03 May 2019

Куртаи чаканро бин, гулҳои чаманро бин

Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории фестивалу озмунҳо ба муносибати «Солҳои 2019-2023 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Тавре муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ зикр дошт, чакан таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, он то кунун хусусиятҳои хоси миллии халқи тоҷикро дар худ нигоҳ доштааст. Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ буда, он дар матоъҳои пахтагин ва абрешимин  дӯхта шуда, дар байни занони тоҷик шуҳрат ёфтааст. Дар вилояти Хатлон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсиву домодӣ ба шумор меравад. Ва имрӯзҳо чакандӯзию чаканпӯшӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон маъмулу машҳур гаштааст.

Санъати чакан аз насл ба насл, аз устод ба шогирд ба мерос гузашта, дар замонҳои қадим дар чакан бештар нақши офтоб, моҳтоб ва оташ, ки онҳоро ҳамагон муқаддас медонанд, дӯхта мешуд. Нақшу нигори чакан инъикосгари табиат буда, чеварону тарроҳони чирадаст аз даврони қадим то имрӯз бо таровати хоса гӯё табиати Ватанро бо риштаҳои ранга дар рӯи матоъ инъикос мекунанд.

Он  пайванди симои таърихист ва ҳалқапайванд аз насл ба насл хоҳад гузашт. Дар чакан эъҷози ҳунари ниёгонамон нуҳуфта, онро рангобаранг, садрангу садбаргро дар чаманистони либоси бонувони зебочеҳра дидан мумкин аст, ки қалбҳоро масруру дидагонро нур мебахшад. Баробари дидани куртаи чакан дар чашмони ҳамагон манзараи дилфиреби чаманистони кишвар ба назар мерасад. - Боиси ифтихори мост, ки, - қайд кард Назира Ғаффорӣ, - бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар асоси Қарори Ассамблеяи ЮНЕСКО куртаи чакан дар фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чун як навъи гулдӯзии миллии Тоҷикистон дар феҳристи мероси миллии фарҳангӣ эътироф шудааст.

Аз рӯи бахши «Беҳтарин либоси қадима» Малоҳат Кенҷаева (шаҳри Бӯстон), М. Ашӯрматова (шаҳри Хуҷанд), Назира Пӯлодова (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), аз рӯи бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона» Орзу Бердиева (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Шоира Бекназарова (ноҳияи Зафаробод), Миҷгона Аҳмадова (шаҳри Гулистон), дар бахши «Беҳтарин либоси рӯзмарра» Заррина Шарифова (шаҳри Конибодом), Лола Сиддиқова (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Насиба Одинаева (ноҳияи Бобоҷон Ғавфуров), дар бахши «Беҳтарин либоси расмӣ» Наргис Абдувалиева (шаҳри Бӯстон), Зиёда Муҳаммадиева (шаҳри Истаравшан), Парвина Нозирова (шаҳри Исфара)) ва дар бахши «Беҳтарин навъи сӯзанидӯзӣ» Нурихон Ибодуллоева (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Зулола Холова (шаҳри Панҷакент) ва Сабоҳат Шоҳхоҷаева (ноҳияи Мастчоҳ) соҳиби се ҷойҳои аввал ва мукофот гардида, ба фестивали ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.    

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз аз 30 апрели соли 2019, № 205

Дар бораи ташкил ва баргузории

Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, бахшида ба «Солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар асоси пешниҳоди муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ аз 24 апрели соли 2019, № 6/216 қарор мекунам:

1. Даҳаи аввали моҳи май соли 2019 Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳо, харҷнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Фестивал тасдиқ карда шаванд.

3. Ҳамоҳангсози қарори мазкур Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муқаррар карда шавад.

4. Раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, шуъбаҳои иттилоотию таҳлилӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» ва Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тадбирҳои мушаххас андешанд.

5. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки барномаи фарҳангии Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати мақсаднок ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври аввали Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки маблағгузории баргузории Фестивалро аз ҳисоби маблағҳои ба Раёсат дар соли 2019 пешбинишуда мувофиқи замимаҳои 4 ва 5 амалӣ намуда, истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин намояд.

8. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ва маҷаллаи «Паёми Суғд» ҷараёни омодагӣ ва рафти Фестивалро дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа инъикос намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ вогузор карда шавад.

Читать далее

Қаноатмандӣ аз фаъолияти Шӯрои вилоятӣ

Санаи 3 майи соли равон дар толори тарабхонаи «Дӯстӣ - Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони сохторҳои мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба натиҷаи кори Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҷеъ ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат, фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ, ҳифзу ҳуқуқи инсон, беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ин самт суханронӣ намуд.

- Шӯроҳои маҳаллӣ бояд фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, бахусус дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбад, - аз ҷумла зикр дошт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ иштирок намуда, суханронӣ намуд. Мавсуф нақш ва мақоми Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷомеа шоиста ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, баҳри боз ҳам беҳтар фаъолият намудани Шӯро фикру андешаҳояшро баён дошт.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Шоназаров, директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» - и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев ва сардори Раёсати адлияи вилоят Мамлакат Раҳматзода доир ба мавзъҳои мухталиф, аз ҷумла дастрасӣ ба адолат, маъюбият ва муҳити дастрас, корҳои ба сомон расонида шуда дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори назар карданд.

Дар ҷаласа оид ба натиҷаи татбиқи пилотии ёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод гардид.  

Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ҷамъбаст намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласа дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Барномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Конфедератсияи Швейтсария доир гардид.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Бинои нави табобатӣ - тақозои замон

Тибқи дастуру супориш ва Амри Президенти мамлакат дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар вусъат доранд.

Бояд зикр намуд, ки қатори иншооти ҷашнӣ бунёди бинои нави Беморхонаи вилоятии касалиҳои дилу шараён далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба рушду такомули соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони бино дар муассисаи давлатии Маркази беморхонаи дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи А.Орифов дар шаҳри Хуҷанд моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят, пудратчии сохтмон ҶДММ «Евростройсервис» буда, иншооти мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» тарҳрезӣ шудааст.

Расул Абдуллоев - роҳбари ҶДММ «Евростройсервис» таъкид дошт, ки бино дар масоҳати 1440 метри мукааб сохта шуда, тибқи лоиҳа дар он 120 кат барои бемор гузошта мешавад. Дар саҳни он ду фаввора, таваққуфгоҳ сохта шуда, панҷарабандӣ ва кабудизоркунии гирду атроф дар назар аст. Муҳлати ба истифода супоридани иншоот то соли 2020 мебошад.

Муҳандис Фурқатҷон Орифов иброз дошт, ки 30 нафар сохтмончӣ бо як маҳал хӯроки гарм таъминанд. Аксари маҳсулот ватанӣ буда, шароит барои сохтмончиён муҳайё гардидааст ва моҳонаи онҳо аз 1200 то 1800 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои хушсифату сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Сохтмончӣ Ҳалим Ваҳҳобов гуфт, ки тайи бист сол аст, дар сохтмон сару кор дошта, ризқу рӯзиашро аз ҳамин касбаш мебинад. Кормандон дар ҳар се моҳ бо либоси махсус таъмин карда мешаванд. Шукргузор аз даврони тинҷиву оромӣ дорам, ки дар Ватани худ хизмат намуда, аз шароите, ки барои мо омода кардаанд, қаноатмандаем.

Мурод Дадобоев – сохтмончӣ: - Маҳз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мӯҷиб гардид, ки рӯз то рӯз кишварамон ободу зебо гашта истодааст. Мо бо дасту дили гарм меҳнат намуда, ҷавобан ба ин ибтикор ваъда медиҳем, ки бо ғайрати дучанд саъйу кӯшишамонро баҳри гул - гулшукуфии Ватани азиз равона созем. Итминони комил дорем, ки беморхона солиёни зиёд ба мардум хизмат менамояд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Кишти пунбадона: Самарабахшии суръат ва сифат муҳим аст!

Замини киштзорон ҳамавақт истифодаи самаранок ва тадбирҳои фаровонҳосилӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакатро тақозо ва талаб менамояд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд бардоштани маърифати истифодаи замин дар минтақаҳои кишоварзии вилоят муваффақиятҳо ба даст оварда мешавад. Ҳадаф ҳар порча замини корами обӣ самарабахш истифода бурда шавад. Дар ин замина кишоварзони вилоят аз шароити мусоиди обу ҳаво оқилона истифода бурда, ҷараёни гузаронидани кишти пахтаро бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ нерӯи нав мебахшанд.

Яке аз самтҳои асосии чорабинии муҳими иқтисоди миллӣ ин саривақт, мувофиқи талаботи агротехникӣ, дар асоси меъёр ва дурнамо вусъат додани кишти пунбадона дар ноҳияҳои пахтакор маҳсуб меёбад.

Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Сарраёсати кишоварзии вилоят то 30 - юми апрели соли равон аён мегардад, ки дар маҷмӯъ дар вилоят дар 50 ҳазору 696 гектар замин кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки 84,5 фоизро ташкил менамояд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта 12,5 фоиз кам аст. Агар вазъи обу ҳаворо ба назар нагирем, суръати кор сустар буда, муҳлати кишт кашол ёфта истодааст. Дурнамои имсолаи кишти пунбадона дар вилоят 58 ҳазор гектар муқаррар гардидааст.

Нишондиҳандаҳои анҷомёбии кишти пунбадона дар ноҳияҳои Конибодом - 97,7 фоиз, Бобоҷон Ғафуров - 95,7, Ашт -88,8, Зафаробод - 84,9, Спитамен - 80,6, Мастчоҳ - 74,9, Ҷаббор Расулов - 74,2 фоизро ташкил намудааст. Ноҳияҳои мазкур масоҳати зиёди замини корам барои кишти пунбадона доранд, ки тибқи талаботи навбатӣ афзун намудани гектарҳои мувофиқи пахтапарварӣ тарҳрезӣ шудаанд. Яъне дурнамои масоҳати замини кишти пунбадона дар ноҳияҳои Ашт - 6 ҳазору 200 гектар, Бобоҷон Ғафуров- 8 ҳазору 400, Зафаробод - 14 ҳазору 700, Конибодом- 6 ҳазор, Мастчоҳ - 12 ҳазору 400, Спитамен - 6 ҳазору 400, Ҷаббор Расулов - 5 ҳазору 900 гектар муайян гардидааст.

Дар қиёс нисбат ба натоиҷи порсола суръати кишти пунбадонаро заҳматкашони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом тезонида, дар паи амалигардонии тадбирҳои фаровонҳосилианд. Аммо агар ба маълумот назар андозем, кишоварзони ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов нисбатан дар муқоиса бо порсола киштро кашол дода истодаанд. Дар ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов дар як рӯз ҳамагӣ мутаносибан - 105, 141, 132 ва 51 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин рақамҳо қаноатбахш нестанд.

Соли равон кишоварзони вилоят дар қиёс назар ба порсола масоҳати пахтазорро 2 ҳазор гектар зиёд намудаанд. Ин қобили таваҷҷуҳ аст, аз тарафи дигар ба раванди ислоҳоту рушди соҳаи пахтапарварӣ мусоидат мекунад, мӯҷиби ҳавасмандии ҳамаи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мегардад.

Биноан, бо истифодаи самараноки замин, вақти муносиб ва шароити созгор деҳқонони пахтакори вилоят имсол азму суботи бештаре доранд, то истеҳсоли ашёи пурбаҳои саноатиро афзун гардонида, дурнамои соҳаро барзиёд таъмин намоянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Журналистони вилоят "FactCheсk"-ро омӯхтанд

Аз 29-уми апрел то 1-уми май дар Маркази амрикоии Хуҷанд, "American Space Khujand" тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи "Далелсанҷӣ (фактчекинг) ва кор бо манбаъҳои боз баргузор шуд.

 Дар омӯзиш 20 нафар рӯзноманигор аз шаҳру навоҳии вилоят доир ба муҳимияти далелсанҷӣ ва тафаккури интиқодӣ, захираҳои санҷиши мавод ва усули кор бо онҳо маълумот гирифта, савияи дониши назарӣ ва амалии хешро боло бурданд.

Аз ҷониби тренерон Ҷамшеди Маъруф ва Гузал Маҳкамова зарурати шинохти иттилооти саҳеҳу дурӯғ ва тарзи санҷиши онҳо аз манобеи боз шарҳ дода шуд.

Ҷамшеди Маъруф - медиа-тренер, блоггер ва муҳаррири сайти factcheck.tj мегӯяд, ки иштирокчиён давоми се рӯз дар бораи роҳҳои санҷиш далелу иттилоъ, кор бо манбаъҳои бозро омӯхтанд.

Тарз ва роҳҳои санҷиш аслӣ будани сурат, видео, арқому санад, муайян кардани рост ё дурӯғ будани иттилоъро аз худ карданд.

Зайнуриддин Заҳайризода - рӯзноманигор аз шаҳри Исфара, мегӯяд, ки аз ин омӯзиш тайи се рӯз таассуроти ҷолиб ва маълумоти нав гирифта, минбаъд донишҳои гирифтааш ба касбияти маводи навиштааш таъсири мусбат мерасонад.

-Ман аз ин тренинг чизҳои навро барои худ омӯхтам ва дӯстони навро пайдо кардам. Ба ибораи устод Нурзод "Паймонаҳо лабрез кун, имрӯз рӯзи бад набуд", яъне ин се рӯз фикр мекунам беҳтарин рӯзҳои зиндагиам буд ва дар зеҳнам ҳамеша боқӣ мемонад, - мегӯяд Зайнуруддин Заҳайризода.

Нигора Ҷӯраева, рӯзноманигор аз иштирок дар ин тренинг қаноатманд аст.

-Тренинги мазкур бароямон бисёр барномаҳои нав ва усулҳои замонавии далелсанҷиро омӯзонид. Мо метавонем дар фаъолияти кориамон аз имкониятҳои ин барномаҳо истифода кунем. Мо медонем, ки замон дар такӯпӯ асту ҳар лаҳза барномаҳои нав барои боз ҳам сабук кардани фаъолияти мутахассисон ихтироъ мешавад ва омӯхтани навгониҳои илмию техникӣ бароямон зарур мебошад, зеро журналист бояд ҳамқадами замон бошад, бинобар ин тренинг бароямон хеле муфид буд, - мегӯяд Нигора Ҷӯраева.

Озода Набиев, рӯзноманигор аз ноҳияи Деваштич низ аз ин омӯзиши серӯза бардоштҳои хуб дорад.

-Иштирок дар ин семинар барои ман бисёр чизҳоро омӯхт. Дар бораи якчанд сайтҳое, ки имкониятҳои васеъ доранд, маълумот пайдо кардам. ҳамчунин, дӯстони зиёд пайдо кардам. Аз ҳама муҳим барои ман омӯзиши FactCheсk мебошад, ки номашро фаҳмида будам, аммо маълумоташро аз ин семинар омӯхтам,-мегӯяд ӯ.

Гуфтанист, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупова маблағгузорӣ ва бо ҳамкории Intӯқnӯws роҳандозӣ шуда, се моҳ идома меёбад. Иштирокчиён дар ин фурсат далелснҷии хешро гузаронида, дар назар аст варақаҳои иттилоотӣ нашр намоянд.

Сурайё Ҳакимова,
"Ҳақиқати Суғд»

Читать далее