20 September 2018

85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт

20 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар маросими оғози 85-умин мавсими ҳунарнамоии театр иштирок намуд.

Бояд зикр кард, ки аҳли эҷоди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» мавсими нави театриро оғоз намуданд.

Читать далее

Муҳити солим-тарбияи солим

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ, ҳисси эҳтиром ба таърихи миллат, мероси пурқиммати ниёгон, дастовардҳои замони Истиқлолият, равона сохтани майлу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари насли наврас аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Мо падару модарон барои таълиму тарбияи фарзандони худ ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем, зеро ки  як лаҳза бепарвогии мо дар ин бобат оқибати нохушро ба бор меоварад. Бо ин васила дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бояд бошему Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро амалан иҷро намоем.

Нахуствазифаи оила тарбияи шоистаи фарзандон аст. Мактаби асосии тарбия муносибати байниҳамдигарии зану мард, падару модар мебошад.

Масъалаи дигар ин боло бурдани маърифати оиладорӣ ва боз ҳам таъкид гардидани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

           Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари иҷтимоӣ воҳиди асосии ҳаёт буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Он оилае, ки фарзанд дошта, тарбия карда тавонад,оилаи мукаммал ҳисобида мешавад. Фарзанд боиси хушбахтии падару модар мебошад, ҳар чӣ қадар гирди дастархон фарзандони зиёде ҷамъ оянд,  ҳамон қадар хурсандии зиёд оиларо фаро мегирад. Аммо тарбияи дурусти кӯдак аз падару модар вобаста аст, сарчашмаи тарбияи кӯдак ин оила мебошад. Тарбияи кӯдак дар оила кори саҳл нест. Маърифати баланди оиладорӣ сабру таҳаммулро тақозо мекунад, ки волидон аз илми равоншиносӣ бархӯрдор бошанд. Якдигарфаҳмии оилавӣ дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро мебозад. Бояд зикр кард,  ки дар оила ҳуқуқи зану шавҳар баробар дониста шавад. Пӯшида нест, ки агар сардори оила- падар, бо дӯғу пӯписа гапи худро гузаронад, сабаби нофаҳмиҳо ва боиси хафагии оила мегардад.  Дар ин вазъ эҳтиром аз байн рафта, дар дили кӯдакон нисбат ба калонсолон ҳисси тарс пайдо мешавад. Тарс дар вуҷуди кӯдак самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ ва боварию эътимодро дур мекунад.

Он оилае, ки фарзанд дошта, тарбия карда тавонад, оилаи мукаммал ҳисобида мешавад. Фарзанд боиси хушбахтии падару модар мебошад, ҳар чӣ қадар гирди дастархон фарзандони зиёде ҷамъоянд, ҳамон қадар хурсандии зиёд  оиларо  фаро  мегирад.  Аммо тарбияи дурустии кӯдак аз падару модар вобаста аст, сарчашмаи тарбияи кӯдак ин оила мебошад. Тарбияи кӯдак дар оила кори саҳл нест.  Маърифати баландии оиладорӣ сабру таҳаммулро тақозо мекунад, ки волидон аз илми равоншиносӣ бархурдор бошанд.  Якдигарфаҳмии оилавӣ дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро мебозад. Бояд зикр кард,  ки дар оила ҳуқуқӣ зану шавҳар баробар дониста шавад. Пӯшида нест, ки агар сардори оила-падар, бо дӯғу пӯписа гапи худро гузаронад, сабаби нофаҳмиҳо ва боиси хафагии оила мегардад.  Дар ин вазъ эҳтиром аз байн рафта, дар дили кӯдакон нисбат ба калонсолон ҳисси тарс пайдо мешавад. Тарс  дар кӯдак самимият,  ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ ва боварию эътимодро дур мекунад.

Кӯдак дар инкишофи худ тамоми муносибатҳои падару модарро назорат менамояд. Ин муносибатҳо хоҳ нек, хоҳ бад, барои  ӯ ҳамчун намунаи ибрат мешавад. Ӯ худ шоҳид мегардад, ки низоъҳои волидайн ҳаллу фасл мегарданд ва кадом сифатҳо: дағалӣ, дурӯягӣ, дурӯғгӯӣ ё меҳрубонӣ, эҳтироми ҳамдигар дар оила бештар арзиш доранд. Маҳз чунин хислатҳои оилавӣ ба кӯдак таъсири худро расонида, минбаъд ҳосили дар он таҷассум мегардад, ки чӣ гуна онро киштаанд ва парваридаанд.

Пас месазад, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббату самимият ва садоқат тарбия намоем.

Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси шӯъбаи САҲШ-и
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»—ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта, ҳамон вақт сохтмончиёнро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят карда буданд.

Читать далее

Ҷузъи муҳимтарини инфрасохтори шаҳрдорӣ

… Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

 Эмомалӣ Раҳмон

Бо чашми ҳақ мебинему бо дили пок эҳсос мекунем, ки ташкилотҳои обрасониву умуман, ҷумла хадамоту кормандони ба соҳаи об вобаставу масъул баҳри ҳаёту рӯзгори инсон пайваста азм доранду заҳмат мекашанд. Дар ин радиф обу обрасонӣ ва таъмини аҳолӣ бо об рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии замони муосири кишвари соҳибистиқлоламонро қавӣ мегардонад. Биноан, дар мамлакат барои фаъолияти пурсамари ниҳоди соҳавии обрасонӣ тамоми шароит муҳайёст. Аз ҷумла, дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, як корхонаи бонуфуз ва аз лиҳози иҷтимоӣ хеле муҳим - Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» фаъолият мебарад. Ин ниҳоди соҳавӣ фаъолияташро баҳри таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, корхонаҳои худмаблағгузор, ташкилотҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, насби ҳисобкунакҳо, бартараф намудани сарфи аз меъёр зиёди об нигаронида, ҳамчунин партовобро қабул ва ҷоришавии онро ба низом медарорад.

Дар ин навиштаҳо пеш аз ҳама онро таъкид кардан шояд, ки мегӯянд: ҳама муваффақият аз они Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» буда, симои ин коргоҳро нишон медиҳад. Аммо, чунонки мегӯянд, факт ҳамеша факт мемонад. Ҳамагӣ чанд муҳлати кӯтоҳи гузаштаро ба хотир оварем, бурду бохти ин коргоҳро аён месозад. Биёед, гармои тобистонро лаҳзае эҳсос намоем: ҳавои ниҳоят тафсон, вақтҳое буданд, ки дар биноҳои бисёрошёна об намеомад, сокинон ба чӣ азоби алиме рӯ ба рӯ шуданд? Ва ё худ, равиши об ғайриимкон гардидаву ҷумакҳои обравӣ хушкиданд. Кормандони хадамоти садамавии ин коргоҳ шаб то субҳ ба лойу гил печида, хатти ҷараёни обро барқарор намуданд, ба чӣ таърифу салламно лоиқанд?

Кормандони заҳматпешаи ин корхонаи бонуфуз оҷилан ва аз мушкилот наҳаросида, ба ҳаёти мо, сабзиши долу дарахтон, ба симои шаҳри Хуҷанд ҷон мебахшанд, об мерасонанду ҷонофаринанд.

Тадбирҳои муассир барои пешрафти кор, албатта, мусоидгаранд. Коргоҳи обу ташноб чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, ки бояд ба ҳаёти шаҳру шаҳрдорӣ, сокинони маскуни маҳаллаҳову микроноҳияҳо, боғоту долу дарахтон, гулу гулзорҳои канори роҳу кӯчаҳо ва хиёбонҳои дилнишин нерӯву таровати назаррабо бахшанд.

Мо ин ҷо аз рӯи таъкиди дар ҳар ҷабҳа таҳлили қиёсӣ муфид ояд, амал менамоем. КВДК «Хуҷандобуканал» чӣ дастовардеро соҳиб гардид ва кадом мушкилот пеш омад? Директори генералии он Носир Ғафурзода дар ин хусус мегӯяд:

-Дар ҳашт моҳи соли равон КВДК «Хуҷандобуканал» ба андозаи қариб 6 миллиону 665 ҳазор сомонӣ оби нӯшокӣ дастрас кардаву фурӯхтааст. Фаъолияти ин коргоҳ ба раванди муҳими фазои муҳити зист ва саломативу тандурустии ҳар узви ҷомеа нигаронида шудааст. Ин муомила ва тарзи корбарӣ бо партовобҳо – яъне ташноб мебошад. Факту рақамҳо дараҷаи заҳмат ва кӯшишу роҳандозии фаъолиятро дар мизони масъулият мегузоранд. Аз ин лиҳоз, соли равон ин коргоҳи мо ба миқдори беш аз 3 миллиону 400 ҳазор мукаабметр партовобро қабул кардааст. Умуман, дар ин марҳала 12 миллиону 975 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шудааст.

Рақамҳои натоиҷи ниҳоиро бо фоиз нишон диҳем, аён мешавад: пардохти корхонаҳои буҷетӣ 88 фоиз, саноатӣ ва худмаблағгузор 103, аҳолӣ 100, дар умум 94 фоиз маблағ ҷамъ оварда шудааст. Нишондиҳандаҳо дар ҳашт моҳи соли гузашта чунин нақш доштанд: ҳаҷми интиқоли оби нӯшокӣ 5 миллиону 880 ҳазор мукаабметр, истихроҷи партовоб 3 миллиону 634 ҳазор мукаабметр, хизматрасонии умумии коргоҳ зиёда аз 12 миллиону 948 ҳазор сомонӣ буда, аз ин 12 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда шуда буд. Пардохти коргоҳҳои буҷетӣ 96 фоиз ва аз аҳолӣ 99 фоиз маблағ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 97 фоизро ташкил медод.

Аз овардани ин рақамҳо аён мешавад, ки аҳолӣ дар истифодаи обу ташноб ва пардохти саривақтии он масъулият доштаву намунаи интизоми шаҳрнишинӣ ва шаҳрдорӣ зоҳир менамоянд.

Саволе ба миён меояд: корхонаҳои худмаблағгузор чаро соли гузашта ба кашолкорӣ роҳ доданд? Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар ҳама ҳолат таҷриба ва масъулият ҳамоҳанг буданро тақозо дорад. Дар ҳалли масъала тадбирҳои муассир нақши муҳим доранд. Барои дастрас намудани об ин коргоҳи муҳими соҳавӣ заҳмат мекашад. Бояд ба қадри заҳмати коргарон бирасид, ҳамкорӣ намуд, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Имсол рафти кор чӣ гуна аст?

Нишондиҳандаҳои нимсолаи корхонаҳои худмаблағгузор самти беҳбудӣ дорад. Яъне, агар рақамҳои амалишудаи фаъолияти ин корхонаро бобати хизматрасонӣ зеҳн монем, аён мегардад: ба корхонаҳои худмаблағгузор дар ин марҳала дар ҳаҷми 37396 мукаабметр оби нӯшокӣ расонида шудааст. Ҳаҷми партовоби танзимгардида 642038 мукаабметрро ташкил медиҳад.

Ё худ, маблағи хизматрасонии иҷрошуда дар доираи 2 миллиону 796 ҳазору 876 сомонӣ қарор гирифтааст ва аз тарафи корхонаҳои худмаблағгузор беш аз 3 миллиону 912 сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 107 фоизро ташкил медиҳад. Аммо корхонаҳои буҷетӣ дар хусуси пардохтҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва ҳаҷми партовоб ба 88 фоиз қарор гирифтаанд. Дар ин самт аҳолӣ бобати истифодаи оби нӯшокӣ ва ташноб муҳимияти фаъолияти муназзами корхонаро ба эътибор гирифта, маблағи истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасонии партовобро саривақт пардохт менамоянд. Ин амал аз маданияти хуби шаҳрнишинии сокинон шаҳодат медиҳад.

Ҳоло яке аз масоили муҳим ин қарзҳои кредиторӣ боқӣ мемонад. Қарзҳои кредитории КВДК «Хуҷандобуканал» 1-уми сентябри соли гузашта 5 миллиону 66 ҳазору 512 сомонӣ буда, ин рақам дар 1-уми июли соли равон 5 миллиону 182 ҳазору 69 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақам ба барқ ва андоз, хадамоти муҳофизаи «Востокредмет», маҷмӯи обрасонии «Хоҷа Боқирғон» алоқамандӣ дорад. Паҳлӯи дигари кор чунин аст: воридоти умумии корхона дар ин марҳала, яъне 8 моҳи аввали соли равон 12 миллиону 974 ҳазору 828 сомонӣ буда, хароҷоти умумии дар ҳамин даври соли ҳисоботӣ беш аз 12 миллиону 666 ҳазору 822 сомониро ташкил намудааст, ки фоидаи ба даст омада 8 ҳазору 355 сомонӣ мебошад.

Дар корхона ҳоло ба ҳисоби миёна 579 нафар заҳмат мекашанд, музди маоши миёнаи онҳо 1027 сомониро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин даври соли гузашта 903 сомонӣ буд.

Аҳли заҳмат ва кормандони муҳандисиву техникии КВДК «Хуҷандобуканал» барои саривақт ва босифат таъмин кардани шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳои шаҳр бо оби нӯшокӣ ва қабулу роҳӣ намудани ташноб – яъне партовоб бо камоли масъулият ва шинохти вазифадорӣ кору меҳнат мекунанд. Дар ин самт баҳри беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар ҳамаи иншооти обтаъминкунӣ ва боло баровардани об насосҳои обкаш аз муоина ва назорати техникӣ гузаронида, қисмҳои корношоями онҳо иваз карда, сари вақт тадбирҳои профилактикӣ роҳандозӣ мешаванд.

– Аз тарафи шуъбаи механикӣ 45 насоси чоҳҳои амудӣ аз таъмир бароварда, ба истифода дода шуд, - гуфтанд дар суҳбат мутахассисони корхона. – Корҳои таъмиру тармими техникӣ дар сехҳои кафшергарӣ ва харротии коргоҳ ба анҷом расонида, ҳатто насосҳо ҳам ба ҳолати корӣ баргардонида мешаванд. 24 насос, ки дар самти обрасонӣ ва ташноб басо муҳиму зарурист, таъмири хушсифат гардиданд. Дар ин бобат саҳми кормандони тахассусии техникӣ назаррас аст. Дар ҳамаи чоҳҳои амудӣ, нуқтаҳои обтаъминкунӣ, хатҳои обгузар таъмиру таҷдид гузаронида шуданд. Дар иншооти партовобкашии асосӣ ва болобардории об таъмири капиталӣ ба амал оварда, қисмҳои муҳими воситаҳои техникӣ ивазу нав карда шуданд.

Ба маълумот ва моҳияти татбиқи лоиҳаи бехатаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва партовоби шаҳр зеҳн мемонем, ки марҳалаи сеюми он таваҷҷуҳамонро мерабояд. Тадбирҳое, ки бояд лоиҳа амалӣ гардонад – азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳр, таъмир ва таҷдиди иншооти партовоббардори асосӣ, сохтмони иншооти партовобпартоии шаҳраки Обшорон (Водник), ивази лӯлаҳои партовоб, завод барои истеҳсоли гипохлорит, харидории мошин ва механизмҳо барои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникӣ, таъмири ду ташхисгоҳ ва дигар паҳлӯҳои вобаста ба обрасониро бозгӯй аст.

Аҳли хизмати КВДК «Хуҷандобуканал» азми комил доранду амали нек. Басо фарох аст доираи кору пайкор ва хизматрасониҳои онҳо. Алалхусус дар самти амалигардонии тадбири муҳим - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”. Аз ин рӯ, ба фаъолияти ин коргоҳ комёбиву бурдборӣ таманно дорем.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем.

 Эмомалӣ Раҳмон

Забони ҳар қавму миллат мояи ифтихор ва саодати ҳуввияти ӯст, зеро маҳз забон аст, ки аз мавҷудияти ин ё он миллат башорат медиҳад ва ҳастии миллатро ба дуриҳои дур мебарад. Аз ин дидгоҳ ифтихори тоҷикон аст, ки забоне бо номи «тоҷикӣ» доранд, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ҳастии мо паём мерасонад, балки аз бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳон, чун Созмони Милали Муттаҳид садо дода, пайғоми моро ба банӣ башар мерасонад.

Забони тоҷикӣ таърихи дуру дарозеро паси сар намуда, тӯли мавҷудияташ бо вуҷуди вазъи номусоиду ногувори таърих худро ҳифз намуда, риштаи ҳастии миллатро то ба имрӯз расонидааст. Ба таъбири дигар, забон натанҳо ҳастии ҳар миллатро таъмин менамояд, балки таъриху тақдири онро низ дар хотираи худ маҳфуз медорад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки: «танҳо забон аст, ки дар ҳамаи давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ба сифати забони адабӣ дар хидмати соҳибзабонон қарор дорад ва ҳастии беш аз ҳазорсолаи забони адабии тоҷикиро осори мондагори илмиву адабие, ки аз ҷониби Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва нобиғагони дигар рӯи саҳфаҳои таърих рехтаанд, ба субут мерасонад. Дар оғози ташаккули забони адабии тоҷикӣ дар ҳимояву ҳифз ва бузургдошти он амирони олигуҳар чун Исмоили Сомонӣ, Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ ва дигарон хидмати таърихиро ба анҷом расонида, онро аз ҳамлаву ҳуҷум ва фишори забонҳои бегона, бахусус арабӣ, дар амон нигаҳ доштанд.

Ҳамин рисолати таърихиро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расониданд. Ба таъбири дигар, Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан забонро чун рукни бақову ҳастии миллат ба ҳимояти давлату ҳукумат гирифта, эълом доштанд, ки: «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Ҳамин эътироф ва муҳаббату садоқат ба забон буд, ки на танҳо забон аз газанд эмин монд, балки боиси болорафти худшиносиву худогоҳии миллӣ низ гардид.

Тақдиру таърихи забони миллӣ ҳамеша мавриди андеша ва омӯзиши Сарвари давлат қарор дорад. Ин аст, ки дар тамоми баромаду суханрониҳо пайваста аз забони модарӣ ба унвони мояи ифтихору асоси ҳастӣ ба муҳаббат сухан меронанд. Илова бар ин, дар ҳамин замина осори зиёде низ таълиф намудаанд, ки «Забони миллат - ҳастии миллат» яке аз онҳост. Дар асари мазкур, ки ба сабки илмию оммавӣ таълиф шудааст, муаллиф борҳо аз Истиқлолият ва имкониятҳои он барои худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан карда, ба бардоште мерасанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи забон ва эҳтирому арҷгузории он ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид.

 Аз дигар тараф, маҳз Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки «омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дӯстон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем». Дар ин замина метавон гуфт, аз беҳтарин ва нодиртарин таълифот, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мавриди таъриху тақдири забони миллӣ анҷом ёфтаанд, бегуфтугӯ, китоби «Забони миллат - ҳастии миллат»-и Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

Мақсади Пешвои миллат аз таълифи ин асари ҷомеъ огоҳу бедор сохтани ҳофизаи таърихии соҳибзабонон ва махсусан насли ҷавон аст, зеро ниёгони мо новобаста ба номеҳрубониҳои таърих дар ҳифзи Ватан ва бавиҷа забони миллӣ бархоста, барои мо забони пуртавонеро ба мерос гузоштаанд. Имрӯз «вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳимояву ҳифзи забони миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст. Санади мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро ҳудуди кишвар ба танзим медарорад ва тавассути ҳуҷҷати мазкур мақоми давлатӣ доштани забон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон расмият ёфтааст.

Қонуни мазкур ибтидо дар замони шӯравӣ (22-юми июли соли 1989) қабул гардида, дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна тоҷикон аз аввалинҳое ба шумор меомаданд, ки санади мазкури таърихиро қабул ва мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикиро расман эълом дошта буданд.

Баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарурате пеш омад, ки қонуни мазкур ба замони нав мутобиқ гардонида шавад. Аз ин рӯ, қонуни забон дар таҳриру такмили нав рӯзи 5-уми октябри соли 2009 аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқ ва аз он пас ин санаи таърихӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабон муваззаф аст, ки дар баробари ифтихор аз забону адабиёти оламшумули тоҷикӣ, ки рӯи авроқи таърих сабт аст, бояд ба хотири идомат ва умри бардавоми он ин ганҷинаи бебаҳои ниёгонро бегазанд ба пасовандон ба мерос гузорад, чунонки ҳамин рисолати таърихиро бузургони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, устод Айнӣ, Улуғзодаву Лоиқ ба анҷом расонидаанд.

Дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд.

Баракати шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт, пеш аз Рӯдакӣ шоире, ки дар забони форсӣ соҳиби девони комил бошад, маълум нест.

Ба ишораи сарчашмаҳо Рӯдакӣ ихтироъкори бисёр шаклҳои шеърӣ буда, аз ҷумла рубоиро маҳз ӯ падид овардааст, нахустин тарҳи маснавӣ ҳам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ будааст.

Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирони тоҷику форс ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд, зеро забони соддаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд.

Забони сода ва пуртаъсири шеъри Рӯдакиро дар воқеаи таълиф гардидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» мушоҳида карда метавонем. Мувофиқи сарчашмаҳо Амири Сомонӣ пас аз шунидани шеъри «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён» ҳатто ба як пой мӯзаи хешро напӯшида, ба асп савор шуд ва ҷониби Бухоро роҳ пеш гирифт. Нақл мекунанд, ки ходимони амир то ду фарсах попӯши амирро оварданд ва танҳо баъди ин ӯ онро пӯшид. Ҳамин як шеъри Устод нишон медиҳад, ки чӣ гуна Рӯдакӣ ва шеъри ӯ назди хосу ом нуфузу эътибори бузург доштааст.

Ҳарчанд то замони мо шоирони бисёре кӯшиш кардаанд, ки ба ин шеър ҷавоб гӯянд, вале то имрӯз нафаре натавонистаанд бо чунин ширинию равонии забон ҷавоб гӯянд. Аз ин гуфта ба хубиву дурустӣ эҳсос мегардад, ки сухани Рӯдакӣ пояи баланд дорад, ин андеша бузургии сухани Устодро ба таври воқеӣ нишон медиҳад. Худи ӯ дар ин маънӣ мегӯяд:

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,

Расад «марҳабо» аз замину замонам.

Рӯдакӣ маъниҳои оламгирро бо забони фасеҳу шево ба инсон пешниҳод мекунад, аз ин лиҳоз, арзишҳои волои каломи Рӯдакӣ пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масъалаи тарғиби некӣ ва накӯкорӣ таваҷҷуҳи алоҳида нишон додааст.

Ба андешаи Рӯдакӣ инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимонаи хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад номидааст. Бинобар ин, инсонияти бохирад дар тамоми давраҳои таърихи зиндагии худ дар ҳар ҷо ва ҳар шароит ҷидду ҷаҳд намудааст, ки бо ҳар роҳ, бо ҳар забон дониш омӯхта, сарбаланд гардад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар таълимоти Рӯдакӣ барои инсон тандурустию некхӯию хирадмандӣ беҳтарин фазилатҳо арзёбӣ гардидааст. Шахсоне, ки дорои ин фазилатҳоянд, аз ғаму ғусса озоданд, зеро ахлоқи шоиста ва накӯкорӣ инсонро машҳур мегардонад ва ҳатто маънаван солиму комил медорад:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

Ҳар он кӣ Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.

Рӯдакӣ оид ба мафҳумҳои дӯсту дӯстӣ сухан намуда, шодии ҷаҳонро бартар аз дидори дӯст мебинад, дӯстиро аз ҳама чиз афзал ва бо дӯст ҳамдамию ҳампешагиро наҷибтарин кор меҳисобад. Аммо гум кардани дӯстони пурҳунар ва ҷудоии онҳо талхии заҳр дорад ва ниҳоят боалам мебошад. Бинобар ин, кӯшидан лозим аст, ки дӯсти ҳамдамро аз худ дур насозӣ ва дӯстиро одат намоӣ, зеро бо дӯст шоду масрур зистан хушбахтию комронӣ хоҳад буд.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Дар таълимоти Рӯдакӣ нигоҳ доштани нафс ва аз рӯи виҷдон амал кардан, самимияту меҳрубонӣ бар мардуми афтода ва эҳтирому тавозуъ бар шахсони мӯҳтоҷ низ мардонагӣ мебошад. Рӯдакӣ мардиро боз дар он мебинад, ки озори фитодаро раво надида, баръакс аз дасти ӯ гирифта ва ба мададу ёриаш бархоста шавад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд.

 Тоҷибой СУЛТОНӢ,
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
номзадҳои илми филология

Читать далее

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғоз ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори Ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барору комёбӣ орзу карданд.

Читать далее