02 October 2018

Оила - ниҳоди муқаддас

Дар толори Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Раисикунандаи ҷаласа Қурбонҷон Мирзоева рӯзномаи ҷаласаро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Аз рӯи масъалаи якум сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти муфассал дод.

Мавсуф зикр дошт, ки зан чун қувваи пешбарандаи ҷомеа, оила - ниҳоди муқаддас, бунёди ҷомеаи солим - аз оилаи солим, тарбияи насли солим дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то моҳи сентябри соли равон бо масъалаҳои мухталифи марбут ба оила ва оиладорӣ 106 нафар ва ба Маркази занон «Гулрухсор» 914 нафар муроҷиат карданд. Масъулини Раёсат баҳри ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои ҷорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ ҳамкориро қавӣ гардонда, инчунин дар шаҳру ноҳияҳо мулоқоту вохӯриҳоро ба роҳ мондааст. Дар назди Раёсат маркази машваратӣ – иттилоотӣ таъсис дода шудааст, ки шаҳрвандон бо масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 «Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017 - 2020» мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, аз ҷумла аз ҷониби занон, мубориза бар зидди амалҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои саривақтӣ андешид. Бо ин мақсад дар муассисаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳамкорӣ бо раисони ҷамоатҳо, имомхатибону бибиотунҳо вохӯриҳо баргузор намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати динӣ, мутобиқи оиннома ба роҳ мондани фаъолияти онон корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Натиҷаи чунин амалиёт буд, ки 262 ҷинояти экстремистӣ аз ҷониби ҷавонон пешгирӣ карда шуд.

Муовини якуми Раиси вилоят, намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳматзода Рустам Мирзо оид ба иҷрои қонунҳои баррасишуда, барномаҳои давлатӣ, оила ва оиладорӣ, сабабҳои ба вуҷуд омадани хушунати оилавӣ, шомилшавии ҷавонон ба амалҳои номатлуб ва ғайра фикру андешаи хешро иброз дошт.

Собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, намояндаи Ҷамъияти «Дониш» дар вилояти Суғд, рӯзноманигор Мавлуда Шарифова, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Раиси Шӯрои созмони хонандагони вилоят Фирдавс Ашӯрматов, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят Мирзотоҳир Набиев ва дигарон оид ба масъалаҳои баррасишуда таклифу пешниҳодоти хешро баён карданд.

Дар ҷамъбаст лоиҳаи Қарори ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоят ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мастчоҳ: Дар ҷустуҷӯи меҳмонхона ва ё дари бастаи «Анис»

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ин радиф бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ба соҳаи сайёҳӣ зарур бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ба соҳаи сайёҳӣ зарур аст.

Аз ҷумла, меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз қадамҳои ҷиддиест, ки метавонад боиси ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат борҳо дар баромадашон иброз намудаанд. Меҳмонхона биноест, ки барои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон истифода мешавад.

Асосан муштариёни меҳмонхона меҳмонони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дур мебошанд. Оё меҳмонхонаҳои шаҳру навоҳии мо ба талабот ҷавобгӯ аст? Мутаассифона, ба ин суол мо дар ноҳияи овозадори Мастчоҳ посух дарёфт карда натавонистем.

 Бино ба иттилои сокинон дар маркази ноҳия як меҳмонхона вуҷуд дорад, аммо касе намедонад, ки номи он чисту соҳибаш кӣ аст. -Намедонем, ки меҳмонхона айни ҳол фаъолият дорад ё не,-гуфт як сокини ноҳия, ки худро Меҳрулло ном бурд. Бо тааҷҷуб пурсон шудем, ки чаро дар як ноҳияи калон барои хизматрасонии сайёҳону меҳмонон ягон меҳмонхонаро тавсия дода наметавонанд? Бо табассум дар ҷавоб гуфтанд: -Аз азал мардуми ноҳия меҳмоннавозанд, бинобар он касе, ки аз дуру наздик ба меҳмонӣ оянд, дар манзили хеш меҳмондорӣ мекунем. Ба чунин гуфтаҳо розӣ шуда наметавонем, зеро на ҳар сайёҳ ё меҳмон ҳангоми саёҳат дар ин ноҳия хешу табор доранд, - гуфт фурӯшандае, ки дар бозори марказии ноҳия фаъолият мекарду худро Холмуҳаммад номид. Бо пурсуҷӯи зиёд фаҳмидем, ки дар яке аз кӯчаҳои маркази ноҳия ягона меҳмонхона ба номи «Анис» фаъолият дорад. Ба он ҷо равона шудем, вале ҳангоми наздик шудан дидем, ки дараш қулф аст ва аз соҳиби он дараке нест. Аз суҳбат бо сокинон бармеояд, ки дар вақти зарурат ба маъмурият занг зада, хонаро кироя кардан лозим будааст. Вале дар ягон ҷо рақами телефон сабт нагардидааст ва мо низ натавонистем, бо соҳиби он дар тамос бошем. Бо вуҷуди он, ки сар то сари вилоят ба меҳмонхонаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, дар ин масъала чаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ягон чораҷӯӣ накардааст?

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Туҳмат ва бофтаҳои худсафедкунӣ

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша душманони миллату давлати мо ба ном ҳизбу анҷуман ва ассотсиатсияи ғайриқонунӣ ташкил намуда, ба худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида, дар сомонаҳои интернетӣ сару садоҳо баланд мекунанд.

Аз рӯи маълумоти сомонаҳои хабарӣ гӯё мухолифин ва душманони миллат, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эътилофи “Паймони миллӣ” - ро таъсис намудаанд. Нафароне, ки боиси ҷангу ҷидолҳои зиёд, хунрезӣ, ҷудоиандозӣ дар Ватани худ шудаанд, ҳуқуқи маънавии дар бораи миллат сухан гуфтан ва санад қабул карданро надоранд.

Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов хоинони миллат, террористон, барангезандагони кинаву адоват буда, ба қадру манзалати сарзамини мо ҳеҷ гоҳ намерасанд. Худи М.Кабирӣ нафарест, ки баъди бахшидани гуноҳҳои нобахшидании ҳаммаслаконаш бо қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавба накарда, бо супоришҳои хоҷагони хориҷиаш ба амалҳои террористию экстремистӣ пардохт. Ин гурӯҳ имрӯз низ нақшаҳои муғризонаи зиёд дорад, ки дар баромади телевизионии собиқ аъзоёни ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов баръало ошкор гардид. Маълум шуд, ки то ҳол Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҷавонони гумроҳро дар хоки Афғонистон ва Эрон барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият дар Тоҷикистон, озод намудани ҳаммаслаконаш аз маҳбас омода карда истодааст. Ин дар ҳолест, ки боз дар ҷаласаи САҲА мехоҳад дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва ҳифзи он сухан ронад.

Дар маводҳои интернетӣ сарони чор гурӯҳ ё дастаи ҷинояткори хоин дар бораи мустақил набудани ҳокимияти судӣ, норасоиҳо дар озодии сухан ва васоити ахбори омма дар Тоҷикистон суханҳои туҳматангез чоп менамоянд.

Имрӯз адолат, кафолати ҳифзи судӣ барои тамоми мардум дастрас буда, дари тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳар сокини кишвар боз аст.

Оид ба озодии васоити ахбори омма суханҳое, ки бофтаанд, ба ҳақиқат рост намеояд.

Дасисабозии Кабирӣ ва дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷинояткоронаи ӯ асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надоранд. Мо - мардуми заҳматкаши тоҷик ба муқобили душманону хоинони миллат, ки тайи чанд сол ба тарафи сарзамин ва хоки муқаддаси Ватанамон санги маломат мепартоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, намегузорем, ки ба суботу оромии кишварамон халале ворид намоянд.

Иброҳим Ҷабборов,
 декани факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи 1 октябр дар маҷлисгоҳои хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо ва раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ширкат варзиданд.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Шодихон Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Читать далее