02 July 2019

СОКИНОНИ БИНО КАЙ БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД?!

Ҳолати «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007 - 2020» дар ноҳияи Шаҳристон

Оби нӯшокӣ яке аз сарчашмаҳои асосии ҳаёт мебошад. Тоҷикистон аз ин неъмати бебаҳои табиӣ бой бошад ҳам, мутаассифона, он на ба ҳама дастрас аст. Дар ноҳияи Шаҳристон маҳаллаҳо ва деҳаҳое мавҷуданд, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доранд.

ҳангоми сафари хизматӣ ба ин ноҳия аз мушкилоти мавҷудаи сокинони як бинои баландошёна, ки тайи чанд сол муаммои оби тозаи ошомиданӣ онҳоро ба ташвиш овардаву ҳеҷ ҳаллашро наёфтааст, дидан намудем. Бароямон аён гардид, ки бошандагони ошёнаҳои 3 ва 4 – уми бино аз набудани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар суҳбат сокинон ибрози андеша намуданд, ки обро аз поёни бино ба хонаҳои худ мекашонанд. Аз танқисии об сокинон маҷбуранд, ки захираи ҳафтаинаи худро нигоҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки дар сурати захира накардан маҷбуранд давоми рӯз чанд маротиба аз поёни бино ба ошёнаи чорум зарфи пур аз обро бо мушкилии зиёд кашонанд.

Бино ба иттилои масъулини Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи бинои чорошёна дар мувозинаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии саноатӣ - кишоварзии ноҳия буда, он соли 1997 сохта шуда, дорои 32 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад. Бояд гуфт, ки бино дар ду соли аввали фаъолияташ пурра бо оби ошомиданӣ таъмин буд. Баъди аз кор мондани чоҳҳои амудӣ соли 2000 - ум таъминоти оби нӯшокӣ тағйир ёфта, ба тариқи худҷорӣ хатти об васл гардида, он аз масофаи 10 километр тариқи лӯлаҳои қутрашон 260 – 215 мм. аз чашмаи Шаҳристонсой ба маркази ноҳия оварда шудааст.

Бобати вазъи таъминоти оби нӯшокӣ ва муаммоҳои соҳа бо чанде аз сокинони бино ҳамсуҳбат гардидем.

- Солҳои зиёд аст, ки дар бинои баландошёнаи маҳаллаи мо, бинобар фарсудашавии қубурҳо об намеояд. Хурду бузурги маҳалла обро ба ошёнаҳои болоӣ аз поён мекашонанд. Борҳо масъулин ваъда доданд, ки ин муамморо ҳал хоҳанд кард, вале афсӯс, мушкилоти мо ҳалли худро наёфта истодааст, намедонем ба куҷо муроҷиат намоем, - иброз медорад яке аз сокинони кӯҳансоли ин бино.

Бино ба гуфти Назар Турсунов, истиқоматкунандаи ошёнаи чоруми бинои мазкур ин муаммо бошандагонро ҳанӯз аз соли 2005 ба ташвиш овардааст. Чанд сол пеш дар наздикии бино хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд набуд. Бо мурури замон дар ин ҷо корхонаву ташкилот ва хонаҳои истиқоматӣ бунёд ва боиси сар задани муаммои мавҷуда гардид. Банда, ки аз соли 1997 дар ин макон иқомат дорам, ҳамарӯза ҳамроҳи фарзандон то ошёнаи 4 - ум об мекашонем, то эҳтиёҷоти худро қонеъ гардонем.

Мо - бошандагони бино чандин маротиба ба масъулини сохторҳои марбута, аз ҷумла идораи оби ноҳия муроҷиат намудем, ки мушкиламонро ҳал намоянд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ин муаммо то имрӯз ҳалли худро наёфтааст, - гуфт мавсуф.

Бино ба иттилои масъулини соҳа масъалаи таъминоти оби ноҳия солҳои пеш ба зиммаи хоҷагии манзилию коммуналии маҳал шомил буд. Аз соли 2017 барои беҳтар намудани хизматрасонии сокинон ба оби ошомиданӣ дар ноҳия Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия таъсис ёфт, ки ин муаммо ба зиммаи онҳо вогузор гардид.

Бояд зикр кард, ки сокинон бештар оби нӯшокиро аз нуқтаи марказӣ ва чашмаҳо истифода мебаранд. Новобаста аз он, ки баҳри аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон кӯшиш ба харҷ медиҳад, мутаассифона, баъзе мушкилот то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007 - 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 514 аз 2 - юми декабри соли 2006 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Корхонаи фаръии давлатии обтаъминкунӣ танзими мунтазами сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Исмоил Абдураҳмонов - роҳбари Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия дар суҳбат иброз намуд, ки имрӯз истеъмолкунандагони оби нушокӣ, ки аз ҷониби ин идора таъмин карда мешавад, 10 ҳазор нафар сокини худи шаҳраки Шаҳристон ва деҳаҳои Турсунзодаву Ваҳдат 15 фоизро ташкил медиҳад. Боқимонда 85 фоизи дигари аҳолӣ аз хатҳои оби нӯшокии дар мувозинаи кооперативҳои истеҳсолӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ буда истифода мебаранд.

Дар асоси барномаи барқарорсозии таъминоти оби нӯшокӣ, ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд рафта истодааст, маблағи умумӣ 3,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Алҳол 1,7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, аз он ба маблағи 12 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Ҳамчунин, ду марҳалаи дигар ба тендери умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардида, дар муҳлатҳои наздик сохтмонаш идома меёбад.

Дар маркази ноҳия мувофиқи нақша 50, 1 км. қубур хобонида мешавад. То ин дам 43, 3 км. қубур ва ҷӯйборҳои бетонӣ хобонида шуда, дар ин самт корҳо низ босуръат идома дорад. Дар сурати ба иҷро расидани корҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия таъминоти оби нӯшокӣ пурра ҳалли худро меёбад. Ин армуғони хубе ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Шаҳристон хоҳад шуд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд - Шаҳристон – Хуҷанд

Читать далее

“Девон”-и Алишери Навоӣ

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 370 адад китобҳои нодир, ки ба давраи мухталифи таърихи халқи тоҷик  тааллуқ дорад, ҷамъоварӣ ва харидорӣшудааст. Дар радифи ин китобҳои нодир “Девон”-и Алишери Навоӣ мавҷуд аст. Навъи хат настаълиқ буда, яке аз дастхатҳои қадим ба ҳисоб меравад. Китоб аз 238 саҳифа, 119 варақ ва дар як варақ 10 сатр китобат шудааст. Нусхаи мазкур комил ва аз нигоҳи коғазшиносӣ арзиши баланд дорад ва гумони ғолиб бар он аст, ки нусхаи муаррифишаванда аз нусхаҳои беҳтарин ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки Алишери Навоӣ аз зумраи шоирони забардаст буда, инчунин шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад ва дар таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек нақши муассир дорад. Ӯ бо ғазалҳои нобу ошиқонааш дар асри хеш ва пас аз он саҳми назаррасеро соҳиб гаштааст.

Мавҷуда БОЙМАТОВА,
корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее

ОСИЁ - ХОНАИ УМУМИИ МО!

Дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

Мақсад ва ҳадафҳои Саммит

Барҳақ, Тоҷикистони азизи мо солҳои охир таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз кишварҳои рушдёфта мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳон бо иқдомҳои беназири башардӯстона торафт соҳиби нуфузу эътибори баланд мегардад. Чандин ҳамоиш ва чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки тайи солҳои охир дар пойтахти кишварамон баргузор гардиданд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзишманду муассир арзёбӣ гардида, боиси афзудани обрӯи меҳани азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ гардид.

 Ҳамоише, ки санаҳои 14 - 15 - уми июни соли равон дар пойтахти мамлакати Тоҷикистон - шаҳри Душанбе доир гардид, бо шукӯҳу шаҳомат, фарогирии Сарони кишварҳои минтақа, сатҳи баланди омодагӣ ва ҳадафҳои худ нуфузу эътибори Тоҷикистонро бамаротиб боло кард.

Натиҷаҳои ин Саммит – Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо муҳимии баргузории худ дар ҳавзаи Осиё то имрӯз дар сархати васоити ахбори оммаи мамолики ҷаҳон қарор дорад. Зеро Ҳамоиши панҷуми Машварат, ки Тоҷикистон садоратии онро давоми чаҳор соли минбаъда ба дӯш дорад, аввалан дар сатҳи беандоза баланди ташкилӣ, пазироии гарму самимӣ ва омодагии пухтаву ҳамаҷониба баргузор гардида бошад, аз ҷониби дигар байни кишварҳои аъзо як муҳити созгор ва ҳамдигарфаҳмиро ба миён овард. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо фарогирӣ ва баҳамории мамлакатҳои қитъа, фарогирии сокинон аз созмонҳои бонуфузтарин ва муҳимтарин дар минтақа аст. Чунонки дар Машварат аз ҷониби Сарони давлатҳои аъзо зикр гардид, қариб аксари захираҳои боигариҳои ҷаҳон дар қитъаи Осиё ҷойгир аст. Аз ҷумла захираҳои табиӣ, боигариҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, захираҳои об, тилло, уран, сурб, ки дар дигар ягон минтақаи олам нест. Ҳамчунин захираҳои қувваҳои арзонтарини корӣ низ дар қитъаи Осиё ва Осиёи Марказӣ мавҷуд аст. Аз ҳамин лиҳоз аст, ки ин қитъа доимо таҳти назари давлатҳои абарқудрат қарор дорад ва тавре дар Ҳамоиш таъкид гардид, тақдири аҳолии ин давлатҳо, минтақаро ба ҷуз худи онон касе беҳтар, муаммоҳои онҳоро ҳал карда наметавонад. Торафт болоравии нуфузу эътибори Машварати ҳамкорӣ боз аз он ҷиҳат арзёбӣ мегардад, ки давлатҳои қитъаи Осиё имрӯз дарк намудаанд, ки ҷиҳати ҳалли муаммоҳои сатҳи глобалӣ - об шудани пиряхҳо ва таҳдиди хатари хушксолӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигарҳо ҳар кишвар дар алоҳидагӣ қодир нест. Ҳалли ин муаммоҳо амали якҷояву дастаҷамъона, бурдборӣ, муттаҳидиро тақозо менамояд. Дар Саммит сарони давлатҳо ҳар кадом роҳи ҳалли ин муаммоҳоро аз нуқтаи назари худ, аз диди худ таҳлилу баррасӣ намуданд.

Иттиҳоду муттафиқӣ ва нерӯи муқтадири ин созмон ҳанӯз аз Саммити соли 2002 - юм баргузоргардида баръало аён гардида буд: Он вақт, ки байни ду давлати бузурги қитъа - Ҳиндустону Покистон зиддияти шадид идома дошт, ҳарчанд нуқтаи назарҳо ба ҳам наздик буданд, ду кишвар ба мувофиқа омада наметавонистанд. Таҳти таъсиру нуфузи ин Саммит, гуфтушунидҳо ва ба миён даромадани давлатҳои аъзо муаммоҳои ду давлат ҳалли худро ёфта буданд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон дар Саммит ҳини суханронии худ қайд намуданд, ки Осиё хонаи умумии мо - сокинони ин қитъаи азим аст. Мо бояд барои ҳалли масоили бамиёномада якҷоя амал намоем. Аввалан мамолики аъзо бояд аз сиёсати духӯра даст кашанд. Байни кишварҳо бояд робитаҳои иқтисодӣ, додугирифт ба роҳ монда шавад, барои ин бунёди роҳҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳан ва автомобилгард муҳим аст. Президенти мамлакат ҳамчунин ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, истифодаи иқтидорҳои энергетикӣ сухан ронда, иброз доштанд, ки об шудани пиряхҳои азим, паст шудани сатҳи оби Баҳри Арал минбаъд хавфи хушксолӣ, норасоии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пайдоишу афзоиши бемориҳои зиёд, аз ҷумла диққи нафас, шушу роҳи нафас ва ҷигарро ба миён оварда, боиси коҳиши вазъи экологӣ мегардад, ки пешгирии ин муаммоҳо миллиардҳо долларро талаб мекунад.

Миллати сулҳпарвар сулҳро ба ҷаҳон тарғиб кард

Чунонки гуфтем, имрӯз сархати бисёр расонаҳои мамолики ҷаҳонро натиҷаҳои Саммит ва бардоштҳо аз он ташкил медиҳад.

- Баҳри ҳамкории муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, интиқоли маводи нашъадор ҳамеша ҷонибдорем. Мо тайёрем, ки якҷоя барои сулҳу суббот дар қитъаи Осиё талош варзем, - гуфт Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин. ҳамчунин изҳор намуд, ки аз ширкат дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва меҳмоннавозии дӯстонаву бародаронаи Сарвари давлати Тоҷикистон хеле хушҳол ва миннатпазир аст.

- Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон як вазъи мураккаби беэътимодӣ ба якдигар, нобоварӣ ба ояндаи худро эҳсос мекунад, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, - ба шуури аҳли ҷомеа як навъ хавфу ташвиш аз ояндаи сайёра ҷо шудааст. Мо аъзои ин Машварат бояд дар ҳамкории зич бо ҳамдигар бо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ ба он мусоидат кунем, ки ба рӯзгори босаодати фардо дили инсонҳо гарм бошад.

- Аз он рӯзе, ки мардуми тоҷик баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳу суббот расид, 22 сол сипарӣ шуд. Аммо дар ин муддати начандон тӯлонӣ ин Тоҷикистон тамоман Тоҷикистони дигар гаштааст. Вақте чанд сол қабл ба ин кишвар омада будам, он вақт муаммои муҳимтарини мардум таъминот бо оби ошомиданӣ, танқисии таъминот бо барқ буд. Дар нерӯгоҳи Норак сатҳи об коҳиш ёфта, манзилҳои мардум сард буд. Имрӯз симои Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе ба таври куллӣ дигаргун гаштааст, гул - гул шукуфта, тамоми мушкилот бо нерӯи мардуми меҳнатқарин бартараф карда шудааст. Ба ҳар бобат, гузаштаро қатъи назар кардан даркор набудааст, барои ба қадри имрӯз расидан ба гузашта як назар андохтан лозим аст, - иброз дошт яке аз меҳмонони Саммит аз Федератсияи Россия ба мухбири шабакаи телевизиони кишвари худ.

- Миллати сулҳпарвар сулҳро ба ҷаҳониён тарғиб кард, - навиштааст яке аз нашрияҳои бонуфузи Ҷумҳурии Қазоқис-тон. - Тоҷикистон туфайли сиёсати башардӯстонаву сулҳдӯстонааш дар ҷаҳон шинохта шудааст. Сатҳи баланди омодагии Машварати Душанбе, пазироии самимона, меҳмоннавозии бошукӯҳ, ки маҳз бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуд, собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти худ амалаш, ҳарфашон, ҳар қадамашон ба хотири сулҳ аст.

- Бетараф набудан ба тақдири халқи афғон, ки аз ҷониби иштирокчиёни Саммити Душанбе иброз дошта шуд, маро ба риққат овард. Мардуми афғон ташнаи сулҳ аст. Мо ба ҳамкорӣ омодаем, - изҳор дошт Роҳбари Ҷумҳурии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Ҷомеаи ҷаҳон ба майдони васеи муколама ниёз дорад

- Якчанд амали террористӣ, ки соли равон кишвари моро такон доду мардумашро ба таҳлука мононд, собит сохт, ки бо ин падидаи мудҳиши даврон дар танҳоӣ мубориза бурдан ғайриимкон аст. Мо ба дастгирии ҳамдигар ниёз дорем, мо бояд бар зидди ин гуна зуҳуроти номатлуб, ҳамчунин алайҳи камбизоатӣ ва дигар муаммоҳои ҷомеа дастаҷамъона амал намоем, - гуфт Президенти мамлакати Шри Ланка Майтрипала Сирисена.

Дар Саммит Сарони мамлакатҳои аъзо ҳама иброз доштанд, ки ҷомеаи мо ба майдони васеи муколама ниёз дорад. Он муҳити созгори ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар Саммит эҳсос гардид, тақозо менамояд, ки мо бояд аввал якдигарро шунида, сипас якҷоя амал намоем. Мебояд, ки ҳарчӣ бештар ба ҳам оем, гуфтушунид кунем, дар роҳи беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии минтақа муттаҳид бошем...

Дарвоқеъ, солҳои охир таҳдиди падидаҳои хавфнок ба башарият, аз ҷумла терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигарҳо ташвишовар гаштааст, ки мубориза бо ин зуҳурот амали якҷояро тақозо менамояд. Инчунин дар Саммит тамоми кишварҳо дар масъалаи амнияти Афғонистон изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки амнияти Афғонистон кафили амнияти минтақа аст.

Бо ҳамин ҳадафҳо раванди Саммити Душанбе фаъолияти худро ҷамъбаст намуд. Бояд гуфт, ки ба Машварати ҳамкорӣ 27 давлати ҷаҳон аъзо буда, дар ҳавзаи фарогирии ин Машварат бештар аз 4 миллиард сокинони рӯйи Замин зиндагӣ мекунанд. Дар кори Машварат намояндагони 8 давлати дунё ба ҳайси нозир ширкат намуда, инчунин намояндагони чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ меҳмони Машварат буданд.

Дар Саммит аз ҷониби Сарони давлатҳои аъзо ҳуҷҷати ниҳоӣ - Декларатсияи Душанбе қабул карда шуд, ки чунин ҳуҷҷатро танҳо Саммити Сарони давлатҳо қабул менамояд. Саммити минбаъда соли 2022 доир гардида, давоми чаҳор сол бояд қарорҳои дар Декларатсия қабулгардида татбиқи амалии худро ёбанд. Декларатсия дар асоси ҳамманфиатӣ, ҳамгироӣ қабул гардид.

Дар сатҳи баланду пуршаҳомат доир гаштани Машварати ҳамкорӣ ва давоми чанд рӯз маркази бузурги фарҳангии ҷаҳон қарор гирифтани пойтахти мамлакати тоҷикон - шаҳри Душанбе бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сиёсатмадори муваффақ дар сатҳи ҷаҳон шинохта шудаанд. Ин боиси сарбаландиву ифтихори ҳар яки мо-шаҳрвандони Тоҷикистони азиз аст!

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки дирӯз доир гардид, Президенти мамлакат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, меҳмоннавозӣ, омодагии ҳамаҷониба баргузор гардидани Ҳамоиш ба тамоми сохторҳо, сокинони пойтахт барои пазироии самимона, зоҳир намудани фарҳангу маърифати баланди шаҳрвандӣ ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуданд.

Ин Ҳамоиш аз як ҷониб нуфузи кишвари азизи моро дар байни мамлакатҳои ҷаҳон дучандон баланд карда бошад, аз ҷониби дигар сокинони ин сарзамини кӯҳану тозаҷавонро дар атрофи Сарвари худ муттаҳидтар намуд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Аълочии матбуот ва
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

«ПАНҶШАНБЕ»: ОБОДОНӢ ВА МАДАНИЯТИ БОЗОРДОРӢ

Дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ бомаром идома дошта, иншооти хурду бузург сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Ба истиқболи ин ҷашн роҳбарияти бозори «Панҷшанбе» - и маркази вилоят иқдом пеш гирифтаанд, ки корҳои ободиро хуб ба роҳ монанд.

Чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири огоҳ шудан аз вазъи нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ аз бозори марказии шаҳр - «Панҷшанбе» боздид намуд.

Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дода, пешниҳод кард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва дастрасии нархҳо саъй намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба тезонидани раванди корҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бозор оинаи шаҳр аст ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз бозор боздид мекунанд ва он бояд ҳамеша ободу зебо бошад.

Баъди гузаштани муддате аз ин сафар барои ошноӣ аз вазъи кунунии бозор ва дар кадом сатҳ қарор доштани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ба бозори «Панҷшанбе» омадем.

Имрӯз дар ҳудуди мавзеи «Панҷшанбе» ҳашт бозор, аз қабили «Афросиёб», «Бадри Мунир», «Шарқ», «Ҳоҷӣ Абдулазиз», «20 - солагии Истиқлолият», «Афғонбозор», «Баҳор», «Панҷшанбе» фаъолият мебарад.

Дар назди бозорҳо намояндагони идораҳои байторӣ, санитарию эпидемиологӣ, «Тоҷикстандарт», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шуъбаи савдои шаҳри Хуҷанд фаъолият доранд. Дар бозори «Панҷшанбе» асосан маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш гузошта шуда, нархи он нисбат ба дигар бозорҳои вилоят арзон аст. Ҳоло бозор шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодааст. Дар дохил ва беруни бозори «Панҷшанбе» дар умум барои 600 нафар ҷойи савдо пешбинӣ шудааст. Тавре, сардори ташкилоти Ҷамъиятии «Соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе» Ғанӣ Почоев иттилоъ дод, соли равон бозор аз таъмир бароварда, намои он гулкорӣ шуд. Тахминан 40 сол инҷониб бозор ин гуна таъмир нашуда буд. Боиси қайд аст, ки зимни боздид аз бозори марказии «Панҷшанбе» Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати наққошӣ кардани болои даромадгоҳи бозор пешниҳод намуда буданд ва дар ин самт аллакай корҳо оғоз ёфтаанд.

Савдои сарироҳӣ хотима ёфт!

Солҳои охир бинобар зиёд шудани савдогарону фурӯшандагон дар роҳрав ва гирду атрофи бозор савдои номуташаккил афзуда буд. Ин вазъ барои харидорон, алалхусус, меҳмонону сайёҳон монеа эҷод мекард. Имрӯз якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти фурӯшандагони сари роҳ ба танзим дароварда шуд.

Доир ба ин масъала Ғанӣ Почоев гуфт, ки бояд маданияти савдоро ба танзим дарорем, зеро дар қадди роҳ, кӯчаҳои мошингузар дар рӯи замин маҳсулотро ба фурӯш гузоштан аз рӯи маданият нест. Дар растаҳо ҷойи фурӯш ҳаст, вале савдогарон хоҳиши дар он ҷо нишастанро надоранд, зеро мехоҳанд дар сари роҳ савдо кунанд. Бинобар ин барои фурӯшандагони сари роҳ дар дохили чойхонаи «Озода», ки аз фаъолият бозмондааст, наздик ба 100 нафар барои фурӯши маҳсулот ҷой омода шудааст.

Танзими нарх ба зиммаи кист?

Имрӯз масъалаи асосие, ки роҳбарияти бозорро ба ташвиш андохтааст, ин фаъолият тариқи шартнома ва ё гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии андоз мебошад. Дар ин ҷода норозигӣ баён кардани баъзе фурӯшандагон боиси парешонхотирии масъулон гардидааст.

- Дар бозор нафароне ҳастанд, ки аз 10 то 25 сол фаъолият бурда истодаанд, вале аз қайди нозироти андоз нагузаштаанд. Алҳол нозироти андоз тасмим гирифтааст, ки фурӯшандагоне, ки ба таври доимӣ фаъолият мебаранд, бояд шаҳодатномаи андозро гиранд. Барои фурӯшандагоне, ки танҳо як рӯз савдо мекунанд, тариқи чипта иҷозат дода шудааст, - гуфт номбурда.

Нисо Каримова - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки аз ҳолати кунунии бозори «Панҷшанбе» шод аст, зеро барои роҳгузарон ҷойи роҳрав қариб намонда буд. Фурӯшандагон дар сари роҳ нишаста, бо савдо машғул буданд. Таассуфовараш он аст, ки имрӯз нархи навои бозор боло рафтааст. Масалан, нархи як кило биринҷ аз 11 то 13 сомонӣ асту барои харидани он имконият надорад. Магар нархро ба танзим даровардан ғайриимкон аст?

Дар бобати нархгузорӣ ва назорати он роҳбарияти бозор гуфт, ки мо дар даврони иқтисоди бозоргонӣ қарор дорем, бинобар он ба нарх дахолат карда наметавонем. Дар ин ҷода танҳо барои арзонтар кардани он ташвиқот мебарему халос. Нархгузорӣ дар ихтиёри фурӯшанда аст. Доир ба гарон шудани нархи биринҷ ҳаминро гуфтаниам, ки андози замин, нархи истифодаи об, заҳрдору барои нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва нуриҳои минералӣ боло рафта, ба гарон шудани нархи биринҷ таъсир расонидааст.

Маъмурияти бозор ният дорад, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Раиси вилоятро ба иҷро расонда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф, намуди зоҳирӣ ва гирду атрофи бозорро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаи ин мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, фароҳам меорад.

Читать далее