05 July 2019

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Лю Бин

Нимаи дуюми рӯзи 4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушду тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти муносибатҳо баён доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи саноат ҳамкориҳои самаранок доранд. Дар ин ҷода аз фаъолияти пурсамари корхонаҳои муштарак дар вилояти Суғд ёдоварӣ карда шуд.

Читать далее

ЯК ПАҲЛУИ ВУСЪАТИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии нахустҳосили деҳқон - пилла вусъати тоза гирифтааст. То имрӯз бино ба иттилои сардори идораи абрешимчигии вилоят Парвиз Бегматов дар миқёси вилоят 284 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда 70,1 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин даври соли рафта ба андозаи 4,6 фисад зиёд мебошад.

Агар ҷараёни супоридани пилларо дар сатҳи 12 ноҳияи кирмакпарвари вилоят таҳлил кунем, пас соли равон кирмакпарварони ноҳияи Деваштич ҳосили рекордӣ рӯёниданд. Дурнамои истеҳсоли пилла ба андозаи 160 фисад ба иҷро расида, дар нуқтаҳои қабул ба ҷои 5,7 тонна 9 тонна пиллаи хушсифат захира шудааст. - Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст аст, ки мо ба чунин комёбӣ ноил гардидем, - мегӯяд сардори ҶСФ «Пиллаи Деваштич» Мӯниса Файзиева, - омили муваффақият дар он аст, ки роҳбарияти ноҳия аз тақсимоти тухмии кирмак сар карда, то расидани ҳосил шахсан назоратро пурзӯр карданд ва дастгириҳои зиёда ҳам шуд.

Инак, дар вилоят пиллаи хом захира шудааст. Ҷараёни коркарди он чӣ? Имсол чӣ гуна хоҳад шуд? Воқеан ҳам бобати ин масъала дар як ҷаласаи фаъолон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳа дастур дода буд, ки «минбаъд ягон килограмм пилла аз қаламрави вилоят берун бароварда нашавад. Бояд тамоми ҳосил пурра дар корхонаи муштараки «ВТ – Силк» коркард шавад!». - Рости гап, дастури Раиси вилоят моро басо шодумамнун кард, - мегӯядмуовини сарвари кулли КМ «ВТ - Силк» Матлуба Бобоева, - охир тайи ду соли охир коргоҳи мо бинобар набудани ашёи хом фаъолият надошт.

Мутаассифона, ҳосили ба даст меомада берун аз қаламрави ҷумҳурӣ бароварда мешуд. - Соли рафта барои овардани як миқдор пилла, ба хотири он ки ақаллан чанд моҳ 250 нафар коргар бо кор таъмин шаванду маош гиранд, ба қавле азоби алим кашидем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд, сартехнологи коргоҳ Абдушариф Ҳоҷибоев, - барои овардани 10 тонна пилла аз навоҳии ҷануб шабро дар роҳ саҳар кардем гӯем, муҳобот нест. Ҳазор раҳмат ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки имсол тибқи супориши қатъии он кас тамоми ҳосил барои коркард ба корхонаи мо оварда мешавад.

Аз рӯи гуфти масъулин айни ҳол 250 тонна пиллаи парваришнамудаи кирмакпарварони вилоят дар коргоҳ захира ва воқеан ҳам соли ҷорӣ ҳосили бадастомада пурра дар ин муассиса хушк карда мешавад. То ин дам амалиёти хушккунӣ бевосита дар худи идораҳои абрешимчигии шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирифт. Сабаби инро А.Ҳоҷибоев ин тавр шарҳу эзоҳ дод: - Гап ба сари он, ки дар дастгоҳи мо 7 тарзи хушккунии пилла комилан аз рӯи талаботу меъёрҳои технологӣ риоя мешавад. Аниқтараш, ҳосил дар ҳарорати то 120 дараҷа гармӣ хушк карда мешавад, ки албатта, ин ба сифату миқдори баромади нахи абрешим таъсири мусбати худро мерасонад. Бино ба гуфти сартехнолог аз пиллаи хом то баромадани нахи абрешим боз чанд паҳлуи дигари истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Баъди хушк кардани пилла коргарон онро дар сехи махсус ба навъҳо ҷудо мекунанд. Ба ин амалиёт 30 нафар коргар ҷалб гардида, рӯзе то 500 - 600 килограмм пилла тақсим карда мешавад. Баъдан пиллаи хушкида аз 20 то 90 дараҷа гармӣ пухта мешавад. Тарзи навбатӣ дарёфти нӯги риштаи абрешим аст. Баъдан риштакашиву калобаресӣ сурат мегирад. - Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва ҳамзамон дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пурра дар вилоят коркард шудани пилла басо мувофиқи табъ шуд, - илова намуд, муовини сарвари кулл М.Бобоева. - Басо бо умед ҳосилро захира намуда истодаем, ки ниятамон тамоми сол бо кор таъмин будани коргарон аст. Охир тайи ду соли бефаъолиятӣ мутахассисони варзидаро аз даст додем.

Онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба дигар корхонаҳо ва ҳатто ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд… Бояд тазаккур дод, ки маъмурияти коргоҳ бо мақсади дастгирии кирмакпарварон соли равон нархи ҳар килограмм пиллаи хомро нисбат ба соли пешин ба андозаи 30 фоиз баланд бардоштааст. - То имрӯз зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ заҳмати кирмакпарваронро ҳақгузорӣ кардем, - мегӯяд Матлуба Тоҳировна, - ин миқдор маблағ нисбат ба соли пешин хеле зиёд аст. Аниқтараш, 665 ҳазору 280 сомонӣ вақти тақсимоти кирмак ва 2 миллиону 892 ҳазору 373 сомонӣ вақти супоридани ҳосил пардохт кардаем. Баъди гузаронидани санади муқоисавӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар килограмм пилла то 17 сомонӣ вобаста ба навъу сифаташ пардохт хоҳем намуд.

Ногуфта намонад, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Вйетнам «ВТ - Силк» ягона дар ҷумҳурӣ аст, ки дар он аз пиллаи хом риштаи абрешим истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии он чун замони шӯравӣ – коркарди 500 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ дар 1 сол боқӣ мондааст. Биноан ҷомеаи меҳнатӣ имкон дорад, имсол ва солҳои дигар аз 400 тонна (тибқи дурнамои имсола) зиёдтар ашёи хомро коркард намояд.

Дар навбати худ маъмурияти муассиса баъди чунин дастгирии роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, соли равон самаранокии истеҳсолотро аз будаш боз ҳам баланд бардошта, рӯзҳои наздик хатти технологии коркарди пилларо пурра ба кор андозад. Дар ин ҳолат 250 нафар коргар бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол танҳо ду марҳалаи коркарди пилла - қабулу хушккунонии ин ашёи хоми пурбаҳои саноати миллӣ ҷараён дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АСАЛИ ВЕШАБ – БЕҲТАРИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аз гиёҳҳои шифобахш бой будани кӯҳҳои кишварамон таъкид бар он мекунанд, ки ба рушду такомули соҳаи занбӯриасалпарварӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба ин васила ба беҳбудии саломатии сокинони кишвар мусоидат намуда, ҳамчунин мувозинаи табиии муҳити зисти диёрамон пойдор нигоҳ дошта шавад.

Ба ин дастуру ҳидояти Сарвари мамлакат дар ноҳияи Айнӣ эътибор сол аз сол афзун мегардад. Вақте ки асали шаҳдбору хушлаззати аз гиёҳҳои кӯҳии деҳаи Вешаб ба дастовардашудаи занбӯрпарвар Руқиябонуро дар ташхисгоҳи шаҳри Франкфурти кишвари Олмон аз ҷиҳати шифобахшӣ, таъми ширин ва сифатнокӣ санҷида диданд, он байни асалҳои шифоии тамоми кишварҳои ҷаҳон беҳтарин дониста шуд ва сазовори ҷойи якум гардид. Руқиябону аз заҳмати кашидаи худ қаноатманд шуд ва ният кард, ки сол аз сол теъдоди оилаи занбӯрашро афзун хоҳад кард…

Оғози моҳи июн, дар Иди асал дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бо маҳсулоти худ - асали куҳии моҳи май бадастовардааш ширкат карда, Руқиябону сазовори таҳсин гашт ва маҳсулоташро ҳамагон таърифкунон чашиданду харидоранд. Соли дуҳазору чаҳордаҳум кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти ташкилотчигӣ мебурданд, бо назардошти афзун будани намудҳои гиёҳҳои кӯҳии шифоӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч, аз ҷумла деҳаҳои Дарғ, Каздон, Шамтуч ва Вешаб 17 нафар бонуро ба занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуда, ба онҳо 5 қуттигӣ оилаи занбӯр тақсим карда доданд. Баъди чанд муддат ду нафар - Руқия ва дугонааш ба мулки Олмон барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ин давлат, аз ҷумла занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ сафар намуданд. Руқиябону шоҳид гашт дар он сарзамин мардум ба нигоҳубини занбӯри асал он қадар шавқу рағбати беандоза доранд, ки ҳатто бачагон аз синни даҳ - ёздаҳсолагӣ ба нигоҳубини занбӯр шурӯъ мекунанд.

Ба назари онҳо заҳмати беандозаи нигоҳубини занбӯри асал намоён нест, балки муҳим он аст, ки дар кӯҳу ёлаҳо, дашту теппаҳо аз ҳавои софу дилкаш ва накҳати гулу гиёҳҳои худрӯй нафас гиранд ва ҷисмашон ба табиб ниёз надошта бошад. - Ба андешаи Шумо сабаби асосии сазовори номи ангубини беҳтарини ҷаҳон гардидани асали Вешаб дар чист? - суол мекунам аз бонуи занбӯрпарвар. - Рост мегӯед, мутахассиси ин соҳа набуда, ҳанӯз аз сирру асрори он бо пуррагӣ огоҳ низ нестам, - мегӯяд Руқиябону,- вале медонам, ки даҳҳо намуди гиёҳҳои шифоии деҳаи мо - зира, зирк, ширеш, кокутӣ, ки дар баландкӯҳҳо мерӯянд, дар ҳеҷ ҷои дунё дида намешаванд. Ана ҳамин гиёҳҳои нодиранд, ки таъму лаззат ва хосияти шифоии асалро нотакрор мегардонанд. Бояд бигӯям, ки манзараҳои кӯҳҳои деҳа низ аҷаб афсонавианд.

Вақте ба ман пешниҳод карданд, ки бо занбӯрпарварӣ машғул шавам, пеш аз ҳама баҳри саломатии аҳли оилаам аҳд намудам, ин ҷодаро пеш гирам. Машғул шудан бо ин пеша барои ман завқу ҳаловат мебахшад. - Чунонки маълум аст, давоми мавсими аз гулу гиёҳҳо шаҳду гардҷамъкунии занбӯр, яъне баҳору тобистон қуттиҳоро аз як мавзеъ ба мавзеи дигар бурдан лозим меояд. Ин ба Шумо, ҳамчун бону мушкилӣ пеш намеорад ё бо аҳли оила якҷоя фаъолият мебаред? - Дар оила танҳо худам бо ин касб машғул ҳастам. Ҳама фарҳангием ва фарзандонам - се писару як духтарам ҳар кадоме шавқ ба соҳаҳои худ доранд. Ҳоло қуттиҳои занбӯри асал дар деҳаи Тагоб 6 - 7 километр дуртар аз деҳа ҷойгир аст.

 Вақте мавсими гулу гиёҳҳо дар ин мавзеъ ба охир мерасад, ба ҷойи дигар мекӯчонам. Як нозукии нигоҳубини занбӯри асал дар он аст, агар дар гулҳои мавзее, ки аз он ҷо занбӯрҳо гард ҷамъ меоранд, шакарак пайдо шавад, занбӯр наметавонад шаҳду гарди гул ҷамъ оварад. Он вақт лозим меояд, қуттиҳои оилаи занбӯри асалро ба майдонҳои боғоти деҳаҳо кашонем. - Давоми мавсим чанд маротиба асал мегиред? - Занбӯр аз моҳҳои апрелу май ба овардани шаҳд шурӯъ мекунад.

Нимаи дуюми моҳи июн ҳосили нахустин - асали моҳи майиро ҷамъ меорем. Моҳи август маротибаи дуюм асал мегирем. Асалеро, ки охири тобистону даромади тирамоҳ тайёр мешавад, намегирам. Онро барои зимистонгузаронии занбӯр ба захира мемонам. Ин тадбир барои он аст, ки дар мавсими сармо шакар надиҳем. Вақте занбӯр дар зимистон асали худро чун ғизо истеъмол мекунад, тухми солим мегузорад. Бо чунин усул ҳам ман тавонистам имрӯз оилаи занбӯрамро ба даҳ адад расонам…

Аслан ин зани меҳнативу иродатманд - Руқиябону Назарова корманди китобхонаи Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ мебошад. Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардаву тайи чандин сол инҷониб дар соҳаи фарҳанг фаъолият мебарад. Ҳамчун бонуи фаъола баҳри ба ҳунарҳои миллӣ ҷалб намудани занону духтарон, ба озмунҳо пешниҳод гардонидани дастранҷи бонувони деҳот кор мебарад. Узви ташкилоти ҷамъиятии «Зарафшон» - и ноҳия дар самти занбӯрпарварӣ аст. Чунонки сарвари ташкилоти ҷамъиятӣ Ҳусейнбой Султонов иброз дошт, алҳол ин ташкилот 64 нафарро ба фаъолияти занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ ҷалб намудааст, ки аз ин теъдод 34 нафар бонувонанд.

Ҳабдаҳ нафар бону бо занбӯриасалпарварӣ фаро гирифта шудаанд ва ҳар кадоме мувофиқи қобилияту истеъдод ва завқу рағбат аз ҳар оилаи занбӯр 15 - 20 килограммӣ асал ба даст оварда истодаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки рушду такомул бахшидан ба соҳаи занбӯрпарварӣ аввалан ба солим нигоҳ доштани табиати диёрамон нақши муассир дошта бошад, аз ҷониби дигар баҳри афзун намудани чунин маҳсулоти шифобахш ва ба ин васила таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ободонӣ кай оғоз меёбад?!

Дар доираи эълон гардидани 1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

Ҳангоми сафари хизматӣ ба ноҳияи Ашт аён гардид, ки дар ин ҷо корҳои ободонӣ дар кӯчаву гузаргоҳҳои марказӣ, назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо гулҳои ороишиву дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Мушоҳидаҳои сарироҳӣ нишон доданд, ки дар ин мавзеъҳо ба ҷойи гулҳои ороишӣ алафҳои бегона пур шудаву ҳусни ноҳия ва шаҳракро коста гардонидааст.

Шояд ин корҳо танҳо дар рӯи коғаз иҷро шудаасту дар асл не? Ва ё гулҳову ниҳолҳои ороишии шинонидашуда аллакай нобуд шудаанд? Ҳамчунин, назди бозори Булоқи ноҳия Маркази саломатиро дидем, ки ҳолати он ба таъмир ниёз дорад. Тирезаву даромадгоҳ, девору фарши ин макон фарсуда буда, баробари назар афкандан кас гумон намекунад, ки ин ҷо хонаи саломатӣ аст. Бо вуҷуди ин сокинон барои муолиҷаву табобат дар навбат нишаста буданд.

 Дар сутунҳои роҳҳои марказиву байниҷамоатӣ бошад, ҳар гуна коғазпораҳои хурди таблиғотӣ, аз ҷумла хариду фурӯш, ба иҷора додани манзил ва амсоли ин насб шудааст, ки табъи ҳар бинандаро хира мегардонад. Доир ба муаммоҳои ҷойдошта ба масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и ноҳия муроҷиат намудем. Бино ба гуфти онҳо дар самти кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳо, васеъкунии боғу хиёбонҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Назди Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, кӯчаҳои марказии ноҳия, муҷассамаи Модар гулҳои катарантус, питуния, марҷонгул, махмалини зард, кана ва садбарг ба миқдори 9520 дона, дарахтони ороишиву сояафкан 445 бех шинонида шудаанд.

Барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои асосӣ дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 2700 метр бардюр рехта шудааст. Инчунин, дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба миқдори 6200 мураббаъ метр бино ва хиёбонҳо рангубор карда, танаи 5200 бех дарахтони кӯчаҳои марказӣ ва боғи ба номи М.Воҳидов сафед карда шудаанд.

Боиси таъкид аст, ки маълумоти мазкур танҳо рӯи коғаз буда, аксари он дар амал иҷро нашудааст. Ин ҳама аз хунукназарӣ нисбат ба вазифаи хеш буда, масъулини соҳаро зарур аст, ки корҳои ободониву гулзоркуниро дар ин самт хуб ба роҳ монда, ҷашни дар пеш истодаро бо рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таҷлил намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее