08 October 2018

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта

Рӯзи якшанбеи 7 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла бо фаъолияти ҶДММ “Тиллои сафед”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Корхонаи мазкур соли 2016 таъсис дода шуда, дар як сол метавонад то 24 000 тонна пахтаро қабул ва коркард намояд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масъулини ҶДММ “Тиллои сафед” бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкории хуб дошта, бо 355 хоҷагӣ ҷиҳати қабулу коркарди пахта шартномаҳои ҳамкорӣ доранд.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустон

Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвари меҳмоннавози мо хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ин ташриф ба Тоҷикистон ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Читать далее

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон

8 октябри соли 2018 дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид.

Ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.

Читать далее

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

7 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Читать далее

Бо зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона мебояд

Имрӯз инсоният рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ яке аз номатлуб ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии ифротгароён таъсир расонидан ба эҳсосоти одамон ва нооромиро ба вуҷуд овардан аст.

Ифротгароён ба одамон авомфиребона иҷрои норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми худ медароранд. Онҳо нақшаҳои разилонаи худро ба воситаи ин гуна мардумон амалӣ менамоянд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ифротгароӣ мақоми махсусе пайдо намуда, он ба шакли мудҳиши зӯроварӣ табдил ёфтааст.  Аз ин рӯ, одамони бегуноҳи бисёре қурбони амалҳои ифротгароӣ мегарданд. Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза баранд. Барои рафъи ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан вазифаи натанҳо давлат ва ҳокимият, балки шаҳрвандон низ аст.

Дарк намудани ҳисси муҳаббат ба халқу Ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, таҳкими сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдати миллӣ аз омилҳоеанд, ки насли наврас ва навҷавонони кишварро ба ҷониби ахлоқи ҳамидаву бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозанд.

Ҳамчунин, ташкили дарсҳои беруназсинфӣ, таҳлили шеър ва эҷодиёти шоирони классикии форсу тоҷик байни наврасон ва ҷавонон бояд васеъ ба роҳ монда шавад.  Эҷодиёти ин бузургони илму адаб наврасон ва ҷавонони моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дониши сиёсии ононро такмил медиҳад. Ин як воситае мешавад, ки наврасон ва ҷавонони имрӯзаи ба роҳҳои хато нарафта, баҳри пойдории сулҳу субот ва ободии  кишвар саҳми амалии худро гузоранд.

Моҳинисо САИДОВА,
омӯзори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Ҳамкориҳои густурда – баҳри решакан намудани терроризм

Терроризм ва экстремизм равандҳои номатлубеанд, ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд. Ҳамарӯза, аз нооромиҳо амалҳои ваҳшиёнае огаҳӣ пайдо мекунем, ки аксаран маҳз ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю шоиста фароҳам оварад.

Нофаҳмӣ ва ноогоҳӣ, бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифатӣ, надоштани дониши сиёсӣ омилҳое шуда истодаанд, ки бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гарданд. Онҳо бо фикру ақидаҳои хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида вазъро ноором месозанд. Бо мақсади аз ин роҳ баргардонидани амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳикунӣ, мустаҳкам кардани назорати мақомотӣ ҳифзи ҳуқуқ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, бо воситаҳои моддию техникии муосир, таъмин намудани онҳо зарур буда, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро лозим аст, ки баҳри решакан кардани ин падидаи номатлуб дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намоянд.

Дар замони муосир таҷдиди назар кардан ба раванди бонизоми таълиму тарбияи насли ҷавонон аҳамияти махсус дошта, мебояд, ки дар баробари омӯхтани илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ҷавонону наврасон доир ба динҳои ҷаҳонӣ низ иттилооти кофӣ дошта бошанд.

Абдураззоқ  ҚУРБОНАЛИЕВ,
мудири кафедраи педагогика ва психологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Суғд: Гусели тантанавии гуруҳи 1000 нафараи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз, шанбеи 6 октябр аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ба муносибати гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Читать далее