18 September 2018

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон – Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Читать далее

Мулоқот бо интихобкунандагон

Дар шаҳру навоҳии вилоят мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон доир гардида истодааст.

Дар ноҳияи Деваштич мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода бо интихобкунандагон ҷараён гирифт. Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода мулоқотро ифтитоҳ намуда, мавриди дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зад. Зуфар Исмомилзода вакили Маҷлиси намояндагон кулли мардуми шарифи ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни фархундаи Истиқлолият табрик намуда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони кишвар, нақшаҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари мамлакат оид ба бунёди як қатор иншоотҳои бузург дар ноҳия, ба хусус хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой сухан кард.

Иштирокдорони мулоқот ба вакили мардумӣ бо саволу дархостҳои худ муроҷиат намуданд.

Чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун бо иштироки бештари намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷараён гирифтанд.

Лоиқ Тӯйчиев,
 ноҳияи Деваштич

Читать далее

Мулоқоте, ки маърифату масъулият физояд

Дирӯз дар маҳаллаи «Даштак»-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо иштироки занҳои фаъол вохӯрӣ доир гардид. Ҳадафи баргузории он шарҳу тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва баррасии масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, майл ба тамоюлҳои бегонапарастӣ  буд.

Вохӯриро муовини раиси Ҷамоат Инобат Тӯраева оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Шӯрои занони Ҷамоат маълумот дод. Таъкид намуд, ки бояд занҳо соҳиби маърифат ва масъулияти баланд бошанд, дар таълиму тарбияи фарзандон ба хато роҳ надиҳанд. Дар бобати мустаҳкамии оила саҳмгузор бошанд, тибқи қонунҳои имрӯзаи кишвар амал намуда, ҳаётро хушу босаодат гузаронанд.

Сипас мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти   давлатии   ноҳия   Дилбар   Осимова   иброз дошт, ки қонунҳо  бештар ба манфиати шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо таҳия шуда, он боиси баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум гардида, аз ташвиш ва хароҷоти зиёдатӣ бозмедорад. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд талаботи ин қонунро риоя намоем ва ба қонуншиканй роҳ надиҳем.

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
мухбири ҳафтаномаи «Хуҷанд»

Читать далее

Ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ

Дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич бо ташаббуси сокинони бунгоҳи тиббӣ қомат афрохта, мавриди истифодаи аҳолӣ қарор гирифт. Дар ифтитоҳи он раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ва намоядагони Раёсати тандурустии вилояту ноҳия ширкат варзида, барои ташаббусҳои мардуми меҳнатдӯст миннатдорӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин бунгоҳи тиббӣ бо маблағи беш аз 1 миллиону ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Ҳамзамон барои муҷаҳҳазонидани бунгоҳ 6 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ бо маблағи 23 ҳазору 332 сомонӣ, 24 адад номгӯи лавозимоти тиббӣ  мизу курсиҳо бо маблағи 132 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд. 

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ

Читать далее