July 2018

16 July 2018

Дар ноҳияи Деваштич сохтмони бинои Нозироти андоз идома дорад

Муассисаи таҳсилоти умумии №17-и Ҷамоати деҳоти Яхтан дорои 22 синфхона буда, барои таҳсили 620 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаби мазкур  соли 1982 сохта шуда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардидааст.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмири куллии муассисаи мазкурро ба нақша гирифтааст. Аз ин лиҳоз, Раиси вилоят дар аснои сафари корӣ ҳолати кунунии ин мактабро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба таъмир фаро гирифтани бинои муассиса ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Читать далее

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич

Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки сохтмонаш нотамом боқӣ монда буд, бо 100 кат ва тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таҳти таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, дар ин замина дар тамоми қаламрави кишвар биноҳои замонавии тиббӣ бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст. Аз ҷумла, дар асоси ҳидоятҳои неки Сарвари давлат ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони таваллудхонаи марказии ноҳия ба роҳ монда шуда, дар он беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона ва маркази саломатӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони боғчаи бачагона шинос гардид.

Иншооти мазкур дорои утоқҳои корӣ, ошхона толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешайвон, майдони бозии кӯдакон буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст. Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ  супоришҳои мушаххас дода, инчунин дастур дод, ки дар ҳавлии он ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон бунёд карда шавад.

Читать далее

Роҳи марказии ноҳияи Деваштич ба масофаи беш аз 16 км ба таъмири куллӣ фаро гирифта мешавад

13 июли соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои бунёдкорӣ аз наздик шинос гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бо қарори Раиси вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Читать далее

15 July 2018

ТАРКИШ: АМАЛИ ТЕРРОРИСТИЕ, КИ БАЪДИ 22 СОЛ ОШКОР ШУД

Амали террористӣ ҷиноятест, ки бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мешавад. Мақсади асосии тарҳрезони он аз байн бурдани оромиву субот, мураккаб сохтани вазъият, заиф намудани сохторҳои қонунии идораи давлат мебошад.

Читать далее

ЁДКАРДИ ЮТАКА АКИНО. Ба қатли дипломати ҷопонӣ аз ҷониби террористони ҳизби наҳзати исломӣ 20 сол пур шуд

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ “Ховар”/. 3 июли соли 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон бахшида ба ёдбуди донишманд ва сиёсатмадори машҳури ҷопонӣ, профессор Ютака Акино Симпозиуми байналмилалӣ доир намуд. Имсол аз  марги фоҷеавии ӯ 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин маросим коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат намуданд. Хотиррасон менамоем, ки Ютака Акино чун сиёсатшинос соли 1998 ҳамроҳбо ҳамтоёни худ аз Лаҳистон, Уругвай ва Тоҷикистон  зимни иҷрои фаъолияти худ дарҳайати (миссияи) нозирони  СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тундгароёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ ба қатл расонида шудааст.

Читать далее

13 July 2018

Дар пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” агрегатҳои нав насб карда шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Олиҳа”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак ва фаъолияти пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” шинос шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани вазъи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва барои харидории агрегатҳои нав ба пойгоҳи “Дилварзин-2” аз буҷети вилоятӣ 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба пойгоҳи обкашӣ ду агрегати пуриқтидор дастрас карда шуд.

Читать далее

Оғози мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ

12 июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ оғоз бахшида шуд.

Роҳи мошингарди Бӯстон - Азизобод, ки ба таъмири куллӣ ниёз дошт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ширкати роҳсозии «Тоҷроуд» мебошад. Тибқи иттилои масъулин беш аз 3 км роҳи Бӯстон – Азизобод бо паҳноии 7 метр пурра мумфарш карда мешавад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

12 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин саҳмгузории фаъолону соҳибкорони ватандӯст дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони як қатор иншоот идома дорад. Бинои таълимӣ дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа бино  таълимӣ аз се ошёна иборат буда, он барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаст. Иншооти сохташаванда бо тамоми шароит, аз ҷумла толори варзишӣ, ошхона ва буғхона барои гармидиҳии мутамарказонидашуда сохта хоҳад шуд.

Читать далее

Насли имрӯз дурбину ояндасоз аст

Дар Тоҷикистони соҳибстиқлол барои аҳли ислом ҳамаи шароит муҳайё  буда, таҷлили ду ид Рамазон ва Қурбон чун рӯзи истироҳат эътироф шудааст.

Ба хотир орем, замони пеш аз Истиқлолияти Тоҷикистонро, озодона  идҳои дини Исломро таҷлил карда наметавонистем, дар ҳар маҳалла масҷид набуд. Имрӯз наҳзатиён берун аз Тоҷикистон истода, бо ишораи хоҷаҳои худ ба Ватани бобоии худ санг ҳаво медиҳанд. Изҳороту мақолаҳои беасос ба нашр расонида, нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш доданӣ мешаванд. Дуди ҳасрати ҷонибдорони ҳизби наҳзати ислом гоҳе ончунон боло мегирад, ки дурӣ аз он беҳтар аст.  Аммо тири онҳо хок мехӯрад. Дастовардҳои беназири Тоҷикистон ва ободу зебо шудани пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе аз назари меҳмонони хориҷӣ дур намондааст. Зина ба зина кишвари Тоҷикистон ба камолот мерасад.

Тӯдаи риёкороне ба рӯй ниқоби нерӯҳои мухолифин кашида, берун аз кишвар ба ҳар қадами ин мамлакат эрод мегиранд. Нодида гирифтани пешравиҳои Тоҷикистон нишонаи ҷаҳлу ғафлати душманони миллат мебошад.

Ҷавони донишҷӯй аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёр аст ва ҳаргиз ба доми фиреби гурӯҳҳои тундраву ифротгаро намеафтад. Маҳз дониши комил ва саводи сиёсӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён пайи таҳсилу ҳунаромӯзӣ шуда, ба ҳарзагӯиҳои мухолифини сиёсии мамлакат гӯш наандозанд.

Насли калонсол шоҳиди найрангҳои ҳизби наҳзати ислом шудаанд.

Насли имрӯза  низ ҳушёр аст ва ҳаргиз намегузорад, ки пои нохалаф амнияти кишварро халалдор созад.

Донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии  Тоҷикистон аз он ифтихор доранд, ки муассисаи таълимиашон зодаи истиқлол аст ва ҳамеша пуштибони сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат мебошанд.

З. Орифов, сардори шуъбаи иттилооти
Донишкадаи  кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон
Дар шаҳри Бӯстон

Читать далее