12 October 2018

Дар соҳилҳои Сирдарё мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад

Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо вазъи тозагии соҳили чапи дарёи Сир шинос шуда, барои тоза нигоҳ доштани соҳилҳои дарё ба масъулин супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду канори Сирдарё ба пуррагӣ тоза карда шуда, дар шафати он меҳмонхона, тарабхона ва мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад.

Читать далее

Муассисаи томактабии “Дилноз” ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта мешавад

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои муассисаи томактабии “Дилноз”, воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта хоҳад шуд.

Читать далее

Statement of the Interdepartmental Headquarters for the Security of the Gorno-Badakhshan Autonomous Region

Statement of the Interdepartmental Headquarters for the Security of the Gorno-Badakhshan Autonomous Region

As it is known, in order to fulfill the order and instructions of the Founder of Peace and National Unity - Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon, issued on September 15, 2018 in the Gorno-Badakhshan Autonomous Region, the Interdepartmental Headquarters is in operation to ensure the rule of law, public order, civil security, confiscation of illegal weapons, the delay and delivery to the relevant authorities of wanted criminals, the identification and prevention of crimes involving illegal possession and use of firearms. 

Читать далее

Заявление Межведомственного штаба по обеспечению безопасности по Горно-Бадахшанской автономной области

Заявление Межведомственного штаба по обеспечению безопасности по Горно-Бадахшанской автономной области

Как известно, с целью выполнения указаний и поручений Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона с 15 сентября 2018 года в Горно-Бадахшанской автономной области действует Межведомственный штаб по обеспечению верховенства закона, общественного порядка, безопасности граждан, изъятию незаконного оружия, задержке и доставке в соответствующие органы находящихся в розыске преступников, выявлению и предотвращению преступлений, связанных с незаконным хранением и пользованием огнестрельного оружия.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее

Тоғли Бадахшон мухтор вилоятида хавфсизликни таъминлаш идоралараро штаби изҳороти

Сизга маълумки, Тинчлик ва миллий бирлик асосчиси – Миллат пешвоси, Тожикистон Республикаси Президенти муҳтарам Эмомали Раҳмон Жаноби олийларининг кўрсатма-ю топшириқлари ижроси мақсадида 2018 йилнинг 15 сентябридан Тоғли Бадахшон мухтор вилоятида қонун устуворлиги, жамият тартиботи, фуқаролар хавфсизлигини таъминлаш, ноқонуний қурол-яроқларни мусодара қилиш, қидирувда бўлган жиноятчиларни қўлга олиш ва органга олиб келиш, ўқотар қуроллар, наркотик моддаларни ноқонуний сақлаш ва фойдаланишга доир жиноятларни ошкор этиш ва олдини олиш йўлида идоралараро штаб амал қилмоқда.

Читать далее

Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза  буда, он сарчашмаи  нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос  ва даҳшату ваҳшат мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва муҳтавои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2016 – 2020  мо - ҷавононро водор месозад, ки вабои асри ХХ1 терроризму экстремизмро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум намоем.

Имрӯз қисми асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа  равона гардида буд, зеро ҷавонон дар устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.

Бо такя ба дастгирию ҳидоятҳои сулҳдӯстонаи давлатамон ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми қувваи худро баҳри азхуд намудани дониш ва ба кори ободии диёр, амну осудагии диёри маҳбубамон сафарбар намоянду соҳиби касбу ихтисосҳои замонавӣ гашта, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро муайян созанд.

Равнақи корҳои созандагӣ дар кишвар мо - ҷавононро барои масъулиятшинос будан, барои ободии диёр саҳми худро гузоштан водор месозад, ки дар байни дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон парчами давлатамонро чи дар ҷодаи илму дониш ва варзишу фарҳанг баланд бардошта, ифтихор аз он кунем, ки мо миллати куҳантаърихи тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ дорем.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони Авангарди РВКД дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз шуд. Вохӯрии аввалин санаи дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва малакаи кориву сатҳи донишандӯзи онҳо мебошад.

Имрӯз саҳми ҷавонон дар инкишофи илму фарҳанги кишвар бағоят калон аст ва барои пешрафти он ҳамаҷониба иштирок мекунанд. Имрӯз дар тамоми донишгоҳҳои олии кишвар зиёда аз 137 ҳазор нафар аз рӯйи даҳҳо тахассусҳои зарурӣ таҳсил карда, барои баланд бардоштани парчами миллат кӯшида, барои ояндаи Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Гарчанде, ки дар даврони  соҳибистиқлоли дар кишвари азизамон дар бунёдкориҳо, ободу зебогардонии диёр ҳисаи ҷавонон калон бошад ҳам,  мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки шукронаи ин давлати соҳибистиқлол, ватани ободу осуда ва аз ҳамааш муҳим фикри ояндаи хеш, модарону хоҳарон, кӯдакону пайвандон накарда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифродгаро шомил шуда, барои халалдор сохтани амнияту суботи ватани худ мекӯшанд. Ин гуна шахсон фирефтаи инсонҳои “Аҳриман” сиришт мешаванд. Сабаби шомилшавии баъзе ҷавонон ин надоштани саводи казоии динию дунявӣ буда, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда натавониста наздикони худро ба азоби сахти ҷаҳаннам ва нафрату ғазаби халқ гирифтор месозанд.

Ин ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба амале мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти рӯйи олам – инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳоли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ҳамчун вабои асри ХХ1 амнияти ҷаҳонро  халалдор месозад.

Мутаассифона, дар байни инҳо ҷавонони гумроҳгаштаи  тоҷики мо низ ҳастанд, ки дар ин ҷангҳои бемаънӣ  иштирок карда, ба ғайр аз худ зану фарзандонро бурда ба доми бало гирифтор шуданду ҷони ширини худро қурбон карданд.

Аз ин рӯ танҳо мо - ҷавонони  соҳибилму соҳибмаърифат  ғояҳои пешбарандаи ҷомеаро кору пайкори худ қарор дода,  дастовардҳои замони  соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги  миллии худро  ҳифз намуда,  сиёсати пешгирифтаи кишварро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем.

 Ҷаҳонгир Махкамов,
котиби хадамоти матбуоти гурӯҳи ҷавонони
Авангарди РВКД дар вилояти Суғд

Читать далее

Ифротгароӣ – маризии ҷомеаи муосир

Тамоми сокинони кишвар медонанд, ки он ҳама нобасомониҳо, ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат аввали солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо дасисабозиҳои ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ ҳазорҳо нафар шаҳрвандони диёрамон қурбон гаштанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба намояндагони мухолифин дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мамлакат, аз ҷумла муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, намояндаи парлумон ва дигар вазифаҳо барои фаъолият шароит муҳайё карда шуд. Вале дар мансабҳои баланд кор карда, ягон нафари онон ба манфиату пешрафти Ватани худ хизмате анҷом надодаанд.

Имрӯз бошад, ин ашхос дар паси хоҷагони хориҷии хеш паноҳ бурда, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ба доғдоркунии номи сарзамини худ машғуланд. Аммо имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари сулҳофар шинохта, эътироф кардааст ва буҳтону сангандозиҳои ин зумра эътибори мамлакати моро ҳаргиз паст нахоҳад кард. Тақозои ҳаёт худ собит намуд, ки наҳзатиён, ононе, ки бо Ватани худ, бо зодбуми хеш имрӯз мухолифат карда, хиёнаткори Ватан гаштаанд, дар дохили хеш низ иттифоқ нестанд, ихтилофҳо доранд. Инро суханрониҳои аъзои ин ҳизб, ки имрӯз аз кирдорҳои хеш пушаймон гаштаанд, баръало собит месозад.

Ташвишовар он аст, ки ин нохалафон аз беруни кишвар истода, ҷавонони ноогоҳи моро бо ҳар восита фирефта, ба роҳи ифротгароӣ, ки охираш торику зулмот аст, мекашанд. Ин вазъ ҳар соҳибватан, бахусус мо, омӯзгоронро тақозо мекунад, ки баҳри тақдири наврасону ҷавонон, ки ояндасози ин миллати куҳанбунёди моанд, бетарафу бепарво набошем. Хоҳ давоми машғулиятҳо, хоҳ берун аз дарс пайваста ба онон эҳсоси ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамонро талқин намоем, ононро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар шавем, то ки пас аз гузашти чандин солҳо ин насл аз мо ризоманд бошанд.

Мадина МУҲАММАДҶОНОВА,
омӯзгори фанни физикаи литсейи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

НИҲОЛИ ДУШМАНИ БАРКАН, КИ РАНҶИ БЕШУМОР ОРАД

Баъд аз расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ва сулҳу субот Тоҷикистон аз ҷониби оламиён чун давлати гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шинохта мешуд, зеро нерӯҳое дар дохили кишвар арзи вуҷуд мекарданд, ки аз шинохта шудани Тоҷикистон ба ин тарз манфиатдор буданд. Аз ҷониби  ТТЭ ҲНИ  дар расонаҳои хабарии олам аз нооромиҳо, вазъи ҳуқуқии инсон, даҳҳо хабари дигари ҳангомабарангез паҳн карда, раванди шинохти воқеии Тоҷикиситонро халалдор менамуд.

Новобаста аз ин ҳадафҳои бадхоҳонаи хоинони милат, ки таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷӣ кору фаъолият мекарданд Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона ва соҳибистиқлол бо муҳаббати гарм ва меҳмонннавозии тоҷикона,табиати дилошӯбу рӯду чашмаву кӯлу дарёҳои зулолаш муаррифии ҷаҳониён гаштааст. Акнун ҷаҳони муосир бо кишвари мо на ҳамчун як давлати ҷангзадаву ноором,балки як мамлакати дорои сарватҳои табиӣ ва макони истироҳату фароғат  назар менамоянд.

Махсусан, баъди нокоми табаддулоти давлатӣ, ки аз ҷониби хоинону душманони миллати мо дар соли 2015 сар зад,  ҷаҳониён ва миллати тоҷик чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ-ро хубтар шинохтанд. Сенарияи ғасби ҳокимият аз ҷониби хоинони миллат пароканда гардида ва саркардагони он маҳв карда шуданд.

Акнун амалиётҳои хоинони миллат, ки дар  хориҷи кишвар паноҳ бурда,барои халалдор намудани ҷомеаи ороми Тоҷикистон нақшаҳои нопоки худро мехоҳанд тарҳрезӣ кунанд, вале ин амалҳои нопоки  онҳо баръакс халқи моро бештар муттаҳид месозанд ва бар зидди хоинони  миллат бештар муборизаи қавӣ мебаранд. Ин ҳама пешрафту тараққиётро дида, саркардагони ТТЭ ҲНИ ба тахлуқа афтодаанд. Онҳо медонанд,ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои  таъминоти  иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад. ТТЭ ҲНИ  ва фаъолияти он ба таври комил маҳв ва чун решаҳои саратонӣ аз мағзу ҷони миллат барканда мешавад.

Мардум шоҳиди он аст, ки раёсати ҳизби наҳзат  ягон иқдоме,ки барои манфиату миллиати мардум равона бошад, накардааст. Зеро маблағҳои ба дастомадаро аз ҷониби хоҷагон барои айшу ишрати Кабирӣ ва аъзоён дар хориҷа, омода намудани насли нави террористӣ ва таблиғи мазҳаби бегона равона сохтаанд.

Хамарӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардуми мо бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби аҷдодии  худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд.

Алимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

ДАР ВАФОДОРӢ САГ АЗ КАБИРӢ БЕҲТАР АСТ

Саг маъмулан дар вафодорӣ назар ба дигар ҳайвонот беҳтар буда, мунтазам ба соҳибаш содиқ мемонад. Аз рӯи маълумотҳо дар вафодорӣ ягон ҳайвон ба саг баробар шуда наметавонад. Ҳамзамон ин ҳайвони вафодор дар сархати аввали вафодортарин ҳайвонот ҷой дорад. Ин аст, ки байни мардум гуфтори маъмуле дар ин маврид ҷой дорад, ки: «аз одами бераҳм саги вафодор авлотар аст».

Бузургони илму адаб оид ба вафодории ин ё ҳайвонот ривояту ашъори гуногуне эҷод намудаанд, ки барои раҳнамоии насли оянда мусоидат намуда истодааст.  Дар ин маврид оид ба яке аз саги вафодор бо номи Хатико ҳикояте ҳаст, ки: «Хатико 10 ноябри соли 1923 дар мавзеи Акитаи Ҷопон ба дунё омадааст. Хоҷагидор сагбачаро ба профессор Хидэсабуро Уэно, ки дар донишгоҳи Токиё фаъолият мебурд туҳфа намуд. Соҳиби нави саг ба ӯ лақаби Хатикоро дод, ки дар забони ҷопонӣ маънии дилбастагӣ ва тобеиятро ифода менамуд. Ҳангоме Хатико калон шуд, дар ҳама ҷо соҳибашро ҳамроҳӣ мекард. Ҳар саҳар замони ба кор рафтанаш Хатико ӯро то истгоҳи Сибуя гусел менамуд. Сипас соати 3-и рӯз дубора ба он ҷо меомад, то соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо 21 майи соли 1925 дар донишгоҳ профессор ногаҳон ба сактаи дил мубтало гардид. Табибон дар илоҷи дардаш оҷиз афтоданду профессор дунёро падруд гуфт. Замони аз дунё рафтани хӯҷаинаш Хатико танҳо 18 моҳ дошт. Аз он рӯзи фоҷиабор Хатико натавонист дигар соҳибашро пешвоз бигирад. Аммо саг ҳар рӯз ба истгоҳ омада сабурона то бевақтии шаб раҳи профессорро мепоид. Шабро ӯ дар айвончаи дари даромади манзили истиқоматии профессор рӯз мекард. Кӯшишҳои дар хонаи пайвандону рафиқони профессор ҷой додани ин ҷонвари безабон бенатиҷа анҷом меёфт. Хатико ҳамеша ба истгоҳ бармегашт. Тоҷирони маҳаллӣ ва хизматчиёни роҳи оҳан аз вафодории саг ба ваҷд омада, ба ӯ хӯрок медоданд. Ин саги аҷиб дар тамоми Ҷопон пас аз нашри мақолаи «Саги пири вафодоре, ки пас аз ҳафт соли марги соҳибаш ҳамоно чашмаш ба раҳи ӯ чор аст» дар яке аз рӯзномаҳои Токио машҳур гашт. Ин саргузашт ҷопониҳоро мафтун карда, ҳамарӯза ба истгоҳи Сибуя барои дидани саг даҳҳо нафар ҷамъ меомаданд.

Хатико давоми 9 сол, яъне то рӯзи маргаш 8 марти соли 1935 ба истгоҳи роҳи оҳан меомад. Ҷасади Хатикоро дар яке аз кӯчаҳои воқеъ дар наздикии истгоҳ дарёфт карданд. Ташхиси тиббӣ бар асари маризии саратон мурдани саги вафодорро собит намуд. Баъд аз марги Хатико дар мамлакат рӯзи мотам эълон карда шуд.

Феълан муҷассамаи Хатико истгоҳи Сибуяи Ҷопонро чун тимсоли вафодорию садоқат ва меҳру муҳаббат зеб медиҳад».

Дар мавриди вафодории саг сухани бузургмардеро вобаста ба вазъи Кабирии беномус зикр менамоем, ки:

Кабирӣ аз дӯстӣ берун ниҳад пай,

Дар оини вафо саг беҳтар аз вай.

Муҳиддин Кабирии беномус низ аз табори он инсонҳоест, ки заррае дар вуҷудаш вафову раҳм надошта номи дини мубини исломро мехоҳад бадном созад. Ин нохалафи беору номус дар вафодорӣ ҳатто аз саг бадтар буда, кирдору рафтораш бад кардани номи мубораки Тоҷикистони азиз мебошад. Танҳо дар назди хоҷагони хориҷӣ пинҳон шудану бо супориши онҳо амал карданро рисолати хеш дониста, ҷавононро бо роҳи бад бурдан мехоҳад.

Мудом дар забонаш ҳарфи шавқату вафо буда, аммо вуҷуди нопокаш заррае раҳму вафо надорад. Инро мо мардуми кишвар ҳанӯз дар замони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ будани Кабирӣ дарк карда будем, зеро он замон бо баҳонаи гуногун дар ҷанозаи модараш иштирок накард. Баъдан дар ҷанозаи падараш иштирок накард. Ин омил аз он дарак медиҳад, ки Кабирӣ ба модари худаш ва падараш вафо накард ва аз ӯ умеди вафо кардан нашояд.

Моро зарур аст, ки дигар ба суханони бешарафи Кабирӣ ва пайравону ҳамсафонаш гӯш надиҳем.

Ф. Воҳидов

Читать далее