November 2018

22 November 2018

Шоҳкории бузурги инсоният

Ба истифода супоридани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» натанҳо барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои аксари мардумони кишварҳои ҷаҳон рӯйдоди муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро, ки бевосита ба ташаббус, матонат, боварию эътимод ва хиради ояндабини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, дар он рӯзи таърихӣ мардум аз тамоми шабакаҳои ҷаҳон тамошо карда, ба қудрату нерӯи халқи тоҷик аҳсант хонданд.

Cуханони Пешвои муаззами миллат «халқи бузургвори ман» ва «Тоҷикистони азизи ман»-ро шунида, вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт, зеро ин суханон, ки аз забони шахсияти аввали кишвар садо медоданд, нишони муҳаббат, самимияти саршор аз эътимод ва боварӣ буд ва ҳаққо, ки ҳамин тавр низ ҳаст: имрӯз халқ ба Пешвои муззами миллат ва Пешво ба халқи кишвар эътимод доранд ва ҳамин боварию эътимод Тоҷикистони соҳибистиқлолро сол аз сол зеботару ободтар мегардонад.

Гузашта аз ин, суханронии худро бо лафзи ширини тоҷикӣ оғоз кардани ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Мюллер ва намояндаи ширкати «Имрежило Салини» баёнгари ризоиятмандӣ ва қаноатманд гардидани онон аз  ҳамкорӣ дар заминаи бунёди ин нерӯгоҳи муқтадир ва беназир буд. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз таассуроти бузурги худ вобаста ба он, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба ваъдаи ба мардуми тоҷик додаи хеш вафо намуд, омодагии ин созмони бонуфузро дар ҳамкориҳои оянда иброз намуда бошад, намояндаи ширкати итолиёвиро «ин шоҳкории бузурги инсоният», ки сохтмони он дар миқёси ҷаҳон беназир мебошад, ба таҳайюр овард.

Тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон, коршиносону мутахассисони соҳавии кишварҳои дигар ин рӯйдоди муҳим ва санаи барои миллати тоҷик фаромӯшнопазирро дар сархати барнома ва андешаҳои хеш гузошта, ба ибораи нависанда ва публитсисти рус Александр Проханов бунёди ин тамаддунро «иншооти президентӣ» унвон карданд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналхалқӣ мавқеи хешро боз ҳам устувортар гардонид, шодиву нишоти мардуми шарифи кишвар ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги он амалӣ гардид.

Таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд.

 Тоҷибой Султонӣ,
мудири шуъбаи
рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси вилоят

Читать далее

21 November 2018

В и з в и з а к ё технологияи тавлиди баёнияҳо

1. Ҳикмат

"Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ!"

2. Имтиҳонӣ

Баъди ошӯби зиндони Хуҷанд мо ба хулосае омадем, ки аз номи Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон Муҳаммад Расул - мавқеъи моро баён мекунад. Ҷонишини раиси Анҷуман худ солҳо заҳри зиндонро чашидааст ва ин мавзӯъро хубтар медонад.

Читать далее

БАҲРИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ

 

 

 

Баҳри тарзи ҳаёти солимро ба ҳар сокини вилоят, бахусус ҷавонон ба анъана ворид намудан, фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо намудҳои гуногуни варзиш ва ба ин васила ҳифз намудани онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш, бахусус ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намудани ҷавонон тадбирҳои мушаххас тарҳрезӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.

Дар ин радиф мухбирамон ба мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев бобати то кадом андоза ба намудҳои варзиш ҷалб гардидани ҷавонону наврасон, ҳамчунин вазъи бунёди иншоотҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳии вилоят пурсон шуд.

-Баҳри ба теъдоди кофӣ дар шаҳру навоҳии вилоят муҳайё намудани иншоотҳои варзишӣ бо Қарори Раиси вилояти Суғд Барномаи таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои варзишӣ барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расидааст. Тибқи Барнома дар соли 2018 бунёд ва тармими 114 иншоот дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд, бо қувваи сокинон 75 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдонча ва толорҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар иншоотҳо тариқи ройгон сохта ва ба истифодаи мардум дода шуданд.

-Дар самти ҷалби сокинон, аз ҷумла ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш бошад, давоми нуҳ моҳи соли равон 898 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 20-25 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ, бокс, дзю-до, вазнбардорӣ, каратэ-до ва дигарҳо доир карда шуда, дар онҳо 154.821 нафар сокинон, бахусус ҷавонону наврасон бо варзиш фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 55.906 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби ғолибони ин қувваозмоиҳо дастаи 2490 нафараи варзишгарон таъсис дода шуд, ки 507 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ин дастаи варзишгарони вилоят дар беш аз 80 мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба гирифтани 1378 медалҳо, аз ҷумла тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шуданд. Аз ҳисоби ин дастаи варзишгарони вилоят 156 нафар, аз ҷумла 15 нафар бонувон дар 36 мусобиқа, олимпиада ва чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоми Ҷаҳон, Ҷоми Осиё иштирок ва соҳиби 65 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гашта, парчами Тоҷикистонро боло ва номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Нигоранда Рафоат МӯЪМИНОВА,

«Хақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт

 

 

 

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди ҷашни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт” доир гардид.

Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, мутахассисону коршиносони соҳа, устодони муассисаҳои олии вилоят ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Анвар Яъқубӣ афзуд, ки маросими ба истифода додани аввалин агрегати НОБ “Роғун” қадами қатъӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида, 26,9 фоизи маҳсулоти умумии кишварро таъмин мекунад. Давоми 9 моҳи охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 107 фоиз баланд гардида, 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Турсун Холматов зикр кард, ки ноил шудан ба рушди устувору иқтисодиёт яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Сипас, таҳти унвони “Роғун-асоси рушди устувори иқтисодиёт” номзади илмҳои техникӣ, дотсент О.Раҳимов бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

 Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

НОМАИ САРКУШОДАИ М.ВОҲИДОВ, УЗВИ ПУШАЙМОНШУДАИ ТТЭ ҲНИ «ДАР БОРАИ ПОШ ХУРДАНИ САФҲОИ ОППОЗИТСИЯ ДАР ЕВРОПА ВА КИШВАРҲОИ НАЗДИ БАЛТИКА»                             

                            

                           ҚИСМИ 1

 

Ба мулоҳизаҳои сиёсӣ ва амнияти шахсӣ, муаллифи ин мақола, аз ифшои номаш ибо варзидааст. Бо ирсоли ин баёнот аз яке аз кишварҳои соҳили назди Балтика, зикр кардааст, ки «дарки ватандӯстӣ ва пешгирии  ҷиноятҳои ҳаракатҳои шариатмадор, ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва қаноти ҷангии он «Ансорулло», ки дар талоши такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта  мебошанд, ӯро водор кардааст, бо таҳияи ин баёнот ба шакли  «маросими савгандёдкунӣ»-и фарогир дар байни аъзоёни қатории ин ҳизб, ки бо таблиғоти  роҳбарони он, Ватанро тарк кардаанд, доман бизанад.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо фаъолияти гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ аён гардид, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар масоҳати 1 га 10 гармхона ташкил намуда, дар онҳо парвариши помидору бодирингро ба роҳ мондаанд. Дар ҳар гармхона то 3000 бех помидору бодиринг парвариш карда шуда, тибқи иттилои масъулин аз ҳар гармхона то 15 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Читать далее

Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд

Рӯзи 20 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маросими ба истифодадиҳии Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ иштирок намуд.

Бинои Маркази саломатии деҳоти Зарафшон дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ва бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони соҳаи тиб шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, 11 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Читать далее

Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ

20 ноябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои замонавие, ки барои гузаронидани бозии футболи хурд ва волейбол мутобиқ гардонида шудааст, иштирок намуд.

Читать далее

20 November 2018

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Читать далее