04 October 2018

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Сукубаи Япония

Рӯзи 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Киото ба шаҳри Токио сафар карданд.

Дар шаҳри Токио Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи Сукуба ташриф оварда, бо роҳбари Донишгоҳ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.

Читать далее

Рисолат ва асолати забони давлатӣ

Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Забон занҷирест, ки имрӯзу дирӯзи моро бо фардо мепайвандад, то саду садсолаҳои дигар ҷовид бимонем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Аз таърихномаҳои тӯли қарнҳо эҷодшуда метавон дид, ки забони тоҷикӣ бо шевоиву нобияш дар тамоми давру замон аламбардори миллати сарбаланди мо будааст.

Ҳатто истилогарони аҷнабӣ натавонистанд, ки ин миллати куҳанбунёдро аз забони гуфтугӯии қадимаашон ҷудо созанд. Ба хоки давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо даҳҳо маротиба лашкар кашидаанду ба сарзамини зархезаш дасти ғосибона ва таарруз дароз намудаанд.

Ин миллати сабуру шикастнопазир ва ба гуфти Мавлавии Балхӣ «тоҷики гарданкашу лашкаршикан» бо вуҷуди чунин имтиҳонҳои сангини қисмат забонро мисли гавҳараки чашмаш ҳифз намуд ва аз насл ба насл мисли шамъи фурӯзон дар шаби тори зулмоти тақдир мерос гузошт. На Искандари Мақдунӣ, на истилогарони араб ва на Чингиз натавонистанд, ки ҳувияти ин миллатро бишкананд. Зеро ҳар миллате, ки забони ниёгонашро ҳифз карда метавонад, бешак, барҷастатарин халқияти кураи арз аст. Барои мисол, вақте хилофати исломӣ дар асрҳои VI ва VIII ними қитъаи Авруосиё ва Африқоро фаро гирифт, миллату давлатҳое, ки зери истилои араб монда буданд, на фақат исломро ҳамчун дин қабул карданд, балки забони арабиро низ ба ҷои забонҳои миллии қадимаашон пазируфтанд.

Дар натиҷа забонҳои сурёӣ, лубнонӣ, канъонӣ ва даҳҳо забонҳои паҳнои африқоӣ дар натиҷаи ғасби арабҳо аз байн рафт. Имрӯзҳо дар ин кишварҳо забони қадимаашонро касе намедонад. Аммо миллати тоҷик дар дарозои гузаштаи худ садҳо маротиба имтиҳони тақдирро сарбаландона паси сар кардааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳуҷуми истилогарон шарафу номуси худро нигоҳ доштааст. Маҳз, ҳамин нуктаи муҳим буд, ки миллати тоҷик динро қабул карду забонро не. Бесабаб Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ нагуфтаанд, ки “забон шиносномаи миллат аст”.

Имрӯзҳо дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки китоби 1300-1400 сол қабл чопшудаи худро хондаву фаҳмида тавонад. Зеро дар натиҷаи омехташавии тамаддунҳо ҳазмшавии шеваву лаҳҷаҳои зиёде ба ҳам омадааст, ки миллату халқиятҳои бузург забони миллатҳои нисбатан хурдро дар худ фурӯ бурдаанд. Аммо миллати тоҷик бо сарбаландӣ метавонад гӯяд, ки китобу осори 1200-1400 сол пешинаи худро ба хубӣ мефаҳмаду ҳанӯз бо ҳамон шева ҳарф мезанад.

Хушбахтона, ҳанӯз мо бо забони устод Рӯдакӣ байни худ муошират мекунему шеърҳои нобашро амиқан бе ягон луғатномаву шарҳномаҳо мефаҳмем, ки ин ифтихори мо аст. Ин буд, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ 22-юми июли соли 1989 Ҷумҳурии Тоҷикистони сотсиалистӣ тавонист забони тоҷикиро забони давлатии худ эълон дорад. Идомаи мантиқии кори шарафбардорони миллати қадимаро аз ҷониби абармарди таърихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият эҳсос мекунем, ки барои боз ҳам қувват бахшидани забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эълон ва эътироф шуд. Минбаъд чунин иқдом дар дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ сабти худро ёфт, ки шарафи забони миллию давлатии моро бамаротиб боло бурд.

Нашри китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» бори дигар дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои қотеъ ба ҷаҳониён паём фиристод, ки ин миллату халқи куҳан соҳиби яке аз шохаҳои бузурги забонҳои қадимаи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки то ба ҳанӯз пойбарҷо аст.

 Суҳроб ҚОСИМӢ,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Шиносоӣ бо рафти бунёдкориҳо дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

3 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ бо ҳамроҳии масъулини сохторҳои вилоятӣ тавассути автобус ба шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов сафар намуд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 октябр дар саросари кишварамон мутантан таҷлил мегардад. Зеро забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Читать далее