06 May 2019

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Рӯзи 3 май бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Камоли Хуҷандиии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёна, маркази хизматрасонӣ, филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Комерсбонки Тоҷикистон», фитнесклуб, ошхона, оҷонсии рекламавии муосир ба истифода шуд.

Читать далее

Деваштич: Токпарварӣ рушд меёбад

Кишти баҳорӣ, бунёди боғу токзор ва барқарор намудани онҳо, шинонидани дарахту ниҳолҳо аз корҳои муҳими баҳорӣ дар ноҳияи Деваштич маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Умар Маҳмадёров имсол дар ноҳия дар майдони 26171 гектар доир намудани кишти баҳории ғалладонагиҳо, зироатҳои техникӣ, картошкаву сабзавот, зироатҳои полезӣ ва хӯроки чорво дар назар буда, ба 1 - уми майи соли ҷорӣ дар 8100 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Имсол кишти картошка, сабзавот ва полезӣ камтар буда, кишти ғалладона нисбат ба соли гузашта 1481 гектар афзудааст.

Дар семоҳаи соли 2019 бунёди боғу токзор нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 95,11 фоиз афзудааст. Дар баробари ин кишоварзони ноҳия барқарор намудани боғу токзорҳои кӯҳнаро ба хубӣ ба роҳ мондаанд. Имсол дар семоҳаи аввал мутобиқи нишондоди оморӣ 33,9 гектар майдони боғот ва 6 гектар токзори куҳан барқарор шуд.

Корҳои барқарорсозии боғу токзорҳо дар хоҷагиҳои токпарварии ноҳия вусъат меёбад. Бахусус, имрӯз корҳои баҳорӣ хок кушоии токҳо, ба ҷойҳои муайяншуда шинонидани ниҳолҳои фарғоншуда, буридани навдаҳо ва обёрии токзор ҷараён дорад.

Бо бунёд намудани токзор ба майдони аз 10 то 25 гектар Хоҷагии деҳқонии Мӯрияк дар Ҷамоати деҳоти Росровут, хоҷагиҳои деҳқонии Аҳмадбой ва Далер дар Ҷамоати деҳоти Муҷун дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳия саҳми хешро гузоштаанд. Боғу токпарварӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кишоварзӣ аст аз тарафи хоҷагидорон ба хубӣ дарк гардида, онҳо дар иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Бо мақсади сарсабз ва обод гардонидани диёр дар ҳудуди ноҳия 21 100 бех дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва дарахти тут шинонида шудааст. Ин амали нек – ниҳолшинонӣ дар деҳаҳои минтақаи боло айни ҳол низ идома дорад.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи кишоварзон 500 гектар боғҳо ба шакл дароварда, танаи дарахтон сафед карда коркарди кимёвӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар 200 гектар боғ гузаронида шудааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ВАЗИФАИ МОСТ!

Эмомалӣ РАҲМОН: Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву шуҷоат аст.

Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона барои ҳимояи марзу буми Ватан хизмат мекунанд. Алҳол сарбозон ва афсарони қисми низомии 0230 – и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар ноҳияи Спитамен воқеъ аст, содиқона баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат адои хизмат намуда истодаанд.

Бо командири қисми низомии мазкур ҳамсуҳбат гардидем. Муҳаммадлатиф Зоғов - командири қисми низомии 0230 – и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ки имрӯз бо дастгирӣ ва таҳти ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар ҳамаи қисмҳои низомӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Маълум аст, ки шароити будубоши сарбозон дар қисми низомии мо хуб буда, онҳо содиқонаву софдилона Ватани азизи хешро ҳифз менамоянд. Баъди адои хизмат хоҳишмандон ва сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро хуб адо намудаанд, метавонанд дар қисми низомӣ бо ҷойи кор таъмин бошанд, - гуфт полковник Муҳаммадлатиф Зоғов.

Ҳамчунин, бо ҷойи хоби сарбозон шинос шудем, ки воқеан ҳамаи шароитҳо хуб буд. Ҳаммом доимо бо оби гарм таъмин ва мувофиқи табъи сарбозон аст. Онҳо бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти миллӣ ва сулҳу суботи кишвар якдилонаву сарҷамъона адои хизмат менамоянд.

- Ҳамасола дар рафти маъракаи даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба ин қисми низомӣ низ сарбозони нав меоянд. Алҳол 90 фоиз сарбозони навдаъватгардида ба ин ҷо омада, таълими низомӣ гирифта истодаанд. Сарбозони навдаъватгардидаро бо тарзу усули тамринҳо ва қоидаҳои роҳгардии низомиву суханронӣ, сарбозону афсарони ботаҷриба омӯзонида истодаанд, - мегӯянд масъулин.

Ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонони имрӯза аз он ҳувайдо мегардад, ки софдилонаву хушбахтона ва ҷавонмардона аз хизмати Ватан - Модар огоҳ гашта қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меоранд.

Аскарони нави ин қисми низомӣ мувофиқи реҷа, аз тарзи истифодабарии яроқ, қадамзанӣ ва дарсҳои назариявӣ низ бархурдоранд. Ҳангоми суҳбат бо чанде аз сарбозон аён гардид, ки хизмат дар қисми низомӣ хуб аст ва камбудӣ ба назар намерасад.

Отабек Шарифов афсари ин қисми ҳарбӣ буда, тӯли 1,5 сол мешавад, ки бо хоҳиши худ барои ҳимояи марзу буми кишвар хизмат менамояд. Хушбахт аз он аст, ки имрӯз дар шароити тинҷу осуда баҳри адои қарзи шаҳрвандии хеш хизмат мекунад.

- Мехоҳам оянда дар сафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятро идома диҳам. Иқдомҳои Пешвои миллатро шиори худ дониста, барои ободию сарсабзии кишварамон ҳамеша камари ҳиммат баста, хизмат мекунам. Ногуфта намонад, ки имрӯз шароит дар қисмҳои низомӣ хуб аст, ягон камбудӣ дар ин самт дида намешавад, - мегӯяд мавсуф. - Ба шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанду ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баҳои нодуруст медиҳанд, гуфтанӣ ҳастам, ки хизмат ба Ватан шараф аст.

Ҳамчунин, ба мисли Икром Дӯстов ҷавонони шуҷоу далер ва ватандӯсту хештаншинос бисёранд. Мехоҳанд, ки дар қисмҳои низомии кишвар хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд.

- Мехостам мисли ҷавонмардони Ватан бо либоси ҳарбӣ дар саф биистам. Хизмат ҳамаи моро ба ҳам меоварад. Баҳри хизмат аз ҳар гӯшаву канори кишварамон сарҷамъ мешавем ва кишварамонро муҳофизат менамоем.

Мехоҳам, ки ҷавонони кишвар мардона ва далерона ба хизмат омада, қарзи шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо оранд, - мегӯянд сарбозони навдаъватгардида Меҳроб Раҷабалиев ва Сӯҳроб Охунҷонов.

Воқеан ҳам, имрӯз шароити қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо барои тайёр намудани сарбозони далеру шуҷоъ хуб аст. Танҳо ҷавонон бояд бо рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба қисмҳои низомӣ омада, марзу буми Ватани худро ҳифз намоянд. Зеро хизмат мактаби далериву шуҷоатмандӣ мебошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Созандагӣ ва бунёдкорӣ аз фазилатҳои Пешвои миллат аст!

Имрӯз, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар вусъати тоза гирифта, дар қатори корхонаҳои нави истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ, дармонгоҳҳо, шоҳроҳҳо ва дигар иншооти муҳим, муассисаҳои таълимӣ дар саросари мамлакат сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат гузоштани санги асос ва бунёди бинои нави таълимии замонавӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон далели раванди амалӣ гардидани ислоҳоти соҳаи маориф дар самти бунёди муассисаҳои нави таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бахусус, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6500 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, китобхонаҳо, қасру боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, марказҳои тиббӣ, сартарошхонаву ҳаммомҳо, толорҳои кошонаи ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхона, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.

Дар радифи ҳамаи ин бунёдкориҳо ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому осудаи кишвар ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат корҳои ободониву бунёдкориро бомаром идома медиҳанд.

Азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, кабудизор шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ, сохта ба истифода додани толори варзишӣ, нуқтаи тиббию санитарӣ, таҷдиду таъмири биноҳо, таъсиси ду лаборатория ва ҳашт кабинети таълимӣ - методӣ, таҳияи лоиҳаҳои бинои дуошёнаи таълимӣ, хобгоҳ ва хонаи истиқоматии баландошёна барои устодону кормандон аз ҷумлаи тадбирҳои донишгоҳ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, минбаъд низ дар муассиса корҳои ободониву созандагӣ тақвият бахшида мешаванд.

Итминони комил дорем, ки ҷашни мубораки 30 - солагии истиқлолияти Ватани маҳбубамон дар сатҳи воло таҷлил гардида, бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, пеш аз ҳама, хониши хубу аъло, вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ, ифтихор аз миллату ватандорӣ, тавлиди истеъдодҳои ҷавону ихтироъкор ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа дар хотираҳо нақш баста, дар китоби таърихи халқу кишвари азизамон саҳифаи тозаи муҷалло ва пурмуҳтавое зам хоҳад кард.

Б.ҲАКИМОВА,
сардори шуъбаи таҳлил ва робита
бо ҷомеаи Донишгоҳи давлати ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее