September 2018

28 September 2018

Ҳадаф - беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят

Дар Қароргоҳи расмии Роҳбари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахустҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои андоз ва гумрук, бонкҳо, бизнес – ассотсиатсияҳо ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Читать далее

Оғози Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ намуд.

Барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Читать далее

Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ

Шоми дирӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Дар Шоми дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ягҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

27 сентябр дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон имрӯз яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва мо барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдорем.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хайрамақдам гуфтанд.

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Ҳимояи Ватан аз тӯҳмату дасиса

Вақте ки сухан дар бораи Ватану ватандорӣ меравад, пеши назарам кишвари ободу зебо, табиати биҳиштосо, арчаҳову кӯҳҳои осмонбӯс ва аз ҳама муҳим чеҳраи гарму нуронии модарону хоҳарони тоҷик намудор мешавад.

Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрӯю эътибори мо мебошад. Ҳифзи он ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи аввалиндараҷаи фарзандони фарзонаи ин кишвар аст.

Ватан маконест, ки мо дар он чашм ба дунё кушодаем. Сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои хешро дар хоки он гузоштем, аз оби чашмасоронаш нӯшидаему аз ҳавои муаттараш нафас кашидаем. Ватан ҷоест, ки бо он мо мефахрему сарфарозиҳо дорем. Ҳоло Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардаасту зиёда аз 190 мамлакати мутараққӣ мешиносад. Лекин, ҳастанд бадхоҳоне, ки бо дасисагӯиву, туҳмат ва худсафедкунии беасос ва қабули созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористиву экстремистӣ пардохт.

Ин гурӯҳ имрӯз низ нақшаҳои ғаразноки зиёде дорад, ки дар телевизион собиқ аъзоёни ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ ва Сатторов Айёмиддин баръало ошкор гардид. Ҳамчунин, онҳо бо суханони иғвоангези хеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ниятҳои ғаразноки хешро анҷом диҳанд.

Мо мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик сулҳу оромиро бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи миллат бо азобу шиканҷа ба даст овардаем.

Ҷавононе, ки худро дар ҳақиқат фарзандони ин миллат мешуморанд, бояд ҷавоби ин хоинонро бо вокунишҳои боасоси хеш барои туҳмату худсафедкунии беасоси Муҳиддин Кабирӣ диҳанд.

Ҷаҳонгир Махкамов,
донишҷӯи Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем!

Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод аст ва инсони солимақл аз бархӯрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад.

Имрӯз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳо ин нооромӣ ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кӯшиш ба ғасби ҳокимият мебошад.

Баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳои нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мост, барои озодии дину имон шароит фароҳам омад.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  

Гулрӯ МАҶИДОВА,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Читать далее

Аврупо аз босмачиён безор аст!

Роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ  бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ  баъзе ҳадафҳои нопокашонро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд.

Наҳзатиён ҳамон ҳилаи қадимаи худро ба кор бурданӣ шуда, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте тоҷикони бурунмарзӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТТЭ ҲНИ ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуданд, роҳбарияти наҳзат аз ҳисоби аъзо ва муздуронашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худ бо худ «эътилоф» ташкил карданд. Огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон  ТТЭ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилот эҷод шудааст. Мазмуни суханрониҳои намояндагонашон нишон дод, ки  онҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва сухани нав надоранд. Дар ҷаласа раиси ТТЭ ҲНИ  Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-у 30-юми асри гузашта мебошад. Ӯ ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён насли дуюми босмачиён буда, кору ормонҳои онҳоро давом медиҳанд.

Дар ниҳоят, ба террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки “давраи аврупоии шумоён” ба охир расида истодааст.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои рушди ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо - шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Мардуми кишвари азизи мо аз рӯзҳои аввали Истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

 Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ  корҳое иҷро гардиданд, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо фарҳангу маърифати баланди ватандӯстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз амал намоем.

 Б.АЛИМОВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Читать далее

Арсаи сулҳу осоиштагӣ

Аҳди мо тантанаи ақли солиму нерӯи созанда аст. Бо ин ҳама боиси таассуф аст,  ки дар ҷаҳони мо, муҳити тамаддунгарои мо пайваста рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, ва кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор, зиндагиамонро талх  мекунанд.

Алалхусус, чунин кирдорҳову равандҳои ношоиста имрӯзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб овардааст. Мушкилоти асосии таассуфангези замони мо амали пурхушунати терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмуъ оромиву субот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд. Терроризм торафт доман паҳн карда, мардуми ҷаҳонро ба ташвиш меоварад. Ҳаводиси даҳшатбор ва ҷангу задухӯрдҳои бардавом дар Афғонистон, Сурия, Ироқ, кирдорҳои ҷаҳолатбунёди ДИИШ мисоли рӯшани ин гуфтаҳоянд.

Мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба ифротгароён овардаанд ва гоҳо бо ҷараёнҳои тундрави экстремистию террористӣ гаравидаанду ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки дар ҷомеаи мо масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест, ки тақвиятталаб мебошанд.

Гулбаҳор  Ҳудойбердиева,
 шаҳри Панҷакент

Читать далее