17 September 2018

Зоҳираш сулҳу сафо, ботинситез…

Замоне мо, ҷаҳони мо чунон пур аз тазод, мушкилот, муаммову мураккаб гардидааст, ки онро дарк намудан, нисбат ба ҳодисаву падидаҳои хатарафзои он кадом як роҳу равиш ва усули ягонаву қатъӣ ва фарогири ҳалли тамоми масъалаҳоро дарёфт намудан аз имкон берунаст. Дар ин ҷаҳони пуртаззодупур ихтилоф мутаассифона ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо ва ашхосе вуҷуд доранд, ки ба ҷои ҳалли оқилонаи ин мушкилот кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкори муғризона ва нақшаҳои тахрибкоронаи худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона роҳандозӣ намоянд. Онҳо ба ҳадду дараҷае ба ҳақиқати аслӣ ва ягона будани афкору андеша ва амалҳои худ боварӣ ва эътиқод доранд, ки мехоҳанд ғояву афкор ва андешаҳои ботили худро ба тамоми мардум зӯран бор кунанд, ё ба истилоҳ «бо бозуи оҳанӣ инсониятро ба хушбахтӣ» равона созанд. Чунин амали тундравӣ, ифротгароӣ сабаби ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ ва низоъ дар ҷомеа мегардад ва оқибатҳои фоҷиангез меорад.

Рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангу даргириҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигиҳои мардум ва оқибат пайвастани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классики «тақсим куну ҳукуматрон»-ро истифода мебаранд, бо табиқи сиёсати духӯра. дар кишварҳои нисбатан кӯчаку сусттараққикарда мухолифини ҳукумат, ҳизбу созмонҳои тақрибкор, ҷудоиандоз ва хиёнаткор ва ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистиро таъсис, таъмин ва тарафдорӣ менамоянд. Мисоли он таъсиси Ҳизби таҳрир, ҳаракати Толибон, ДИИШ ва даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тундрав мебошанд. Тибқи маълумоти баъзе коршиносон, таҳлилгарон Ҳизби таҳрир зода ва парвардаи яке аз тавонотарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон- «Моссад» - Исроил мебошад, ки ғояи бебунёди барқарор сохтани хилофати асри миёнагиро ба пешвоён ва узви ин ҳизб талқин намуда, боиси ихтилоф дар ҷаҳони ислом ва рехтани хуни ҳазорон мусулмонон гаштааст. Ҷунбиши Толибон, ДИИШ ва баъзе дигар ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ дастпарвари хадамоти ҷосусии Амрико ва бархе аз давлатҳои абарқудрат мебошанд.

Абарқудратҳо, хостанд баъзе давлатҳои Ғарб бо мақсади тасарруфи захираҳои нефт, тилло, уран ва дигар маъданҳои зеризаминӣ, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ маблағҳои ҳангуфтро ба даст меоранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кори арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона, бо ворид сохтани нерӯҳои ҳарбии худ ба хоки давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Афғонистон, Сурия, Ироқ сарзамини ин кишварҳоро ба озмоишгоҳи аслиҳаи нави ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати ҷангии сарбозони худ табдил додаанд ва мардуми бегуноҳи ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд.

Дар сиёсати бархе аз давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналхалқӣ мо чунин рафтору амали мунофиқона, муғризонаро мушоҳида менамоем.

Аз як ҷониб онҳо исломро дини ифротгароён, тундравон эълон менамоянд, вале аз ҷониби дигар баъзе роҳбарону сарварони ҳизбу ҳаракатҳои диниро зери ҳимояи худ қарор додаанд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ чунин созмонҳое, ки гӯё  ба хотири ҳимояи демократия, ҳуқуқу озодиҳои аҳли башар, сулҳу амният, таъсис дода шудаанду вале дар асл ҳимоятгари сиёсати истисморгарон мебошанд, фош сохта, моро чунин ҳушдор дода буд:

Зоҳираш сулҳу сафо, ботинситез,

Аҳли дилро шишаи дил рез-рез.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) яке аз чунин созмонҳоест, ки ҳамчунон аз номаш бар меояд барои таъмини амният ва ҳамкорӣ байни кишварҳои узви ин созмон масъул аст. Мутаассифона баъзе рафтору амалҳои масъулини он ба рисолат ва вазифаи аслии он ҷавобгӯ набуда, дастанкорони он баъзе меъёрҳои қонунгузории байналхалқӣ, созишномаву аҳдномаҳои дар самти таъмини амнияту ҳамкорӣ ба тавсиб расидаро дағалона поймол менамоянд.

Ҳамчунон, ки аз васоити ахбори умум маълумаст, 9-21 сентябри соли равон САҲА дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава конфронси солона баргузор менамояд, ки ба он роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва аъзои он даъват шудаанд.

Фаъолияти ин ташкилоти террористӣ боқарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои раднашаванда аз 29 сентябри соли 2015 қатъ карда шуд.

Дар расонаҳои хабарӣ даҳҳо мақола, мубоҳиса ва мавод оид ба фаъолияти ҷиноятии таъсис диҳандагон, роҳбарон ва аъзои фаъоли он, аз ҷумла, «Аксари қотилони шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дастпарварони як таълимгоҳанд» («Фараж».-2017.-16 авг.), «Қотилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев ошкор ва дастгир шуданд» («Согдийская правда».-2017.-19 авг.), «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ» (Фараж.-2017.-15 нояб.), «Основной телохранителҳ: из командиров в созидатели» («Согдийская правда».-2018.-6 янв.)- «Мазҳаб фурӯшии наҳзатиён» («Ҷумҳурият».-2018.-22 сент.), «Наҳзати хунин» («Фараж».-2018.-1 авг.), наворҳои мустанади «Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати ризолатпӯш», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва ғайра аз забони шоҳидони бевоситаи ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ интишор гардиданд, ки амалҳои ҷинояткоронаи сарварон, хоҷагон ва узви фаъоли ин созмони террористиро ошкор месозад.

Суоле матраҳ мегардад, ки оё САҲА чун созмони байналхалқӣ истиқлолият, шаъну эътибори Тоҷикистонро эҳтиром менамояд ё не? Барои масъулини ин созмон боз кадом далел, ҳуҷҷат лозим аст? Баъзан барои хурдтарин қонун поймолкунӣ ин созмон чунон ҳангомаю ғул ғула мебардоранд. Аммо он далелу бурҳони қотеъ, ки ҷониби Тоҷикистон ба САҲА ва дигар созмонҳои байналхалқӣ оид ба фаъолияти ҷиноятии ТТЭ ҲНИ ва сарварони он пешниҳод намудааст, ба назари «ҳомиёни» демократия, озодӣ нокифоя аст.

Аз ин рӯ ҷониби Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки Намояндагӣ ва ниҳодҳои САҲА, ки давлати моро эҳтиром намекунанд ва нафароне, ки душманони истиқлолияти мо мебошанд, ба Ватан, миллат, дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд, бандад. Ба назар мерасад, ки САҲА созмони мустақил нест ва бо доллару риёлҳои кишварҳои бегона фаъолият мебарад.

Ҷомеаи Тоҷикистон чунин рафтори дастанкорони САҲА-ро шадидан маҳкум менамоянд ва фаъолияти намояндагии САҲА-ро дар Тоҷикистон нораво меҳисобад.

Иброҳим Ҷабборов,
номзади илмҳои таърих, дотсент,
декани факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Шавкат Шарипов -
номзади илмҳои таърих,
дотсенти донишгоҳ

Читать далее

Ганҷи сухан - баррасии осори илмиву адабии Матлубаи Мирзоюнус

Нишасти 165-умини маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ», «Рӯзи забони тоҷикӣ», ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус бахшида шуд.

Маҳфил дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.

Пас аз пазироӣ ва сухани ифтитоҳии адабиётшинос Саидумрон Саидов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба илм ва иноватсия Хайрулло Сабуров дар мавзӯи Устод Рӯдакӣ ва шуҳрати ҷаҳонии забони тоҷикӣ маъруза намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар арафаи иди адабиёту илм баррасии осори илмиву адабӣ ва педагогии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус низ басо рамзӣ ва арҷгузории хидматҳои чандинсола адабиётшиноси шинохтаи тоҷик мебошад.

Сорбон Азизов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз навгониҳои илмиву адабӣ маълумот дода, ба ҳозирин бештар аз 20 номгӯ китоби тозанашрро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла силсилаи китобҳои тозанашри Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ муаррифӣ шуд.

Таҳти унвони «Самтҳои асосии фаъолияти илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус» маърӯзаи илмии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев шунида шуд. Зимни ин гузориш ҳозирин роҷеъ ба фаъолияти илмӣ, мавзӯъву мӯҳтавои осор, самтҳои асосии фаъолият, сабку услуби нигориши Матлубаи Мирзоюнус маълумоти муфассал гирифтанд. Адабиётшинос Нуралӣ Нурзод дар мавзӯъи «Бонувони суханвар дар оинаи паҷӯҳиши Матлубаи Мирзоюнус» андешаҳои хешро баён дошта, силсилаи «Хубони порсигӯ»-ро аз беҳтарин тадқиқот дар шинохти ҳаёт ва фаъолияти бонувони суханвари қаламрави фосизабонон унвон кард. Муҳаққиқон Замира Ғаффорова, Абдусаттор Абдуқодиров, донишманди маъруф ҳоҷӣ ҳусайн Мӯсозода низ дар бораи дастовардҳои илмиву адабӣ Матлубаи Мирзоюнус изҳори назар намуданд. Шеърхонии донишҷӯён аз осори адибони классикӣ ва муосир таҳти унвони Аз Рӯдакӣ то Фарзона ва суруду оҳангҳои дилнавози сарояндагони ансамбли Навои ҷавонӣ-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маҳфил шукуҳи дигаре зам намуд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд

Рӯзи якшанбеи 16 сентябр кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати расонидани кӯмак ба марди деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Дар ин рӯз беш аз 300 нафар кормандони бахш, шуъба, раёсату сарраёсат, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи пахтакорон ёрии худро расониданд. Ҳашарчиён давоми рӯз наздик 8,5 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд. Барои чинакчиёни беҳтарин бошад туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

Ба истифода додани силсилаи иншооти ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ

Рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас  аз навсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд,  аз наздик шинос шуданд.

Дар ҳудуди отряд дар муддати кӯтоҳ дар маҷмӯъ наздик ба 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардида, бо назардошти тамоми талаботи хизматӣ имрӯз ба истифода дода шуд.

Читать далее

АМАЛҲОИ ИФРОТГАРОЁНАИ ТТЭ ҲНИ – САЗОВОРИ НАФРИНИ ҶОМЕА

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад. ҲНИ, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудааст, аз қабили ниходҳое мебошад, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.

М.Кабирӣ ва ташкилоти фаъолияташ мамнуъи ҲНИ пас аз ҳамин қадар ҷинояткориҳо боз ҷомеаро ба иғво кашида, ҷавононро ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб менамояд.  Аммо имрӯз косаи сабри ҷомеа пур гардидааст, ки нишонаи онро мо дар амали Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов мушоҳида менамоем.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди дафтари САҲА дар Душанбе субҳи 7 сентябр хабар дод, ки Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба сараш моеи монанд ба бензин рехт. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин саҳнаро баъди он мушоҳида кардааст, ки даҳҳо нафар бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва раҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, инчунин навиштаҷоти мисли “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе таҷаммӯъ карданд. Ӯ гуфт, лаҳзае, ки ходимони полис барои пароканда кардани ин нафарон, асосан ҷавонон омаданд, модари Ҳусейн Абдусамадов - Гулчеҳра Шодмонова пайдо шуд ва дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд нахуст САҲА - ро дар мизбонии Кабирӣ гунаҳгор кард.  Ӯ гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар медиҳад ва ин одам дар гумроҳ кардани писари ӯ, ки дар ташкили амали террористӣ дар Данғара гумонбар мешавад, гунаҳгор аст.

Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  имрӯз халқи бо нангу номуси тоҷик дигар ба ин гуна афрод  ва сарпарастони хориҷии онҳо нафрат доранд.  Зеро ин ташкилотҳо  фарзандони ҷомеаро  бероҳа намуда, дар иҷро намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб намуда, оилаҳоро ба вайроншавӣ, падару модаронро ба парешонҳолӣ гирифтор намуда истодаанд.  Барои ҲНИ ва сарпарастонаш барои амалӣ кардани ғояҳои сиёсиашон  ҷони инсон ҳеҷ арзише надорад. Онҳо барои  иҷрои ҳадафҳои худ истифода мебаранд.

Иштироки Мухиддин Кабириӣ дар баъзе  чорабиниҳои байналмиллалӣ ба мисли САҲА ба ҷуз аз русиёҳии худи ӯ ва ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист. Бо ин амалхои худ Кабирӣ ва ёронаш давра ба давра пустеро аз рӯи худ боз мекунанд, ки ин нишонаи чандруягӣ ва ноустувории Онҳост.

Ҳизб ва хоҷагони он барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кӯшида, мехоханд, ки мо аз ҳурофоти динӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ пой берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъю талоши ҷиддӣ надошта бошем 

Фаъолияти ҲНИ,  ҳатто, бо моҳияти дини Ислом ихтилоф дорад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамоянд. Махсусан, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста дар самти мубориза бар зидди терроризм мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ  мушаххасан дарҷ  гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои  худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Аз ин ру, барои ҳимоя ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни ҷомеа  моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.  Нагузорем, ки чунин ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ  мисли  ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро амнияту пешрафти  ҷомеаро халалдор намоянд. Ҷавононро  ба он даъват менамоем, ки ба ғояҳои бардурӯғ ва иғвоангези ин гуна  равияҳо  дода нашуда, баҳри пешбурд ва равнақи кишвари азизамон тавассути донишу малакаи қавии худ саҳм гузоранд.

М.Шарипова,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Читать далее

Китоби нав -Баёзи манзумаҳои табрикӣ

Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Шоднома-Баёзи манзумаҳои табрикӣ»-ро аз нашр баровард. Маҷмӯа аз ҷониби профессор, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубаи Мирзоюнус таҳия шуда, зери назари Шоираи халқии Ҷумхурии Тоҷикистон Фарзон ва бо дастгирии моли Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба чоп расид.

Дар «Шоднома» абёти ноби муборакбодӣ ҷамъ оварда шудаанд. Хонандагон метавонанд аз ин китоб роҷеъ ба Идҳои Истиқлолият, Ваҳдат, Рӯзи модар, Наврӯзи аҷам, Идҳои Садаву Меҳргон, туй ва зодрӯз таманниёти назмии шоирони классику муосири форсу тоҷикро пайдо кунанд. Дар силсилаи абёти шодбошӣ намуна аз осори Фирдавсӣ, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷаллолидини Балхӣ, Соиб, Низомии Ганҷавӣ, Лоиқ Шералӣ, Нодири Нодирпур, Ҷола Бадеъ, Симини Беҳбаҳонӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Фарзона, Шаҳрия, Мирзо Файзалӣ, Озарахш, Аъзами Хуҷаста, Олимхон Исматӣ ва дигарони гирд омадаанд.

Мураттиби «Баёзи манзумаҳои табрикӣ» доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус дар сарсухани китоб зикр менамояд, ки «Коми халқи моро аз азал ба шеър бардоштаанд, бинобар ин дар тамоми лаҳазоти ҳассоси зиндагӣ мо барои ифодаи ғаму шодии дил ба ин мӯъҷизаи пурбаҳо-шеър рӯ меорем ва дар баёни ҳоли худ каломи муносибе меҷӯем. Воқеан ҳам, дар рӯзҳои иду зодрӯз, ҷашни арӯсиву соатҳои саодат инсон мехоҳад бо беҳтарин ҳарфҳо ба табрики дӯстон ва пайвандон бирасад ва табиист, ки пеш аз ҳама навиштаҳои шоирон ба беҳтарин ваҷҳ ин матлабро ифода менамоянд. ҳар маҳфили шодӣ дар Тоҷикистон бо шеър оғоз мешавад ва бо шеър анҷом меёбад. Пас шеъри шодӣ яке аз бахшҳои муҳими зиндагии мост, ки ба он пайваста ниёз дорем».

Китоби «Шоднома-Баёзи манзумаҳои табрикӣ» ҳадяи хубест ба ҳаводорони шеъру сухан.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее