05 October 2018

Тоҷикистон Кабириро ғоибона ба зиндон маҳкум кард

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Спитамен

Рӯзи 4 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен боздид ба амал овард.

Раиси вилоят нахуст ба хоҷагии деҳқонии “Сафедтеппа”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода бо қаноатмандӣ аз вазъи ҷамъоварии пахта ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ҳар рӯзи офтобиро самаранок истифода бурда, барои боз ҳам ҷоннок намудани кор ва ҳавасманд намудани чинакчиён тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Спитамен

4 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен бо ҷараёни бунёди як қатор иншооти гуногун шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал дар Ҷамоати деҳоти Куруш рафти таъмиру барқарорсозии қасри фарҳанги ҷамоатро мавриди назар қарор дод. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, бо гузашти солҳо таъмирталаб гардида буд ва дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба  ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ карда мешавад.

Читать далее

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ карда, аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардумон барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи имрӯзаи робитаҳои ҳамдастии ду кишвар дар бахшҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Читать далее

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

5 октябри соли 2018

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Япония Акихито

5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо императори Япония Акихито мулоқот карданд.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ АСОСИИ ҶАНГУ ҶИДОЛ

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Терроризм ин вабои асри XXI мебошад. Терроризм ба амнияти ҷомеа, ба рушди муносибатҳои дўстона байни давлатҳои ҷаҳон таҳдид мекунад.

Мувофиқи омори СММ (соли 2017), дар дунё зиёда аз 150 гурўҳҳои террористӣ вуҷуд дорад, ки калонтарини онҳо ДИИШ, “Ал-қоида”, “Толибон”, Бародарони мусалмон ва амсоли онҳо ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба номи “Давлати исломӣ”, ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад.

Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ба ин масъала таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ , кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии  «пирон»  ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар  гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ қаламравии ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои «авлиёгунӣ»-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Ҳарчанд дар ин ҳодиса Назарзода ба сазои аъмолаш расид ва бархе аз сарону созмондиҳандагони ин ҳодиса ҳамчун муҷрим бо маҳкама кашида шуданд, вале созмондиҳандаи асосии ин ҳодисаи нангин Кабирӣ, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад.

Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст , дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Хӯҷаназарова М.И.
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее

ДУРӮҒИ НАҲЗАТ УМРИ ДАРОЗ НАДОРАД

Ҳодисаҳое, ки ҳафтаи охир дар кишвари Лаҳистони Аврупо шуда истода оиди ташкил намудани ба ном «Алянси нави мухолифини тоҷик» бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ такрори солҳои 90 – уми асри гузаштаро дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ба хотир меорад. Ҳамон вақт низ бо роҳбарии саркардагони ҳизби мамнуъгардидаи наҳзати исломӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳаммаслакони онҳо кўшиши ташкил иттиҳоди мухолифин тоҷикро карда буданд.

Иттиҳоди мухолифини наҳзатӣ низ ҳукумати ҳамонвақтаро дар тамоми бадбахтии мардум гунаҳкор намуда, мардумро гумроҳ карда ба гуруснанишинию тазаҳуротҳою бетартибиҳо даъват мекарданд. Мардуми гумроҳгашта ба суханони онҳо бовар карда ба майдон баромада талабу дархостҳои ин гуруҳоро иҷро мекарданд. Саркардагони ин гурўҳҳо аз вазъияти ба амаломада истифода намуда талабҳои худашаонро пайи ҳам пешниҳод менамуданд. Лаҳза ба лаҳза онҳо талаботҳои худро дигар намуда оқибат ба ин қаноат накарда ба ғасби ҳокимият даст заданд. Дар натиҷа ҷанги бародаркуш оғоз гардида ба сари мардуми тоҷик ва давлати тозаистиқлолӣ мо  оқибатҳои фалокатвор ба бор овард, ки то имрўз нишонаҳои он мондаанд. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ он амалҳои хоинони ватанро фаромуш накардааст ва намекунад.

Имрўз низ мо мебинем, ки пайравон ва аъзоёни мамнуъгардидаи ТТЭ ҲНИ дуюмбора мехоханд, ки боз ҳамон корҳою амалҳои ношоистаи худро давом диҳанд. Мардум ва кишвари баъд аз ҷанги бародакуш дубора  барқароршударо ба вартаи ҷанг андозад.  Мардуми парокандаю ҷангзадаро, ки бо як азобу заҳматҳо ва талошҳои шабонарўзӣ сарҷамънамударо мехоҳанд дубора сарсону саргардон намоянд. Миллатеро, ки тулли қарнҳо гузаштагони мо нигоҳ доштан ва ба мо мерос гузоштаанд мехоҳанд, ки ба нестӣ баранд. Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавон хуб дарк намудаанд мақсаду ниятҳои разилонаи хоинони ватани худро ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳитосои мо анҷом диҳанд.

Мақсади ин гурўҳҳои нопок якто, бо кадом роҳе набошад ҳукуматро ба даст овардан аст.  Бо вуҷуди дигар намудани номи ҳизбў ҳаракатҳои худ мақсади онҳо дигар нашудааст. Онҳо танҳо тағйири ном кардаанду халос.  Бинобар ин онҳо зери ҳар гуна шиорҳои нав мехоҳанд, ки ниятҳои нопоки худро пинҳон курда амалҳои анҷом надодаи худро ба охир расонад. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд. 

Доир ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов, ШАрофиддин Гадоев сухан ронда ҳукумати имрўзаро дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкор мекунанд. Ҳол он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ва қонунҳои дигари мавҷудбудаи дохилдавлатӣ ва инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии ба имзорасонида амал менамояд.  Шахсоне, ки ин қонунҳоро вайрон мекунанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мансабу вазифаҳои ишғолнамудаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Магар ҷиноятҳои кардаи солҳои 90- уми худро фаромуш кардаанд. Чиқадар одамон аз дасти ҳамин ҳизби мамнуъгардидаи ТТЭ ҲНИ куштаю  бе ному нишон шуданд. Акнун аз минбарҳои гуногун баромад карда худро мусичаи бегуноҳ тарошида ҷомеаи ҷаҳониро «маслиҳат» медиҳанд. Баракс бояд худи ин ҷинояткорон дар тамоми давлатҳои ҷаҳон тақиб карда шуда дастгир шаванд ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари рў ба тарақӣ табдил ёфта истодааст. 

Ҳамаи ин дастовардҳои кишвари мо барои он шахсоне, ки нисбати давлату миллати мо ниятҳои нопок доранд хуш намеояд. Онҳо барои сиёҳ кардани Ҳукумати имрўза дигар намедонад аз чи истифода намоянд. Бинобар ин тавассути ташкил намудани чунин гурўҳҳои ғайриқонунӣ ва паҳну пахш намудани ҳаргуна дурўғу буҳтонҳо нисбати Ҳукумати имрўза дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ мехоҳанд мардумро ва аз онҷумла ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ созанд. Лекин ҳамаи онҳо асос надоранд ва чуноне, ки дар урфият мегўянд «дурўғ умри дароз надорад».

Ҷонибдорони ҳизби мамнуъгардидаи ТТЭ ҲНИ бо сардории М. Кабирӣ афсонаи «сангпушт ва каждум» - ро ба ёд меоранд. Бо вуҷуди онки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз ҳамин ҳизб ва ҷонибдорони он буданд, давлату ҳукумат ҳамаи онҳоро авф намуд. Дубора ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҷаҳорчўбаи қонун фаъолият баранд. Лекин сад афсус табиати онҳо ҳамин будааст. Ҳизби мамнуъгардидаи наҳзати исломӣ боз мехоҳанд, ки неши заҳрноки худро ба тани мардуми тоҷик занад. Лекин ин дафъа ин кор ба онҳо муяссар намегардад. Мардуми тоҷик муйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус ҷавонони имрўзаи тоҷик пайрави сиёсати созандаи давлату ҳукумат буда ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.

Давлатов У.Н.
асситенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

ТОҶИКОН – МИЛЛАТИ СУЛҲПАРВАР, НА ҶАНГҶЎЙ!

Мардуми тоҷик дар таърихи начандон дуру дарози давраи соҳибистиқлолӣ шароитҳои вазнинро аз сар гузаронид. Ба ҳамагон маълум аст, ки  ҷанги дохилӣ бо дастгирии хориҷиён ва мусоидати ҳизби наҳзати исломӣ оғоза гардид, ки бар асари он ҳазорон шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд, қисме аз мардум бехонаву бедар  монда, овораву сарсон ба хоки Афғонист гуреза шуданд.

Ба таърихи ин ҳодисаи мудҳиш ва нанговар ду даҳосола гузаштаасту бас. Оё ин начандон давраи дури таърихӣ аз хотири саркардагон ҷанг рафтааст? Оё онҳо аз ин корҳои гузашта пушаймон нестанд? Ваъда дода буданд, ки дигар ба ин корҳо даст намезананд ва танҳо барои манфиати мардуми тоҷик ва Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аммо чаро солҳои охир чунин тарзи рафтору муносибати онҳоро надидем. Саволу ба миён меояд, ки таърихан миллати тоҷик мардуми ҷангҷўву иғвобарангез буданд?

То он ҷое, ки ба мо маълум аст, донишмандону мутафаккирони ин миллат ҳамеша дар васфи дўстиву бародарӣ ва ягонагӣ ҳарф задаанд. Сулҳу дўстӣ дар эҷодиёти гузаштагони миллати тоҷик ҷойгоҳи марказӣ дошта, аксарияти роҳбаландони қавми дар бобати тавсияи сулҳ ҳикматҳо ва абётеро аз худ ҳамчун нишонае боқӣ гузоштаанд. Дар китоби «Авесто» фалсафаи сулҳ аз ҳикмати ҷовидонаи «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»сарчашма гирифта, таҷассуми томи он «Эъломияи Куруши Кабир», яъне  нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи башар аст.

  Оғоз аз сардафтари адабиёти классики форсию тоҷикӣ, устод Абўабдуллои Рўдакӣ то осори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ғояи сулҳ дар ҷои аввал қарор дода шудааст. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ достони ситоиши хирад, сулҳ, созандагӣ ва таҷаллии рўҳи ҷовидонаи ватандўстӣ ва озодихоҳии мардуми озодаи форсизабон мебошад. Хоссатан таваҷҷўҳ ба арзиши ҳаётӣ ва волои сулҳ дар давраҳои мудҳиш ва хатарноки таърих боз возеҳтару амиқтар таҷассуми худро пайдо кардааст. Масалан, даврони лашкаркашиҳои Искандару Чингизхон ва Темур боиси қурбонии ҷони миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ ва харобу нобуд гардидани осори гаронбаҳои қадимаи гузаштагон гардидааст.                        

  Саъдии бузургвор бо дарназардошти аҳамияти таърихии сулҳ, зарурати он барои оромӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва пешрафти ҷомеа, онро чунин қаламдод кардааст:

Агар пилзўрӣ, агар шерчанг,

Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.

  Эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дарбаргирандаи фалсафаи сулҳи умумибашар буда, дар «Маснавии маънавӣ»-и ҷовидонааш ваҳдат, дўстӣ, бародарӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва робитаи неки байни инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аслии ҳузури башар дар ҳоли ҳаёт шуморида, чунин мефармояд:   

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

  Мавлоно муқобили ҷудоиву душманӣ ва ҷангу хунрезиҳо дар дунё буда, асли ҳаёти башарро дар пояи меҳр, рафоқат ва некиву ҳамзистӣ дар байни халқиятҳо медонад. Нигоҳи ў нигоҳ на ба як миллату халқияти ҷудогона буда, ў инсониятро дар як сатр қарор медиҳад ва ягон фарқият дар байни онҳо вуҷуд надорад. 

  Тоҷикистон имрўз аз лиҳози ҷуғрофӣ давлати хурд ҳам бошад, аз лиҳози таърихӣ миллати бузург буда, ва таърихи сеҳазорсола дорад. Далелҳои тарих собит менамоянд, ки аҷдоди мо аз давраҳои қадим  на  танҳо дар бораи олами коинот низ изҳори ақида мекардаанд, гузашта аз ин дар бобати эътиқод, имон, дину оин, фалсафа, ҳаёту марг, маънавият ва паҳлўҳои гуногуни он назару мавқеи хосса доштаанд.

  Фазилат ва асоси маънавиёт, ахлоқ доштани аҷдодони гузаштаи мо осори онҳоро то ба имрўз пураҳамият ва пурсамар нигоҳ доштааст. Аз ҷумла, таълимоти Зардушт дорои маънову моҳияти баланд буда, мавзўъҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиро инъикос менамояд. Яке аз муҳимтарин кашфиёти ў иборат аз он аст, ки мавҷудияти нерўҳои неку бадро ба исбот расонд. Аҳуромаздоро чун таҷҷасуми хайр ситоиш карда, Аҳриманро зуҳуроти шар маҳсуб кард. Талошу муборизаи ин нерўҳои зиддиҳамдигарро ҳамчун нерўи пешрафти олам нишон дод ва гуфт, ки дар ҷомеа ҳар фард бояд Аҳуромаздоро ҳамчун худои некӣ, саодат ва хушбахтӣ бишиносад ва аз вуҷуди худ Аҳриманро, ки шайтон  буда,  мабдаи  ҳамаи  бадкирдориҳост,  биронад.  Аҳуромаздо бояд дар дили ҳар инсони шариф маскан дошта бошад, то ки дар ҷомеа некӣ доимо ҳукмронӣ бикунад. Хоссатан шиори таълимоти зардуштия «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» то ба имрўз аҳамияти худро гум накардааст. Онро метавон ҳамчун арзиши муҳими ахлоқӣ эътироф намуда, дар роҳи тарбияи наврасону ҷавонон асоси таълимот қарор додан айни муддао хоҳад буд. Иқрор бояд кард, ки  аксарияти таълимоти динии дигари ҷаҳонӣ низ тибқи ин мафҳум, яъне, некандешӣ, некгуфторӣ ва некрафторӣ нисбат ба дигарон таълимоти хештанро созмон додаанд. 

  Ҳамин тавр, аз рўи андешаи осори мутафаккирони миллати тоҷик маълум мешавад, ки онҳо ҷонибдори сулҳу субот ва оромии сарзамини худ ва ҷомеаҳои дигарон низ буданд. Боварӣ доштанд, ки ягонагиву суботи сиёсӣ иқтидори давлатро баланд бардошта, пешрафту ободии ҷомеаро таъмин менамояд. Пас, сабаб чист, ки имрўз намояндагони наҳзати исломӣ дар кишвари Аврупо истода, худро ҳамчун шахсони миллатдўст, худогоҳ вонамуд карда, бар муқобили фарҳанги миллӣ рафтор менамоянд? Обрўву эътибори миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба ҷои боло бурдан, паст мезананд ва бар муқобили фарҳанги миллӣ рафтор менамоянд.

Шўҳрат Саидзода
н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

СЎИСТЕЪМОЛИ ТТЭ ҲНИ АЗ ДЕМОКРАТИЯ ВА ОЗОДӢ

Солҳои пас аз бадастории истиқлолияти давлатӣ нерўҳое дар ҷомеаи мо зуҳур намуданд, ки бо сўистифода аз демократия мехостанд манфиатҳои пасипардагии худро амалӣ созанд ва бо ин амали худ боиси зери суол рафтани арзишҳои демократӣ дар миёни мардум гаштанд. Яке аз чунин нерўҳо ТТЭ ҲНИ буд, ки бо истифода аз плюрализми сиёсии низоми демократӣ мехост мақсадҳои қудратталабии худро амалӣ намояд.

Аз рўзи аввали шурўи фаъолияти худ ТТЭ ҲНИ аз демократия сўистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ фарсахҳо дур мебошад. Агарчанде, дар ҳамоишҳои ҳарсолаи худ дар мавриди ченакҳои ҳуқуқи инсон САҲА ба иштироки ТТЭ ҲНИ монеъ намегардад, ё худ сарварону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ аз демократия ва мардумсолорӣ сухан мекунанд, аммо чунин ҳолат баёнгари демократихоҳ будани ин созмон гашта наметавонад. Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз сўистеъмоли ТТЭ ҲНИ аз демократия дарак медиҳанд. Якчанд далеле меоварем, ки ТТЭ ҲНИ на танҳо аз демократия сўистифода менамояд, балки фаъолияти он ба арзишҳои демократӣ комилан бегона аст.

Аввалан, дар солҳои 90-ум, ки ТТЭ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекард. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ба даст овардани қудрат, ба гурўҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ ва табъиз нисбати дигарандешон, таҳаммулнопазирӣ ба нерўҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, рў овардан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократӣ ва ғайримардумии ТТЭ ҲНИ дарак медод. Хусусан фаъолиятҳои ғайримардумии ТТЭ ҲНИ яке аз омилҳои дурӣ ҷустани мардум аз нерўҳои демократихоҳи он замон гашта буд. Фаъолиятҳои зиддимардумии ТТЭ ҲНИ дар он замон боиси беобрў шудани нерўҳои демократихоҳ дар ҷомеа шуданд, ки ин латмаи калоне дар роҳи демократисозии кишвар гашт.

Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Усулҳои сиёсие, ки онҳо бо баҳонаи демократия ба роҳ монда буданд, боиси рў гардонидани мардум аз арзишҳои демократӣ гаштанд. Аъзоёни собиқи ин ҳизб худ аз усулҳои зўригарӣ ва террор, ки ТТЭ ҲНИ истифода менамуд ёдовар шудаанд, ки аз моҳияти зиддимардумӣ доштани ин созмон дарак медиҳад. Барои мисол дар мусоҳибаи охирини худ Абдураҳим Каримов мулаққаб бо номи Мулло Абдураҳим  ёдовар шудааст, ки чи гуна нисбати нафарони дигарандеш дар дохили худи ҳизб амали террор сурат мегирифтааст.

Дигар ин ки пас аз ба имзо расидани сулҳ ва оштии миллӣ низ ТТЭ ҲНИ дар самти рушди демократия дар кишвар кореро ба анҷом нарасонид ва танҳо бо сўистифода аз низоми демократӣ ба танқиду сиёҳ намудани ҳукумати ҷумҳурӣ машғул буд. Агар саркардагони ТТЭ ҲНИ даъвои мардумсолорӣ ва демократӣ будан доранд, пас метавонанд бо мисолҳо баён намоянд, ки дар давраи фаъолияти осоишта дар ҳудуди Тоҷикистон чӣ корҳоеро баҳри таҳкими арзишҳои демократӣ ба анҷом расонидаанд? Онҳо ба ғайр аз танқиди ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, пеш бурдани бизнеси худ ва қудратталабӣ боз чӣ фаъолияте баҳри осудагии мардуми кишвар намудаанд? Албатта, ин саволҳое мебошанд, ки ҷавоби худро металабанд.

Саввум он ки ТТЭ ҲНИ аз шурўи фаъолияти худ то ба имрўз як нерўи инҳисорталаб аст. Дар ҳама давраи фаъолияти худ ин созмон кўшиш намудааст, ки дар созиш (коалитсия) бо дигар нерўҳо низ инҳисор дошта бошад. Дар «Паймони миллӣ»-е ки ҳафтаҳои охир дар Аврупо аз ҷониби нерўҳои бо ном мухолиф таъсис шуд ТТЭ ҲНИ мавқеи инҳисор доштанро касб намудааст. Аксари созмонҳои вориди ин паймон гашта аз ҷониби ТТЭ ҲНИ созмон дода шудаанд ва комилан фаъолияти онҳо зери назорати он аст. Чунин ҳолат аз яккатозии ТТЭ ҲНИ дарак медиҳад. Дар ҳама давру замон ва дар ҳама гуна ҷомеа инҳисорталабӣ ва яккатозии нерўи сиёсие ба меъёрҳои демократӣ тавъам набуда, ғайридемократӣ ва ғайримардумӣ баҳогузорӣ ёфтааст.

Аз ин рў, шаҳрвандони кишвар, хусусан қишри ҷавон ва муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки ба популизм ва ваъдаҳои беасоси чунин нерўҳои сиёсие дода нашаванд ва ба қисми нақшаҳои зиддимардумии онҳо табдил наёбанд. Зарур мешуморем, ки онҳо ҳамеша зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро дошта бошанд.

Солиев Ш. Х.
ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее