May 2019

31 May 2019

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно дорам.

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад.

Читать далее

Ба 400 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо аз шаҳраки Сайҳун замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд

31 - уми майи соли равон дар шаҳраки Сайҳун Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуд.

Сараввал Раиси вилоят аз дастгирӣ ва ташаббусҳои мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мебошад. Дар ин раванд ҳар сол тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мегарданд ва шароити зиндагии худро беҳтару хубтар менамоянд.

Читать далее

ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ АФЗОИШИ ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДАР ҶАҲОН ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД! Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, соли 2018 теъдоди сайёҳоне, ки аз кишвари мо дидан намуданд, 190 фоиз афзудааст

Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сипутник» хабар медиҳад.

Аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.

Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 20 кишвари аз ҳама сафари сайёҳиашон бештарро дар раддабандӣ муаррифӣ намудааст. Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷойгиранд.

Россия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Россия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардаанд.

Читать далее

Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Аҳмадҷон Қосимовро аёдат кард

30 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр ба манзили истиқоматии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят доимо аз ҳоли собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хабар мегирад ва ба хизмати арзандаи чунин шахсон арҷ мегузорад.

Читать далее

Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон

29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Читать далее

Суботу оромӣ ва андешаҳои иғвогарона

  

Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд.

Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом мерасонанд.

Читать далее

Оғози сохтмони бинои нави таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби бинои нави таълимӣ мегарданд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар саросари вилоят корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бошад мактабҳои садамавӣ бартараф ва даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёду ба истифода дода хоҳад шуд.

Читать далее

Терроризм хатари глобалӣ дар ҷаҳон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст ин терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ҷинояти махсусан вазнин буда, зери қонуниятҳои ҳолати он бо дигар ҳолатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, бо иқтисодиёт, сиёсат, идеология ва психологияи ҷамъиятӣ ва бо ҳуқуқ алоқаманд аст.

Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гуруҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ тамоми зиёдшавӣ дорад. Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд. Дар ҷамъият ба омилҳои терроризм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, динӣ ва дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бояд баҳо дод. Дар акси ҳол дар ҷамъият бо ин зуҳуроти манфӣ мубориза бурдан ғайриимкон аст. Ақидаҳои гуногуни дар байни олимон мавҷударо бо гуфти олим Х.С. Хомушов метавон ҷамъбаст кард. Ӯ қайд мекунад, ки на «терроризми исломӣ», на терроризми насронӣ», на «терроризми курдӣ» ва на «терроризми ирландӣ», балки ҷиноят ва ҷинояткор арзи мавҷуд дорад. Терроризм ин бадбахтии умум буда ба он мумкин аст, танҳо бо саъю кӯшиши якҷояи давлатҳо ва халқҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ ва миллаташон мубориза бурд.

Шамил НАЗАРЗОДА,
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Читать далее

Баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ талош варзем

Ҳадафи таъсиси «Паймони миллӣ» аз ҷониби мухолифини кишвар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нави нопоку хоинона, фирефта намуда, худро ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум, назди хоҷагони хориҷиашон худро миллатдӯсту адолатпеша, содиқ ба ин марзу бум нишон диҳанд.

Ин паймон бо хоҷагони хориҷист, ки бо маблағгузории онҳо дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд. Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои Тоҷикистон майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он ноором намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад. Ин ниқоббандиҳо танҳо саҳнабозиест, ки барои ба мазҳаби ғайр гаравидагон дар шакли «тақия» иҷозат медиҳад ҳадафҳои аслии худро пинҳон доранд ва то расидан ба онҳо ҳар қадаре, ки мехоҳанд, дурӯғ гӯянд. Новобаста ба ҳамаи ин хиёнатҳо, боз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад авфи гуноҳашон намояд ва шахсонеро, ки гумроҳ шудаанд ва рафтори хатои худро дарк намуда, сидқан пушаймон мешаванд, бубахшад. Ин хислати башардӯстонаи бесобиқаро ҳамагон медонанд, вале ин эътирофро танҳо нафароне метавонанд кунанд, ки барои Ватану миллат аз худ гузаштагӣ нишон диҳанд ва ба ин восита тавонанд, каме ҳам бошад, аз сиёҳӣ ва доғ номи худро рӯйпӯш кунанд.

Таъсиси бо ном «Паймони миллӣ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд дар бобати амалӣ сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале имрӯз ҳама медонанд, ки хоину ватанфурӯш на паймон дораду на миллату давлат. Эътилофи «Паймони миллӣ шабеҳи тори хонаи анкабут аст, ки бояд онро ҳар як шаҳрванди аз нуқтаи назари ақли солим дарк кунад. Имрӯз халқи тоҷик ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардидааст. ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории дастовардҳои Истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

М.ҚОСИМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее