November 2018

10 November 2018

Таассуби мазҳабӣ аждаҳопешагист

 

          Дар сомонаи ифротии наҳзатиҳо, ки одатан музахрафоти муассисаш М. Садриддин интишор меёбанд, матлабе таҳти унвони «Ҳукумат - аждаҳои миллат» чоп шудааст.

Читать далее

10 November 2018

Асҳоби каҳф ва паймони Ѓарибон

 

Наќди Бобоҷони Ќайюм ва истеҳ зои он аз назари инҷониб тамсили ќиссаи асҳ оби Каҳ фро мемонад, ки баъди берун омадан аз ѓори тавваҳ умот олам ба назарашон аҷибу ѓариб метобад,

Читать далее

10 November 2018

Ҷинояткорони наҳзатӣ сиёсӣ нестанд

Расонаҳ ои наҳ затӣ  дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳ аммаслакони ҷинояткорашон,

Читать далее

Тюремный бунт - жестокий и беспощадный

Бунт, произошедший в колонии №3 г.Худжанд, где содержатся заключенные, отбывающие наказание за тяжкие и особо тяжкие преступления, а также за терроризм и экстремизм, ещё раз показал, что отдельные СМИ, в числе которых интернет-сайт «Фергана.Ру», «Ахбор.ком», «Паём.нет», «risolat.tj», «isloh.net», «zindonion.com» и др. объективному и адекватному освещению событий предпочитают умышленное искажение фактов в погоне за искусственно созданной  «сенсацией». 

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода - Раиси вилояти Суғд: Саҳм дар таъмини амнияту осоиштагӣ шарафи бузург аст!

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик

9 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри маданияти «Арбоб» - и ноҳияи Бобоҷон Fафуров бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи мутантан баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандон ва собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.

Читать далее

Генерал Хуршед Маҳмадзода-меҳандӯсти асил ва сипар дар муқобили қувваҳои иртиҷоӣ

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ дар хориҷа тавони дидани комёбиҳои Ватанро надоранд. Хаффошони хориҷӣ дар мисоли як муноқишаи маишӣ дар ш.Хоруғ, ба шахсияти генерали ҷангӣ ва марди асил Хуршед Маҳмадзода дарафтидаанд. Дар ин ҳамлаҳои нораво ва душманонаи таблиғотӣ сомонаи ифротгароёни фирорӣ «Паём.нет», ки мансуби ҳизби террористии «ҲНИ» мебошад пешдастӣ дорад.

Читать далее

Меъёрҳои муқаддасоти миллии кишварро риоя ва ҳифз кунем

Сомонаи ивғоангезонаи akhbor.com, ки мансуб ба  Мирзои Салимпур мебошад, дурӯғи навбатии худро нашр намуд.  

Инчунин, дар сомонаҳои дигар дурӯғу бофтаҳои  Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов, Юнус ва Кабирӣ нашр мегардад. Иддаои ин фарзандони фурӯхташудаи тоҷик ин аст, ки мехоҳанд номи миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба бадӣ нишон диҳанд. Зеро онҳоро хоҷагонашон ба воситаи додани кӯмаки моддии доимӣ дар хориҷи кишвар забонкӯтоҳ кардаанд ва дар ивази ин кӯмакҳо нақшаҳои онҳоро пиёда месозанд.  

Аммо нақшаҳои онҳо амалӣ нахоҳанд гашт. Ҷинояту кирдорҳои нангини онҳо зидди қонуну меъёрҳои амалкунандаи Тоҷикистон ва байналмилал мебошанд. Мардуми кишварамон имрӯзҳо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Мо, миллати тоҷик ва ҳар як шаҳрванди баору номусро зарур аст, ки меъёрҳои ин муқаддасоти миллиамонро риоя ва ҳифз кунем.

Чӣ хеле гуфтаанд, озод зистан хоҳӣ, ғуломи қонун бош. Аммо ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Гурӯҳи 24 ва амсоли онҳо, ки зидди қонунгузории Тоҷикистон амал мекунанд, зуд ё дер барои амалҳояшон ҷавоб хоҳанд гуфт.  Кулли сокинони Тоҷикистон зидди амалҳои террористиву ифротгароӣ ҳастанд ва намегузоранд, ки ба Истиқлолияту ваҳдат, сулҳу суботи кишвар халал ворид гардад.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Дар таҳкими суботи кишвар саҳмгузор бошем

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофу рушди қонунгузорӣ, узвият ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, қабули санадҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои  ҷаҳон дар мубориза бо  терроризму ифротгароӣ тадбирҳо амалӣ карда шуд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки василаи самараноки пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ба ҳисоб мераванд. Ин санадҳо асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризмро пурқувват мегардонад. Аммо, санадҳои қабулгардидаро дар амал на ҳама шаҳрвандон риоя мекунанд.

Имрӯз ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз манбаъҳои асосии таъминоти молиявии терроризм ва ифротгароӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, ин амал дар ҷумҳурии мо низ, аз ҷумла дар минтақаҳое, ки бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамсарҳаданд, ба назар мерасад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пеш аз ҳама,  хатари ҷиддӣ ба саломатии шаҳрвандон буда, ба сулҳу субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.     

Бо мақсади  густариш додани амали санади меъёрии ҳуқуқӣ байни ҷомеа, моҳият ва нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар, пешгирии амалҳои террористӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, огаҳ намудани сокинон аз ҳадафҳои террористон ва ғайраҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ мунтазам вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳо  бо устодону донишҷӯён доир карда мешавад.

Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди терроризм, пеш аз ҳама, дар ҷодаи дарк намудани мафҳуми терроризм ва ифротгароӣ, пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ ва ё ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ҷиноятсодиркардаи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дошта, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои террористӣ, аз байн бурдани гуруҳҳои террористӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар нақши муҳим мебозад.

Мо, ҷавононро  зарур аст, ки аз мӯҳтаво ва моҳияти санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ бархурдор бошем. Ояндаи давлат, ки дар дасти мо, ҷавонон мебошад, пеш бурдану муҳофизати давлатро вазифаи хеш шуморем.  Моро  зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, чун фарзандони як сарзамин аз як гиребон сар барорем. На ин, ки мисли бархе ҷавонон фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои террористӣ бошем, балки ҷавонони ватандӯсту хештаншинос бошем, ба арзишҳои волои миллӣ арҷ гузорем. Имрӯзу ояндаи давлатамон аз мо вобастагии калон дорад. Заррае бошад ҳам, саҳми худро дар суботу амнияти кишвари хеш гузорем.

Шодибек Шоҳимардонов,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Шуури ҷавононро аз ақидаҳои ифротӣ эмин дорем

Терроризм ва экстремизм ҳалқаҳои як занҷираро ифода мекунанд. Ифротгароӣ ин назарияи тайёрӣ, вале терроризм ин иҷрошавиро мефаҳмонад.

Ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба инсоният таҳдиду хатарҳои зиёдеро эҷод карда истодааст.

Имрӯз «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба масъалаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми бояд дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзо, ҳифзу сулҳу субот ва амнияти миллат саҳм гузоранд.

Роҳбарони гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёд дода, онҳоро ба коми оташ тела медиҳанд. 

Мутаассифона, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳолатҳои ба таври оилавӣ ба минтақаҳои ҷангзада рафтани сокинон ҷой дорад. Онҳо асосан, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтида, ба ин кишварҳо фиристода шудаанд.

Раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ торафт хусусияти фаромиллӣ касб карда, ба яке аз муаммоҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, чунин зуҳуроти хатарнок минтақа ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳонро фаро гирифта, таҳдид ва амнияти сокинони сайёраро меафзояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ карда шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ – террористӣ эътироф намудани онро, шаҳрвандони кишвар дуруст ва одилона меҳисобанд.

Таҳлили фаъолияти солҳои охири Ҳизби наҳзати исломӣ нишон дод, ки он аз аввали ташкилёбиаш (моҳи декабри соли 1991) барои сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани қудрат талош карда, дар сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даст дошта, маҳз бо ҳамин сабаб он замон баста шуд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизби наҳзат аз нав номнавис шуда, ба фаъолият оғоз кард. Аз ин гузашт хулосаи зарурӣ набароварда, ба ҷои гузоштани саҳм дар рушди кишвар ва якпорчагии миллати тоҷик аъзоёни ин ҳизб боз ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуданд. Дар асоси ин далелҳо фаъолияти ТЭТ ҲНИ мувофиқи қонуни ҷиноӣ манъ карда шуд. Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, тарки узвияти ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар, балки ба таназзули он оварда мерасонад.  

Ш.Тоҷибоев,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
декани факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Ақли солиму нерӯи созанда мебояд

Феълан, аҳди мо аҳди тантанаи ақли солиму неруи созанда муаррифӣ мешавад. Бо ин ҳама боиси таассуф аст, ки дар ҷаҳони мо, дар муҳити тамаддунгарои мо баъзан рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор мегардонанд.

Чунин равандҳои ношоиста имрӯзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб овардааст. Мушкилоти асосии таассуфангези замони мо амалҳои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, харидуфурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмӯъ оромиву суббот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд.

Имрӯз мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба зуҳуроти номатлуб овардаанд ва ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолатҳо мо, омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳои олӣ ва волидонро водор менамояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон эҳтиёткор бошем. Онҳоро дар куҷое набошанд, хоҳ ҳини машғулият, хоҳ дар хонадон, хоҳ дар муҳоҷират беназорат намонем. Аз ҳар рафтору кирдори онҳо бохабар бошем, онҳоро дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтанд.

Лола БОБОЕВА,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее