16 May 2019

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Айнӣ

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва симои ноҳия низ дигаргун хоҳад шуд.

Варзишгоҳи марказии ноҳия ва Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин иншоотҳоест, ки имрӯзҳо сохтмонашон бо маром идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳо иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо 6000 ҷойи нишаст бунёд гардида, то имрӯз бист дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асоси  вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону васлкуниро бунёдкорони “ПМК-278” ба иҷро мерасонанд.

Читать далее

ДАЪВОҲОИ БЕАСОСИ ПАЙМОНИ ВАТАНФУРӮШОН

Тавре аз расонаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, санаи 30 апрели соли равон дар шаҳри Вена вохӯрии ҳайати баландпояи Паймони миллии Тоҷикистон бо намояндагони қисме аз кишварҳои Аврупо баргузор гардидааст, ки дар он ҳайати паймон таҳти роҳбарии Кабирӣ оид ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳозираи Тоҷикистон маълумот дода нисбати фаъолияти ҳозираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигиҳояшонроо баён намудааст.

Саволе ба миён меояд, ки ин ҳайати гурезаҳои Паймони миллӣ дар ҳудуди дигар давлатҳои хориҷа истода чи тавр дар бораи вазъи ҳозираи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон сухан гуфтаанд. Ин боз ҳамон гуфтаҳои бардурӯғу фитнаангезҳое мебошад, ки намояндагони кишварҳои хориҷаро нисбат ба Тоҷикистон ба дигар тарафи манфӣ равона хоҳад кард.

Инчунин, намояндагони ПМТ таъкид карданд, гӯё ки сохти демократӣ дар Тоҷикистон солҳои охир ҳарчӣ бештар ба як шоҳигарии авлодии ғайриконститутсионӣ табдил ёфта ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон, ба шаҳрвандон бояд дастрасӣ ба ҳуқуқҳои бунёдиашон — интернет, гирифтани маълумот, баёни андеша, озодии ҷамъомад, интихоботи озоду бо рақобат, ҳақи тағйир додани ҳукумат тибқи замони муайяншуда дар қонун ва ба даст гирифтани тақдири ҷамъият ва давлат дода шудан пешниҳодҳо додаанд.

Агар ҳайати Паймони мазкур ин қадар нисбати мардум ва кишвари Тоҷикистон дилсӯз бошад, чаро аз канор истода ҳамагуна маълумотҳои бардурӯғро паҳн менамоянд. Ин боз як амалӣ бардурӯғу фитнаангези ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Кабирӣ ва ҳамсабақонаш мебошад.

Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд, аз ҷиҳати таъмини бехатарӣ, оромию осоиштагӣ, рушди  инкишофи иқтисодӣ шинохта шудааст.

Нияту мароми бади Паймони миллӣ ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад.

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент,

декани факултети баҳисобгирӣ

ва андози ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

Босмачиён ва ҲНИ ҳаммаслаконанд

Босмачиён дар таърихи мардуми Осиёи Миёна дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ корҳое ба амал оварданд, ки онро ҳеҷ гоҳ дар таърихи халқи тоҷик сафед кардан мумкин нест. Босмачиён бо ёрии спонсорҳои хориҷии худ аввалинҳо шуда бар зидди ҳокимияти шӯравӣ мубориза бурда, дар солҳои 1918-1930 бо одамкушӣ машғул будаанд. Аксари босмачиён дастаи ғоратгарони худро ташкил карда, бо раҳзанӣ, дуздӣ машғул буданд. Фаъолияти босмачиён аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти наҳзатиён, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мондок буда, босмачиён тоҷирони кӯҳнишинро ғорат мекарданд, духтарону чорвои мардумро ба яғмо мебурданд.

Босмачиён корҳое ба анҷом расониданд, ки ҳамааш дар зери пардаи дини мубини ислом буда, ба ҳаромкорию вайрокорӣ машғул будаанд. Имрӯз гурӯҳҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз норавшании Осиёи Миёна дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ кор гирифта, босмачиёнро муборизони нокоми озодии миллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин мақсад сиёҳкориҳояшонро дар назди хоҷаҳои хориҷиёнашон давоми озодихоҳӣ нишон диҳанд.

Роҳбарони наҳзатиён сабаби заволи босмачиёнро маҳрум буданашон аз дастгири мардум ҳисобида, мардуми созандаю бунёдкори халқи тоҷикро аз ин фаъолияти пуршараф даст кашидан даъват менамоянд. Дар миёни дастаҳои босмачиён бо роҳбарони худ Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Кӯршермат, Мадаминбек ва ғайраҳо бо раҳзанию ғоратгарӣ машғул буданд.

Босмачиён худашонро муҷоҳид номида, ҳама фаъолияташонро ба дини мубини ислом мепайвастанд ва бо ин унвонгузорӣ, ҳамонанди террористони замони муосир давлати исломӣ, наҳзати ислом, ҷиҳати исломӣ хешро ҳомӣ ва густаришдиҳандаи дини ислом намоён мекарданд. Дар фаъолият ва ҳаракати онҳои ғояи миллӣ ҷой дошта наметавонист, зеро миллат вуҷуд надошт ва бо номи миллати ислом раванди омӯхташавии чандсадсолаи тоҷиконро суръат мебахшиданд. Дар ҳаракати босмачиён хоҷаҳои хориҷӣ генералҳои Туркия- Анварпошшо, Салимпошшо ва дигарон ёрӣ амалӣ мерасониданд, ки имрӯз ба ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар мисоли баъзе ташкилотҳои байналмилалию Эрон пуштибонӣ намуда, вазъияти Тоҷикистонро ноором кардани ҳастанд, аммо онҳо ҳато карда истодааст. Босмачиён дар кати сиёҳи худ аз хизмати имомхатиб ва муллоёни ифротгаро ба таври густурда кор мегирифтанд. Босмачиёни оянда аъзои Шӯрои исломия буданд, ки рӯзона ба бозорҳо даромада, моли мулки мардумро тороҷ мекарданд ва шаб ба хонаи раъият даромада, даст ба таҷовуз мебурданд. Босмачиён дар саросари Осиёи Миёна натанҳо одамони бо ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ ҳамкорӣ доштаро таъқиб мекарданд, балки мактабҳои сохти нав ва занони фаранҷӣ аз сар гирифтаро ба қатл мерасониданд, ба тороҷкорию таҷовуз машғул буданд.

Роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ барои дар пинҳонӣ нигоҳ доштани чеҳраҳои ҳақиқиашон ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост, дар навбати нахуст номҳоеро тамғаи худ месозанд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, демократия, дин ва дигар арзишҳои инсонсозии одамон дошта бошад. Наҳзатиён бо ин корҳо хешро давомдиҳандагони ҳаракати озодихоҳони босмачиёин унвонгузорӣ карданд.

Аммо, шахси боақл таклифҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Хоҷаҳои хориҷиён онҳоро дар бағали худ гирифта ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, дар амал нодуруст аст. Сарварони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз шабакаҳои фейсбук, интернет ва ғайра истифода бурда, дар намуди ҳаракати босмачиён бар зидди ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мубориза мебуранд ва дубора ба шеваи кӯҳнаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бозгардонӣ мехоҳанд. Аммо халқи тоҷик ҳушёриро аз даст надодааст ва бо фаъолияти созандагию ташаббускорӣ машғул буда, ба ташвиқоти «босмачиёни замони муосир» - ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд, дигар ба бетартибию вайронкориҳои босмачиёни ҲНИ роҳ намедиҳанд.

Сафар Эркаев, дотсенти ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров

Читать далее

16 May 2019

ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН

ТТЭ ҲНИ ҳизбе мебошад, ки дар саҳнаи сиёсат бо роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пайдо гардида, дини мубини Исломро ҳамчун маҳаки асосӣ барои таъсир расонидан ба шуури ҷомеа истифода менамояд. Ҳизби номбаршуда, солҳои 90-уми асри гузашта, иштирокчии фаъоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол кам нестанд он воқеаҳое, ки тарафдорони ин ҳизб амалҳои зиддиинсонӣ  ва зиддидавлатӣ намудаанд.

Дар замони муосир, ки техникаву технология ба дараҷаи олӣ тараққӣ намудааст, ҳар гурӯҳе онро ба манфиати худ истифода мебарад. Албатта ин пешравиҳо паҳлӯи ҳам манфӣ ва мусбии худро доро мебошанд. Шабакаи ҷаҳонии Интернет аз мисоли онҳост. Шабакаҳои умумиҷаҳонӣ имкониятҳои васеъро баҳри мубодилаи афкор, тадқиқотҳои илмӣ, рушди муносибатҳои байналмилалаӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт фароҳам меорад. Бо баробари ин як зумра гурӯҳҳои террористиву ифротгаро онро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Бо суханони беасос ва иғвоангез ба шуури ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба шомил шудан ба гурӯҳи хеш водор месозанд. ТТЭ ҲНИ  ва пешистодагони онҳо аз зумраи чунин гурӯҳҳо ба ҳисоб мераванд, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд.

Ҷавонони мо имрӯз бояд бо донишҳои диниву дунявӣ мусаллаҳ бошанд. Номбардор ва парчамбардори халқу миллати куҳанбунёди тоҷик бошанд. Ба суханони беасоси гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва хоинони миллат бовар накунанд. Тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Ҳошимова Н. – ассистенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

ДИДОРИ ИҒВОГАРОНАИ ХОИНОН

Нисбати вохӯрии ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо намояндагони қисме аз кишварҳои Аврупо дар САҲА, ки моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардидааст қайд кардан бамаврид аст, ки масоили дар ин ҳамоиш баррасигардида берун аз талаботи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ба шумор меравад. Зеро Паймони миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад, ки ба масоили дохили кишварамон дахолат намояд, инчунин ҳеҷ гуна салоҳият ба онҳо дода нашудааст.

Аз хабари иттилоотии Паймони миллии Тоҷикистон бармеояд, ки гуё масоили вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он сӯҳбати ошкоро дошта бошанд. Бояд андеша намуд, ки Паймони миллии Тоҷикистон вазъи имрӯзи кишвари азизамонро тавре дидан мехоҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътадил буда, сулҳу суботи ҷомеа ва тинҷиву оромӣ ҳукумфармо мебошад. Бинобарон вазъи имрӯзаи кишвар ба ҳеҷ гуна баррасиву таҳлили бегонагон ниёз надорад. Бояд гуфт, ки ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон кадом идораи давлатӣ ва иқтисодии саркубкунанда ва қавмгароиро дар назар доранд.

Нисбати эътирозҳо ва ташаннуҷи иҷтимоӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ин танҳо хоси ашхосе мебошад, ки бо кирдорҳои нохалафонаи худ кишвари азизамонро худсарона тарк намудааст ва нангу номуси ба кишвар баргаштанро надорад.

Ба андешаи банда ашхоси эътирозгару аз имрӯзу фардои Тоҷикистон норозӣ онҳое ҳастанд, ки имрӯз дар хориҷи кишвар бӯҳтонҳои бардуруғро паҳн менамоянд ва тақдири миллати тоҷикро нодида мегиранд.

Ифротишавии ҷавонон асосан дар беруни кишвар сурат гирифта истодааст, зеро онҳо ба доми фиреби ифротиёни дар хориҷи кишвар афдода худро тӯшаи онҳо карда истодаанд. Ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон иброз доштааст, ки дар интихоботи оянда дар ҳолати имкон пайдо намудан иштирок хоҳанд намуд. Ба андешаи ман ин ғайриимкон аст ва ҳарчанд дар вақтҳои охир бо номи Паймони миллии Тоҷикистон баромад менамоянд.  Дар зери ниқоби Паймони миллӣ киҳо ҳастанду чи гуна нияту мақсадҳо дошта бошанд.

Гарчанде намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон иброз намудаанд, ки аз худкомӣ ба давлати демократии ҳуқуқбунёд гузарем, вале онҳо бехабаранд, ки мо дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истодаем ва ҳама дар асоси меъёрҳои Конститутсия амал менамоянд. 

Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

ДАРЁФТИ МАНБАЪҲОИ НАВ

Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун собиқ ТТЭ ҲНИ маълум аст, аз оғози ташакуллёбӣ дар фаъолияти худ сабаби асосии сар задани ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-ум асри 20 ва пай дар пай бавуҷуд оварандагони низоъҳои сершумор дар сарзамини тоҷик башумор мераванд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки мақсади онҳо ин ба вуҷуд овардани давлати теократӣ, барҳам додани давлати дунявӣ-демократӣ буд. Бо таърихи нанговари худ Паймони миллӣ, бо дастони ба хуни бегуноҳон олуда, онҳо оиди «беҳбудии» халқи тоҷик бо дипломатҳои Аврупо гуфтушунид карданашон, касро ба ҳайрат мегузорад.

Истиқлолияти халқи тоҷик бо машаққатҳои зиёд ба даст оварда шуд. Ҷонисориҳои зиёде талаф карда шуд, баҳри комёб шудан ба мустақилияти давлат, сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ. Давлати мо нисбат ба солҳои 90-ум ва то он давра, ба бисёр комёбиҳо ноил гаштааст. Ҳоло зиндагии халқи тоҷик торафт ба беҳбудӣ, бо хатти болоравӣ майл карда истодааст. Ҳар як давлатҳои соҳибистиқлол камбудиҳои худро дорост, ягон давлат бе камбудӣ нест. Бо назардошти ҳамаи он, давлати мо яке аз давлатҳои босубот ба ҳисоб меравад, зеро халқи тоҷик дар зери осмони софу беғубор, дар тинҷиву амонӣ, бе ягон тарсу ваҳм нисбати ояндаи хеш, умр басар бурда истодааст, ки ин худ давлат аст, зеро дар заминаи сулҳу ваҳдат пешрафт ва дастовардҳо дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Дар вохӯрии Паймони миллӣ бо намояндагони Ғарб масъалаи интихоботи навбатии соли 2020-ро ба миён гузошта, дар бораи шакли гузаронидани интихобот ва иштироки сиёсии онҳо бо дигар созмонҳои сиёсӣ низ баён намуданд. Чунин тарзи масъалагузорӣ ва ҳалли он, бо назардошти ҳимояи манфиати ҳизби ифротгароии хеш, ки хатар ба давлати дунявӣ аст, куллан хато ва инконнопазир аст. ПМТ ҳамчун ҳизби ифротгароии экстремиству террористӣ аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум карда шуда буданд ва иштироки онҳо дар интихобот ҷоиз нест, ҳамзамон ҳамчун ҷинояткорони сиёсӣ бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ аз рӯи қонун бояд кашида шаванд.

Аъзоёни Паймони миллӣ Тоҷикистон дар вохурӣ бо намояндагони Ғарб танҳо як мақсадро пеша мекарданд, ки ин ҳимояи манфиати хеш, амалӣ кардани ғояҳои ифротгароии худ, пароканда намудани миллат ва истиқлолияти тоҷик, барбод додани давлати дунявӣ. Аз ин лиҳоз, фаъолияти онҳо дар хориҷа ғайриқонунӣ ва бар зидди босуботӣ ва амнияти давлати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳама амалиётҳои онҳо дар ҳудуди мамлакат маҳкум карда шудааст.

Ҷӯраева Д.Р. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии аъзоёни ТТЭ ҲНИ

Чанд соли охир бо васитаи шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна фикру ақидаҳои гуногуни аъзёони ТТЭ ҲНИ ба назар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкиролотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо ин қадар бемағз шудаанд, ки фикру андешаҳои он бадхоҳону миллатфурӯшон байни мардум тафиқа андохта наметавонанд.

Чӣ хуб шуд ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷумҳурӣ қатъ намуданд. Зеро онҳо бори дигар мехостанд ҳамроҳи хоҷагони худ сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнагун намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Таърих худ гувоҳи ҳама гуна зуҳурот ва ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ, инчуни шикастурехти ҷомеа мебошад. Мо ба охирҳои асри гузашта рӯ ба таърих меорем, ки дар ин давра дар Тоҷикистон хеле давраи бесарусомониҳо бо ташабусу кӯшишҳои аъзоён ва ташкилкунандагои ТТЭ ҲНИ ба миён омад. Онҳо аз вазъи ҳассоси сиёсати он вақта истифода намуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ роҳсипор намуда, ҳар гуна фикрҳои хоиноноро паҳн намуданд ва дар охир мардумро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ин хиёнаткорони аъзои ТТЭ ҲНИ Ватанро ба бегонагон фурӯхтанд, ба миллати худ нанг оварданд.

Миллати тоҷик имрӯз ҳодисаҳову хунрезиҳои солҳои навадуми қарни бистро хуб дарк намуд. Вале ин рафтори онҳо таъсири бади равонӣ ҷисмӣ ба мардум расонид, ки боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Ин рафтори миллатфурӯшӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир намуданд. Ҳамаи ин аз касофативу касифии аъзони ТТЭ ҲНИ дар вуқӯъ пайваст, маҳз сабагори ососии ин иллатҳо аъзоёни ин ташкилот буданд, ки ба ҷисми миллат корд зада захмин намуданд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин хиёнату ватанфурӯшии ТТЭ ҲНИ нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ соли 1997 онҳоро бахшиданд, то ки миллат сарҷамъ гардаду хуни ҳазорон шаҳрвандон аз резиш бозмонад ва мардуми шарифи тоҷик озодона зиндагӣ намояд. Дар ин ҷо мавриди зикр аст, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТТЭ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки бо номи ислом озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Вале инҳо ба қадри ин сулҳу суботи миллат нарисиданд ва дубора ба фурухтани ватан ватанро ба хоҷагони худ сар карданд.

Аъзоён ва гумроҳшудагони ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои нахустин ташкилёбиаш душманиву ватанфурӯширо сар карда буданд ва то кунун душмани халқу миллит, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии халқи тоҷик мебошад. Ин ташкилот саросар характери террористӣ ва ватанфурӯшии худро нишон дод. Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёткоронаиТТЭ ҲНИ ба хуби дарк намуд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад.

Изҳороти омӯзгорони кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ

Читать далее

16 May 2019

МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити шиддат ёфтани таҳдиду хатарҳои радикализм ва терроризм дар миқёси ҷаҳони имрӯза  зарурият ва аҳамияти таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳҷӯёна бештар афзуда истодааст.

Вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, баъзе кишварҳои мусулмонӣ сол ба сол ноором гардида, низоъҳои байнимазҳабӣ торафт тезутунд шуда истодаанд, ки мавҷи онҳо метавонад сарҳади давлатҳои орому осударо убур карда, вазъи дохилии онҳоро низ бесубот гардонад.

Ҳамзамон бо ин, хусусан, солҳои охир раванди сиёсӣ сохтани ислом вусъати хатарнок гирифта, ҳар рӯз боиси қатлу куштори ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва бе хонаву ҷой мондани миллионҳо нафари дигар шуда истодааст.

Аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби ислом содир мекунанд, ҳол он ки дини ислом аслан ва моҳиятан зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс, одамонро ба инсондӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Суръати  густариши таҳдиди ифродгароӣ  ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти  азими  таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Аз ин рӯ, авҷ гирифтани  таъсири  равандҳои муосир ба тариқи иттилоотӣ ба шуури фардию ҷамъиятӣ (хусусан байни ҷавонон) масъалаи таҳқиқ, арзёбӣ ва таблиғи худшиносиву худогоҳиро ба миён овардааст. Ин ҳадаф татбиқшаванда ва ногузир мебошад. Онҳо ба амалӣ гаштани дурнамои сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба бунёди муносибатҳои солими бозорӣ, ташаккули иқтисодиёти устувори миллӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва нагузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунанд.

Р. Раҳматуллоева – сармуаллимаи кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

ҒАРАЗҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ТТЭ ҲНИ

Чӣ тавре, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат қайд гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Барои ҳар як шахси соҳибмаълумот ва маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст.

Ин буд, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз ғояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехабаранд ва чӣ будани давлату давлатдорӣ, сиёсату сиёсатмадорӣ, зиёда аз ин ғайриҳуқуқӣ таъсис додани ҳизби динӣ гаштанд. Дар арсаи сиёсат оқибатҳои бесаводии, беилмии шахсони номбурда ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт, ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизб гаштанд, модар аз духтар ва писар аз падар ҷудо.

Ҳоло он ки дар дини мубини ислом на танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда, чунин мегӯём, ки ин шахсон аз дину диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурӯғ ба номи Худованду ислом мезананд.

Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои Шарқи наздик оқибатҳои чунин амалҳо ба терроризм ва экстремизм оварда расонида истодааст.

Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шӯру ошубаҳо, хусусан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ, ки аз асли рукнҳои дину диёнат дур ҳастанд, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад. Мо омуӯзгорону устодон бояд ҳарчӣ бештар наврасону ҷавононро аз роҳи бади аҳримансифатон гирем ва онҳоро ба роҳи рости илмомӯзӣ ҳидоят намоем.

Самадов Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Читать далее

16 May 2019

ИҒВОАНГЕЗИЮ ЧОПЛУСӢ БАС АСТ!

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбубамон мардуми ҷангзадаи тоҷик, ки ҳама азоби гуруснагию қатлу ғоратро паси сар карданд, аз ҳавои сулҳу осоиштагӣ бардам-бардам нафас мекашанд.

Мутаассифона, чӣ қадар ҳаёти мо рӯ ба беҳбудӣ оварад, ба ҳамон андоза чашми ҳасудон, нотавонбинон калонтар боз гардида, вуҷудашонро дуди сиёҳ фаро мегирад. Сарварони ТТЭ ҲНИ  ва Паймони миллӣ аз зумраи чунин бадкешонанд, ки ҳамарӯза бо иғвогариашон ба мардум муроҷиат мекунанд.

Одатан, дар моҳи шарифи Рамазон ҳама мардуми озодандеш танҳо ниятҳои хайр мекунанд, барои гуноҳҳояшон омӯрзиш металабанд, ба ҳамдигар бахту саодати ҳаёти оянда металабанд. Кабирии хиёнаткор дар ин моҳ “табрикот” арза доштааст, вале дар ҳама фикр зермаъно ғалат аст. Ин иғвогари малъун боз ҳамон суханбозию, фитнаангезӣ дорад. Наход дар моҳи муборак ҳам барои авом нотинҷӣ хоҳӣ! Куҷост дину риояи аҳкоми шариату куҷост имон! Ҳақ ба ҷониби шоир, ки гуфтааст:

Неши каҷдум на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Кабирии лаънаткардаи халқ зочаеро мемонад, ки дар дасти дигарон, бо умеди неъмат, ҳай рақсу бозингарӣ дорад ва илоҷи рад кардани фармони “хоҷагонаш”-ро надорад. Мо, ҳайати омӯзгорон ин гуна амали хиёнаткорони давлату миллатро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки ягон ҳарфи ин “бозингари сиёсӣ” бе посух монад, зеро ҳамагон медонанд кист ӯву дар тинаташ ба чӣ андоза мурдоб ҳаст.

Эй малъун, бидон ки моро фирефта наметавонӣ! Он рӯз дур нест, ки овозат хаставу тамоман ношунаво гардаду рангу рӯят шабеҳи фавтидагон!

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Читать далее