, бо риояи анъанаи суннатии устодию шогирдӣ ҳунармандони асилро тарбия намудаанд. Имрӯз, дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонону наврасон ҳунар меомӯзанд. 

Дар ҳудуди вилояти Суғд 28 Маркази таҳсилоти иловагӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳоро Маркази таҳсилоти иловагии вилоят таҳти назорати доимии худ қарор додааст. Имрӯз ба маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 18711 нафар хонанда ҷалб гардиданд, ки ин теъдод назар ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 222 нафар зиёд аст.

Дар тамоми муассисаҳои зикргардида 62367 нафар хонанда ба маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд.

 Дар соли хониши 2017 - 2018 - ум 900 нафар аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ таъмин шуда, тибқи дархости директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо дар соли хониши 2018 - 2019 – ум 1080 нафар аъзо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» бояд таъмин шаванд.

Бино ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори муассиса Лутфия Гадойбоева дар марказ 28 номгӯи маҳфил фаъолият дошта, наврасон дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, рассомӣ, забони хориҷӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ, доирадастон, суханварони ҷавон ва адрасбофиро меомӯзанд.

- Хонандагони Маркази таҳсилоти иловагӣ дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон дар шаҳрҳои Бишкек ва Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, - иброз дошт Лутфия Гадойбоева.

Анисаи Ҳакимзода - хонандаи мактаби таҳcилоти миёнаи умумии № 16 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки тайи як сол аст, ки аз ҳунаромӯзони маҳфили рӯзгордории марказ тарзи тайёр намудани шириниҳо, хуришҳо ва таомҳоро омӯхта истодааст.

- Дар марказ барои таҳсили мо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Омӯзиши ҳунарҳо дар марказ ройгон буда, дар як ҳафта ду маротиба маҳфилҳо гузаронида мешавад, - мегӯяд ӯ.

 Бояд қайд кард, ки аз оғози соли таҳсил талаботи хонандагон дар ҳақиқат ба ҳама намуди маҳфилҳо зиёд буда, майлу хоҳиши ҳунаромӯзон бештар ба дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва авиамоделӣ зиёд аст.

 Хуб мешуд падару модарон дар таътили тобистона фарзандонашонро аз мадди назар дур намонда, барои таълиму тарбияи онҳо эътибори махсус зоҳир намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чемпиони Россия аз кӯҳистони Тоҷикистон

Вақте ки соли 1999 фарзандам Камол бо ҳамсараш Мадина азми сафар ба Россия карданд, баъди додани дуои роҳ дар дилам оташ афтода буд. Оилаи ҷавон, камтаҷриба, дар шаҳри мусофирӣ чӣ хел ҳисоби зиндагиро меёбанд?» - андешае омад ба сарам. Аммо иродаи қавӣ ва орзуҳои навҷавонон, ки аз шаҳри Петропавловск-Камчатский аввалин хабарҳои хушро расониданд, умедамро зиёд намуд. Навҷавонон мувофиқи касби худ ба кор машғул шуданд.

 Соли 2000-ум онҳо соҳиби духтаре бо номи Лайлӣ гардида, пас аз се сол ба писари навзоди худ номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» Фаридунро гузоштанд. Шодии ин оилаи ҷавонро ҳадду каноре набуд. Бо гузашти солҳо фарзандони онҳо ба воя расида, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 3 ба номи А.С.Пушкин таҳсили илм карданд. Фаридун ҳанӯз ҳангоми дар синфи як хонданаш дар мактаби варзишии рақами 5 дар машқҳои ҷангӣ дастӣ иштирок менамуд. Гирумон ва машғулияти ҷиддии ӯ диққати мураббӣ Браславский Сергей Михайловичро ба худ ҷалб намуд. Мураббӣ ӯро ба чемпионати шаҳри Петропавловск - Камчатский тайёр намуд. Ӯ соли 2012 орзуҳои мураббии худро ҷомаи амал пӯшонида, чемпиони шаҳр гардид. Соли 2017 дар чемпионати Шарқи Дур, ки дар шаҳри Благовеғенск барпо гардида буд, Фаридун чемпиони Шарқи Дур гардид. Минбаъд машқҳои худро такмил дода, соли 2017 дар чемпионати Россия, ки дар шаҳри Орёл барпо гардид, ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуд.

Соли 2019 дар шаҳри Волгоград чемпионати Россия барпо гардид, ки Фаридун дар вазни 70 кг 6 нафар рақиби худро мағлуб сохт. Ҳоло Фаридун ба чемпионати ҷаҳон, ки моҳи августи соли 2019, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барпо мегардад, омодагӣ мебинад.

Хоҳараш Лайлӣ бошад, соли 2018 ба Тоҷикистон баргашта, донишҷӯи бахши якуми Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ӯ низ шогирди мураббӣ Муҳаммадҷон Ҷӯраев буда, нозукиҳои санъати Каратэ-До-ро аз ӯ меомӯзад. Лайлӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. 2 майи соли 2019 Лайлӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.

Раҳим РАҲМОНОВ,
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Ташаббус ва натиҷаи пурсамар

Дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми майи соли 2018 «Оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашн амри раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вобаста намудани масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба деҳаҳои ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, мавриди амал қарор дода шудааст.

Масъулини вобастагардида вазъи ҳар як деҳаро омӯхта, бо назардошти масъалаҳои беҳтар гардонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими манзилҳои стиқоматии шаҳрвандон, ба тариқи замонавӣ азнавсозии деворҳои қадди роҳ, сохтмони иншооти хизматрасонию маишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ, ташкил намудани меҳнати хонагии қолинбофии дастӣ ва дигар корҳои ободонӣ нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба деҳа таҳия ва мавриди амал қарор додаанд.

Дар ноҳия бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 68 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 29 иншоот, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, яъне Қасри фарҳанг, тиббӣ, дорухона, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ ва дигар намуди иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин, бахшида ба ҷашн чандин тадбирҳои дигар, аз он ҷумла қумфаршкунии роҳҳову чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шудааст.

Санаи 25 - уми июни соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар фазои тантанавӣ дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ташаббуси соҳибкор Санҷар Ортиқбоев сохтмони бинои мағоза, дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Шаҳристон дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе бо ташаббуси соҳибкор Набиҷон Пӯлодов нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз тарафи соҳибкор Анвар Ҳотамов бинои мағоза мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд зикр намуд, ки нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона аз тарафи соҳибкор Набиҷон Пӯлодов ба маблағи 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ 800 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, гӯшаи фурӯши он ташкил шудааст.

Дар ошхона низ ба мусофирон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё буда, 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Сокинони ноҳия минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, азму иродаи мустаҳкам корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ, меҳнати софдилонаю суботкорона вусъат бахшида, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи нақшаву ниятҳои нек, пешрафту тараққиёти ноҳия ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии 30 – солагии Истиқлолият равона менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Читать далее

09 July 2019

ОБОДОНӢ САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров яке аз маҳалҳои аҳолинишине ба шумор меравад, ки беш аз 22 ҳазор cокин дошта, мардуми маҳал ҳамарӯза барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъйу кӯшиш доранд. Сокинони маҳаллаҳои Седаста, Гумбаз, Қаҳрамон, Fозиён, Чорсу, Қотма, Деҳаи Боло ва Деҳаи Поён бо кору фаъолияти хеш баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Мардуми деҳа чанд сол инҷониб аз таъмирталабии клуби ҷамоат дар ташвиш буданд ва чорабиниҳои фарҳангию маданиашонро дар толорҳои муассисаҳои таълимӣ мегузарониданд. Фарҳангиёни деҳа хоҳони он буданд, ки ҳарчӣ зудтар клуби ҷамоат аз таъмири хушсифат бароварда шаваду онҳо бо барномаҳои рангин ҳаводорону дӯстдорони барномаҳои ҷолибро дар клуб ҷамъ оваранд.

Хушбахтона, дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қатори дигар корҳои ободонӣ клуби ҷамоат аз таъмири хушсифат бароварда шуда, аҳли фарҳанг бар он ақидаанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихӣ равона хоҳанд кард.

Сокинони деҳа, бахусус нафақахӯрону аҳли зиё имрӯз аз ташкил шудани бинои филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳори шодмонӣ доранд. Зеро онҳоро мебоист, ки барои гирифтани музди маошу нафақаи худ, пардохти ҳаққи хизматрасонии барқу об, интиқоли маблағ ва истифода аз дигар хизматрасониҳои «Амонатбонк» роҳ сӯи маркази вилоят ва ё ноҳия пеш гиранд. Акнун бо ташкил шудани нуқтаи хизматрасонӣ роҳи онҳо наздик ва мушкилашон осон гаштааст.

Соҳибкор И.Бобоҷонов иқдоми некеро, ки сокинони кӯчаи ба номи Саиднисо Раҳмоноваи деҳаи Гумбазро шод мегардонад, амалӣ кард. Бо иқдоми ин марди саховатпеша ва дастгирии мардуми маҳал масофаи 2 километр роҳ чароғон шуда, бо шинондани симчӯбҳо ва кашидани хатти барқ алҳол равшанӣ дар ин макон ҳукмрон аст. Аҳолии кӯчаи ба номи Саиднисо Раҳмонова ин иқдомро самараи Истиқлолият ва дастгирии давлату Ҳукумат дониста, ваъда доданд, ки барои ободии Ватани хеш тамоми кӯшишу ғайраташонро равона месозанд.

Обро манбаи ҳаёт мегӯянд. Ҳамарӯза барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор, шодоб гардонидани замин ва аз ҳама муҳимаш, барои нӯшидан об зарур аст. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳаҷми захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва сифати он, ки минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ расонидааст, эътибори махсус дода, таъкид гардидааст: «Бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи мо ва умуман, дар сатҳи глобалӣ, талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об, айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шавад».

Дар доираи амалӣ гардидани ин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ба Деҳаҳои Боло, Fозиён, Гумбаз, Поён, Fозиён - 1 ва Чорсу ба масофаи 4 ҳазору 800 метр иқдом карданд. Алҳол шодмонии аҳолии деҳаҳои номбурда ҳадду канор надорад, зеро кунун масъалаи нарасидани оби нӯшокӣ ва танқисии он аз байн рафт.

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Fозиён Гулчеҳра Холматова иброз дошт, ки аҳолии деҳа ва масъулин ҷиҳати таъмири ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 11, 20, 21, 62, кӯдакистони № 17 - уми деҳаи Қотма, ташкили нуқтаи хатнагузаронӣ дар Маркази саломатии Fозиён, сохтмони варзишгоҳи хурд дар муассисаҳои таълимии №№21 ва 11, шағалпӯш кардани кӯчаи ба номи М.Рустамов ба масофаи 1 километр ва дигар корҳои ободонӣ камари ҳиммат бастаанд. Аҳолии ҷамоат бар он ақидаанд, ки ҷашни эҳёи Ватанро бо дастовардҳои созанда ва навин истиқбол хоҳанд кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее