12 July 2018

Мусобиқаҳо хотирмон буданд

Бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии ташкилоти байналхалқии "Оперейшн Мерси" дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров инчунин дигар шаҳру ноҳияҳо дар саҳни ташкилоти "Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон" мусобиқаҳои вилоятӣ бо иштироки маъюбон баргузор гардид. 

Дар маросими ифтитоҳи он раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин Ҷӯраев баромад карда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбат ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва таъмини шароити мусоид ба онҳо сипосмандӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ин бори дигар ба ҳаёти осоишта ва раванди солимгардонӣ ҷалб намудани онҳо маҳсуб меёбад. Мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои дастхобонӣ, шашка, тенниси рӯи миз, футбол, сабқат бо аробачаҳои маъюбӣ се рӯз давом ёфта, ғолибон муайян ва бо туҳфаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Мамнур Нурзода,
шаҳри Бӯстон

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд

11 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал ба Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони бинои иловагии он аз наздик ошноӣ пайдо кард. Бинои иловагӣ дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, барои фаъолияти кормандон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Читать далее

Сайёҳон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ мекунанд…

Туризм яке аз бузургтарин ва сердаромадтарин соҳа маҳсуб меёбад, ки паҳлӯҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ривоҷи туризм боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани даромади мардум мегардад ва аз ин ҷост, ки бисёре аз кишварҳо, ҳамчун Испания, Италия ва Франсия қисми асосии даромади худро аз туризм ба даст меоваранд.

Дар кишвари мо соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, то заминаҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон фароҳам шавад.

 Дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳои назаррас ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷалби сайёҳон ба субут расидаанд. Ба тартиб овардани гулгашту хиёбонҳо, таъмиру бозсозии биноҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ, ташкили хатсайри таксиҳо дар минтақаҳои мухталиф, танзими шиору тоблуҳо ва китобчаҳои роҳнамо ба манзури муаррифии маконҳои дидании шаҳру вилоят аз ин ҷумлаанд.

Аммо дар канори ин ҳама шарти аслии ҷалби сайёҳон фазои ороми ҳар шаҳр мебошад. Албатта, дар ин росто низ дар Хуҷанд корҳое анҷом шудаанд, ки аз ҷумлаи он ба тартиб овардани кору фаъолият дар бозорҳои «Панҷшанбе» ва «Ҷумъа-бозор» мебошад. Бо вуҷуди ин, он чӣ ки фарҳанги шаҳрнишиниро осебпазир кардааст, хизматрасонии нақлиёти мусофирбари дохилишаҳрӣ ё ҳамон «маршрутка»-ҳо мебошад. Ҷои баҳс нест, ки нақлиёти мусофирбар чун набзи шаҳр рафтуомад, ва дар маҷмуъ ҳаёти дохилишаҳриро таъмин мекунад. Мақомоти шаҳрҳо ва сохторҳои вобаста ба он талош доранд, ки бо рабтии хизматрасонии воситаҳои нақлиётро ба роҳ монанд.

 Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар замони шӯравӣ барои мутобиқ шудан ба зиндагии муосир тарҳҳои зиёдеро амалӣ кард, аммо сохти қадимии худро дар қисматҳои марказӣ ҳифз намуд. Дар ҳолате, ки ҳамин қисматҳо ба мушкили рафтуомади воситаҳои нақлиёт рӯ ба рӯ мешавад. Аммо мушкили аслӣ сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ба мардум аст. Солҳои охир троллейбус ва автобусҳои дохилишаҳрӣ аз фаъолият монда, ҷои онҳоро нақлиёти нисбатан хурдтар - «маршрутка»-ҳо гирифтаанд. Ин мусофирбарҳо нисбатан тезтар аз як маҳал ба маҳали дигари шаҳр мусофиронро бурда мерасонанд. Аммо оё ин хизматрасонӣ мутобиқи меъёрҳои таъиннамуда аст? Оё мусофирбарҳо, воқеан хизматрасониро ба мардум дар навбати аввал қарор додаанд? Оё амалкарди соҳибони «маршрутка»-ҳо ризояти мардумро ба ҳамроҳ доштааст? Оё ин васоити нақлиёт меъёрҳои шаҳри орому солимро барои Хуҷанд риоят кардаанд? Оё ронандагон дар фикри эминии мусофирони худ ҳастанд? …

Мутаассифона, посух ба аксари ин пурсишҳо манфӣ аст. Аввалин коре, ки дар хизматрасонии «маршрутка»-ҳо хилофи қонун аст, беш аз меъёр савор кардани мусофирон мебошад. Ин амали берун аз чорчӯбаи қонун баъзан ба ҳадде мерасад ва аксаран ба низои мусофирону ронанда оварда мерасонад. «Мусобиқа барои мусофир» дигар қонуншикании ронандагони ин воситаҳои нақлиёт ҳаст, ки аксаран мушоҳида мешавад.

Ин қонуншиканиҳо аз ҷумла, дар чандметрии идораи БДА вилоятӣ, аз тарафи ронандагони мусофирбарҳои рақамҳои 3, 97, 105 рух медиҳанд ва чунин саҳнаҳои ногувор ҳар рӯз борҳо такрор мешаванд. Дигар кори хилофи фарҳанги хизматрасонии «маршрутка»-ҳо пахши суруду оҳангҳо ва видеоклипҳои баъзан хилофи меъёрҳои ахлоқӣ аст. Дар ин миён чизи дигаре, ки боиси хира гардидани табъи сайёҳон ва, умуман, мардум мегардад, ин беназмиҳо дар ду истгоҳи «Универмаг», ки маркази шаҳр ва яке аз роҳҳои аслии рафтуомади сайёҳон маҳсуб мешаванд, аст. Сарфи назар аз он, ки ин истгоҳҳо масоҳати калонро дар бар мегиранд, аммо «маршрутка»-ҳо умдатан дар назди баромадгоҳҳои гузаргоҳҳои зеризаминӣ меистанд. Роҳи ҳамдигарро банд мекунанд ва бо «сигнал»-ҳои берабту гӯшхарош назму оромии муҳитро барҳам мезананд. Дар ин миён «пулчинакҳо» дар як мусобиқаи эълоннашуда бо якдигар доду фарёд карда, одамонро ба мошинҳои худ даъват мекунанд… Ин ҳама доғеанд ба фарҳанги хизматрасонӣ ва ноором ҷилва додани шаҳр дар назди меҳмонон. Ҳол он ки бо мушаххас кардани ҷои исти ҳар як масир метавон ба осонӣ ин мушкилро ҳал кард. Шояд замони он фаро расидааст, ки ҳамчун пойтахт дар маркази шаҳр аз автобусҳо истифода шавад?

 Албатта, рушди сайёҳӣ фақат барои ин сол нест, пас бояд мувофиқи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат амал намуда, барои ҷалби сайёҳон талошҳои бештаре ба харҷ дод.

Аъзам Хуҷаста

Читать далее

Қонунгузории меҳнат бояд риоя гардад!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванде, ки қобили меҳнат мебошаду ба синну соли муайян расидааст, ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат додааст ва тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ барои кор ризоият диҳад. Инчунин қонунгузор муқаррар намудааст, ки бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудан ҳамчун ҳодисаи риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дониста шуда, барои чунин амал ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Воқеан ҳам ҳодисаҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат аз ҷониби корфармоён дар қаламрави вилоят кам нестанд ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд муваззаф аст, ки назорати риояи қонунгузории меҳнатро баррасӣ намояд.

Кормандони Хадамот бо мақсади риояи қонунгузории меҳнат аз шаҳри Конибодом дидан карда, як қатор ҳодисаҳои вайрон намудани қонунгузории меҳнат, ба монанди риоя нашудани низоми вақти корӣ ва талаботи меъёрҳои мавҷудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва бехатарии меҳнат, бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани кормандон ва дигар норасоиҳоро ошкор намуда, бобати бартараф намудани онҳо дастурҳои дахлдор доданд. Баъзе аз корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, барои бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани ду нафар дар ошхонаи “Латифӣ”-и шаҳр роҳбари муассиса Ю.Юнусов ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ҷарима карда шуд. Дар сехи дӯзандагии “Малика”, сехи тортбарории “Шириниҳои Тоҷикистон” ва ҶДММ “Афрӯз” ва ғайра низ риоя нашудани қонунгузории меҳнат ошкор ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Назорати риояи қонунгузории меҳнат самти асосии фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ маҳсуб ёфта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кормандони ин ниҳод пайваста корҳои муайянро идома медиҳанд.

Н.СидДиқӣ,
мутахассиси пешбари Раёсати
 Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

Читать далее