November 2018

09 November 2018

Бо тафаккуру андешаи солим баҳри пешрафти кишвар саҳм гузорем!

Барои бақои ҳар ҷомеа ва рушду инкишофи он суботи сиёсӣ ва амнияти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботҳо ба ҳисоб меравад. Аз замони пайдоиши худ давлат маҳз дар анҷоми ин вазифаҳои муҳими сиёсӣ тадбирҳо амалӣ намуда вобаста ба тавоноӣ ва иқтидори ҳарбии хеш ин вазифаи муҳимро анҷом медиҳад. Хосатан дар давлатҳои низоми демократӣ дошта, давлат қабл аз ҳама масъули таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ дониста мешавад. Масъалаҳои дигари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад, бо иштироки фаъоли мардум ҳал мегардад.

Имрӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар байни мардум фитна андохта, назари аҳолиро нисбати ҳокимият дигаргун карданианд.

Мо аз хотир набарорем, ки пешрафту ободии кишвар танҳо дар ҳолати оромӣ, ягонагии ҷомеа, ваҳдати саросарӣ ва ҳифзи якпорчагии он имконпазир аст. Ҳамагон хуб медонем, ки сол аз сол шароити иҷтимоии мардум беҳтар шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад. Боварии комил дорем, ки  дар ҳолати тинҷиву оромӣ ва ягонагии ҷомеа дар арафаи 30-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва шароити сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Вазифаи муҳими мо шаҳрвандон ба дасисаву фитнаҳои бегонагон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагии кишвар мебошад. Зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтар намекунад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
дотсенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Зеҳни ҷавононро аз андешаҳои ифротӣ эмин дорем!

Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни олам арзи вуҷуд кардани зуҳуроти террористиву ифротгароӣ ба амнияти сокинони дунё таҳдид карда, ба як муаммои ҳалталаб табдил гаштааст. Мо аз воситаҳои ахбори умум дар бораи ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон огоҳӣ дармеёбем.

Террористон ба василаи ҷалбкунӣ ба гурӯҳҳои худ ҷавонони зудбоварро аз Ватан берун, аз хешу табор ҷудо мегардонанд, бо ваъдаҳои пуч домани онҳоро пур ва ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ҷиноятҳои вазнин тела медиҳанд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҳизби мамнӯи наҳзат шудаанд ва ба нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омада, имрӯз аз карда пушаймонанд.

Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо дар маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳои кишварамон чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиғотию ташреҳи байни ҷавонон тақвият ёфтаанд, тарбияи ватандӯстию инсонпарварӣ миёни онҳо пурзӯр карда шуд. Ин ҳама тадбирҳо ба воқеъбину мулоҳизакор, хушрафтору дурандеш шудани ҷавонон  нигаронида шудаанд ва мо, омӯзгорон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, то ки онҳо баҳри шукуфоии Ватан саҳмгузор бошанд.

Муаззамой РАҲМОНОВА,
мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

БА МО ПАСТӢ НАМЕЗЕБАД БАРОДАР!

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров - яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гурӯҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо монеа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.

Эй вой, ба он нафарони кӯрнамаке, ки бо мақсади ноором намудани  ҷомеа ва ба таҳлука афтонидани мардум тиркушоӣ менамоянду  осудагиву оромиши давлати азизамонро халалдор месозанд. Ростӣ, баробари мутолиаи мақолаи “Хурсанд Мазоров ба роҳбарии ҳодисаҳои Хоруғ айбдор шуд” дар сувари хаёам носозгориҳои солҳои 1992 - 1995, ки банда донишҷӯ будаму дар шаҳри Душанбе зиндагӣ доштам, ҷилвапардозӣ намуданд. Ин гуна разилон магар дарк намекунанд, ки як садои тири бемаънии онҳо осудагии ҳазорон нафар мардуми бегуноҳро барбод медиҳаду оромии халқро аз байн мебарад. Эй бародарон, умри инсон  чанд сол аст, ки боз ба ҳамдигар кинаву адоват ва бухлу ҳасад меварзем? 

Мо бояд шукргузор бошем, ки соҳиби Ватани азиз, хонаву дари обод ва сарзамини биҳиштосо ҳастему Худованд бароямон Сарвари оқил эҳдо намудааст, ки ин неъматҳоро аксари ҷаҳониён орзу менамоянд. Дар хоки аҷдодии мо падарону бобоёни азизамон мадфан гардидаанду намегузорем, ки рӯҳи поки онҳо ноором гардад. 

Шахсан ман ба мардуми заҳматқарину меҳнаткаши Бадахшони бостонӣ, ки қалби бениҳоят шаффоф доранд, эътимоди зиёд дошта, таманнои онро дорам, ки дар ин сарзамини ганҷхез ба ҷуз садои марғуладори лаъли Бадахшону овози дастпонаҳои модарону хоҳаракони бадахшӣ,  замзамаи тифлакони ширинзабону нозпарвари ин сарзамини биҳиштосо   дигар садое баланд нагардад.

Ё ба қавли Лоиқи зиндаёд:

Чу мо фарзанди кӯҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад бародар!

Сарвиноз ҶӮРАЕВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Ҳифзи амнияту субот – вазифаи ҳар шаҳрванд

Омӯзгорон бояд ба инобат бигиранд, ки донишомӯзӣ ба сулҳу оромии кишвар вобастагӣ дорад. Тамоми устодонро зарур аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки шогирдон ба таблиғу ташвиқи бегонагон дода нашуда, ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ нагарданд.

Рӯзгори орому осуда, фазои кушод ва вазъияти хуби зиндагиро дар Ватани азиз-Тоҷикистон дарк намоянд, ба қадри он расанд.

Ҳаёти осоишта, орому осудаи халқи азизи мо пеш аз ҳама ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, умуман ҷомеа вобастагӣ дорад.     

Фирӯза Рӯзиева,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Ҳар кӣ бар зарари халқ равон чу баҳр…

Мо дар асри пешрафти илму техника ва технологияи муосир қарор дорем. Вақте бо назари инсофу адолат нигаҳ кунем, баръало эҳсос карда метавонем, ки сатҳи зиндагии тоҷикистониён рӯз ба рӯз беҳтар, диёрамон ободу зеботар мегардад. Асоси ин ҳама сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ваҳдату тифоқии халқ аст.

Сулҳ бузургтарин сармояи маънавии инсоният аст, ки шароит ва имконият фароҳам меорад аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндаги кунанд. Шукргузори мекунем, ки дар диёрамон сулҳу субот ҳукмфармост. ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои дуру наздик робитаи дӯстиро рӯз аз рӯз бо кишвари мо мустаҳкам менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамин нуктаро асоси фаъолияти хеш қарор дода, ҳамеша саъйу кӯшиш менамуд, ки сулҳу субот пойдор бошад.

Тақозои дини мубини Ислом низ ҳамин аст. Зеро дини мо дини сулҳу салоҳ, накӯкорӣ, ободонӣ хулқу ахлоқи накӯи инсонӣ аст. Ба давлатҳое, ки ин неъматро аз даст додаанд, назар кунем, аксарияти ҷавонони ин кишварҳо ба ақидаҳои гуногуни ғаразнок кӯр-кӯрона пайравӣ намуда, ба даст аслиҳа гирифта, тинҷиву оромии кишварашонро бо дастони худ халалдор месозанд.

Дар асри ХХI ҷараёну равандҳое зуҳур карданд, ки боиси харобии баъзе давлатҳо, парешонии бархе миллатҳо гардид. Хусусан, зуҳуроти даҳшатноки терроризму ифротгароӣ дар шаклҳои гуногун бо истифода аз дину оин ба ҷомеа роҳ ёфт. Минтакаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифт, даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, сулҳу субот, оромиву осудаги халалдор гардид.

Аз чунин созмонҳо ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ мебошад. Бадхоҳони давлату миллат ҳаргиз ободиву тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд. ҳамеша дар ҷустуҷӯи камбудиву эҷодӣ фитнаанд.

Cанаҳои 16 – 18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Араби Миср конференсияи Шӯрои уламои дини ҷаҳон баргузор гардид. Дар он ҳайати расмӣ аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар конференсияи мазкур раиси Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, ҷинояту хиёнатҳои ташкилоти террористии ҳизби наҳзатро равшан баён намуд.

Муфтии собиқи давлати Миср доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки ташкилоти эктремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро байни ҷомеа паҳн намоянд. ҳадафашон бесару сомонии амнияти кишвар буда, барои парокандагӣ талош меварзанд.

Хатарҳои ҳизби наҳзати исломро ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, олимони дин ба хубӣ шинохтанд ва аз хатари он ба дини Ислом дар ҳазаранд. Кабириву хоҷагони хориҷиаш наметавонанд аз номи Ислом баромад кунанд. Зеро тамоми аҳли башарият онҳоро ҳамчун ташкилот ифротгаро шинохт, эътироф кард.

Давлату ҳукумати мо тадбирҳои сулҳҷӯёнаро амалӣ карданд, дар кишвар тинҷиву суботро пойдор гардониданд, аммо Кабириву ҳаммаслаконаш ба ҷои шукр куфрони  неъматро ба худ муносиб диданд.

Ҳар кӣ бар зарари халқи хеш равон шуд чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Ҳоҷӣ Набихон Ярқулзода,
имом-хатиби Ҷамоати деҳоти Шаҳрак,
шаҳри Исфара

Читать далее

БАДАХШОН САРМАНШАИ СУЛҲУ ОРОМИСТ

(Дар ҳошияи суханронии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмумин Ятимов дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон )

Тавре аз гузориши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сайидмумин Ятимов, ки дар назди намояндагони фаъоли Бадахшон  сурат гирифт, ба мушоҳида мерасад, таъминоти оромиву сулҳ дар ин ҷо боиси рушду нумӯи на ин ки қаламрави кишвар ба шумор меравад, балки ин ҳадаф аҳамияти минтақавиву байналмилалӣ дорад. Зеро дар қаламрави вилоят сохтмони чандин иншооти хусусияти минтақавидошта  дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки роҳи байналмилалии Абрешим ҳамин минтақа мегузарад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун дарвозаи тиллоии мамлакат арзёбӣ мегардад, бо мардуми соҳибмаърифату маорифпарвараш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, маркази сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Бояд имрӯз ҷавонони боистеъдоду баори ин минтақаи таърихӣ барои ҳифзи ин мероси гаронмоя нақши сазовору созанда дошта бошанд. Хушбахтона, боиси сарбаландиву сарфарозии ҳамаи мост, ки дар фурсати начандон тӯлонӣ ҷавонони баору номус ва дар маҷмӯъ мардуми сарбаланди Бадахшон моҳияти сиёсати дурбинонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии мардум фаъолиятҳои назаррас зоҳир карда истодаанд, ки ин албатта, муваффақият ба шумор меравад.

Таъмини амният дар миқёси Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти минтақавиву байналмилалӣ ба худ касб кардааст.

Мо - аҳли илму маорифро қасамёдкунии саркардаҳои ҷиноии ин вилоят қаноатманд кард ва ин албатта, агар аз як ҷиҳат натиҷаи кори ситоди доимоамалкунандаи байниидоравӣ дониста шавад, аз ҷиҳати дигар хидмати бедареғи худи мардуми Бадахшон ба шумор меравад, ки аз чунин кирдорҳои ноҷавонмардонаи ҷинояткорон дилбазан шуда, дигар намехоҳанд, ки чунин корҳо домани васеъ дошта бошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон буда, дар саргаҳи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, фурӯши силоҳ ва шикастани сарҳад  қарор дорад. Аз ин ҷиҳат, оромии ин минтақа оромии мамлакат буда, солимии мардуми он саломатии имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, мо аз гуфтаҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хулосаҳои амиқ бароварда, аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меоварем, ки ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва супоридани аслиҳаҳои ҷангӣ саҳми назарраси хешро гузошта бошанд.

Р.АБДУЛОВ,
сардори раёсати илм ва инноватсияи
МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Дирӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

Читать далее

Сайидюнуси наҳзатӣ мардумро ба қонуншиканӣ даъват мекунад

Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзўи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода,  дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад.

Читать далее

09 November 2018

Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)

  Сомонаи зертобеи «risolattj.com», ки пойгоҳи иттилоотии оппозитсияи хоин дар хориҷ мебошад ва бо иғвоангезиву ифротгароияш машҳур аст, хабараке пахш кардааст, ки гӯё «Гулмурод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон» аст». Боз аз як Бунёди «фарҳангҳои бефарҳанги стратегӣ» низ иқтибос кардааст. Даъвоҳои ин сомонаи дурӯғгӯ ба куллӣ ба воқеият рост намеояд. Даъвоҳои куҳнаву нави ин сомона бо чанд далел рад мешавад:

Читать далее

09 November 2018

Оғӯшу таҳпӯшхариҳои Кабирӣ Ҳумайроро мухолифи давлат кард

Ҳумайро гуфтааст, мухолифи низом аст, низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ба ин маънӣ, худро мухолифи давлату ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаву шарҳҳоеро ҳам барои худсафедкунӣ пеш овардааст. Аммо он чӣ ки аз гуфтугӯи ӯ бармеояд, комилан чизи дигар аст.

Читать далее