14 May 2019

Ҳалли дархост ва муносибати дилсӯзона

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент, ки 4 - уми майи соли равон доир гардид, 57 нафар оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.

Бояд гуфт, ки муроҷиатҳои сокинон асосан ба масъалаҳои замин, кишоварзӣ, сохтмон, манзил ва баҳси он, таъминот бо ҷои корӣ, муаммоҳои оби полезию нӯшокӣ, вобаста ба роҳ, маориф ва фарҳанг, шикоят нисбат ба рафтори шахсони алоҳида, кӯмаки моддию молиявӣ, оид ба ҳуҷҷатгузориҳо ва ғайра ба роҳбарият буда, аксари онҳо аз шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Вору, Ёрӣ, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Сӯҷина, Саразм, Хурмӣ, Фароб, Рӯдакӣ, Халифа Ҳасан, Шинг ва Чинор буданд. Аз ҷумла, дар рӯзи қабул Бозор Исоев - сокини деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондара оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Абдулло Ғафуров - сокини деҳаи Дашти маллаи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ оид ба сохтмони чойхона дар деҳаи Дашти малла, Маҳфиза Мустафоева - сокини деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд.

Раиси шаҳр бобати иҷрои саривақтии муроҷиатҳо ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод. Бино ба маълумоти масъулин дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ муроҷиати шифоҳии шаҳрвандони шаҳру деҳоти Панҷакент дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 675 нафар буда, аз рӯи масъалаҳои гуногун ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон дар варақаҳои назоратӣ ба қайд гирифта, мавриди иҷро ва баррасӣ қарор дода шуданд, ки айни замон аз ин миқдор 102 - тои он қонеъ, 68 - тояш рад, 367 фаҳмонида дода шуда, 138 – тои он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар маҷмӯъ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми чор моҳи соли равон 1282 муроҷиати хаттӣ ва 675 шифоҳӣ, ҷамъ 1957 дархости шаҳрвандон ворид гардида, тибқи муҳлати муқарраркардаи қонун бо санҷидани ваҷҳҳо ҳаллу фасл шуда, он нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 69 муроҷиати хаттӣ зиёд мебошад.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи зиёди муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои замин, кӯмаки моддӣ, гирифтани саҳми замин мебошад ва асосан муроҷиаткунандагон аз ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Ёрӣ ва Лоиқ Шералӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, баргузории қабули шаҳрвандон аз ҷониби шахсони аввали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят ҳар ҳафта ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз, роҳбаронро мебояд, ки дар бобати шунидан ва ҳаллу фасли арзу дархостҳои шаҳрвандон бо эҳсоси масъулият ва эътибори том саривақт ҷидду ҷаҳд намоянд. Чун паси ҳар муроҷиат ҳаёти нафари дармондае меистад ва зиндагиаш водор кардааст, ки то бо муаммоҳои хеш ба роҳбарони мақомоту сохторҳо рӯ оварад.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

14 май дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирпаронӣ ва картинг мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида хоҳад шуд. Ин мусобиқаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Исфара ҷараён мегиранд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии оила

Фарорасии Рўзи оиларо ба ҳамаи Шумо, сокинони шарафманди вилоят, самимона таҳният мегўям ва таманно мекунам, ки ҳамеша саодати хонаводагӣ, хушбахтиву хушрўзиҳо дар оила насибатон гардад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Читать далее

ШИМКЕНТИЁН ДАР СУFДЗАМИН

Бо эълон шудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари офтобрӯяи тоҷикон ба макони сайру тамошо ва истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонони мамлакатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дар ин замина муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои рушд боз ҳам густариш ёфта, дӯстию бародарии онҳо бештар мегардад. Ташрифи меҳмонони шимкентӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касим - Ҷомарт Токаев ба вилояти Суғд, хоса шаҳри Хуҷанд боиси шодмонию хушнудии мардум гардид. Густариши муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид шуда, қайд гардид, ки он дар сатҳи олӣ қарор дорад ва самарабахш хоҳад буд.

Меҳмонони шимкентӣ бо роҳбарии директори Ширкати телевизион ва радиошунавонии «Айгак», вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Туркистон, роҳбари Ҷамъияти қазоқони вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Абиш Дулатбек, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶСШ, ҳамсабақи нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - Аманалӣ Абдураҳмонов, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Толибӣ Атирхан Шингисбоев, собиқадори меҳнат Нураҳмад Шабакатев, фарҳангшинос Бегалӣ Рисбеков, соҳибкор Fанӣ Чаймардонов, сокини шаҳри Шимкент Орал Кайсарва, барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи «Дарин» Сайтанат Тойболова ва дигар ҳайати эҷодии чандин шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Қазоқистон меҳмони тоҷикистониён шуда, нахуст аз вилояти Суғди бостон дидан карданд.

Қасри муҳташами «Арбоб» - и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров нахустин тамошогаҳи меҳмонони шимкентӣ гашта, онҳо аз тамошои ин қасри таърихӣ, толори баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ, коргоҳи дӯзандагию сехи атласу адрасбофӣ ва чойхонаи бо нақшу нигори миллӣ орододашуда як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки «Арбоб» ном гирифтани қаср ба шарофати теппае, ки дар он бунёд ёфтааст, гузошта шуда, номи он вирди забони халқи олам гаштааст. Ҳашамату бузургӣ, шуҳрату зебогӣ, ободию озодагӣ ва маҳсули дастони ҳунармандонро дар сақфи биноҳо ва сутунҳои пурнақшунигор дида, меҳмонон ба бунёдгузорони қаср аҳсант хонданд. Чун огоҳ шуданд, ки дар ин макони таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидаву дар он бори нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи ояндаи фаъолияташонро интихоб кардаанд, низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ маҳз аз ин қасри муҳташам оғоз ёфтаст, эҳтиромашон ба Сарвари мамлакат ва халқи заҳматпешаи тоҷик афзуд.

Дар арафаи Наврӯзи байниалмилалӣ сохта, ба истифода дода шудани тарабхонаи замонавии киштии рамзии «Темурмалик» ва ба фаъолият шурӯъ кардани Маҷмааи «Роҳи танобӣ», ки соҳилҳои ду ҷониби дарёи Сирро ба ҳам мепайвандад, аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуда, ба соҳибкор Абдурасул Раҷабов, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон кору фаъолият пеш мебарад, изҳори сипос намуданд. Қайд шуд, ки ин иқдоми нек боиси густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва равобити ҷумҳуриҳои бародар хоҳад гашт. Роҳбари ҳайати меҳмонон Абиш Дулатбек чунин иброз дошт: - Дар Хуҷанди бостонӣ, ки «Арӯси ҷаҳон» - аш ном мебаранд, маротибаи дувум қарор дорам. Шаҳрро он қадар зебою дилрабо ва тамошобоб дарёфтам, ки қаблан надида будам. Бори дигар шоҳиди меҳмоннавозии мардуми тоҷик гашта, мафтуни тозакориҳо ва сохтмони биноҳои наву замонавӣ, ҳамчунин гулпӯшу гулбасар гардонидани ҳар гӯшаи он шудем.

Моро бахусус осори таърихии Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Суғд, меваҳои шаҳдбори бозори марказии «Панҷшанбе», осори таърихӣ дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҷмааҳои «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Истиқлол», «Роҳи танобӣ» ва киштии рамзии «Темурмалик» ба ваҷд овард. Боиси хурсандист, ки бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Шимкент номгузорӣ гардидааст. Умед дорем, ки рафтуомади минбаъдаи шимкентиёну хуҷандиён ба манфиати тарафайн хоҳад буд, - қайд намуд Абиш Дулатбек. Боздиди меҳмонони шимкентӣ аз мавзеи таърихии «Қалъаи Муғ» - и шаҳри Истаравшан ва ҷойҳои тамошобоби ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд анҷом пазируфта, онҳо ба шаҳри Душанбе раҳсипор гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия

Рӯзи якшанбеи 12 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Муҳаммадаваз Саидов ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои муштарак бо саҳмгузории инвесторони аврупоӣ мубодилаи афкор намуданд.

Читать далее