01 October 2018

Мунтахаби ғазаллиёти Мирзо Ҷалоли Асир

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мунтахаби ғазалиёти Мирзо Ҷалоли Асирро интишор намуд.

Мунтахаби ғзалиёт дар таҳияи Иззатбек Шехимов ва зери назари доктори илмҳои филологӣ профессор, Замира Ғаффорова дар матбааи «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд  аз нашр баромад.

Гуфтан бамаврид аст, ки Мирзо Ҷалоли Асир аз шоирони маъруфи асри ХVII, дар сабки ҳиндӣ  ғазал суруда, дар адабиёти форсӣ мақоми шоиставу боризе ба даст овардааст. Ширинии баён ва назокати суханаш боиси шуҳратмандии шоир гашта, аммо то кунун ашъори Асир дар Тоҷикистон  нашр нагашта буд.

Дар муқаддимаи китоб дар асоси маълумоти сарчашмаҳои адабӣ-таърихии мавҷудбуда ба тарҷумаи ҳол ва осори шоир рӯшанӣ андохта шудааст. Мухаққиқи ҷавон дар омӯзиши хеш ҳамзамон ба қолабҳои шеърии ашъор, ба ҳунари шоирӣ ва маҳорати ибораофаринии шоир, мазмунофаринӣ ва зарофатҳои забониву мавзӯъгирии хоси Мирзо Ҷалоли Асир таваҷҷуҳ намудааст.

Мунтахаби ғазалиёти шоир 134 ғазалро дарбар гирифта, гулчини ғазалҳои шоир мебошад, ки шамъае аз гулистони табъи ӯст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Қадршиносии ғолибони 20 рӯзаи аввали маъракаи пахтачинӣ

Субҳи 1 октябри соли равон дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоятро қироат намуд, ки тибқи қарори мазкур дар ин давр пахтакорони шаҳри Конибодом ба гирифтани ҷойи аввал ва  кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ  ҷои дуюмро сарфароз гаштанд.

Читать далее

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси андӯҳи амиқи мо гашт.

Читать далее

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор

Рӯзи 29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро  ба кор андохтанд.

Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Читать далее

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Пас аз нишасти хоссаи сарони давлатҳо кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Читать далее