July 2019

23 July 2019

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Оливер Нормандро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 22 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд мулоқот орост.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти татбиқи лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар водии Фарғонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суҳбат қайд кард, ки солҳои 2019-2021 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Амалисозии минбаъдаи лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот баҳри беҳтар шудани шароити таъминоти оби нушокӣ дар деҳот мусоидат менамояд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн

22 июли соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои самаранок ва ташкили боз як корхонаи нави металлургӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ҳини суҳбат аз муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо якчанд корхонаи муштарак мавриди истифода қарор дорад, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Ҳурматзода Ф.З.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода: Масъулият ва малакаи комил боиси рушду дастовардҳост!...

Машварати кории Раиси вилоят

22 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор иштирок намуданд.

Дар машварати кории Раиси вилоят ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузургу таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи феълии соҳаи кишоварзӣ дар вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.  

Читать далее

Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад

Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 21 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ аз ноҳияи Зафаробод боздид кард.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Зафаробод 14 пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошта, 11 адади он мунтазам фаъолият дорад. Тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳия 32 000 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ обёрӣ гардида, ҳамасола барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳо аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зурурӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон бо ин мақсад 1,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба фаъолият оғоз кардаанд.

Читать далее

Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22.07.2019 сол сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.

Читать далее

Муроҷиати Гулнора Воҳидова ба мухолифини дузд

Аз номи модари ман истифода набаред. Мо ба ташкилотҳои байналмилалӣ аз болои Шумо шикоят мекунем.

Суханони волои Гулнора Воҳидова мушти обдорест ба пешонии кӯтаҳақлони аср – наҳзатиҳои бериё, ки аз обрӯи ҳамсари Воҳидов бе иҷозати ӯ истифодаи сӯ мекунанд.

Читать далее

"Одам як бор мегӯяд: ё баро аз ин ҷо ё..."

ё шинос биёрам?

Мадина Сангинова зодаи ноҳияи Деваштич асту мехоҳад ба шуъбаи магистратураи донишгоҳ дохил шавад. Барои ин ба ӯ лозим омад, ки боз аз муоинаи тиббӣ гузарад. Вай чанд сол пеш аз муоина гузашта, мисли имрӯз ду рӯзи дароз дар навбат наистода буд.

Рӯзи аввал ба Маркази саломатии № 5 - уми шаҳри Хуҷанд рафтаму барои кушодани варақа 25 сомонӣ супоридам. Барои оиладорон 35 сомонӣ будааст. Намедонам ин чӣ гуна нархнома аст? Соат наздики чаҳордаҳ буд, аммо аксари духтуроне, ки ман бояд аз назорати онҳо мегузаштам, дар ҷои кор набуданд. Фикр кардам, ки онҳо дар рухсатии меҳнатианд, аммо... Рӯзи дигар назди духтури гӯшу бинӣ ва гулӯ рафтам. Хостам аз муоинаи онҳо гузарам, аммо бо шавқ донаи офтобпарастро шикаста нишастани хоҳарони шафқатро дида, аз нияти хеш баргаштам, байни “суҳбати қаймоқин” - и онҳо даромадан нахостам.

Мегуфтам ҳам, суде надошт, зеро ҳамшира машғули фикри дигар буд. "Ягон шикоят доред?" - гӯён пурсиду посухашро нагирифта, имзояшро монд. Барои ташхиси рентгенӣ бояд ман ба беморхонаи дигар мерафтам, зеро дар ин марказ таҷҳизот аз кор баромада буд. Ин ҳам як оворагии беморону корафтодагон аст. Муносибати "хуб" - и духтурони ин ҷо кам буд, ки бар болояш ин масъала зам шуд. Соат шонздаҳ, ки шуд, ночор ба хона баргаштам. Рӯзи дигар соати 8:20 ба беморхонаи шаҳрӣ ҳозир шудам. Хушбахтона, духтур маро қабул карда, саволи болоиро такрор кард. Ду муҳр заду аз ман 10 сомонӣ талаб кард. 5 сомонӣ диҳам бо овози баланд "10 сомонӣ!" гуфт. Бо алам пулро додаму садқаи сар гуфта, аз дар баромадам. Аз он ҷо боз ба Маркази саломатии №5 омадам. Ибтидо ба хазина 57 сомониро супурда, интизори навбат шудам. Аз соати нӯҳ то соати 12:00 дар назди дари ташхисгоҳи беморхона дар навбат истодам. Духтурони "харобакак" - у "меҳрубон" - и он ҷо "чаққонакак" варақаҳои омадаистодаро бо шавқ пур карда, бар ивазаш коғазаке, ки дар онҳо акси Ҳамадониву Сино, Айниву Бобоҷон Fафуров буд, мегирифтанд. Холаҳои “харобакак” - и хилъати сафедпӯш дар даст варақаҳо медаромаданду мебаромаданд. Баъд навбати "амакҳои галстукдор" омад. Ба онҳо дар ҳамин ҷо ҳам "котибаҳо" хизмат мекарданд. Варақаро гирифта медароварду аз қафо онҳоро ҷеғ мезад. Ниҳоят варақаҳои "ҳавоии тиллоӣ" магар тамом шуд, ки навбат ба мо омад. Ба утоқе, ки ду рӯз боз даромаданашро «орзу» мекардам, ворид шудам. Духтурон бо лафзи "ширин" - и заҳргину чеҳраҳои "кушод", ки аз онҳо қариб барфу борон борад, маро қабул карданд. Қариб ба меҳмоннавозии онҳо одат карда будам, ки боз як "холаи хилъатпӯш" даромаду ба ҷайби духтур даст андохту бо овози паст маслиҳат карданд. "Вай одам баъди ним соат мебиёд. Ҳаминро пур карда монед". Духтур камтар аз Худо метарсидагӣ будааст магар ки «ақалан хунашро гирифта анализ кунем охир» гӯён ба ӯ нигоҳ кард. Холаи харобакак "не ӯ даркор не. Ҳаминро пур кунед бас. Чаро ин қадар худатонро азоб медиҳед? Хуб, майлаш - мӣ?".

Маслиҳаташон пухту хола баромада рафт. Духтури чанд лаҳза пеш меҳрубону ширинсухан, дилу бедилон варақаи маро гирифту "ба он ҷо гузашта шинед" - гӯён ба ман фармон дод. Хунро гирифту ду ташхиси дигарро ба фардо монд. Ман, ки чанд лаҳза пеш шоҳиди як воқеаи аҷоиб гардидам, духтуронро хуб шинохта монда будам, гуфтам: "Муаллимаҷон, биёед маро бори дигар овора накунеду ҳамонро навишта диҳед" - гӯён илтиҷо кардам. Бо овози баланд гуфт: "Мумкин не. Чӣ хел анализ насупорида, ман навишта диҳам. Аҷаб одамое!". Ба назди духтури дигар, ки даромади нимрӯзаашро ҳисоб мекард, рафтам. Варақаамро дароз кардам. Бо овози баланд: “Аз наздам дур шав. Ё берун баро ё...” - гӯён сарашро хам карда машғули кор шуд. Симову гуфтори вайро дида, аз духтуру дармонаш дилам монд. Маълум шуд, ки ман усули “амакҳои галстукдор” - ро дуруст истифода бурда натавонистаам.

Боз пагоҳ меоям гӯён баромадам. Ба худ гуфтам, канӣ ман ҳам усули дигари онҳоро истифода барам - чӣ гӯён як холаи халатпӯшро дида, наздаш рафта, вазъиятро фаҳмонидаму ба болои варақаам як расми бобои Ҳамадониро мондам. Холаи меҳрубон ба ман ин усулро ёд доданӣ шуда, онро ба қабати коғазҳо монду рафт. Баъд аз як соат варақаамро пурра карда овард. Ҳамроҳаш ҳамон духтури "меҳрубон" - у "ширинзабон" буд, ки акнун аз муносибати нешдори пештарааш нишоне намонда буд. Вай ба ман нигоҳ карда гуфт: "Укоҷон, ҳама ҳуҷҷатҳоятон шуд".

Хуллас, ҳуҷҷатҳоямро гирифтаму ба ҳамаи холаҳоям раҳмат гуфта баромадам. Аҷаб замоне шуд. Ҳама касу ҳама чиз пул шудааст. Одам мурда равад фарқ надорад, муҳим ки пулашро гирифта бошанд шуд. Албатта, ин ба баъзе аз холаҳои "меҳрубон" дахл дорад. Ҳастанд духтуроне, ки ҳаёти беморон барои онҳо аз ҳама чиз болотар меистад».

Ҳар фарди солим бояд дар давоми сол ақаллан як маротиба аз назорати духтур гузарад, зеро бо ин роҳ худро аз бисёр бемориҳо пешгирӣ мекунад. Аммо, аз рӯи гуфти қаҳрамони мо, барои ин ба ӯ лозим меояд, ки ё вақти зиёди худро сарф кунад ва ё маблағро, ки на ҳама чунин имкониятро доранд. Барои санҷиши хизматрасонии кормандони тиб мо пурсиши афкор гузаронидем, ки зиёда аз 45 фоизи онҳо гуфтаҳои қаҳрамони моро дастгирӣ намудаанд. Пас, мо метавонем бо маблағи муайян муносибати хуби онҳоро харидорӣ намуда бошем.

Ҳафиза БЕГОВА,
рӯзноманигор

Читать далее

Пажӯҳиши бунёдӣ – талаби замон

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Сараввал ректор мухтасар аз дастовардҳои донишгоҳ маълумот дода, қайд намуд, ки натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2019 ва омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нав ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарзро падидаи муҳим ва дастоварди арзандаи муассисаи олии таълимии касбӣ дар нимсолаи аввали соли равон арзёбӣ намуд.

Теъдоди таълифоти рисола ва корҳои илмӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 аз 8 монография, 55 мақола дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА (ВАК) тасдиқшуда, 66 мақола дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ, 104 мақола дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 398 навиштаи илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишгоҳӣ иборат аст.

Натиҷаҳои паҷӯҳишот ва теъдоди ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ дар ин давр 8 ададро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДҲБСТ бошад, ба 7 адад баробар аст.

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас арзёбӣ гардид.

Дар радифи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди факултети инноватсия ва телекоммуникатсия маркази тестӣ ташкил ёфта, бунёди толори варзишӣ ба итмом расида, гармхонаи макони омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ барои ихтисоси маркетинг ва агробизнес сохта шудааст.

Рӯзноманигорон вобаста ба сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, тарзу усули гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва талаботи он, вазъи моддиву техникии донишгоҳ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Саноат: Истеҳсоли маҳсулот меафзояд

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 116,1 фоизро ташкил дод, - зикр намуд мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода. 

Ҳамзамон, мавсуф иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят дар ин давр ба 5,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 786,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таҳлили истеҳсолоти вилоят нишон дод, ки бинобар кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи саноатии ҷумҳурӣ - “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”, ки яке аз коргоҳҳои калонтарин маҳсуб ёфта, ҳиссаи он дар саноати вилоят 21,8 фоизро ташкил мекунад, истеҳсолот дар вилоят, паст гардидааст.

Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятӣ бидуни фаъолияти корхонаи мазкур нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 827,9 миллион сомонӣ зиёд буда, он 123 фоизро ташкил дод.

Шаҳри Гулистон нимсолаи аввалро бо қафомонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 98,1 фоиз ҷамъбаст намуд. Сабаби асосии қафомонӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” бо нархҳои амалкунанда 322,9 миллион сомонӣ ва дар КМ “Апрелевка” 29,6 миллион сомонӣ зоҳир мешавад.

Дар шаш моҳи соли равон дар вилоят 59 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 642 ҷойи корӣ ташкил гардид.

Бинобар иҷрои супориши Роҳбари давлат соли ҷорӣ дар вилоят таъсиси 13 коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Исфара, Деваштич, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст.

То ин дам аллакай 8 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 61 ҷойи корӣ боз шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифтанд. Инчунин соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 6 коргоҳи коркарди шир дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бошад, имсол дар заминаи иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Олим текстайл” Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ангубин” ба фаъолият оғоз намуда, аз ҷониби ин коргоҳ ба маблағи умумии 12,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Мутахассисони соҳа зимни гузаронидани таҳлилҳо бар он ақидаанд, ки шумораи корхонаҳои бефаъолият нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта 44 адад кам шуда, маҳсулоти истеҳсолнагардида дар ин корхонаҳо 0,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон аз 605 корхонаи саноатӣ 506 корхона фаъолият бурда, истеҳсолот дар 51 корхона ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, 48 корхонаи дигар мавсимӣ буда, ҳанӯз ба фаъолият оғоз накардааст.

Масъулин сабабҳои фаъолият набурдани корхонаҳои саноатиро нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин баҳсҳои амволӣ зикр намуданд.

Соруҷ (семент) дар истеҳсолоти вилоят мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар вилоят 605,5 ҳазор тонна соруҷ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли пешин 115,8 ҳазор тонна ё ба миқдори 1,2 маротиба зиёд аст. Содироти соруҷи ватанӣ ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, давоми 6 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 322,5 ҳазор тонна соруҷ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Консентрат ва маъдан бошад, солҳои охир ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфта, он дар ин давр ба маблағи умумии 147,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст.

Дар конҳои ангишти вилоят истихроҷ ба андозаи 1,2 маротиба зиёд гардида, дар нимсолаи соли равон 660,1 ҳазор тоннаро ташкил намуд.

Тибқи нишондодҳо ба 1-уми июни соли ҷорӣ дар соҳаи саноати вилоят 29385 нафар корманд дар рӯйхат буда, шумораи кормандони маошгиранда 22966 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳолати мазкур барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ниҳоят дар бобати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат саъйу кӯшиши боз ҳам бештари масъулин ва мутахассисони соҳаро дар ҳалли масоили мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави самарабахши истеҳсолот тақозо дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее