10 October 2018

Ҳунар – сарчашмаи дӯстӣ

Дӯстии тоҷикону ӯзбекон дар партави сиёсати сулҳҷӯёна ва рафоқатхоҳонаи сарварони хирадманду дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба марҳалаи эҳёи таърихӣ ворид шуд. Сафарҳои дуҷонибаи Сарони кишварҳо ва ба имзо расондани созишномаҳои ҳамкории дутарафа, баргузории “Шоми Дӯстӣ” дар шаҳрҳои Душанбеву Тошканд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ин ду кишвар дар соли 2018 дараҷаи баланди эҳёи муносибатҳои таърихии байни тоҷикону ӯзбеконро нишон медиҳад.

Кушодашавии нуқтаҳои сарҳадӣ ба оғозшавии равуои бемонеаи шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя оварда расонд. Хешовандони тӯли чандин сол аз дидори якдигар маҳрум ба дидор расиданд, ақрабои беморону ранҷурон барои аёдати пайвандон имкон пайдо карданд, пасовандон ба зиёрати гузаштагони худ омаданду рафтанд. Робитаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои ҳамсарҳад дубора эҳё гашт.

Ноҳияи Ашт низ яке аз ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Ин ноҳия бо вилоятҳои Тошканд, Намангон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, аз дер боз байни аҳолии он ва сокинони вилоятҳои номбаршуда робитаи хешиву таборӣ ва ҳамкориҳои фарҳангию иқтисодӣ вуҷуд дорад. Оҳангарӣ миёни сокинони ноҳияи Ашт таърихи куҳан дошта, оҳангарони ин ноҳия дар ҳудуди Осиёи Марказӣ маъруфтарин ба ҳисоб мерафтанд.

Мавҷудият ва фаъолияти Ҷамъияти оҳангарони Ашт, ки 4-уми июни соли 1877 бо ташаббуси тоҷирсоҳибкор ва бостоншинос Акрам Аскаров (маъруф бо лақаби Акрам-купетс) дар шаҳри Тошканд таъсис ёфтааст, далели ин гуфта шуда метавонад. Аз соли 1877 то соли 1916, ки сарварии ин ҷамъиятро худи таъсисдиҳанда бар уҳда дошт, 4560 нафар узви фаъоли он буданд. Аштиҳо дар шаҳрҳои Чуст, Поп, Консой, Намангон, Оҳангарон, Қӯқанд, Яйпом, Бешариқ, Фарғона, Андиҷон, Тошканду Бекобод, Тирмизу Сурхондарё, Ҷиззаху Самарқанд ҳамчун оҳангар зиндагӣ кардаанду фаъолият бурданд ва бо сокинони ҷойҳои номбурда риштаи хешутаборӣ пайдо намудаанд.

Таърихшиносон таъкид мекунанд, ки оҳангарони аштӣ ҳатто шаҳри Оҳангаронро дар Ӯзбекистон бунёд намудаанд. Сулолаи оҳангарони аштӣ устоҚӯзӣ, усто Ашӯралӣ ва усто Муъмин дар Чуст, усто Маҳмуд дар Ҳисор, усто Исломқул ва усто Каримҷон дар Тошканд, усто Қаҳҳор (падари Нависандаии халқии Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор) дар Қӯқанд, усто Ҷуманқул дар Тирмиз, усто Усмон дар Қӯйлуқ, усто Абдурашид дар Бектемир, усто Абдураҳмон дар Денов, усто Исроил, усто Муҳаммад ва усто Мутал дар Исфара, усто Рустам дар Конибодом, усто Ҳамроҳ ва усто Абдуллоҳ дар Ӯшу Андиҷон, усто Сотиболдӣ дар Самарқанд, усто Абдуллоҷон дар Алмаато, усто Фарҳод ва усто Бовалӣ дар Хуҷанд, усто Мурсал дар Мастчоҳ, усто Раҳматуллоҳ дар Пунгон бо ҳунари оҳангарӣ ном баровардаанд.

 Оҳангарон одамони саховатманду дасткушод ва меҳрубону нармдиланд. Яке аз устоёни оҳангар, эҳтимол дорад, ки аштиасл бошад, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) понздаҳ нафар писарбачаи ятимро фарзанд хонда, онҳоро ба парасторӣ мегирад. Яке аз онҳо ба ҷабҳа рафта, аз майдони ҷанг бо худ ятимеро меорад ва онҳо шонздаҳ бародар мешаванд. Дар шаҳри Тошканд ба ифтихори ин оилаи оҳангарон нимаи дуюми садаи ХХ пайкарае бунёд шудааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳунар дар ҳама давру замон омили пайванддиҳандаи халқу миллатҳои олам ба шумор рафта, имрӯз низ ҳамин мақому манзалати худро ҳифз карда омадааст.

Чӣ тавре гуфта шуд, ноҳияи Ашт на фақат дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ низ яке аз навоҳии дар ҳунари оҳангарӣ машҳур буда, мардуми он бо ҳамин ҳунар нон хӯрдаанд ва мавқеи устувори ҷамъиятӣ пайдо кардаанд. Бо назардошти ҳамин ҳунари мардумӣ дар доираи чорабиниҳои ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшидашуда Анҷумани 4-уми байналмилалии оҳангарон санаи 12-уми августи соли 2018 дар Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт баргузор гашт. Ба ин анҷуман оҳангарон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон иштирок доштанд.

Зодагони Ашт гузаштагонашонро ба Коваи оҳангар пайванд медонанд ва ифтихор доранд. Илова бар рушди таърихии оҳангарӣ дар ноҳияи Ашт ва берун аз он паҳн шудани сулолаи оҳангарон ва ном баровардани устоёни аштӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ноҳия коркарди маъдану оҳан собиқаи тӯлонии таърихӣ доштааст. Дар ҳақиқат имрӯз дар ноҳия беш аз 80 дӯкони оҳангарӣ фаъолият мебарад, ки дар он 120 усто ва зиёда аз 400 шогирд кор мекунанд, ки аз ин теъдод 72 нафар устои ҷавони то синни 35-сола мебошанд. Абдуфаттоҳ Абдусатторов оҳангар аз шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни баромади худ қайд кард, ки имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулоти истеҳсолнамудаи оҳангарони Ашт ба фурӯш меравад, ки ин боиси хурсандии сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

 Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд бо оҳангарони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон мулоқоти судманд ороста, барои рушди соҳаи оҳангарӣ ва таблиғи ҳунари аҷдодӣ дар шаҳрҳои бостонии Хуҷанд (Тоҷикистон), Қӯқанд (Ӯзбекистон), Боткент (Қирғизистон) ташкил ва баргузор намудани чунин анҷуману намоиш-ярмаркаи маҳсулоти оҳангарӣ, таҳияи қомуси оҳангарони аштӣ дар Осиёи Марказиро мувофиқи мақсад донист. Ҳадаф аз баргузории Анҷумани 4-уми байналмилалии оҳангарон дар Ашт шинос намудани пешаи оҳангарии суннатӣ ба ҷаҳониён, эҳёи ин ҳунари аҷдодӣ дар байни насли наврасу ҷавон, пурра қонеъ гардондани талаботи мардум ва хусусан рушди бозори дохилӣ бо маҳсулоти оҳангарӣ ба шумор меравад.

Дар анҷуман раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Шарифов, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ - фарҳангӣ Аниса Абдуллозода Ҷалилӣ, сарвари Анҷумани оҳангарони Ашт оҳангари номӣ Бахтиёр Абдухалилов, собиқадори меҳнат, нависанда Сулаймонқул Азимӣ ширкат намуда, доир ба баргузории ин анҷуман изҳори назар карданд.

Ташаббускори анҷуман раиси Ҷамоати деҳоти Ашт Шавкат Ёрматов афзуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Дӯстӣ растаи оҳангарон ва толори намоиши ҳунарҳои устоёни аштӣ бунёд мекунанд.

Анҷумани 4-уми байналмилалии оҳангарон, ки дар сатҳи хеле баланд доир гашт, барои минбаъд рушду таҳкимбахшии робитаҳои дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Нодирҷон СОЛИҶОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Шодӣ Ҳасани Шарифниё,
корманди Китобхонаи вилоятии
ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Читать далее

Шаҳри Хуҷанд узви Ассотсиатсияи байналмилалии "Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ" шуд

Шаҳри Хуҷанд узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии "Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ" шуд.

Дар ин бора, дар нишасти охирини Ассамблеяи генералии ин ташкилоти байналхалқӣ, ки дар Чебоксарии Федератсияи Россия бо ҳузури намояндагони зиёда аз 70 шаҳр сурат гирифт, қарор қабул карда шуд ва шаҳодатнома ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони филиалҳо, намояндагони шаҳрҳо, ассотсиатсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва коршиносони байналмилалӣ аз Арманистон, Испания, Россия, Туркия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Африқои Ҷанубӣ, Абхазия, Алҷазоир ва Муғулистон иштирок намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии "Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ" (UCLG VO) зиёда аз 1000 шаҳр ва ассотсиатсияҳоро муттаҳид намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ

9 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» боздид намуд.

«Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» яке аз корхонаҳои дар гузашта маъруф ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои гуногун бо иқтидори лоиҳавиаш фаъолият надорад. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар ин корхона якчанд сехҳои истеҳсолӣ фаъол аст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Барои пурра истифода намудани иқтидори истеҳсолӣ бошад марҳила ба марҳила тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Читать далее

Ба Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ба маблағи наздик 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид карда шуд

9 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилоятӣ аз ин муассисаи тиббӣ боздид намуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Беморхонаи мазкур чанд номгӯйи таҷҳизоти тиббии муосир дастрас карда шуд. Масъулини Раёсати тандурустии вилоят иброз доштанд, ки бо мусоидати роҳбарияти вилоят як адад таҷҳизоти рентгени рақамӣ, ду адад дастгоҳи нафаси сунъӣ, 5 адад чароғи бесояи ҷарроҳӣ ва 4 адад мизи ҷарроҳӣ ба маблағи наздик 1,5 миллион сомонӣ харидорӣ гардид ва ин таҷҳизот нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартариҳои зиёд доранд.

Читать далее