10 July 2019

Муносибати нав дар малакаи касбӣ

Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманд буда, бо риояи анъанаи суннатии устодию шогирдӣ ҳунармандони асилро тарбия намудаанд. Имрӯз, дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонону наврасон ҳунар меомӯзанд. 

Дар ҳудуди вилояти Суғд 28 Маркази таҳсилоти иловагӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳоро Маркази таҳсилоти иловагии вилоят таҳти назорати доимии худ қарор додааст. Имрӯз ба маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 18711 нафар хонанда ҷалб гардиданд, ки ин теъдод назар ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 222 нафар зиёд аст.

Дар тамоми муассисаҳои зикргардида 62367 нафар хонанда ба маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд.

 Дар соли хониши 2017 - 2018 - ум 900 нафар аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ таъмин шуда, тибқи дархости директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо дар соли хониши 2018 - 2019 – ум 1080 нафар аъзо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» бояд таъмин шаванд.

Бино ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори муассиса Лутфия Гадойбоева дар марказ 28 номгӯи маҳфил фаъолият дошта, наврасон дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, рассомӣ, забони хориҷӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ, доирадастон, суханварони ҷавон ва адрасбофиро меомӯзанд.

- Хонандагони Маркази таҳсилоти иловагӣ дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон дар шаҳрҳои Бишкек ва Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, - иброз дошт Лутфия Гадойбоева.

Анисаи Ҳакимзода - хонандаи мактаби таҳcилоти миёнаи умумии № 16 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки тайи як сол аст, ки аз ҳунаромӯзони маҳфили рӯзгордории марказ тарзи тайёр намудани шириниҳо, хуришҳо ва таомҳоро омӯхта истодааст.

- Дар марказ барои таҳсили мо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Омӯзиши ҳунарҳо дар марказ ройгон буда, дар як ҳафта ду маротиба маҳфилҳо гузаронида мешавад, - мегӯяд ӯ.

 Бояд қайд кард, ки аз оғози соли таҳсил талаботи хонандагон дар ҳақиқат ба ҳама намуди маҳфилҳо зиёд буда, майлу хоҳиши ҳунаромӯзон бештар ба дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва авиамоделӣ зиёд аст.

 Хуб мешуд падару модарон дар таътили тобистона фарзандонашонро аз мадди назар дур намонда, барои таълиму тарбияи онҳо эътибори махсус зоҳир намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чемпиони Россия аз кӯҳистони Тоҷикистон

Вақте ки соли 1999 фарзандам Камол бо ҳамсараш Мадина азми сафар ба Россия карданд, баъди додани дуои роҳ дар дилам оташ афтода буд. Оилаи ҷавон, камтаҷриба, дар шаҳри мусофирӣ чӣ хел ҳисоби зиндагиро меёбанд?» - андешае омад ба сарам. Аммо иродаи қавӣ ва орзуҳои навҷавонон, ки аз шаҳри Петропавловск-Камчатский аввалин хабарҳои хушро расониданд, умедамро зиёд намуд. Навҷавонон мувофиқи касби худ ба кор машғул шуданд.

 Соли 2000-ум онҳо соҳиби духтаре бо номи Лайлӣ гардида, пас аз се сол ба писари навзоди худ номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» Фаридунро гузоштанд. Шодии ин оилаи ҷавонро ҳадду каноре набуд. Бо гузашти солҳо фарзандони онҳо ба воя расида, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 3 ба номи А.С.Пушкин таҳсили илм карданд. Фаридун ҳанӯз ҳангоми дар синфи як хонданаш дар мактаби варзишии рақами 5 дар машқҳои ҷангӣ дастӣ иштирок менамуд. Гирумон ва машғулияти ҷиддии ӯ диққати мураббӣ Браславский Сергей Михайловичро ба худ ҷалб намуд. Мураббӣ ӯро ба чемпионати шаҳри Петропавловск - Камчатский тайёр намуд. Ӯ соли 2012 орзуҳои мураббии худро ҷомаи амал пӯшонида, чемпиони шаҳр гардид. Соли 2017 дар чемпионати Шарқи Дур, ки дар шаҳри Благовеғенск барпо гардида буд, Фаридун чемпиони Шарқи Дур гардид. Минбаъд машқҳои худро такмил дода, соли 2017 дар чемпионати Россия, ки дар шаҳри Орёл барпо гардид, ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуд.

Соли 2019 дар шаҳри Волгоград чемпионати Россия барпо гардид, ки Фаридун дар вазни 70 кг 6 нафар рақиби худро мағлуб сохт. Ҳоло Фаридун ба чемпионати ҷаҳон, ки моҳи августи соли 2019, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барпо мегардад, омодагӣ мебинад.

Хоҳараш Лайлӣ бошад, соли 2018 ба Тоҷикистон баргашта, донишҷӯи бахши якуми Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ӯ низ шогирди мураббӣ Муҳаммадҷон Ҷӯраев буда, нозукиҳои санъати Каратэ-До-ро аз ӯ меомӯзад. Лайлӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. 2 майи соли 2019 Лайлӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.

Раҳим РАҲМОНОВ,
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Ташаббус ва натиҷаи пурсамар

Дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми майи соли 2018 «Оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашн амри раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вобаста намудани масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба деҳаҳои ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, мавриди амал қарор дода шудааст.

Масъулини вобастагардида вазъи ҳар як деҳаро омӯхта, бо назардошти масъалаҳои беҳтар гардонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими манзилҳои стиқоматии шаҳрвандон, ба тариқи замонавӣ азнавсозии деворҳои қадди роҳ, сохтмони иншооти хизматрасонию маишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ, ташкил намудани меҳнати хонагии қолинбофии дастӣ ва дигар корҳои ободонӣ нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба деҳа таҳия ва мавриди амал қарор додаанд.

Дар ноҳия бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 68 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 29 иншоот, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, яъне Қасри фарҳанг, тиббӣ, дорухона, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ ва дигар намуди иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин, бахшида ба ҷашн чандин тадбирҳои дигар, аз он ҷумла қумфаршкунии роҳҳову чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шудааст.

Санаи 25 - уми июни соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар фазои тантанавӣ дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ташаббуси соҳибкор Санҷар Ортиқбоев сохтмони бинои мағоза, дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Шаҳристон дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе бо ташаббуси соҳибкор Набиҷон Пӯлодов нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз тарафи соҳибкор Анвар Ҳотамов бинои мағоза мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд зикр намуд, ки нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона аз тарафи соҳибкор Набиҷон Пӯлодов ба маблағи 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ 800 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, гӯшаи фурӯши он ташкил шудааст.

Дар ошхона низ ба мусофирон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё буда, 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Сокинони ноҳия минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, азму иродаи мустаҳкам корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ, меҳнати софдилонаю суботкорона вусъат бахшида, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи нақшаву ниятҳои нек, пешрафту тараққиёти ноҳия ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии 30 – солагии Истиқлолият равона менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Читать далее