06 July 2019

Гар шиновар нестӣ...

Мавсими оббозӣ: пешгирӣ аз ғарқшавӣ

Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими оббозӣ талаботи мардум ба шиноварӣ зиёд мегардад. Албатта, обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонии ӯ фоидаовар мебошад, вале набояд фаромӯш кунем, ки оби дарё баробари фоиданок будан, сабаби фалокат низ шуданаш мумкин аст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди кишвар минтақаҳои истироҳатӣ, шиноварӣ, урдугоҳҳои бачагона ҳамасола бештар мегарданд. Дар баробари эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Ватани азизамон ба як диёри афсонавии истироҳативу фароғатӣ мубаддал гардидааст.

Сабаб ва омилҳои ғарқшавӣ

Бино ба гуфти сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд лейтенант Шаҳзода Бутаева вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилоят ҳодисаҳои ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба шумор меравад. Ин масъалаи мубрам зери назорати қатъии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тайёрӣ ва ба истироҳатгоҳҳои (беҳдоштии назди мактаб, беруназшаҳрӣ, истироҳатию фароғатӣ, таълимӣ, меҳнатӣ, санаторию профилакторӣ ва варзишию солимгардонӣ) - и наврасону калонсолон барои мавсими оббозии тобистона дар соли 2019 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз тарафи гурӯҳи корӣ баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон, меҳмонон аз ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриҳо гузаронида шуда, обутобгоҳҳо, шиногоҳҳо, урдугоҳҳо, қитъаҳои наздисоҳилии обанбор, дарёҳо, кӯлҳо, каналҳо, ҳавзҳои шиноварии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Истиқлол, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон ва Зафаробод аз назар гузаронида шуданд. Огоҳиномаҳои Раёсат оид ба омодасозӣ ба мавсими оббозӣ ва дар мавзеъҳое, ки барои шиноварӣ хавфу хатар мавҷуд аст, насби лавҳаҳои манъкунанда барои оббозӣ ба роҳ монда шуд.

Имрӯз бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, дар байни аҳолӣ аз тарафи шахсони масъули Раёсат дар якҷоягӣ бо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад.

Корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар соҳилҳо

Соли гузашта шиногоҳи дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарё, дар арафаи Рӯзи кӯдакон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд, ки расман ба талаботи шиноварӣ ҷавобгӯ мебошад. Ин шиногоҳ бо меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда, бо мақсади истироҳат ва таъмини зиндагии шоистаи истироҳаткунандагон ба истифода дода шуд.

 Ба ин нигоҳ накарда ҳастанд нафароне, ки ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар гузошта, дар маконҳое, ки таъмини бехатарии ҳаёташон кафолат дода намешавад, ба оббозӣ машғул мешаванд.

Ҳамарӯза баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандону меҳмонон аз тарафи наҷотдиҳандагони бахши шаҳри Хуҷанд назорати патрулии ҳудудии дарёи Сир гузаронида мешавад. Аз тарафи бахши кор бо ҷомеаи Раёсат дар ҳамкорӣ бо бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ, таъмини бехатарии меҳмонон ва сокинон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба роҳ монда, дар минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сир, ки барои оббозӣ манъ гардидаанд, лавҳаҳои манъкунандаи иттилоотӣ насб шудаанд, - иброз дошт Ш.Бутаева.

Минтақаи хавфноки Сирдарё

Дарёи Сир яке аз мавзеъҳое аст, ки сокинону меҳмонон баробари оғоз шудани мавсими оббозӣ ба ин ҷо омада, бо шиноварӣ машғул мешаванд, умуман масоҳати дарё дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тақрибан 10 километрро ташкил медиҳад.

Дар дарё якчанд мавзеи хавфнок барои оббозӣ муайян шудааст, ки онҳо дар соҳили назди Боғи фарҳангию фароғатии Наврӯзгоҳ, Пули ҷашнӣ, Назди беморхонаи дилшиносӣ, ШКД - и шаҳри Хуҷанд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Боғи ғалаба, инчунин маҳаллаҳои 18, 13 буда, дар ин ҷойҳо маҷрои равиши об тез мебошад. Ин мавзеъҳо бинобар мавҷуд будани чуқуриҳо, гирдобҳо барои оббозӣ манъ шудаанд.

Тавре мутахассисон мегӯянд, ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарё чуқурии он то ба 12 метр мерасад.

Аз тарафи роҳбарияти Раёсат ҳамаи чораҳои бехатарӣ андешида шуда, техника, таҷҳизот, аз ҷумла автомошинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ, заврақҳо, қаиқҳои моториву резинӣ, киштиҳо барои бурдани корҳои рӯиобиву зериобӣ ва наҷотдиҳӣ омодаанд. Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ба реҷаи пурраи хизматӣ гузаронида шуда, тибқи ҷадвали навбатдорӣ дар обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини бехатарии истироҳаткунандагон дар ҳолати омодабошанд.

Бо вуҷуди корҳои таблиғотӣ дар шаш моҳи соли равон 11 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Панҷ нафари онҳо сари вақт наҷот дода шуда, шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.

Аз тарафи кормандони бахши Раёсат дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷомеаи Раёсат ҳамарӯза дар минтақаҳои мамнӯъ барои шиноварӣ, ки аз тарафи мутахассисони Раёсат аз ҳисоби будани чуқуриҳо, гирдобҳо, тезии маҷрои об барои шиноварӣ манъ шудааст, бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ рейдҳои назоратӣ гузаронида, шаҳрвандон, кӯдакони ноболиғ ё меҳмононе, ки дар минтақаҳои мазкур бо шиноварӣ машғул мешаванд, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мегузаронанд.

Қоидаи оббозӣ кадом аст?

Ҳангоми фарорасии мавсими оббозӣ чун ҳамасола дар як рӯз чанд маротиба бо истифода аз техника ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ дар ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳр назорати патрулӣ гузаронида мешаванд, ки дар ин самт техникаҳои махсус ва лавозимоти зарурӣ омодаанд.

Надонистани қоидаҳои шиноварӣ, дар ҳолати сархушӣ ба оббозӣ машғул шудан ва оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок ва манъшуда боиси ғарқшавии сокинон гардидааст. Бино ба гуфти мутахассисон танҳо баъди 1,5-2 соати ғизо хӯрдан метавон оббозӣ кард. Дар ҷойе, ки обсабзҳо дида мешаванд, набояд шино кард, ки хавфи печидану дар гирдоби он монданро дорад. Дар минтақаҳое, ки манъ шудааст, оббозӣ набояд кард.

Боварӣ дорем, ки бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ва маърифати баланди шаҳрдорӣ сокинон ва меҳмонони вилоят барои рух надодани ҳодисаҳои фавқулодда мусоидат намуда, дар таъмини бехатарӣ саҳми худро мегузоранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее