November 2018

16 November 2018

Зуҳуроти нангин

Ҳодисаҳои Хоруғ, ҳодисаҳои Бадахшон ин воқеъоти худи  Тоҷикистон нест. Ҳар ҳодисаи нохуш боз як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки барои Ваҳдати воқеӣ, барои ягонагии самимӣ, барои муросо кӯшиш кунем. Аз ваҳдати забонӣ, аз ватандӯстии намоишии телевизионӣ, аз сулҳҷӯиҳои муғризона парҳез карда, ба Ваҳдати қалбҳо, ба садоқати самимӣ ба Ватан ва дар симои ҳар тоҷик хоҳ шимолӣ, хоҳ ҷанубӣ, хоҳ шарқӣ ва хоҳ ғарбӣ ТОҶИК-ро бинем он гоҳ сулҳ, оштӣ, муросо, миллат побарҷо хоҳад монд.

Имрӯзҳо афзоиши ҷиноятхои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризм ва экстремизми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат кардааст. Ин ҳодисаҳои мудҳиш моро бори дигар водор мекунад, ки арзиши сулҳу ваҳдатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.  Агар имрӯз иддае аз ҳамватанони мо, ки зиёдтар аз хориҷи кишвар ҳангомаи Ватанхоҳӣ ва «обод»-ии кишвар менамоянд аз ҳукми хоҷагон берун шаванду рӯй ба адолату маърифат оварда, шукрона аз Ватани озоду соҳибихтиёр намоянд. Мо, ҳамагон бояд фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани  аҷдодӣ бар дӯши ҳар кадоми мост.

Мо мардумони шарафмади кишвари азиз,  бояд дарк намоем, ки  ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу суббот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзӣ расидем. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди ватанҳоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музафариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намоем.

А. АТОЕВ,
мудири кафедраи  умумидонишгоҳии
фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Читать далее

Гузаштаро бояд фаромӯш накард...

Таърих гувоҳ аст. Инсонҳои дурандеш, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки гузаштаи худро фаромӯш нанамоянд. Воқеаҳои даҳшатовару хонумонсӯзи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон маҳз бо ташабуси ҳамон нафароне ба миён омада буд, ки мехостанд дини исломро ба ҷабҳаи сиёсӣ табдил диҳанд.

Дар он солҳо як гурўҳ инсонҳои манфиатхоҳу мансабталош хостанд, ки ниқоб дини исломро истифода намуда, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Гурӯҳе дар кӯчаҳои шаҳр бо ном давлати исломӣ, мардуми гумроҳро маҷбур месохтанд, ки гуфтаҳои онҳоро иҷро намоянд. Инчунин ба онҳо аз хориҷа яроқу аслиҳаи ҷангӣ, маблағ, хўроку пўшок фиристода мешуданд.

Аз байн рафтани Тоҷикистон хамчун давлат ба манфиати кӣ ва кадом гурӯҳ будҳ Чаро он нафароне, ки худро дар ҳамон солҳо руҳониву мусалмони асил метарошиданд, мардумро даъват накарданд, ки майдонҳоро тарк намоянд ва ба бетартибиҳо роҳ надихандҳ Ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳе аз паи нобуд сохтани хазинаҳои давлат, талаву тороҷ, корхонаву муассисаҳо муфлису бекории мардуми саргардону гуруснаву мотамзада мешуданд.

Агар ба гузашта ва имрӯза нигоҳ кунем, дирўзу имрўз собиқ роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш бо суханҳои хушку холӣ баромад мекунанд, ки ин ҳама иншогари бадбиниву кина ба ин давлату сарзаминанд. Ҳизби мазкур даъво дорад, ки гуё имзои Созишномаи оштии миллӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ТТЭ ҲНИ ба имзо расида бошад. Аммо тамоми он созмонҳову давлатҳои кафили сулҳ хуб медонанд, ки дар ин созишнома номи ТТЭ ҲНИ набуда, балки ИНМТ (Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик) интишор гардидааст.

Маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ, Ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт обрӯ ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва сабаби ноустуворӣ гардида, аз байн чун селоби печутоб рафт. Таҷриба нишон медод, ки дар фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҳолатҳои экстремистӣ, терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ ва ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Таърих гувоҳ аст ва имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнуъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз марзи Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷӣ ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин рафтору кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишвари азизамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

Мо, миллати куҳанбунёд, фарҳанги воло дошта, бовар дорем, ки халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҳизби ба ном исломӣ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил мегузоранд.

Ҳ.ҒАЮРОВ,
дотсент, муовини ректор оид
ба корҳои таълими
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикитстон

Читать далее

Тафриқаандоз ҷазояшро мегирад!

 Дар сомонаи «Паём нет» 13-уми октябри соли 2018 аз ҷониби Алим Шерзамонов, муовини роҳбари эътилофи ба ном «Паймони миллӣ», якчанд вокунишҳои иғвоангези навбатӣ ба табъ расидааст. Аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳар як инсони соҳибақл маълум аст, ки силоҳ дар дасти афроди ҷиноятпеша ба чӣ оварда мерасонад. Ҳадафи давлату ҳукумат гирифтани роҳи хунрезӣ ва ҷинояткорӣ мебошад. Халъи силоҳ намудани ҷинояткорон ягона роҳи раҳоӣ дар он рӯзҳои мудҳиш буд ва хоҳад монд. Алим Шерзамонов қайд мекунад, ки расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғ пахш мекунанд. Мардуми бонанг хуб медонанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як идда ҷиноятпешагон вазъиятро то кадом дараҷа  муташанниҷ намуда буданд.

Бояд бигӯем, ки Алим Шерзамонов худ дар гузашта узви ҳизби коммунист буда, баъдан аъзои ҳизби сотсиал-демократ гардид. Дар ин ҳизб худро ҷонишини роҳбар эълон намуда буд, ки аз тарафи роҳбарияти ин ҳизб инкор карда шуд. Имрӯз бошад, боз худро муовини кадом як ташкилоти «Паймони мили» эълон карда истодааст. Ӯ  худ ягон мавқеи аниқу дақиқ надорад. Дар шаҳри Варшава ҳамеша дар паҳлӯи М. Кабирӣ буд. Шерзамонов ва дигар афроди ба мисли ӯ аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш маблағгузорӣ мешаванд, мехоҳанд дар мамлакати тинҷу ороми Тоҷикистон фитна ва иғвоҳо ангезанд. Аммо ӯ хатои бузург мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз афкору ақидаҳои устувор дорад ва ба иғвоҳои кабириҳо ва шерзамоновҳо дода нахоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳибааш бо «Паём нет» чоплусона собиқ ҳизби наҳзати исломро сафед карданӣ мешавад. Ҳол он ки он чизе аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Ҳамчунин хабарнигори иғвоангези «Паём нет» дар мусоҳиба чунин тааҷҷуб мекунад, ки агар саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ силоҳҳояшонро насупоранд, чӣ хоҳад шудҳ Чӣ ҳам мешудҳ Албатта, мо аминем, ки мақомоти қудратии давлатӣ ва ҳукумат, бо ҳар роҳе бошад, силоҳро аз дасти ҷиноятпешагон мегиранд, аммо мусолиҳа ва гузашт ин беҳтарин кор аст.

Ашхосе, ки дастовардҳои дар даврони Истиқлолият бадастовардаи тоҷикистониёнро нодида мегиранд, кӯр хоҳанд шуд. Ба ин дастовардҳои мо дигар кишварҳо бо ҳавас менигаранду аҳсант мегӯянд. Ва фақат нотавонбинон ба ин комёбиҳо бо назари танги муғризона нигоҳ карда, мехоҳанд ҷомеаи амну босуботи моро ба ҷангу хун кашанд, аммо як чизро бояд дар хотир дошт, ки тафриқаандозон хоҳу нохоҳ бар ивази кирдори худ ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

М.ШАРИФОВА,
дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Дин ва мазҳаб дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

Бунёд ва сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ниҳоди қудратманди иҷтимоӣ, ба нерӯи зеҳнию ақлонӣ ва зарфиятҳои фикрии ҷомеа сахт алоқаманд аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳар қадар неруҳои зеҳнӣ ё ба истилоҳ интеллигенсия, дар фазосозӣ фаъол бошад, ҳамон қадар муваффақшавии низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёдтар мегардад.

Хусусан, сатҳи биниш ва фаҳмиши донишҷӯён аз дониши муаллим вобаста аст. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бозеки ҳукумати қонунӣ ба фаъолият пардохт то имрӯз давра ба давра ва марҳила ба марҳила дин ва мазҳаб, махсусан мазҳаби ҳанафӣ дар фазои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил шуд.  Тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти марбута, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри «Қуръон»  ва дигар осори исломӣ гувоҳи онанд, ки давлат ва ҳукумат дар ҷодаи амалӣ сохтани ниёзҳои динӣ-иҷтимоии мардум гомҳои устувор бардоштааст.

Ҷомеаи омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мафкураи донишҷӯёнро фазои устувори хештаншиносӣ фаро гирифта, онҳоро аз пайвастшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ боздорад.

Муаззамой РАҲМОНОВА,
мудири кафедраи таърих ва
ҷомеашиносии Колеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Фирефтаи нохалафон набояд шуд!

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Баъзе нохалафони аз илму фарҳангу хираду фаросати инсонӣ бехабар миллати тамаддунофари бостонии моро низ бадном карданӣ шуда, ба ифротгароӣ рӯ овардаанд ва ҷони худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Чунин ашхос набояд фаромӯш кунанд, ки хиёнат ба Ватану миллат хиёнат ба падару модар ва фарзанду бародару хоҳар аст. Афсӯс, аз кӯтоҳандешӣ ин гуна афрод ба қадри гузаштагони нектинат ва тамаддунофари хеш намерасанд.

Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъолгардонии онҳо пайваста, пурра ва ҳамаҷониба омӯхта, ва ба ҷавонон фаҳмонида шаванд, то ки онҳо аз ноогоҳӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нагарданд. 

Мақсадулло РАҶАБОВ,
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Нафрати уламои сатҳи ҷаҳонӣ ба наҳзат

Тавре маълум аст, бо он, ки фаъолияти ҳизби наҳзати ислом аз соли 2015 дар кишвар мамнуъ эълон гардид ва ин ҳизб бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд то ҳол иддае аз ноҷавонмардони наҳзатӣ фаъолияти тахрибкоронаву иғвогароёна ва тафриқаандозонаи хешро идома бахшида истодаанд. Қишрҳои гуногун ва созмону ташкилоти ҷомеаи ҷаҳон бо дарки оромиву субот ва муҳимияти ҳамзистии мардумони сайёра фаъолияти пасипардагии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда, зуҳури ҳизби исломиро бо далелҳои раднопазир бар зарари дини мубини ислом унвон дода истодаанд.

Ҳанӯз дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз ва доираи васеи конфронсҳои сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳеҷ робитае бо экстремизм ва терроризм надоштани дини мубини ислом ва поку нигоҳ доштани он ибрози назар намуда буданд. Ин аст, ки роҳбари давлат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20-уми марти соли 2004 ин нуктаро таъкид намуданд, ки: “Дар ҳақиқат, баъзе қувваҳои экстремистӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ таҳти шиорҳои исломӣ ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини ислом, яъне манбаи покизагии маънавию ахлоқиро бадном месозанд... Мо борҳо ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданием, ки ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс чунин зуҳуроти номатлуб ва хатарнокро маҳкум менамояд”.

Дар хусуси сӯйистифода аз номи дини мубини ислом ҳанӯз дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар суханронӣ намуда, фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатро мавриди маҳкумият қарор дода иброз дошт, ки “ин наҳзати қалбакӣ кори одамони гумроҳ аст”. Ҳамзамон мавсуф илова намуд, ки “ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”.

Чунончи огаҳӣ дорем рӯзҳои 16 – 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср чаҳорумин Конференсияи Шӯрои уламои дини ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид. Дар конференсия ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср, Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлати Кувайт, давлати Қатар, Судон, Малайзия, Туркия, ал-Ҷазоир, Покистон, Ироқ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Ҷамоати мусулмонони Аврупо ва ғайра бо шумули донишмандони соҳаи дин, пажуҳишгарон, муфтиҳо, раисони кумитаҳои дин ширкат доштанд.

Мавриди қайд аст, ки дар давоми солҳои мавҷудияти ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарон, фаъолон ва аъзои ин ташкилоти террористӣ шуруъ аз ташкил кардани ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 141ҷинояти дорои характери экстремистӣ-террористиро содир намуда, ҷомеаи Тоҷикистонро бо кирдорҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор намудаанд.

Ҳамзамон дар давоми панҷ соли охир 75 нафар узви ТТЭ ҲНИ барои алоқамандӣ бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «ал-Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизби исломии Афғонистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ» ва «Гурӯҳи-24» дастгир ва аз озодӣ маҳрум гардиданд. Илова бар ин, далели шайъӣ мавҷуд ҳаст, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» қаноти ҳарбии ҲНИ мебошад. Ҳоло 521 нафар узви ТТЭ ҲНИ дар ҳайати гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» қарор доранд.

Ҷинояти охири ин ташкилоти касиф сӯиқасд ба ҷони сайёҳони хориҷӣ санаи 29-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара мебошад, ки ба таври ваҳшиёна 4 сайёҳӣ хориҷӣ кушта шуданд.

Донишмандони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом шохаи ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ буда, то ин лаҳза бо дурӯғу фиреб сарукор гирифта, ба мардумфиребӣ ва ҷаҳолату душманӣ ва хиёнату ҷиноят даст мезананд.

Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ — доктор Муҳиддин Афифӣ дар конфронс вобаста ба ҷиноятҳои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ таъкид намудааст, ки чунин ташкилоти террористии дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби бесуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” ба куштор, сӯиқасд, таркиш ва дигар амалҳои террористӣ даст мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомезро ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Боиси зикр аст, ки як қатор донишмандону олимони соҳа ва уламои сатҳи ҷаҳонӣ фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ-ро маҳкум намуданд. Ин мавқеи қатъии уламои сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки хатарҳои ҳизби наҳзатро, ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ, махсусан уламои исломӣ ба хубӣ шинохтанд ва аз хатари он ба дини ислом дар ҳазаранд. Минбаъд дигар Кабириву ҳаммаслакон ва хоҷагони хориҷиаш наметавонанд аз номи дини ислом баромад кунанд, зеро тамоми аҳли башарият онҳоро ҳамчун ташкилоти хунхор шинохт, эътироф кард ва фатвои исломӣ содир намуд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва бахусус ҷавононро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор бирасем, шукронаи онро ба ҷо орем.

Маҳмадюсуф ҚОЗИЕВ,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон 

Читать далее

15 November 2018

Қотилони даъвогар

Фирориёни террорист ва ифротии наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар ҳамин шабу рӯзе, ки мардуми тоҷик ба оғози кори чархаи аввалини НБО Роғун омодагӣ мебинанд ва ба як руҳияи ҷашнӣ онро истиқбол мегиранд, боз эҳсоси манфур ва зиддимимллии хешро нишон дода, ҳаводиси ҳафтаи қабл дар зиндони шаҳри Хуҷанд рухдодаро бо тарзи барои худашон манфиатнок  шарҳ медиҳанду аз он суиистифода карданӣ мешаванд.  Аз хабари расонаҳо пайдост, ки ин амалро гурӯҳи ҷинояткорони хатарнок анҷом додаанд ва мақсадашон куштани маъмурони зиндон ва фирор аз он ҷо будааст.

Читать далее

Таъзия ба ғуломтабиатони наҳзатӣ

 

Тавре ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон огоҳанд,  16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО «Роғун» ба кор медарояд. Орзуи деринаи мардуми кишварамон амалӣ мегардаду саҳифаи наве дар таърихи миллат боз мегардад.

Читать далее

ТАЪЗИЯ БА ПОЙГОҲҲОИ ХАБАРИИ ТТЭ ҲНИ

Ҳар як фарди огоҳу бедор хуб медонад, ки душманону бадхоҳон ва  хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҳама давру замон  муқобили манфиатҳои миллӣ баромада, ба хотири фоидаи шахсии худу хоҷагонашон оромию осудагии мардумро халалдор менамуданд ва монеаи пешрафти кишвар мешуданд. Барои онҳо миллату меҳан ҳеҷ арзише надорад ва ҳама вақт дар фикри душманӣ бо мардум ҳастанд.  Ин бадбахтону бешарафон ба миллат ва меҳан танҳо ва танҳо наҳсию касофатӣ меоранд. Онҳо ҳамеша аз бадию бадкорӣ ва ҷангу моҷаро сухан карда, ҳеҷ гоҳ сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Аз кўчактарин ҳодисаи бад, як воқаи воҳиманоку даҳшатбори гўшношунид сохта мебароранд, ки ҳар фарди огоҳ аз асли воқеа онро мутолиа намояд, ҳуш аз сараш мепарад.

Читать далее

НБО-и Роғун ва мотами пайравони ТТЭ ҲНИ, «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком»

Гурӯҳу равияҳо тундгарову иғвоангез аксаран афроди авомфиребро гирди худ ҷамъ оварда,  дар байни мардум бештар ба ҳамин кори ва тафриқаандоз машғуланд. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамон амалҳои даҳшатбори аъзоёну пайрвони ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун мебошад, ки баъди заҳматҳои шабонурӯзии мардуми тоҷик ба даст омад. Дар робита ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти муҳими сратегӣ ва амалисозанди ормонҳои гузаштаву ояндаи давлату миллати тоҷик дар манотиқи мухталифи кишвар иқдомоти наҷибона анҷом дода шуда истодааст.

Читать далее