July 2019

30 July 2019

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаи “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” баррасӣ гардид.

Читать далее

Дар ҷаласаи корӣ пешгирии ҳолатҳои қочоқи молу маҳсулот баррасӣ шуд

Дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштиркои Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини сохторҳои гумруку қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа асосан як масъала – пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Котиби Шӯрои амнияти мамлакат Маҳмадалӣ Ватанзода зимни таҳлили вазъ таъкид кард, ки воридоту содироти молу маҳсулот ба таври қочоқ ба амнияти иқтисодии ҳар кишвар таъсири манфӣ мегузорад.

Читать далее

29 July 2019

Оби ҷонбахш ва яхмоси ҳаловатбор

Фестивали нахустин

Санаи 27 - уми июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд фестивал - озмуни вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, мақсад аз баргузорӣ ташкили ҷойҳои корӣ аз тарафи соҳибкорон, муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ, бори дигар ҷалб кардани диққати истеҳсолкунандагони маҳсулоти ташнашикан ба сифат ва пешниҳоди хизматрасонии баланд дар ин соҳа мебошад.

Хол Ҳайдар муовини якуми Раиси вилоят дар чорабинӣ қайд намуд, ки тахминан 83 фоизи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар вилоят аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» ва истеҳсоли 43 фоизи яхмос дар ҳудуди вилоят ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Яхмоси 33» рост меояд. Дар баробари ин соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъиятҳое мавҷуданд, ки барои аз 5 то 10 нафар шахсон ҷои корӣ ташкил намуда, айни ҳол дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.

Азизҷон Сатторов, сармутахассиси Идораи хӯроквории вилоят дар суҳбат бо мо қайд намуд, ки дар чорабинӣ 16 истеҳсолкунандаи маҳсулоти нӯшокиҳои ташнашикан ва 5 корхонаи истеҳсоли яхмос аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд. Маҳсулоти дар фестивал - озмун ба маърази тамошо ва фурӯш гузошташуда аз тарафи ҳакамони озмун аз ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба сифат ва бехатарии маҳсулот баҳогузорӣ шуданд.

Фестивал озмун бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст гардид:

- бахши обҳои ташнашикан ҷойи аввал насиби ҶСП «Оби зулол» - и шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ҶСП «Евро - Азия - 2005» - и шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ҶДММ «Оби ширин» - и шаҳри Хуҷанд.

- намуди яхмос ҷои аввал ҶСП «Яхмоси 33», ҷои дуюм ҶДММ «Дӯстӣ Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм насиби соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Умаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ШИНОСНОМАИ ПЛАСТИКӢ: МУАММО ВА МУШКИЛОТИ ГИРИФТАНИ ОН

Як моҳ инҷониб назди мақомоти шиносномадиҳии шаҳру навоҳии вилоят мардум аз субҳ то шом дар навбат меистанд, зеро тибқи талаботи Фармоиши якҷояи ВКД ва ВКХ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба танзим медароранд, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корти пластикӣ иваз карда мешавад. Бояд гуфт, ки муҳлати муқарраршуда барои шаҳрвандон кифоягӣ намекунад ва муаммои зиёд пеш меояд. Аз навбати зиёд ва дилбазан аксар бо роҳи шиносбозӣ масъалаи гирифтани шиносномаро ҳал мекунанд. Нафароне, ки «амаку, тағо» доранд, дар муддати кӯтоҳ, яъне бенавбат ҳуҷҷатҳояшонро супорида мераванд, ки ин боиси норозигии дар навбатбудагон мегардад.

Доир ба масъалаи мазкур аз ҷониби сокинон суолҳои мухталиф ворид гардид, ки сардори шуъбача оид ба корҳои шиносномавии Хадамоти шиносномавии бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Раҳимзода Абдумалик Абдулаҳай ба онҳо посухҳо гуфт.

- Шиноснома аз синни чанд ва ба кӣ дода мешавад?

- Шиноснома ба шаҳрвандони ба синни 16 - сола расида (бори аввал гирифтани шиноснома), гузаштани муҳлати амали шиноснома, гум кардан, дуздида шудан ва ё гузаштани муҳлати истифодабарии минбаъда, гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барқарор кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз намудани ҷойи зист дар ҳолате, ки часпонидани қоғази ширешдор ба корти нав бақайдгирифташуда имконнопазир аст, муроҷиати аризадиҳанда барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста аз муҳлати эътибор доштани он дода мешавад.

- Муҳлати охирини гирифтани шиноснома кадом моҳ аст? Сифати расми гирифташуда хеле паст аст, оё он намуди шиносномаро намекоҳонад?

- Муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаи дохилӣ 15 рӯзи корӣ муқаррар карда шуда, фарқияти шиносномаи намунаи соли 2014 аз намунаи соли 1996 дар он аст, ки дар шиносномаи нав маълумот оид ба миллат ва фарзандон мавҷуд набуда, аз ҷониби дасггоҳи махсус хонда мешавад ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Сифати расм дар шиноснома ба талаботи стандартҳои ICAO ҷавобгӯй буда, дар ҳолати ба яке аз талабот мутобиқ набудани он шиноснома ба расмият дароварда намешавад.

- Барои беморони барҷомонда ва нафақахӯрон чӣ имтиёз ҳаст? Оё гурӯҳи сайёр амал мекунад?

- Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти боҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд. Барои тасдиқи озод аз пардохти боҷ бояд маълумотномаи мақомоти таъмини иҷтимоӣ, ки аз тарафи роҳбар имзо ва бо муҳр тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.

Ба шаҳрвандони имконияти ҳаракаташон маҳдуд дар асоси аризаашон ва ё аризаи намояндаи онҳо, ки ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист муроҷиат намудаанд, аз тарафи гурӯҳи сайёри Хадамоти Раёсат таъсисдодашуда баррасӣ карда мешавад.

- Имрӯз аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ барои муштариён паёмак барои азнавбақайдгирӣ тариқи шиносномаи пластикӣ омада истодааст, оё он зарурат дорад?

- Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ба хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мувофиқи он барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10 – уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

- Барои гирифтани шиноснома дар ШКД навбат зиёд аст. Оё намешавад, ки ба ташкилоту муассисаҳои сернуфуз намояндагони Раёсат омада, ҳуҷҷатҳоро ҷамъ ва дар муҳлати муайян онро супоранд?

- Тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД - ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ реҷаи корӣ аз соати 08:00 то 22:00 муқаррар шудааст ва кормандони ташкилоту муассисаҳо метавонанд пас аз фаъолияти корӣ бо ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист муроҷиат намоянд.

- Оё ивази шиноснома ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, таъсир мерасонад ва дар шиносномаи пластикӣ ҷойи истиқомат ва фарзандони шаҳрванд чӣ тавр қайд мешаванд?

- Шаҳрвандоне, ки мақсади гирифтан ва иваз намудани шиносномаи шаҳрвандиро доранд ва қаблан шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ гирифта бошанд, бояд ҳатман бо дигар ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда ба корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешкаш намоянд.

Дар ҳолати пешкаш нанамудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ, он гоҳ маълумоти демографии барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандии ба барномаи маълумотҷамъкунӣ воридшуда, аз тарафи масъулини Сарраёсати консулии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда намешавад. Зеро қаблан маълумоти демографии шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ дар махзани ягона ворид карда шудааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ноҳияи Спитамен: Ғановати буҷет - омили иҷрои тадбирҳо

- Дар ноҳияи Спитамен давоми шаш моҳ аз 10 намуди андозу пардохт 3 намуди андоз, аз ҷумла андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ, андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллии ноҳия 1 миллиону 899 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим. 

Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани қисми даромади буҷети маҳаллиро раиси ноҳия дар корхонаи андозсупорандаи калон ҶДММ «Аллат», ки фаъолияти худро ба дигар вилояти ҷумҳурӣ гузаронидааст, маънидод кард. Боиси зикр аст, ки дар ноҳия андозсупорандаи калон ҶДММ «Аллат» бо воридоти гази моеъ ва сӯзишворӣ машғул буда, ба буҷети дахлдори ноҳия ва ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ маблағи андоз пардохт мекард.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди ҷо доштани баъзе мушкилот дар самти иҷрои буҷети ноҳия хароҷоти муассисаҳои буҷетӣ оид ба музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ, дигар моддаҳои ҳимояшавандаю тадбирҳои аввалиндараҷаи онҳо мунтазам ва саривақт маблағгузорӣ шудаанд.

Бобати расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ, ки саноатикунонии кишварро дарбар мегирад, раиси ноҳия гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 185 миллиону 294,4 ҳазор сомонӣ, яъне 106,1 фоиз таъмин гардидааст.

Давоми шаш моҳ 131 ҷиноят содир гаштааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 9 адад зиёд мебошад. Ҷиноятҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев, Куруш, Истиқлол, Тағояк ва Сарбанд бештар содир шудааст.

Дар давоми шаш моҳ дар ноҳия 144 ҳолати осебрасонии сагони дайду ба аҳолӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 88 ҳолат зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия 1798 сагу гурба ба қайд гирифта, дар ду саг бемории ҳорӣ ошкор гардид. Бобати ин масъала чораандешӣ шуда истодааст, - афзуд раиси ноҳия.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин бобати тадбирҳо оид ба пешгирии экстремизму терроризм, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти мухталиф, рушди маҳал ва деҳот, маорифу тандурустӣ, пурсишу посух доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дурнамои Шаҳристон ва ҷанбаи созандагӣ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи нақшаи ташкилу гузаронидани нишастҳои матбуотӣ санаи 22 – юми июли соли равон, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар он раиси ноҳия Ҷалилзода Ашуралӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Муассисаи идораи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд Ҳ. Латифӣ, муовинони раиси ноҳия, масъулини сохтору ниҳодҳои мухталиф ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали соли 2019 маълумот дод.

Баъд саволу ҷавоб доир гардид, ки дар рафти он намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба рушди сайёҳӣ дар ноҳия, табдил додани ноҳияи Шаҳристон ба шаҳраки Шаҳристон, рушди соҳаи кишоварзӣ, ғамхорӣ нисбат ба шахсони камбизоат ва бо кор таъмин намудани ҷавонон, омодагиҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаммоҳои мавҷуда вобаста ба соҳаи тандурустӣ ва ҳамчунин ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ва ғайраҳо суолҳо пешниҳод намуданд.

Ба саволҳои хабарнигорон раиси ноҳия ҷавобҳои муфассал дод.

М.САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ: САМТИ ПОЙДОРИИ РӮЗГОР

Нишасти матбуотӣ бо иштироки се сохтори вилоятӣ – Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва рӯзноманигорон дар бинои шуъбаи РАҲШ - и вилоят доир гардид.

Имрӯз 7678 нафар занони роҳбарикунанда ва 1267 нафар хизматчии давлатӣ дар пешбурди фаъолияти хоҷагидории вилоят нақши назаррас дошта, нисбат ба солҳои пешин теъдоди занҳои фаъол зиёд мебошад. Шумори занону духтарони варзишгар низ афзуда, гирандагони Квотаи Президентӣ ва ҳам идрорпулии Раиси вилояту шаҳру навоҳӣ низ шумори бештарро нишон медиҳад. Барои 818 ятимдухтар, ки дар муассисаҳои миёнаи умумӣ таҳсил доранд, кӯмакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ ҷудо шудааст. Бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар солҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ самти муҳим ба шумор рафта, барои онҳо марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ ва ҳунармандӣ ташкил гардида ва дар ин ҷода таъсис шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят барои рушди фаъолияти соҳибкории онҳо назаррас аст. Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар соли хониши 2018 - 2019 - ум 95,7 фоизро ташкил медиҳад.

– Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки занону ҷавондухтарони фаъол аз соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар бобати масъалаҳои мубрами ҷомеа вохӯриву мулоқот баргузор мешаванд. Дар ҳамаи шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо «Шӯрои муросо» ташкил шудааст. Инчунин, Раёсат дар ҳамкорӣ бо маркази буҳронии занон «Гулрухсор» баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст, – қайд намуд сардори Раёсат Нигора Ғаффорзода.

Дар марказ ва шаҳру навоҳии вилоят намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои телевизионӣ, вохӯрӣ, ҳамоишҳо, фестивал - озмунҳо, маҳфилҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ин барпо сохтани оилаҳои пойдор ва пешгирии вайроншавии он ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби шуъбаю бахшҳои САҲШ - и шаҳру навоҳӣ байни аҳолӣ 651 баромаду вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҷиҳати пойдории оилаҳо гузаронида шудааст.

Нарзизода Фараҳманд – сармутахассиси шуъбаи РАҲШ дар вилоят иттилоъ дод, ки дар нисолаи аввали соли 2019 сабти бекоркунии ақди никоҳ ба 2143 адад расидааст, ки 1476 нафар кӯдаки ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур мондаанд. Бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 37 адад кам шудааст.

– Шумораи умумии донишҷӯён дар вилоят 65 ҳазору 171 нафарро ташкил медиҳад. Давоми шашмоҳа аз ҷониби ҷавонон 775 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 52 ҷиноят зиёд гардидааст. Вазъи нашъамандӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои ВНМО байни ҷавонон дар даври ҳисоботӣ қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст, – гуфт мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мадина Ҳомидова.

Бахшида ба иди ҷавонон аз ҷониби масъулин 151 чорабинии фарҳангиву фароғатӣ ва илмиву маърифатӣ бо фарогирии 66652 нафар ҷавон гузаронида шуданд.

Раёсат фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуда, дар самти мазкур низ корҳои назаррасро ба сомон расонид. Дар вилоят 2524 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади дарёфти таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаҳои мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 397 варзишгар ба чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 231 медал, аз ҷумла 94 тилло, 55 нуқра ва 82 медали биринҷӣ ворид намуданд.

Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

27 July 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.

Читать далее

26 July 2019

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас анҷоми сафари кории худ ба вилояти Суғд ва боздид аз шаҳри Исфара ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Читать далее

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Имрӯз ҳамчунин дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Читать далее